Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Модар, модар накутарин инсонӣ,

То бовари гарму сарди ҳар давронӣ.

Гаҳ нарму латифу гаҳ матиниву қавӣ,

Нозук зи гулу сахтар аз сандонӣ.

123Модар – офарандаи зиндагӣ, таскинбахши дилҳои хаста, беҳтарин марҳам барои дард, соябон ва ғамгусори фарзандон, нури хонадон ва манбаи муҳаббати бепоён аст. Меҳрубонии модар аз рӯзи аввали таваллуди фарзанд то охирин лаҳзаҳои умр, чун офтоб гармӣ мебахшад ва роҳнамоӣ мекунад. Дасти модар нахустин гаҳвораи тифл ва суханаш аввалин дарси зиндагист.

Модар мисли офтобест, ки бо гармии меҳраш дили фарзандро равшан мекунад. Ҳар лаҳзаи зиндагии ӯ саршор аз талошҳо барои хушбахтии фарзандон аст. Аз айёми кӯдакӣ то бузургсолӣ, модар ҳамеша дар паҳлӯи фарзанд буда, доимо дастгир ва роҳнамои ҷигарбандаш аст.

Асоси рушду камолоти фарзанд аз меҳнату заҳмати хастанопазири модар сарчашма мегирад.

Модар аз аввалин рӯзҳои таваллуди фарзанд шабу рӯз заҳмат мекашад. Ӯ ба фарзанд забон, ахлоқ, тарбия ва илму дониш меомӯзонад. Ҳар як сухани модар барои фарзанд дарси зиндагист. Ҳатто вақте ки фарзанд бузург мешавад, модар ҳамоно аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар буда, бо дуо ва насиҳатҳои хирадмандонааш роҳнамоӣ мекунад.

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,

Сафои бомдоди ман ту будӣ.

Аё модар, ба-дон сон бесаводӣ,

Нахустин устоди ман ту будӣ.

Модар аввалин мураббии инсон аст. Аз рӯзи аввал то лаҳзаи охир ӯ ғамхорӣ, меҳрубонӣ ва ҳидояти худро нисбат ба фарзанд нишон медиҳад.Ӯ на танҳо тарбиятгар, балки муаллим, дӯст ва ҳимоятгари зиндагии мо мебошад.Фидокории модарро бо ҳеҷ чиз андоза кардан ғайриимкон аст. Вай шабҳоро бедор мегузаронад, то фарзанди худро бо меҳр парвариш диҳад. Вақте ки мо ба мушкилӣ дучор мешавем, аввалин шахсе, ки моро дастгирӣ мекунад ва бо суханони гармаш ором месозад, ин модараст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар ҳама давру замон бузург арзёбӣ намуда, занро «тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд» баҳогузорӣ намудаанд. Таъкиди дигари Пешвои миллат ин аст: «Нахуст мактаби инсон - мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем».

Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмондана нур мепошад. Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.

Модар ягона фариштаест,ки ба ҷигарбанди худ гап задан, рафтору ахлоқи шоистаи инсонӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро бо меҳру муҳаббати беандоза меомӯзонад.

Муҳаббати модар софу беғараз буда, фарзанде, ки онро эҳсос мекунад, ҳамеша нерӯманд ва муваффақ хоҳад буд. Дар дилу дидаи модар ҳар фарзандаш мисли гул бебаҳост ва ӯ барои хушбахтии онҳо тамоми ҳастии худро мебахшад.

Аз бузургию хизматҳои модар ҳар қадаре ки сухан кунем, кам аст, зеро модар фариштаеро мемонад, ки тамоми ҳастии худро ба беҳтарин неъмати ба дунё овардааш-фарзанд мебахшад.

Тағаев Алиакбар Пулотович н.и.х, Ходими калони илмии озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва партовҳои саноатӣ” – и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,

Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.

Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,

Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.

Лоиқ Шералӣ

Зан-модар сарчашмаи меҳр, мураббии нахустини инсоният ва офарандаи насли нав, раҳнамои фарзандон, ки тарбияи фарзанди солеҳ ва ҷомеаи солим аз ӯ оғоз меёбад. Бо шунидани мафҳуми зан –модар мо як шахси ҳалиму меҳрубон, ғамхору заҳматкаш ва олиҳаи зебоии зиндагиро пешу рӯ тасаввур мекунем. Модарон чароғи хонадонанд.Хонае,ки дар он зан-модар нест дар ҳақиқат ҳам сарду торик аст.

Бо омад-омади баҳори нозанину гулбасар занону модарони меҳрубони мо ҷашн доранд. Ҷашни “Рӯзи модар”. Шуъоҳои нурбахши ин рӯзи фархунда ба занону модарон як руҳу илҳоми наву тоза мебахшад.

Аз оғози таърих то имрӯз модар нақши асосиро дар ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа иҷро мекунад. Вай бо сабру таҳаммул, муҳаббати беандоза ва ғамхории самимӣ фарзандро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд. Дар фарҳанги мардуми тоҷик модар ҳамеша мавқеи воло дошт ва ҳанӯз ҳам эҳтироми модар яке аз арзишҳои асосии миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳатто бузургони адабиёт ва дин дар осорашон дар бораи бузургии модар сухан гуфтаанд.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои модар тарбияи фарзанд аст. Фарзанди солеҳ ва тарбиятдида асоси ояндаи миллат мебошад. Ҳамон тавре ки мегӯянд:

"Модар ба мисли мактаб аст, агар ӯро дуруст тайёр кунӣ, як миллатро тайёр кардаӣ."

Модар бо меҳрубонӣ, сабр ва муҳаббат фарзандро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад.

Ҷомеаи солим ва пешрафта аз модарони бофарҳанг ва боодоб сарчашма мегирад.

Фарзандонро бо ахлоқи нек, садоқат ва меҳнатдӯстӣ тарбия кунанд.

Ба онҳо муҳаббат, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми калонсолонро омӯзонанд.

Ба таълим ва саводнокии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро илму дониш калиди муваффақият аст.

Занон на танҳо дар хонавода, балки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт фаъолият мекунанд.

Имрӯз, занон на танҳо модарон ва тарбиятгарони фарзандон ҳастанд, балки дар рушди ҷомеа низ саҳми назаррас доранд. Онҳо дар соҳаҳои маориф, тиб, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг фаъолона иштирок мекунанд.

Мисолҳои занони муваффақ дар ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон нишон медиҳанд, ки онҳо метавонанд ҳам модари меҳрубон ва ҳам шахси пешбарандаи ҷомеа бошанд.

Занони олим ва муаллим, ки бо илму дониш ҷомеаро рушд медиҳанд.

Занони табиб, ки саломатии ҷомеаро ҳифз мекунанд.

Занони роҳбар, ки дар рушди иқтисодӣ ва сиёсати давлат саҳм мегузоранд

Дар фарҳанги тоҷикон модар ҳамчун муқаддастарин шахс эҳтиром мешавад.

Ҳатто дар шеърҳои классикон ва мақолу зарбулмасалҳо бузургии модар таъриф шудааст. Масалан:

"Модар чу ба ҷон парваридат, ба меҳр,

Аз меҳри модар маё бурд гӯш."

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Зан – модар чароғи хонадон, такягоҳи фарзандон, нерӯи пешбарандаи ҷомеа, муқаддастарин инсон дар зиндагии ҳар шахс, ҳамсар, тарбиятгар, дӯст ва ҳомии мост. Ҷомеае, ки модарро эҳтиром мекунад, ҳамеша пешрафта хоҳад буд.

Ҳар яки мо бояд модари худро қадр кунад, ба ӯ муҳаббат ва эҳтироми беандоза дошта бошад, зеро меҳрубонии модар бебаҳост ва зиндагии мо ба шарофати онҳо равшан аст.

Омад-омади баҳори нозанин, Наврӯзи некпай ва «Рӯзи Модар»-ро ба ҳамаи Шумо модарону хоҳарони азизу меҳрубон табрику муборакбод намуда, дуогӯи онам, ки модарони ҳалиму ғамхорамон ҳамеша мисли гулҳои баҳорон шукуфону хандон бошанд ва пайваста шодиву шодкомӣ, тинҷиву амонӣ, бахту саодат, барору комёбиҳои рӯзгор ёру мададгоратон бод.

Қодирова Гулрӯ - ходими илмии озмоишгоҳи “Пайвастагиҳои калонмолекулавӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Халикова Саодат - раиси Шурои занони Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.

Эмомалӣ Раҳмон

Маърифатнокӣ ва тараққиёти ҳар як ҷомеаро бисёр сабабҳо муайян мекунанд, ки дар байни онҳо мақому манзалати зан дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озодиҳои вай яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи шаҳрвандон бахусус, занон муҳофизат намешавад, наметавон онро ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ва паёмҳои хеш масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозанд. Ҷиҳати фарқкунандааш ин аст, ки масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои занон бо барномарезиҳои пай дар пай бо ҳар як ҳадафҳои таъиншудаи воқеиву саривақтӣ таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси сиёсати Президенти муҳтарам, қарор гирифтааст. Имрӯз агар як нигоҳи амиқ намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки бо натиҷа ва самараи ин ҳадафҳои воқеӣ занон сарбаландона дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа кору фаъолият намуда, мақоми арзандаро соҳиб гаштаанд. Дар ҳамаи самтҳо нақши назарраси бонувонро мушоҳида мекунем. На танҳо дар таълиму тарбияи фарзанд, балки дар рушду нумӯъи илм саҳми босазо доранд. Мебояд ки дар ин маврид каме ибрози андеша намоем, то мавқеи занонро дар рушди илми муосир вораста карда бошем.

Дар ҷомеаи муосир, илму технология ҳокими ҳаёти инсонӣ ва рушду нумӯи ҷомеа гардидааст. Илм ҳамзамон як омили муҳим дар таҳаввулоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст, ки ба ҳаёти инсон шеваи нав ва устувор медиҳад. Аммо, гарчанде ки илм ҳамчун як омили таҳаввулоти глобалӣ ба назар мерасад, дар таърихи инсонӣ он на ҳамеша имкониятҳои баробари мукаммали ҷинсӣ ба вуҷуд овардааст. Занон дар даҳсолаҳои зиёд дар соҳаҳои илмӣ бо муаммоҳои зиёде рӯ ба рӯ буданд, ки як қисми онҳо ҳамон табъизи ҷинсӣ ва маҳдудиятҳо дар имкониятҳо ва шароити корӣ буданд. Махсусан, дар асрҳои гузашта, илму тадқиқот дар дасти мардон буд, ва саҳми занон аксар вақт нодида гирифта мешуд.

Бо вуҷуди ин, занон дар таърихи илм ҳаргиз даст кашиданро намепазируфтанд ва бо вуҷуди монеаҳои зиёд, ба рушди илм саҳми назаррас гузоштанд. Масалан, дар асрҳои гузашта, занон, ки дар таҳқиқоти илмӣ ширкат мекарданд, аксар вақт ба таври номаълуми фарз карда мешуданд ё мақолаҳояшон таҳти номҳои мардон ба чоп мерасиданд. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин гуна шахсиятҳо Мария Кюри аст, ки бо ду ҷоизаи Нобел дар соҳаҳои физика ва химия шӯҳрат пайдо кард, вале бо вуҷуди ин ҳамеша бо табъизи ҷинсӣ ва мухолифатҳои иҷтимоии шадид рӯ ба рӯ буд. Ба ҳамин монанд, Розалинд Франклин, ки як ҳиссаи асосӣ дар кашфи сохтори молекулаи ДНК дошт, низ пас аз маргаш эътироф гардид.

Таърихи иштирок ва саҳми занон дар илм нишон медиҳад, ки онҳо, ҳатто дар шароити душвор ва ғайриоддӣ, дар пешрафтҳои илмии ҷаҳонӣ нақши муҳим ва муҳимтаре доштанд. Гарчанде ки дар замони муосир, занон имкониятҳои бештар барои шомил шудан дар таҳқиқот ва илм пайдо мекунанд, ҳамоно монеаҳои зиёде барои баробарии ҷинсӣ дар соҳаҳои илми нақш доранд.

Ин мақола кӯшиш дорад, ки саҳми занонро дар рушди илм таҳлил кунад, таҳаввулоти иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар бар гирад, ки ба афзоиши имкониятҳо ва дастгирии занон барои иштирок дар илм кӯмак мерасонанд. Мо назар ба ҳамаи ин таҳқиқ хоҳем кард, ки чӣ гуна боз ҳам метавон имкониятҳои баробар ва адолатнокро барои занон дар илм фароҳам овард ва кадом равандҳои ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ба дастгирии онҳо кӯмак хоҳанд кард. Мақсад аз ин мақола, на танҳо шеносоии саҳми занон дар илм, балки бо дарназардошти равандҳои муосир ва оянда, нишон додани имкониятҳои нав барои дастгирии занон дар таҳқиқот ва пешрафтҳои илмии оянда мебошад.

Саҳми занон дар илм, ки дар асрҳои гузашта аксар вақт нодида гирифта мешуд, ба марҳалаи нав ворид шуд. Ҳарчанд бо табъизҳои ҷинсӣ рӯбарӯ буданд, дар ин ду аср занон тавонистанд ба соҳаҳои илмии гуногун ворид шаванд ва нақши муҳим пайдо кунанд.

Асрҳои 20: Сатҳи аввали шиносоии занон бо илм

Дар аввали асри 20, занон дар илм, хусусан дар соҳаҳои тиб, биология ва химия, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Бо вуҷуди дарёфти баробарии камтар дар муқоиса бо мардон, он замон бо таъсири назаррас шахсиятҳои зани шӯҳратёре, чун Мария Кюри, ки ду ҷоизаи Нобелро дар соҳаҳои химия ва физика гирифт, шӯҳрат ёфт.

Мария Кюри на танҳо як шахсияти муҳим дар илми физика ва кимиё буд, балки ҳамчун як зани таҳти табъизи гендерӣ, бо вуҷуди мушкилот ва монеаҳо дар ҷомеа, барои таҳқиқоти илмӣ хидматҳои беназире анҷом дод. Ин шодмонӣ барои дигар занон буд, ки баръакс ба ҳамаи ин таъсир кардани ҳар як фарди шод. Барои намунаи дигар, Розалинд Франклин ва саҳмаш дар табаддулоти илми ДНК, ки ҳамзамон бо як ислоҳи фарҳангии умумӣ буд, намоён аст. Аксари вақт шахсияти ӯ дар соҳаҳои илмӣ ҳамчун “хати заиф” қарор мегирифт, вале баъдтар равшан шуд, ки саҳми ӯ барои рушди биологияи молекулӣ асосӣ ва муҳим аст.

Асрҳои 21: Инқилоб дар илм ва дарку расидан ба баробарӣ

Дар асрҳои 21, занон дар илм нақши амиқтар ва муҳимтар мегиранд. Аз он замон, ба ҳисоби умумӣ дар соҳаҳои илм пешрафтҳое, ки занон бештар аз ҳар замон дигар шомил мешуданд, ба назар мерасанд. Ҳар чанд дар аввал ба назар мерасид, ки барои онҳо бештар ҳамчун донишманд ё фахркунандаи илм эътироф намешуданд, аммо бо рушд ва мутобиқ намудани ҷомеа ба равандҳои нав, нақши занон дар илм ва техника дар ин асрҳо торафт рӯшантар ва боэътибортар гардид.

Ҷоизаи Нобел як нуқтаи назаррас дар тасдиқи саҳми занон дар илми муосир аст. Барои намуна, Дороти Хоффман дар соҳаи физика бо тадқиқоти амиқ дар муҳити вакуум ва лазерҳо мукофот гирифтааст. Дар соҳаи биология ва тиб, Франсис Арнолд барои навсозии ферментҳо ва муҳити биотехнологӣ эътироф гардидааст. Занон дар соҳаҳои астрономия, муҳандисӣ ва робототехника низ ба шӯҳрат расидаанд, масалан, Салима Ахмад дар робототехник ва Кэтрин Джонсон, ки ба таҳқиқоти NASA ва кор бо ҳаётан муҳим дар астрономия хизмат кардааст.

Нақши занон дар илм дар асрҳои 20 ва 21 як шоҳиди назаррас барои рушд ва пешравии илмӣ мебошад. Бо вуҷуди монеаҳо ва мушкилоти ҷинсӣ, занон тавонистанд нақши амиқ ва муҳимро дар илми муосир бозанд, ки ин маъзарат ва ислоҳи фарҳангӣ барои баробарии гендерӣ дар соҳаи илмро барпо намуд.

Дастгирии занон дар илм барои эҷоди шароити баробар ва самарабахши илмӣ аҳамияти калон дорад. Вақте ки занон имкониятҳои баробар дар илм пайдо мекунанд, на танҳо барои худ, балки барои тамоми ҷамъият ба рушди илму техника кӯмак мерасонанд. Барои кӯмак расонидан ва таъмин намудани дастгирии бештар барои занон дар соҳаҳои илм, метавон чанд иқдоми асосӣ ва стратегӣ пешниҳод кард.

1. Пешбурди шабакаҳои илмию иҷтимоии барои занон, ки онҳоро бо ҳамдигар дар тарҳҳои илмию тадқиқотӣ ва ҳамгироии минтақавӣ барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ мустаҳкам мекунад.

2. Тарғиб кардани нақши занон дар илм: Дар таълим ва расонаҳо, нақши занон дар илм бояд маъруфи бештар шавад. Ба воситаи филмҳо, мақолаҳо ва дастурҳои тадқиқотӣ метавонанд ба занон нишон дода шаванд, ки онҳо чӣ гуна метавонанд дар илм баробар ва арзишманд бошанд.

3. Таваҷҷӯҳи махсус ба шахсиятҳои барҷастаи зани илмӣ: Бо шенасоии шахсиятҳои муваффақи зани илмиӣ ва технологӣ, барои дигар занон намунаи аъло ва рӯҳбаландӣ пайдо кардан мумкин аст. Инчунин, ба таҳқиқоти донишмандон ва корҳои муҳими онҳо эътибор ва эътироф дода мешавад.

4. Мансабҳои роҳбарии занон: Пешбурди занон ба мансабҳои роҳбарии илмӣ ва корхонаҳои муҳим. Занон бояд имконият ёбанд, ки дар масоили роҳбарӣ ва қарорҳои стратегии илмӣ иштироки фаъол дошта бошанд. Ба ин васила, занон метавонанд нақши амиқ ва баробарро дар илм иҷро намоянд.

Баланд бардоштани ҷой ва мақоми зан дар оила ва ҷомеа ба рушди бемайлони ҷомеа, ба нафъи миллат имконият медиҳад. Неруе, ки зан дорад набояд инкор, балки ба пуррагӣ бояд мавриди истифода қарор гирад. Дар ниҳоят, бо эҷоди муҳити баробар ва дастгирии бештар, метавонем ба рушди илм ва таҳқиқот бо шомил шудани занон дар соҳаҳои илмӣ заминаи самарабахш ва баробарро фароҳам оварем, ки барои тамоми ҷомеа фоидаовар хоҳад буд.

Назарова Зулфия Ҷалололовна - ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Фармокология”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Халикова Саодат - раиси Шурои занони Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳақиқат, модар барои тамоми инсоният шахси азизу муътабар мебошад. Дар баробари он ки зан – модар азизтарин шахс барои фарзанд аст инчунин, сарвати бебаҳои ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад.

Модар ягона мавҷудотест, ки ба инсон ҳаёт бахшида, ӯро бо меҳру муҳаббати беандоза, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш менамояд. Бинобар ин, бузургони тамоми давру замонҳо модарро ба фаришта баробар мекунанд. Бузургони дигар модарро ҳатто баландтар аз фаришта медонанд:

Қисмат ба тоқи хонаи ҳастӣ навиштааст:

Модар фаришта нест, баланд аз фаришта аст.

Пешвои миллат бузургии зан – модарро ба инобат гирифта, занро ҳамчун эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон медонанд.

Ҳамаи ин сифатҳои занро ба назар гирифта, қайд кардан зарур аст, ки бидуни зан сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд, ҷомеаи тарақикарда ва истиқлолияти устувор ғайриимкон аст. Чи тавре ки гуфтаанд: «Атр аз гул, нуш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо ҳамдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

Тавре ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бармеояд, ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳақиқат, имрӯз нақшаи занони мамлакат дар фаъолияти соҳибкорӣ беандоза назаррас буда, ҳиссаи онҳо дар соҳибкорӣ дар баробари мардон афзоиш ёфта истодааст. Ҳамаи ин пешравии фаъолияти занону бонувони

мамлакат аз дастгирии беназири Пешвои миллат сарчашма гирифта, онҳоро ҳавасманд мегардонад, ки пайи амалӣ намудани орзуву ормонҳои худ бошанд.

Тамоми ташаббус ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат барои занон аз он иборат аст, ки занону бонувони тоҷик соҳибкасбу муттахассис ва дар ҷодаи фаъолияти иқтисодии худ мустақил бошанд.

Ҳамаи ин ғамхориро бешубҳа, барои дар оянда дар руҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ ба воя расидани насли ояндасози миллат нақшгузор хоҳад буд.

Фозилова Д.М., Фозилова П .М. - ходимони калони илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ

“Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.

Эмомалӣ РАҲМОН

123Мусалламу собит гардидааст, ки дар он ҷойе, ки зиндагӣ ва муҳити зан хубу ором бошад, он кишвар дар вазъи такомулу гулгулшукуфӣ қарор дорад. Ба ин маънӣ низ тавре, ки Жан Жак Руссо гуфтааст: ”Агар тамоми неъматҳои дунё аз байн бираванд, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст”.

Ҳамин тариқ, лашкаркаши шуҷоъу далер Бонапарт Наполеони бузург ва кишваркушо низ беҳуда чунин нагуфта буд: ”Агар бихоҳед, ки андозаи пешрафти тамаддуни миллатеро бидонед, пас ба занони он миллат нигаред”.

Аз ин лиҳоз, пас набояд фаромӯш кард, ки маҳз дар саргаҳи ин ҳама бузургиҳо ва ҷаҳонишавиҳои рӯзафзун пеш аз ҳама нақши Зан - Модар басо ҳам назаррас буда, феълан низ саҳми эшон дар пешбурди ҷомеаи солим ва тарбияи маънавиву ахлоқӣ ва зеҳнии насли наврасу фардоиён аз пештара бештар аст. Чунки айни замон ҷомеаи муосир ва дунёи пуршӯру шару пур аз талотумҳои таърихӣ ба бонувони дорои ахлоқу одоби ҳамида ва соҳибхираду дорои фарҳангу маънавиёти воло ниёзи зиёд дорад. Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон, олиму омӯзгори шинохта, устоди гиромӣ Рустами Ваҳоб:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Ҳамшабеҳ ба ин гуфтаҳо Виктор Гюго низ фармудааст: ”Ҳангоме, ки ҷомеа занонро нодида мегирад ва ҳуқуқашонро поймол мекунад, доғи бенавоӣ ва нанг бар пешонии ҷомеа мемонад”. Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса баровардан зарур аст, ки феълан дар ҷомеаи муосири мо нақши бонувон басо ҳам бориз ва назаррас буда, имрӯз ҳам кулли занону модарони тоҷик дар самти пешбурди ҷомеаи солим ва бунёдкориҳою созандагиҳои даврони навин хуб ба назар мерасад.Чунки бе иштироки фаъолонаи занон дар ҷомеа аксар корҳо иҷро нашудаву шояд, ки нотамом мемонданд. Ба гуфти вассофи бонувон ва Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон устод Мирзо Турсунзода:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо.

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,

Бе тахаллус, бе насаб, бе ном мемондем мо.

Аз ин рӯ, барҳақ, арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми бонувон дар ҷомеа қарзи фарзандӣ ва вазифаи ифтихории ҳар як фарди соҳибхирад аст. Зеро қалби Зан-модар чун булӯр басо нозук асту зудшикан. Заҳмати шабонарӯзӣ, пурсабриву бедорхобӣ танҳо ба занону модарон хос буда, касро мутаҳайир мегардонад. Чунки баъд аз Офаридгор модар нахустин раҳнамову устоди кулли инсоният дар рӯйи олам аст.

Бояд қайд кард, ки бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маҳз ба шарофати ҳамовозию дастгири фаъолонаи занони Тоҷикистон мавқеи хосу устувори худро пайдо кард. Беҳуда нест, ки Роҳбарияти олии кишварамон низ дар доираи сиёсати иҷтимоии худ, бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои махсуси давлатиро тарҳрезӣ ва амалӣ намуда истодааст, ки ҳар кадоми онҳо дар самти баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа мавқеи калон доранд. Аз ҷумла, дар яке аз Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор супориш дода шуда буд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон ”Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва инчунин нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва амалӣ намоянд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми модарон, хоњарон ва бонувонро бахшида ба ин рўзи муборак табрик гуфта, барояшон умри дарози пурбаракат, тани сињат ва дар маљмуъ тамоми хушињои зиндагиро таманно менамоем.

Файзали ҲАКИМОВ - ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ

Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Эмомалӣ Раҳмон (28.12.2023)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар санаи 28 декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад».

Бояд қайд кард, ки истиқлолияти давлатӣ ба ҳаёти занҳои тоҷик таъсири амиқ гузошта, ба шинохти шахсони сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд исбот кунанд, ки дар баробари рисолати модарӣ ва издивоҷ, онҳо низ метавонанд рисолати роҳбариро бо ифтихор иҷро кунанд. Ин эътирофи қудрати модарзодии зани тоҷик ба ҷомеа имкон дод ки инро эътироф кунад.

Дар рафти вохӯриҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат пайваста мақсад ва дурнамои сиесати кадрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону болаеқат ва тайер кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат едовар шуда, таъкид менамоянд, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи озоду мустақили мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳими сиесати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳақикат Модар - Ин мафҳуми умумибашарист, он рӯҳи зиндаи ҷаҳон, ибтидо ва беохири он аст. Аз насл ба насл барои ҳар як инсон модар муҳимтарин шахсияти зиндагӣ аст. Зан модар шуда, дар худ беҳтарин хислатҳо: меҳрубонӣ, муҳаббат, ғамхорӣ, сабру таҳаммул ва фидокориро кашф мекунад. Онҳо имрӯз ҳам аҳлу оиларо бодиққат нигоҳ медоранд, ба кӯдакон некӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ахлоқро меомӯзонанд. Меҳрубонӣ ва муҳаббат ба муҳити зист ва махсусан ба фарзанд ҷузъи ҷудонашавандаи зан – модар мегардад.

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ соли 2009 таҳти рақами 632, 8 мартро бо мақсади бузургдошти зан - модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгарӣ наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила - Рӯзи модар эълон карданд.

Аз рӯи таҳлилҳои оморӣ мушоҳида мешавад, ки дар соли 2024 ҳиссаи занҳо - 5072,9 ҳазор нафар, яъне -49,3% аҳолиро ташкил кард, ва муқоиса ба солҳои гузашта таҳлил намоем, ҳисса онҳо қариб дар як сатҳ қарор дошт, мисол - соли 1990 – 50,3%, соли 1970 – 50,8%. Ин тамоюл аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати оила ва демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок амали шуда истодаст.

Бояд қайд кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо" барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 нақшаи амал "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" тасдиқ гардид. Дар соли 2015 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба "Соли оила", Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Тоҷикистон дар Байни Кишварҳои Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро тасдиқ кард, ки инҳо мебоашнд: Конвенсия дар бораи бартараф кардани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон, дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занҳо, дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва ғайра.

Пешвои миллат ҳамеша занонро қувваи созандаи ҷомеа меҳисобид, қариб дар ҳама суханрониҳо ӯ ҳатман ба онҳо эътимод ва дилпури зоҳир мекунад ва кӯшиш мекунад, ки масъалаҳои мухталиферо, ки ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нигаронида шудаанд, ҳал кунад. Аз ҷумла, 7 марти соли 2017 дар вохӯрии бахшида ба Рӯзи модар қайд карданд, ки: "Баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар байни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли мушкилоти шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад".

Аз дигар тараф, масъалаҳои шуғли пурмаҳсули занон – хадафи иҷтимоии сиёсати кишварамон ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид дар Тоҷикистон «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 «Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ гардид ва соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати нави касбҳои барои занон манъшударо нашр кард, ки 194 касбро дар 22 бахши иқтисодиёт дар бар мегирад, ки қаблан 334 касбро ташкил медод. Бояд қайд кард, ки барои ноил шудан ба хадафи сиёсати оила ва демографии кишвар, болоравии маълумотнокии занҳо кифояги намекунад ва дар ин ҳолат ба шуғли пурмаҳсули занҳо аҳамияти ҷидди бояд дод.

Соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи занон ва таъмини некӯаҳволии онҳо, синни ҳадди ақали издивоҷро аз 17 ба 18 солагӣ боло бардошт. Таҳлилҳои омори нишон медиҳад, ки ба шарте, ки духтарон аз синни соли 18 оиладор шудан ҳуқук пайдо кунанд, дар ин ҳолат таҳлилҳо таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҳиссаи модарон дар байни аҳолии занҳо, дар соли 2024 ба -59,4%, соли 2000 - 51,1% ташкил дод, яъне афзоиши ҳиссаи модарон дар муддати 24 соли сипари -8,3% зиёд шуд. Соли 2023 ҳар як модаре, ки дар кишварамон зиндаги дорад, қариб 3 кудаки дорад, дар инҷода масъалаҳои нигоҳибинӣ, тарбия дар мадди аввал меистад ва бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд кодексҳо, қонунҳо, қарорҳо, барономаҳо оид ба дастгирии модарон:

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 2, моддаи 33 - Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд)

2. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015)

5. Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тасдиқи Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхони қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад (соли 2004)

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (соли 2005)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва ғайраҳо.

Дар хулоса бояд қайд кард, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти модарон аст, зеро ки рушди иҷтимоиву-иқтисодии, сиёсӣ, фарҳангӣ аз ҷавонони имрузаи кишварамон мебошад ва дар инҷода ҳар як нафари мо барои тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ вобастаги саҳт дорад.

Субҳонов А.И., мудири шуъбаи таҳқиқоти демографии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ.

“Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар”.

Эмомалӣ Раҳмон

213123Модар – дунёи меҳру садоқат, шафоату саодат ва муҳаббати бепоёни инсонист. Модар сароғози оғозҳост. Меҳру муҳаббати модар ҳадду канор ва оғозу анҷоме надорад. Ба қавли сиёсатмадоре меҳри модар “дар ҳеҷ куҷо ба анҷом намерасад”.

Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар як инсони комил маҳсуб меёбад. Зан-модар дар тӯли ҳазорсолаҳо дар баробари рисолати азалиаш - тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон, рушди солимии фарзандон ва ҷомеа, инчунин дар ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар ҳамдастӣ бо мардон шуҷоатмандона ҳамеша дар сафи пеши мубориза қарор гирифтааст.

Дар шароити имрӯзаи бунёди давлати миллӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ зан-модар ба ҳамаи душвориҳои зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон нақши босазо гузошта истодааст.

Воқеан, ҳам тавассути сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар пайвастани занон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки тибқи ин сиёсат занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳимми ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ эътироф менамоянд ва барои ҷалби онҳо амалишавии онҳо тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст.

Дар бораи меҳру муҳаббати модар нисбати фарзанд, зиндагии осоишта чӣ қадар суханони зебо, муқаддас ва дилнишин аз ҷониби бузургон гуфта шудаанд. Ҳар гоҳе, ки калимаи модарро ба забон мегирем, пеши назарамон шахси нуронӣ, бениҳоят меҳрубон ва ғамхор намудор мегардад. Ин нур дар мо бовариро ба равшанӣ, оромӣ, зиндагии хушбахтона, муҳаббату садоқат ба диёри куҳанбунёд ва рушди босуботи кишвар устувор мегардонад.

Албатта, модар офарандаи ҳаёт, ноёбтарин ва азизтарин шахс дар дунё маҳсуб меёбад. Гуворотарин ва зеботарин сухан ин каломи модар аст. Меҳру муҳаббати ӯ, ба монанди хуршеди оламафрӯзест, ки ба тамоми одамони кураи замин равшанӣ ва умед ба фардои дурахшон мебахшад.

Дар робита бо ин, ҳанӯз моҳи декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки аз ба имзо расидани он 26 сол сипарӣ гардид. Маҳз тибқи ин фармон бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти самарабахши занону бонувон ва камолоти маънавии онҳо мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, қайд намудан зарур аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар марҳилаи нави давлатдорӣ муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ бознигарӣ шуда, вобаста ба тақозои замон низоми нави муносибатҳо роҳандозӣ карда шуд. Дар ин раванд баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҳамчун омили муҳими пешрафти ҷомеа самти афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.

Албатта, мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтаргардонии шароити занон ва таълиму тарбияи маърифатпарваронаи онҳо, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи демократӣ, омода сохтани барномаҳои муштараки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, танзими оила, инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, солимгардонӣ, ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари ҷавондухтарон, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувони Тоҷикистон равона гардида, дар ҳалли мушкилоти онҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд, ки боиси қайд мебошад, зеро маҳз модар бо меҳрубониҳояш ба ҳаёти мо таровату ҳусни нотакрор мебахшад. Некхоҳӣ ва муҳаббати ӯ на танҳо то синни камолот расидани фарзандон, балки он то лаҳзаи вопасини ҳаёти ӯ идома меёбад.

Одатан, самимият, нури хирад, некиву муҳаббати зан-модарро ҳар як фарзанд эҳсос мекунад ва дар тамоми ҳаёт ин лаҳзаҳо дар пеши назар борҳо ҷилвагар мегарданд.

Ҳаёти воқеӣ ва мушоҳидаҳои дӯстон, хешу ақрабо собит месозанд, ки маҳз дар тарбияи шахсоне, ки модарон масъули он буданд, сифатҳои ахлоқӣ, солимии маънавӣ ва ҷисмонии онҳо нисбат ба хислатҳои бешуурона назаррас мебошад.

Аллома Бобоҷон Ғафуров - писари шоираи маъруфу машҳур ва ватандӯсти тоҷик Розия Озод ба олами илм бо ҳидояти модари донишмандаш омадааст. Ба халқу Ватан содиқона хидмат намуда, ба дараҷаи роҳбари аввали ҷумҳурӣ сабзида расид ва дар илми шарқшиносии чаҳон ҳамчун олими шинохта эътироф гардид.

Дар робита ба бузургии зан-модар Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо занону бонувони фаъоли кишвар саҳми занро дар масъалаи баланд бардоштани камолоти маънавӣ ва солимии ҷомеа қайд намуда, ба он баҳои арзишманд додаанд.

Ниҳоят, Зан – Модар рамзи зиндагӣ, манбаи муҳаббат ва устувории ҳар як оила аст. Ҳар як инсон бояд ба Зан - Модар эҳтироми хосса гузорад ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯро қадр кунад. Зеро Модар ягона шахсест, ки муҳаббаташ бепоён ва фидокориаш беғараз аст. Модар рӯҳи хонадони ҳар як инсон аст ва бе муҳаббати ӯ ҷаҳон зебоӣ ва гармии худро аз даст медиҳад.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Мутафаккирон ва донишмандони олам аз ҷумла тоҷикон перомуни бузургии зан-модар асарҳои арзишманде офаридаанд ва ё дар осорашон нақши зан-модарро барҷаста нишон додаанд.

123123Абдулқосим Фирдавсӣ яке аз мутафаккирон ва ҳакимони бузурги тоҷику форс дар асари безаволи хеш "Шоҳнома" номи зиёда аз сиву панҷ қаҳрамонзанону қаҳрамонбонувонро зикр намудааст ва ҳар кадоме аз инҳо дар ин асари муҳташам нақши калидӣ доранд ва то ҳол номи бархе аз онҳо ба забон оварда мешаванд ва бо ифтихори баланди миллӣ бархе аз шаҳрвандоне, ки ғурури миллӣ ва аҷдодӣ доранд бо сарфарозӣ номи духтарони худро аз қаҳрамонони ин асари оламшумул, ки саропо аз паҳлавониву размандагиву қаҳрамониву шуҷоат ва ҷасорату матонат иборат аст, мегузоранд.

То ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон номҳои зебои духтаронае ҳастанд, ки вирди забонҳо буда, аз “Шоҳнома” маншаъ гирифтаанд, ки ин номҳо ба мисли Гурдофарид, Таҳмина, Рӯдоба, Шаҳрноз, Арнавоз, Манижа, Гулнор, Навбаҳар, Синдухт, Фарангис, Паризод, Озардухт ва монанди инҳо мебошанд.

Дар ин мақола таваҷҷуҳи бештар ба яке аз паҳлавонзанони “Шоҳнома” Гурдофарид дода шудааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳар зане муваффақ шавад аз ӯ Гурдофарид ном мебаранд. Аммо мехоҳем перомуни чанд бонувони дигар ба мисли Таҳмина, Манижа, Катоюн, Фарангис ва дигарон низ як маълумоти мутасаре оварем.

Яке аз қаҳрамонзанони номдор дар “Шоҳнома” ин Катоюн мебошад. Ӯ духтари Қайсари Рум, ҳамсари Гуштосп шоҳи Эрон модари Исфандиёр аст. Ӯ зани шуҷоъ ва чолок, зани меҳрубону бовафо ва модари донишманду доно аст. Вақте ки Катоюн ба синни балоғат расид, падараш Қайсари Рум як гурӯҳ ашрофиён ва ҷанговарони ҷаҳонро дар қасри худ ҷамъ меорад, то барои духтараш шавҳари муносиб интихоб кунад. Катоюн ҷанговаронро як ба як мебинад, вале бештар дар бораи одаме ба ситораҳо орзу мекард, ки давлати Румро сарбаланд гардонда тавонад ва ӯ дар байни ҷамъомадагон ҳамон одамро меҷӯст. Мардони ҷамъомада таваҷҷуҳи Катоюнро ба худ ҷалб накарданд, рӯз ба охир расид, баъдан Қайсар эълон кард, ки ҳама мардони арзанда ба қасри ӯ оянд, то Катоюн яке аз онҳоро интихоб кунад. Марди деҳқоне дар Рум мизбони Гуштосп шуд, чун хабари Қайсарро шунид, Гуштоспро ташвиқ кард, ки дар маҷлиси Қайсар ширкат кунад ва он ҳамон орзуи Катоюн буд, ки баъдан тоҷу тахти Қайсар насиби ӯ гашт.

Яке аз духтарони зебову дилрабо дар “Шоҳнома” ин духтари шоҳи Самангон, зани Рустам ва модари Сӯҳроб Таҳмина аст. Рӯзе Рустам барои гардиш ба наздики марзи Эрон ва Турон меравад. Ҳангоми истироҳат Рахши ӯ гум мешавад. Рустам барои ёфтани Рахш вориди Турон мешавад. Шоҳи Самангон базме ба ифтихори вай барпо менамояд. Шаб дар утоқе, ки ӯ меистод Таҳмина ворид мешавад ва бо вуҷуди инки медонад Рустам фақат як шаб дар Самангон хоҳад монд, ӯ худ ба Рустам изҳори ишқ меварзад. Ҳадафи Таҳмина танҳо дар зиндагӣ доштани фарзанде будааст, ки инсони баргузида ва номовар бошад. Таҳамтан чун суханони Таҳминаро мешунавад, ҳамон шаб ӯро ба ақди никоҳи хеш медароварад. Нӯҳ моҳ пас аз он шаби васл, Суҳроби Ял чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Шоҳи Самангон аз ин бисёр шодмон мешавад ва бузургону акобири Саманагон ҳама ба Рустам табрик мегӯянд ва ҷашни бузурге ба ифтихори Рустам ва Таҳмина барпо менамоянд.

Миёни ҷомеаи тоҷикон номи Фарангис бисёр машҳур аст. Фарангис духтари Афросиёб ва ҳамсари Сиёвуш ва модари Кайхусрав аст, ки виқори занона ва шарафи ахлоқи худро то поёни зиндагӣ ҳамчунон ҳифз мекунад. Фарангис аз занони вафодор ва шикебои “Шоҳнома” аст. Меҳр ва вафодории вай ба Сиёвуш то он ҳад аст, ки бо шунидани хабари кушта шудани Сиёвуш, аз ҷон гузашта ва бепарво бар падари бераҳми худ нафрин мекунад ва хашми ӯро ба гунае бармеангезад, ки ӯ ба кушта шудани духтари бордори бегуноҳи худ фармон медиҳад.

Дар “Шоҳнома” Манижа рамзи ишқу муҳаббат тасвир ёфтааст. Вай, ки духтари Афросиёб буд, ба Бежан писари Гев ошиқ мешавад. Ҳарчанд ишқи ӯ ба Бежан самимӣ ва покиза буд, аммо барои Бежан мушкилоте ба бор овард, то Бежан бо фармони Афросиёб ба зиндон андохта мешавад ва Манижа ҳама корҳоро мекунад ва ниҳоят ӯро озод менамояд.

Перомуни корномаҳои ҳар кадоме аз қаҳрамонзанони “Шоҳнома” метавон асаре таҳқиқ кард ва ин чанд қаҳрамонзане, ки маълумоти мухтасар дар бораашон овардем, сароғози шинохти Гурдофарид яке аз қаҳрамонони бемисли “Шоҳнома” мебошад.

Яке аз номҳои бисёр мутаассир, ки дар миёни ҷомеаи тоҷикон шуҳрати беандоза дорад, ин Гурдофарид мебошад. Ин ном миёни бонувон ҳамчун беҳтарин ном ва идеал пазируфта шудааст. Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” образи Гурдофаридро яке аз беҳтарин бонувони чобуку нотарс қаламдод намуда, нақши ӯро дар хештаншиносиву худогоҳӣ, далеливу нотарсиву шуҷоатмандиву ҷасурӣ ва паҳлавонивӣ ва ҳимоят аз марзу буми Ватан нишон додааст, ки бузургии ин зани қаҳрамони ориёӣ барои бонувони баъдӣ то ҳол ҳамчун идеал дар ростои ҳақиқатгӯиву ростиву поквиҷдонӣ ва донишмандиву ҳушёриву зиракӣ ба кор бурда мешавад.

Гурдофарид аз аввалин паҳлавондухтарони достони ҳаммосии тоҷику форс аст. Ин бонуи далелу дилрабо ва зирак хеле барҷаста ва аз ҷаззобтарин занони “Шоҳнома” аст, вале бо вуҷуди он ки дар “Шоҳнома” ҳузури кӯтоҳе дорад ва ноком мешавад, вале ӯро метавон ба қатори Арнавоз ва Шаҳрноз як зани асил ва аз чеҳраҳои намунаи ибрат барои ҳар як зан донист.

Ҳаким Фирдавсӣ дар асари безаволи хеш “Шоҳнома” набарди Гурдофарид бо Сӯҳробро дар зевари назм оростааст, ки қаҳрамониву нотарсӣ ва чобукиву паҳлавонии Гурдофаридро нишон медиҳад:

Чу огаҳ шуд духтари Гуждаҳам,

Ки солори он анҷуман гашт кам.

Зане буд бар сони гурде савор,

Ҳамеша ба ҷанг андарун номдор.

Куҷо номи ӯ буд Гурдофарид,

Замона зи модар чунин новарид.

Гурдофарид аз ҷумлаи ҳамон бонувони ҷанговар аст, ки бо матонату паҳлавонии хеш бо яке аз қаҳрамонони воломақоми “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки Сӯҳроб аст, ба набард мебарояд. Дар вақти набард аз бузургиву зӯру бозӯи мардонавори Гурдофарид Сӯҳроб ба ҳайрат меафтад.

Набарди Сӯҳроб бо Гурдофарид чунин аст, ки вақте Сӯҳроб аз роҳи Турон ба Эрон ҳангоме, ки барои ҷустуҷӯи падараш Рустам мегузашт қалъае ба номи Сафеддиж дар рӯбарӯи ӯ мебинад, ки Гуждаҳам, ном як марди солхӯрдае бар он сарварӣ мекард. Гуждаҳам духтаре дошт ба номи Гурдофарид. Дар наздикии ин қалъа набард миёни Сӯҳроб ва фармондеҳи қалъа ба вуқуъ мепайвандад ва Сӯҳроб бар ӯ пирӯз мегардад. Сӯҳроб нахуст мехоҳад ӯро бикушуд, вале ӯро бо баҳонаи вуруди қалъа шудан накушта асир мегирад ва мехоҳад қалъаро низ ба асорат бигирад, ки дар ин ҳангом шахсони дар қалъа буда ба таҳлука меафтанд. Гурдофарид чун инро мебинад, мояи нанг медонад, ва худ ба набарди ӯ меравад. Гурдофарид бо Сӯҳроб ба набард мебароянд ва дар ним рӯз бо ҳам размозмоӣ мекунанд. Саранҷом Гурдофарид мебинад, ки тавони баробарӣ бо Сӯҳробро надорад ва мекӯшад сӯйи қалъа бигурезад. Аммо Сӯҳроб ба ӯ мерасад ва кулоҳи ӯро бармегирад ва дар ин ҳолат мефаҳмад, ки он ҳамнабардаш на мард, балки духтари зеборӯе аст. Гурдофарид ба найранг даст меёзад ва ба Сӯҳроб мегӯяд, ки хуб нест размандагон бубинанд, ки вай дар набард бо як духтар ба чунин кӯшиш ва ранҷе гирифтор омада ва ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ҳамроҳаш ба даруни қалъа биравад ва мегӯяд, ки қалъа дар чанги ӯст. Сӯҳроб, ки бо як дидан шефтаи ҳусну ҷамоли Гурдофарид шуда буд, дар доми Гурдофарид меафтад. Гурдофарид ӯро то дари қалъа меовард, сипас бо чобукдастии бисёр ба даруни қалъа меҷаҳад ва дарро мебандад.

Ин ҷо ба хулосае меоем, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби ному нанг ва қаҳрамону нотарс будаанд, ки Гурдофарид бозгӯйкунандаи зан-модари қаҳрамони тоҷик аст, ки барои ҳифзи ному нанг, Ватан-Модар, сарзамини аҷдодӣ бо яке аз қаҳрамонони номдори “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, яъне Сӯҳроб ба набард мебарояд. Гарчанде ӯ мағлуб мешавад, вале Суҳроб аз бузургиву қаҳрамониву ҷасорат ва нотарсиву шуҷоати ӯ дар ҳайрат меафтад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон чунин Гурдофаридҳо ҳастанд ва дар арсаи байналмилалӣ бо кӯшишу талоши хеш ба монанди Зебунисо Рустамова камонвари беназир, Мавзуна Чориева муштзани беҳамто ва дигарон Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ, - номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм