24 майи соли равон бахшида ба рӯзи байналмилалии Морхур Конференсия баргузор гардид. Ба кори конфронс раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ҳусни оғоз бахшида, доир ба моҳияти баргузории конфронс суханронӣ намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳамдамзода Ҷ. суханронӣ намуда, доир пазируфтани ташаббуси навбати Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Рӯзи байналмилалии морхур” тариқи қатъномаи дахлдор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид фикру андешаҳои хешро баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин қатънома аҳаммитяи бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхурро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он инчунин аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхур, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст. Бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24 май “Рӯзи байналмилалии морхур” эълон гардид. Дар ҷараёни конфронс аз ҷумлаи олимону академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ – ОММАВӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ АСТЕРОИДҲО» ДАР ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
Рӯзи астероидҳо, ки 30 июн таҷлил мешавад, бо ҳадафи баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи хатари эҳтимолии бархурди астероидҳо ба Замин ва зарурати таҳияи стратегияҳо барои ошкор ва пешгирии онҳо таъсис дода шудааст. Ин сана барои таҷлили ҳодисаи Тунгуск, вақте ки дар 30 июни соли 1908 дар Сибир таркиши пурқуввате рух дод, баргузида шудааст, ки гумон меравад онро астероид ё комета ба вуҷуд овардааст. Дар ин рӯз таваҷҷӯҳ ба аҳамияти тадқиқоти астрономӣ ва технология барои ҳифзи сайёраи мо ҷалб карда мешавад.
Рӯзи астероид дар соли 2015 аз ҷониби астрофизик Брайан Мэй, кайҳонавард Расти Швайкарт, коргардон Григорий Рихтерс ва Даника Реми таъсис дода шудааст. Он дар соли 2016 аз ҷониби СММ расман эътироф шудааст.
Ҳадафҳои асосии Рӯзи астероидҳо:
1. Баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи хатари эҳтимолии астероидҳо.
2. Ҳавасманд кардани тадқиқот ва технологияи кашф ва пайгирии астероидҳо.
3. Дастгирӣ ва таҳияи барномаҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии бархӯрди эҳтимолии астероидҳо бо Замин.
4. Омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати мардум дар бораи астероидҳо ва чӣ гуна мо метавонем сайёраи худро ҳифз кунем.
Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла лексияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ, ки ба ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилот ва муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд, баргузор мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки санаи 4 июли соли равон бахшида ба «РӮЗИ АСТЕРОИДҲО» дар Институти астрофизикаи АМИТ чорабинии илмӣ – оммавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони илмӣ бо маърӯзаҳои худ фаъолона иштирок намуданд. Рафти чорабинӣ аз ҷониби телевизиони «ИЛМ ВА ТАБИАТ» расонавӣ карда шуд.
04 июли соли равон дар Институти зоология ва паразитологияи АМИТ Шурои илми баргузор гардида дар баробари баррасии фаолияти илми ва ташкилии шуъбахо хамчунин дигар масъалахо - омода намудани кадрхои чавон, васеъ намудани доираи фаолияти илмии Институт, интизоми меҳнат ва ғ. мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамчунин директори Институт Қадамзода Д.С. оид ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва хамзамон то 40% баланд гардидани музди маоши кормандони сохаи илм маъруза намуда, иброз доштанд, ки ин моро водор месозад то самимона ва содиқона дар рушди илм хидмат намоем.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Июль 3, 2024
3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
01 июли соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи туркӣ Шоҳин Мустафоев мулоқот доир намуд.
Дар оғози мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба маркази илми ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, зимнан доир ба рушди дурнамои ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳама ҳолат барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак омода хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Академияи туркӣ як созмони байналмилалӣ буда, таҳти сарпарастии Созмони давлатҳои туркӣ таъсис ёфтааст. Умуман, академия ҳамкориҳои илмию таълимӣ байни кишварҳои туркӣ ва ҷомеаҳои туркиро ташвиқ ва пеш мебарад.
Инчунин тибқи ваколатҳои оинномавии худ, зарурати ҳамкорӣ дар бахшҳои туркшиносӣ, аз ҷумла таърих, археология, этнология, антропология, адабиёт, забоншиносӣ, истеҳсолот, санъат ва масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодиро баррасӣ мекунанд. Ҳадафи Академияи туркӣ мусоидат ва ҳамгироии ҷаҳони турк ба илму маориф мебошад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон 30.06.2024
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллӣ – Тиргон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмиву адабии гузаштагони мо омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст.
Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад.
Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад.
Ба ин маънӣ Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.
Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад ва онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн ба муддати нӯҳ рӯз таҷлил карда мешуд.
Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмиву фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд.
Тибқи суннатҳои Тиргон айёми ҷашнгирии он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона ва хурду бузург хурсандӣ мекарданд.
Аз ин бармеояд, ки талошу кӯшиш барои истифода аз неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин ба хотири пурбаракат гардонидани дастархони ҳар як хонадон дар сиришти мардуми мо ҳанӯз аз замонҳои қадим ҷой гирифтааст.
Имрӯз кишоварзони тоҷик ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, зарур аст, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, ба масъалаҳои таъмин намудани бозори истеъмолӣ, захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар заминҳои обӣ, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ вусъат дода, рӯёнидани се – чор ҳосил ва коркарди маҳсулот таъмин карда шавад.
Баҳору тобистони соли ҷорӣ барои корҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон нисбатан мусоид омад, ки онро ҳамватанони азизи мо имрӯзҳо аз фаровониву арзонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо дида истодаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамчунин, аз вазъи ноорому печидаи ҷаҳон, хусусан, дар масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, мунтазам боло рафтани нархи маҳсулот ва мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хуб огоҳанд.
Дар чунин шароит мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва обу хоки ин Ватани муқаддасро ба ҷо оварем, сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллиамонро, ки барои мо арзишҳои зиндагисозу ҳувиятсоз мебошанд, ҳифз кунем.
Бо умеди пешрафту ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони маҳбубамон ҳамаи мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Тиргон, ки ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ аз наслҳои гузаштаи мо то ба имрӯз боқӣ мондааст, бори дигар самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони кишвар саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод, дастархони пурфайзу баракат ва фаровонӣ орзу менамоям.
Ҷашни бостонии Тиргон мубораку фархунда бошад, ҳамватанони азиз!
http://www.president.tj/node/33674
28 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Саддридин Айнӣ вохури директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзадии илмҳои физика ва математика Раҳимзода А.О бо хатмкунандагони ин донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ин вохурӣ хатмкунандагони факултаи математикаро барои ба зинаи магистратура дар Институти математикаи АМИТ таҳсил намудан даъват намуданд.
Инчунин, оиди таёр кардани ҳуҷҷатҳо барои дохил шудан ба зинаи магистратура дар АМИТ, имтиҳони дохилшавӣ ва раванди таҳсилот суханронӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, ваҳдату ягонагӣ ва якдилӣ дар Ватани азизӣ мо ва шароитҳои фароҳам овардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сабабгор аст, ки мо ҷавонон дар тамоми зинаҳои таҳсилот озодона, таҳсил намоем.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ низ пайваста нисбати ҷавонон барои роҳи илму фарҳангу варзиш дастгириву таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ,узви вобастаи АМИТ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар дастуру супоришҳояшон таъкид мекунад, ки барои баланд бардоштани сатҳи илмӣ тоҷик моро зарур аст, ки мавқеъи ҷавононро дар илм баланд бардорем.
Ҳамватанони азиз!
Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди ин санаи таърихсоз самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон амнияту оромӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба хотимаи ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд.
Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид.
Бояд гуфт, ки мо ба ин рӯзи муборак бо саъю талоши зиёд ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ муяссар гардидем.
Ба шарофати роҳандозӣ гардидани раванди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ба бартараф намудани душвориву мушкилоти зиёди ҷомеа ва давлат, дар навбати аввал, барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз намуд.
Бо гузашти вақт захмҳои ҷанг тадриҷан шифо ёфтанд, харобаҳои ҷанг обод гардиданд, аммо мардуми мо ҳанӯз сабақҳои талх ва даҳшату фоҷиаи ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор куштаву миллионҳо нафари дигар овораву бехонумон шуданд, фаромӯш накардаанд ва бовар дорам, ки ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Ҳодисаҳои нангини он даврон, ки аз ҷониби як гурӯҳ худбохтагону имонфурӯхтагон, яъне душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо созмон дода шуда буданд, боиси фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимият гардида, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти талху даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфта буд.
Қобили зикр аст, ки заминаи асосӣ ва хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.
Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби роҳбарияти навинтихобшудаи давлат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ аввалин иқдомоти муҳим, аз ҷумла ба ҳам овардани роҳбарони гурӯҳҳои ба якдигар мухолиф амалӣ гардиданд ва нахустин қадамҳо ба сӯи сулҳу оромӣ гузошта шуданд.
Аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ба Ватан ва ҷойи зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва ташкили шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо иқдомоти минбаъдаи мо дар он рӯзҳо буданд.
Барқарор намудани фаъолияти шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ, яъне барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бо ҳамин роҳ пешгирӣ кардани хатари парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон вазифаҳои мубрамтарину аввалиндараҷаи мо дар он айём ба шумор мерафтанд.
Ҳамаи ин корҳоро мо бо майлу иродаи қавии халқамон ва дастгириву пуштибонии қотеонаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом додем ва роҳро барои барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷшуда ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он ҳамвор сохтем.
Бинобар ин, бори дигар бо ифтихору сипос иброз медорам, ки қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд.
Тайи 27 соли ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик кишвари мо ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гардида, барои сокинони он шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миёни кишварҳои мутараққии ҷаҳон соҳиби нуфузу обрӯи шоистаи худ мебошад.
Қабул гардидан ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгириву амалисозӣ қарор гирифтани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон нишонаи возеҳи эътирофу эҳтироми кишвари мо ба шумор меравад.
Имрӯзҳо фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати моро, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ ёфт, марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор дода, сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд.
Хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Таъкид месозам, ки дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем.
Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям: ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.
Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад.
Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.
Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.
Дар фарҷоми сухан, бо ибрози ниятҳои нек Рӯзи ваҳдати миллиро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз