Skip to main content

АСОСӢ

Particles Fade-In
  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Дар сафҳаҳои таърих қатлу ғорату кинадӯзиву душманӣ ва ҳамин тавр нобудшавии набототу ҳайвонот зиёд ба чашм мезанад ва албатта, ҳамаи ин ваҳшонияту нобасомонӣ аз ҷониби одамон бештар рух медиҳад. Дар ин росто, қавму нажодҳое буданд, ки ваҳдату сулҳ ва ҳамзистии инсонӣ ва ҳифзи табиатро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонистанд ва баҳри дар амал татбиқ гардиданаш тарғибу ташвиқ менамуданд, аз чунин нажодҳо ғолибан ориёиҳо дар сафи аввал қарор мегирифтанд, ки ҳатто таърихнигорону донандагони таърих ҳам таъйид кардаанд, ки эронитаборон дар тӯли таърих бештар кӯшидаанд фарҳангу хирадварзӣ ва сулҳу субот дар рӯи замин густаришу побарҷо бошад.

Мисоли рушан устувонаи Куруши Бузург, ки ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф ва шинохта гардид ва дар соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид онро ба аксарияти забонҳои расмии Созмони Милал мунташир карда, ки ин нишонаи он аст, ки гузаштагони ориёиҳо нахустин бунёдгузорони ҳуқуқи башар мебошанд ва ба забони сиёсати имрӯз дипломатияву демократияро дар ҷаҳон поя гузоштанд. Муҳаққиқи ватанӣ Зафар Саидзода низ дар ҳамин андеша, бо такя аз устувонаи Куруши Бузург менависад: “Дар бахше аз ин дастур аз забони Куруши Бузург омадааст: “Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд, нагузоштам ранҷу нороҳатӣ ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид шавад. Онҳоро аз зери юғи асорат хориҷ сохтам, ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам ва мо ҳамагӣ шодмона ва дар роҳи сулҳу оштӣ мақоми баланди худовандгори бузургро сутудем. Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда буданд, аз нав сохтам”.

Фарҳанги инсондӯстӣ ва руҳияи некукории ориёиҳоро бисёре аз бузургони илму адаби ҷаҳон сутудаанд. Таърихнависи бузурги юнонии замони бостон Ҳеродот, ки пас аз асре аз даврони Куруши Бузург зиндагӣ кардааст, дар бораи ин абармард чунин менависад: “Ҳеҷ порсе ёфт намешавад, ки битавонад худро бо Куруш муқоиса кунад. Аз ин рӯ, ман китобамро дар бораи порсиён ва юнониён навиштам, то кирдорҳои шигифтангезу бузурги ин ду миллати азим ҳеҷ гоҳ ба фаромӯшӣ супурда нашаванд. Куруш сардори бузург буд. Дар замони ӯ порсҳо аз озодӣ бархӯрдор буданд ва бар бисёре аз миллатҳои дигар фармонравоӣ менамуданд, ба илова, ӯ ба ҳамаи миллатҳое, ки зери фармонравоии ӯ буданд, озодӣ мебахшид ва ҳама ӯро ситоиш мекарданд”.

Маншура ё устувонаи Куруши Бузург то имрӯз аҳамияти умумибашарии худро гум накарда ва ҳатто имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ниёз ба як чунин устувонае ҳастанд, ки то дар сулҳу амну дӯстӣ зиндагонӣ бикунанд. Муҳаққиқини Юнони бостон бештар ба корномаву адолату додхоҳии Куруш шефта гашта, осори гаронарзише низ эҷод кардаанд ва гуфта мешавад, ки пас аз доду додгустариро дар миёни мардуми Шарқу Ғарб мустақар кардан, дар заминаи фарҳангу илми эронитаборон файласуф ва донишварони бисёр бузурге дар Юнони бостон зуҳур карданд, ки ба андешаи пажуҳишгарон илму хиради юнониҳо дар зери таъсири фарҳангу илми шарқиён, ба вижа эронитаборон ба вуҷуд омад. Дар ҳамин мантиқу дарк донишварони юнонӣ, масалан Ксенофонт таъйид мекунад, ки “Куруш ба пешрафту фарҳангу адаби мардум таваҷҷуҳи вижае дошт”, ҳамчунин Афлотун ҳам дар бораи Куруш гуфта аст, ки “кишвар ба раҳбарии Куруши Бузург аз ҳар лиҳоз пешрафт кард ва мардум аз озодиву рифоҳи бесобиқае бархурдор буданд ва ончунон нисбат ба якдигар муҳаббат меварзиданд, ки гӯйӣ ҳама бо якдигар хешовандӣ доранд.

Чунонки гуфта шуд, пояи илми ҷаҳон дар асоси илми эронитаборон шакл гирифта, рушд кард, ин нуктаро Ксенофонт тасдиқ карда, эътироф ҳам мекунад, ки Куруш барои рушду болоравии фарҳангу адаби мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда буд ва ҳамин нукта ҷолиб аст, ки дар ин росто миёни мардум дӯстиву рафоқату канори ҳам дар сулҳ зистанро Куруш бо эъломи устувонаи худ дар рӯи сайёраи Замин нахустин шуда устувор кард ва чи гунае, ки зикраш рафт, Афлотун гуфта, чунин озодиву дӯстӣ дар таърих бесобиқа будааст ва мардумон чунон миёни худ бо муҳаббат зиндагонӣ мекардаанд, ки гӯё ҳама бо ҳам хешовандӣ доранд.

Чӣ гунае дар боло зикр кардем, Куруши Бузург парвардаи чунин фарҳангу хирад буд, ки дар дунё додварзию додгустариро пойдор кард ва устувонааш то имрӯз арзишмантарин боқӣ монд, ки 6-уми ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” қабулу пазироӣ гардид ва ин эътирофи созмони байналмилалӣ ба ин далел аст, ки “Устувонаи Куруш” ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзиши озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб мекунад. Ёдоварии ин нукта ба ин хотир аст, ки дар шароити кунунӣ кишваҳои Тоҷикистону Эрон ва бахше аз Хуросонзамин (Афғонистон) меросбар ва тарғибгари воқеии фарҳанги гузаштаи эронитаборон маҳсуб меёбанд ва “Устувонаи Куруш”-ро низ Тоҷикистону Эрон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд то расман эътирофи умумибашариро ба даст орад.

Зоҳири Сайфулло – ходими илмии шуъбаи фалсафаи

фарҳангии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Таърихнигорон ва ҷомеашиносон собит сохтаанд, ки миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги ниҳоят куҳани давлатдории миллӣ мебошад. Мутаассифона, баъди таназзули давлати Сомониён то аз байнравии Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ ин миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддун давлати мустақили миллии худро надошт. Сароғози Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ба 9-уми сентябри соли 1991 рост меояд, барои миллати тоҷик ибтидои поягузории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Маҳз бо ҷидду ҷаҳди собитқадамона ва иқдоми бунёдгароёнаи фарзанди дурандеши миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон аз вартаи нобудшавӣ наҷот ёфта, ба шоҳроҳи рушди давлатдории миллӣ қадам ниҳод ва дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид.

Тавассути баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлолияти комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуданд.

Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот амалӣ менамуд.

Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат маҳсуб ёфт. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон замина гузошт.

Бояд зикр кард, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад, ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Маҳз сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки вазъи бӯҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардад. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷӣ музокироти байни тоҷикон баргузор гардиданд ва билохира Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт. Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун амсилаи муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат аз қадамҳои нахустинашон роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро ба миён гузоштанд:

“Асосиқонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст”.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) барои таҳия ва тасдиқи силсилаи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои зерқонунӣ замина гардид ва ин иқдоми ниҳоят муҳим пояҳои ҳуқуқии давлати миллиро боз ҳам мустаҳкамтар намуд.

Қадами дигари ниҳоят муҳим ин тавассути райпурсии умумихалқӣ ворид намудани тайғиру иловаҳо ба Конститутсия аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003 ва 22-уми майи соли 2016 маҳсуб меёбад, ки барои амалӣ гардонидани бандҳои алоҳидаи Созишномаи истиқрори сулҳ, таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа, мутобиқнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба санадҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, мушаххас намудани салоҳият ва самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми нави ҳуқуқи миллӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, роҳандозӣ гардид. Низоми мазкур бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми мардуми давлатҳои мухталиф пазируфта шуд. Аз ин пас Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохта шуд.

Дар оғози қарни нав ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он ҳамчун дастур, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, раҳнамо, қутбнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созанда ва бунёдкорона дошта, дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми сазовор гузошт.

Дар раванди рушди давлатдории миллӣ Пешвои миллат ба масъалаи тақвиятбахшии андешаи миллӣ ва тафаккури миллии аҳли ҷомеаи Тоҷикистони навин, махсусан ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Яке аз омилҳои ваҳдатгустари тафаккури миллӣ расму русум, ойину анъанаҳо мебошад, ки дар давоми асрҳои зиёд пайдо ва густариш ёфтааст. Бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат ҷашни Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳайси ҷашни умумибашарӣ эътироф намуд. Инчунин, таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили анҷуманҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700 - солагии Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675-солагӣ ва 700 - солагии Хоҷа Камол (1996, 2020), 1000 - солагии Носири Хусрав (2003), 1025 - солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150 - солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011) ва амсоли инҳо барои тақвиятбахшии раванди худшиносии миллӣ, ҳамчунин шинохти ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти хоса дорад.

Қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос мекунад.

Бо ташаббуси Роҳбари дурандеши давлат ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700- солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) аз он дарак медиҳад, ки насли наврасм ва ҷавон аз таъриху фарҳанги худ огоҳ бошанд.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд: «Ба даст овардани истиќлолият кори бисёр душвору зањматталаб мебошад, вале њимояи пирўзї ва дастовардњои истиќлолият кори аз он њам душвортару пурмасъулият аст».

Вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Ҳифзи истиқлолият дар масири таърих гуногун аст. Маъмулан дар байни сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ду роҳи эътирофшудаи он – яке маънавӣ ва дигар низомӣ машҳур аст. Сарвари давлати тоҷикон дар ҳар ду самт иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад, хизматҳои шоиста намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо саъю эҳтимоми пайвастаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодаву сиёсӣ, аз қабили хатарҳои фаромиллии ҷаҳони имрӯза саҳмгузорӣ менамояд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли қазияи Афғонистон, пешгирии терроризм ва экстремизм, ҳалли муаммоҳои норасоии обу экология, тағйирёбии иқлим дар сайёра ташаббусҳои нав ба навро пешниҳод менамоянд, ки он аз ҷониби СММ пазируфта шудааст.

Аз ин рӯ, ба қадри истиқлолияти давлатӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо маҳсуб меёбад.

Маҳмадбекзода М., сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Инстиути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид (СММ) яке аз барҷастатарин саҳифаҳои сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ба саҳнаи байналмилалӣ ворид гашт ва 2 марти соли 1992 узви СММ гардид. Дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ворид шудан ба арсаи байналмилалӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ албатта кори осон нест. Аммо бо вуҷуди мушкилот, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист зарфияти дипломатии кишварро ба таври муассир истифода бурда, Тоҷикистонро ба як кишвари ташаббускори глобалӣ табдил диҳад.

Яке аз самтҳои марказии фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон масъалаи об мебошад. Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 % захираҳои оби тозаи Осиёи Марказӣ буда, дар қаламрави он бузургтарин пиряхҳои минтақа, аз ҷумла пиряхи Федченко, ҷойгиранд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дарки аҳамияти ҳаётан муҳими об барои инсоният, ин мавзӯъро аз доираи миллӣ ва минтақавӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд. Ҳанӯз дар аввали солҳои 2000-ум Тоҷикистон расман ба СММ ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005–2015)-ро пешниҳод намуд ва ин ташаббус соли 2003 тавассути қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ таҳти рақами A/RES/58/217 қабул гардид. Ин барои таърихи дипломатияи Тоҷикистон қадами бесобиқа буд, зеро бори аввал ташаббуси глобалӣ аз ҷониби давлати тозаистиқлол пешниҳод ва қабул гардид.

Дар давоми даҳ соли амалисозии ташаббус дар ҷаҳон садҳо лоиҳаҳои обӣ, омӯзишӣ ва илмӣ татбиқ гардиданд, ки ба беҳтар шудани дастрасӣ ба оби тоза барои миллионҳо нафар мусоидат намуданд.

Баъди анҷоми даҳсолаи аввал, Пешвои миллат масъалаи обро дар рӯзномаи байналмилалӣ боз ҳам устувортар гардониданд. Соли 2013 бо пешниҳоду роҳбарии Тоҷикистон СММ «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро эълон намуд. Ин иқдом ба кишварҳои ҷаҳон имкон дод, ки ҳамкорӣ ва идоракунии муштараки захираҳои обиро тақвият бахшанд. Тоҷикистон бо як кишвари дорои захираҳои бузурги об, вале бидуни дастрасӣ ба баҳр, нишон дод, ки масъалаи об танҳо масъалаи иқтисодӣ нест, балки масъалаи сулҳ, амният, дипломатия ва рушди устувори ҷаҳонист.

Давраи навбатии ташаббусҳои ҷаҳонӣ соли 2016 оғоз шуд, вақте ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ зарурати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028)-ро ба миён гузоштанд. Ин ташаббус соли 2017 бо қатъномаи A/RES/71/222 пазируфта шуд. Даҳсолаи дуюм ҳамоҳанг бо Ҳадафҳои рушди устувори СММ (то соли 2030) роҳандозӣ гардид ва Тоҷикистон мутобиқ ба ин ташаббус ҳамасола чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор менамояд. Далели равшани саҳми Тоҷикистон дар ин раванд конфронси ҷаҳонии оби СММ дар соли 2023 дорои аҳамияти хос мебошад, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузорӣ шуд ва Тоҷикистон аз кишварҳои асосии ташаббускору раисикунандаи конфронс буд. Ин рӯйдод бори аввал баъд аз соли 1977 баргузор шуд ва нишон дод, ки дипломатияи обии Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи назариявӣ, балки дар шакли амалӣ таъсиргузор аст.

Ташаббусҳои Тоҷикистон ба масъалаҳои об маҳдуд намешаванд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи мероси фарҳангиро борҳо матраҳ кардааст. Аз ҷумла, дар суханронии худ дар Маҷмааи Умумии СММ дар соли 2024 пешниҳод намуд, ки «даҳае барои пешбурди сулҳ барои наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин пешниҳод нишон медиҳад, ки Тоҷикистон масъалаи сулҳро ҳамчун унсури ҷудонашавандаи сиёсати ҷаҳонии худ қабул кардааст.

Далелҳои таърихии ташаббусҳои Тоҷикистон собит месозанд, ки фаъолияти Пешвои миллат дар дипломатияи ҷаҳонӣ пайваста, дониши стратегӣ ва дурбинии сиёсӣ дорад.

Ҳамин тариқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва сиёсати хориҷии дурбинона мамлакатро аз доираи давлатҳои эҳтиёткор дар фазои пасошӯравӣ ба сатҳи давлатҳои ташаббускори ҷаҳонӣ баровард.

Тоҷикистон имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, дорои иқтидори илмӣ ва дипломатии баланд ва ҳамчун «маркази дипломатияи ҷаҳонии об» маъруф аст. Ин дастоварди бузург на танҳо ифтихори миллӣ аст, балки саҳми воқеии Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти глобалии башарият ба шумор меравад.

АЗИЗХОНОВА Рухшона, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

"Агар дар ёд дошта бошед дар Иҷлосияи таърихии 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардам будам, ки тамоми ҳастиамро ба ин сарзамин мебахшам. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худамро барои мардуми тоҷик бахшидаам"

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр

Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ шурӯъ намуд. Воқеан ҳам истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик падидаи нодир ва деринтизор буда, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани он дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш ва талоши халқи тоҷик ин мушкилиҳо бартараф ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.

16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳумро баргузор гардид ва чашми умеди ҳама тоҷикистониён ба натиҷаҳои ин иҷлосияи тақдирсоз дӯхта шуда буд. Ин охирин фурсат буд, зерои Шӯрои Олӣ бояд масъулияти худро дар назди таърих ва халқу Ватан ба ҷо оварда, кишварро аз ин вазъияти буҳронӣ наҷот медод.

Хушбахтона, Шӯрои Олӣ бо интихоби роҳбари ҷавону дилсӯз ва ботадбиру оянданигар дар симои Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро иҷро кард. Оре, намояндагони мардумӣ, ки то он вақт дар чандин талоши барқарор кардани сулҳ ва ҳалли низоъ ноком шуда буданд, ин дафъа бо дидаи боз ва дарки масъулият “суккони киштии багил нишаста”- и миллатро ба дасти касе супоридаанд, ки бо ҳисси баландӣ ватандӯстию миллатпарварӣ ва бо такя ба хиради азалии мардуми худ, ин киштиро аз миёни амвоҷи пурталотуми замон солим ба дар овард ва ба соҳили мурод расонд.

Баробари интихоб шуданашон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки “...кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард...Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...”.

Ниҳоят, корвони сулҳи тоҷикон пас аз сипарӣ намудани чандин даври музокирот, 27-уми июни соли 1997 ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи комилан нав ва созандае ҳаёти мардуми Тоҷикистон рақам хурд.

Тоҷикистони азизи мо дар давоми соли Истиқлолият ба комёбиҳои назаррасе ноил гашт. Агарчи панҷ соли ҷанги таҳмилӣ Ватан ва мардуми моро аз пешрафт боздошт, вале миллати ободгари мо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеш гирифта, бо муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои худ ба сӯи пирӯзиҳо роҳ мепаймояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, агарчи расман 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлолият расид ва давлати мустақили худро таъсис дод, аммо фарҳанги давлатдорӣ барои тоҷикон чизи нав ва тозабадастомадае набуд. Оини давлату давлатдории аҷдоди мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст. Дар тӯли таърих, давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст.

Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки:

Ман ҳамон гумгаштаи сад бор пайдо гаштаам,

Қатра – қатра ҷамъ гашта, боз дарё гаштаам.

Маҳз бо ҳамин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таъйин шуданашон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) роҳи барқарории муносибатҳо бо кишварҳову созмонҳои байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба дар пеш гирифтанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари ҷавони давлати навтаъсис аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият низ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати муваффақи хориҷӣ. Аз ин ҷост, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам тамоюли худро барои барқарорӣ ва густариши равобит бо Тоҷикистон эълом медоранд.

Дар соли 2003 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии мамлакат “сиёсати дарҳои кушода” пеш гирифта шуд, ки бо шарофати он ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуда, барои рушди устувори давлат заминаи мустаҳкам гузоштаанд. Сиёсати “дарҳои кушода” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум намуда, натиҷаҳои пурмаҳсули он ба қарори зайл мебошад. Ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузи дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни дунё зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷорат, илму маориф, фарҳанг ва ғайра ба имзо расонидааст. Бо назардошти ин Пешвои миллат ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ оид ба онҳо,ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ муайян намуда, худ дар ин ҷода саҳми назаррас мегузорад. Узвияти Тоҷикистон дар 80 созмони бонуфузи байналхалминтақавӣ, қабл аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкориҳои ҳамёронаро ба роҳ монда, саҳнаи онҳоро барои арзёбӣ ва пешбурди тасмимҳои байналмилаливу минтақавӣ истифода мебарад.

Дар ин қарина иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб мешавад. Зимни суханронии худ дар ин ҷаласа Роҳбари давлати Тоҷикистон воқеан барои нахуст мавқеи ҷумҳуриро оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеъаи ҷаҳони манзур намуд. Қобили тазаккур аст,ки шоҳшиори Созмони Милали Муттаҳад:

“Бани одам аъзои якдигаран, ки дар офариниш зи як гавҳаранд...” ,зимни суханронии сарвари Тоҷикистон аз фазои ин минбари бонуфуз бо забони асли эҷоди он-лаҳни ноби тоҷикӣ садо дод.

Ташабусси дигари Пешвои миллат роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об низ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, 20 декабри соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид тибқи қатъномае,ки дар ин асос қабул кард,соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” эълон намуд. Пешвои миллат бағоят муҳим будани ин масъаларо на танҳо ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”ҳамчун омили пешбаранда таъкид намуд,балки онро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола низ омили ҳалкунанда шуморид.

Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруф аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Шояд барои тасдиқи гуфтаҳои боло овардани сухане аз як мақоми СММ дар бораи Пешвои миллати мо ва ташаббусҳои ӯ кофӣ бошад. 20 сентябри соли 2010 дар Ню-Йорк дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан изҳор дошт: ”Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад”. Ин баҳои як мақоми аршади ҷаҳонӣ, як мутахассиси соҳа ва гузашта аз он,баҳои холисонаи як фарди ғайритоҷик ва ғайритоҷикистонӣ мебошад. Воқеан, Эмамалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои оламгир ва созандааш мешиносанд ва тавассути ӯ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллиф панҷ ташаббуси бузургест, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ махсусан дар Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сарбаландона пазируфта шудааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуд ва мешавад: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015”,“Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”” ва “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”.

Замони муосир дар бораи дарёфту роҳу воситаҳои беҳтарини ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонии инкишоф назария ва таълимоти мукаммалро ба миён овард. Намояндагони мактабҳои гуногуни илмӣ ва ҷараёнҳои мухталифи сиёсӣ бештар дар ду ҳолат рӯ ба дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли масъалаҳои инкишофи геополитикии олам меоранд. Аввало, масъалаҳои глобалии инкишоф таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб намуда, зери ибораи “масъалаҳои глобалии инкишоф” масъалаҳои умумисайёравӣ дар назар дошта шудааст. Хусусиятҳои масъалаҳои рушди сайёра низ мавриди таърифу тавсиф қарор гирифтаанд. Муҳақиқон дар бисёр мавридҳо масъалаҳои умумибашарии инкишофро амиқу мушаххас таҳқиқ карда метавонанд. Вазъияти мазкур дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ монеъаҳо ва маҳдудиятҳоро пеш меорад.Баъдан, роҳу воситаҳои беҳтари инкишофи сайёравӣ мавриди таҳқиқоти доираҳои илмӣ қарор мегиранд.

Дар ҷаҳони муосир, ки ҳамгироӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст ба рушди устувори босубот,болоравии иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишварҳо дар сатҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолонаи ҷумҳуриро дар фаъолияти сохторҳои бисёрҷонибаи глобалӣ ва минтақавӣ ба ҳайси яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар муайён намудааст. Стратегияи мазкур дар шароити ҷаҳонишавӣ чӣ равандҳои хоҷагидориву иҷтисодӣ ва чӣ хатарҳои амниятӣ, ба мисли терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ ба сиёсати хориҷии кишвар тавозуни прагматикӣ бахшида, имкониятҳои онро дар мавриди ба даст овардани манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвар меафзояд.

Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, нуҳ намояндагии агентиҳо ва дигар сохторҳои СММ фаъолият мекунанд. Дар кишвар намояндагии 50 ташкилоти байналмилалии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байнидавлатӣ (ғайриҳукуматӣ) барои ташаккул ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз тарафи зиёда 183 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, дар 600 эъломияњои байналхалќї ҳамроҳ аст. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд.

Бад – ин равиш метавон зикр сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 34 соли истиқлолият дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид. Тавсеаи равобит бо кишварҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, кишвари мо бар асоси “сиёсати дарҳои боз” робитаҳои гуногунсамтро бо тамоми кишварҳо ва созмонҳое, ки ба манофеи миллии мо эҳтиром мегузоранд, густариш медиҳанд.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгирона ва хастагинопазири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафҳои олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб шуд. Корҳое, ки таи солҳои гузашта анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо дидаи умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд. Ҳамчун шахси сулҳофарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза ва унвонҳои зерин сарфароз гардиданд:

Профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиб

Ситораи тиллои Алберт Швейсер.

Унвони шаҳрванди ифтихории пойтахти Қирғизистон.

Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср”.

Ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст”.

Ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд”.

Медали тиллои “Барои таҳкими сулҳу ризояти байни халқҳо”.

Нишони рамзии дани 5-уми камарбанди сиёҳи карате-до.

Доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия.

Ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия.

Медали тиллои Маҷлиси халқи (Парлумони ) Ҷумҳурии Мисри Араб.

Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилевич.

Медали тиллои давлати Миср.

Ситораи ёқути сурх “Миротворец” (Сулҳовар).

Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина.

Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко.

Ордени Шӯрои олимпии Осиё.

Медали тиллои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО.

Ордени тиллои Эҳёи Роҳи Абрешим.

Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал.

Ордени “Ситора” дараҷаи-1” занҷираи заррини Латвия.

Ордени ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ.

Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Москваи ба номи Михаил Ломоносов.

“Доктори фахрӣ”-и Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия.

Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия-Медали тиллои ба номи Николай Блохин.

Мукофоти олии давлатӣ-Нишони Покистон.

Ордени байналмилалии “Моҳи нав ва ситора”.

Мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқотии ядроии Федератсияи Русия-Медали тиллои.

Мукофоти олии давлатии Украина Орден “Барои хидматҳо” дараҷаи 1.

Унвони фахрии пофессори Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина ва медали тилои академик Терпигоре.

Профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхайи музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Медали тиллои Кумитаи олимпии Чин.

Мукофоти Давлати Кувайт ордени “Муборак ал - Кабир”.

Мукофоти олии давлатии Озарбойҷон- “Ордени Ҳайдар Алиев”.

Ордени Президенти Туркманистон “Битараплик” (Бетарафӣ).

Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон.

Доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қунияи Туркия.

Медали “60-солагии ЮНЕСКО”.

Мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал- Қилод ал-Халифӣ” (ордени подшоҳӣ).

Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Белорус.

Профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия.

Профессори фахрии Донишгоҳи нафту техникаи Уфа.

Профессори фахрии Маркази аврупоии таҳқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш. Брюссел)

Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон.

Мукофоти олии Федератсияи Русия-“Ордени Александр Невский”.

Дорандаи “Калиди рамзи тилои шаҳри Уммон” ва унвони олии-Шаҳрванди фахрии шаҳри Уммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун.

Мукофоти олии Давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ”

“Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”

Ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Русия (4 октябри соли 2022),

Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) (31 октябри соли 2022) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Мирзоев Ҳ. ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили яке аз идҳои бузурги миллӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Таърих гувоҳ аст, ки дар раванди тамаддунофарии башарият ҳар нафаре, ки дар ҷодае қадамҳои нахустин мениҳад ва барои амале аввалин шуда иқдом мегирад, ӯро асосгузор ё бунёдгузор меноманд. Барои Тоҷикистони тозаистиқлол маҳз Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки истиқлолияти комили сиёсиро таъмин намуда, ваҳдати миллиро устувор сохта, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонданд.

Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон, ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳам Асосгузори Тоҷикистони мустақил арзанда ҳастанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалӣ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд.

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои тамаадунофаронаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои халқи тоҷик неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи панҷ ташаббуси бузург мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти амалиёти “об барои ҳаёт, 2005-2015” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “об барои рушди устувор, 2018-2028”.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштааст.

Қурбонзода Фарида, ходими илмии

Шуъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

32323Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги миллӣ тантанаи волоияти қонун, идоракунии давлатӣ ва рӯзи сипосгузорӣ намудан ба хизматҳои бесобиқаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи давлатии он президентӣ мебошад, ки дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст.

Дар Чумҳурии Тоҷикистон Президент ҳам сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳокимияти иҷроия эътироф мегардад. Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти кишвар дар раванди дигаргуниҳои нави замони соҳибистиқлолӣ ин бунёди НБО –и Роғун ва дигар неругоҳҳои барқӣ-обии истеҳсолии фаъол, эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ, кушодани роҳу нақбҳо, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва дигар ташаббусу ҳамкориҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ, боиси ифтихору сарфарозӣ мебошанд, ки дар Рўзи Президент бояд сипосгузорӣ карда шаванд.

Рӯзи Президент, ҷашнест, ки дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ дар тамоми қаламрави кишварамон барои қадршиносӣ ва заҳматҳои бесобиқаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Шаҳрвандони кишвари мо ва дигар тоҷикони бурунмарзӣ ҳар сол ҷашни “Рӯзи Президент”-ро истиқболи самими намуда, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба Президенти кишвар ва истиқлоли давлатӣ вобастаю пайваста медонанд. Ин рамзи эҳтирому эътироф, маҳбубияту шукргузорӣ ва инсонмеҳварӣ мебошад, ки ягонагии миллӣ ва фарҳангсолории миллати тоҷикро тақозо менамояд.

Президенти кишвар ба хотири эҳёи давлатдории миллӣ имруз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва пешниҳодҳои мушахасс барои беҳтар шудани тарзи ҳаёт корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад. Маҳз чунин сифатҳои кордонию ҳидоятҳо Президенти моро дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфу машҳур намудааст. Аз ин рў, ҷашни “ Рўзи Президент “ ҳамчун иди миллӣ ҳамеша сазовори шукр ва эҳсон аст, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба он сарфарозӣ дорад.

Имрӯз нақши Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу салоҳ, худогоҳии миллӣ ва дигар кору пайкори сулҳофарӣ зинаи баландтарини фаъолияти сиёсиро ишғол менамоянд ва ҳамаи ин дастовардҳо имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ назири худро надоранд.

Ин аст, ки 31 марти соли равон баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор гардид. Ҳамин тариқ, Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ карда шуд, ки ин ормони деринаи мардуми ҳамсоякишварҳо ба ҳисоб мерафт.

Инчунин боз якчанд санадҳои муҳими таърихӣ - Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид.

Имрӯз , ба андешаи мо , баҳогузорӣ ба Рўзи Президент ва фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд на аз рӯи эҳсосоти шахсӣ, балки аз рӯи меъёрҳои таҳқиқи амиқу дақиқи фаъолияти амалӣ ва дастовардҳои бузург дар роҳи сулҳу салоҳ баҳо дода шавад.То ҳанўз бисёр хизматҳои шоёни Президенти кишвар дар бораи рушду инкишофи Тоҷикистони азиз таҳлилу таҳқиқ наёфтаанд ва ана ҳамин ҷашн метавонад боиси баррасии онҳо гардад. Албатта, пешдастӣ ва фаъолнокии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои рўзмарраи миллат хеле барҷаста ва саривақтӣ мебошанд, ки бояд ба онҳо назари мусбат ва эҳтироми самимӣ дошта бошем. Барои мисол, фаъолнокии сиёсӣ ва суханронии Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2025 дар нишасти дуюми формати С5 +1 дар Вашингтон шуда метавонад, ки барои рушди минбаъдаи кишварамон уфуқҳои нави ҳамкориҳои байналмилалиро тақвият мебахшад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, дар ҷашни “ Рӯзи Президент” изҳор менамоям, ки ин иди бузурги миллӣ ҳамеша барои миллати мо мувафақияту бурдбориҳо дошта бошад. Барои мо шаҳрвандони Тоҷикистони азиз чун ҳамеша, ин рўз мисли дигар ҷашну маросимҳои миллӣ сазовори шукру эҳсон мебошад. Рўзи Президент муборак бошад.

Муҳаммад Абдураҳмон- узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

“Дар дунё миллатҳо тибқи низоми ду тартиба мавҷуданд: дар миёни гурӯҳе аз онҳо олимон ҳастанд, дар дигариҳо олимон нестанд”.

Эрнест Ренан

123123Аз чеҳраҳои басе ошно ва истиқболкунанда дар муҳити илмии кишвар академик ва кимиёшиноси барҷаста Улмас Мирсаидов маҳсуб мешавад, ки таҳқиқоти густурдае ҷиҳати партовҳои радиатсионӣ ва энерҷии атомӣ анҷом додааст. Таъмин намудани ҳифзи муҳит аз истихроҷи маводи кимиёвӣ дар осори илмии академик нақши босазое доранд. Ғолибан, таҳқиқи назаррас, ки кимиёшинос дар солҳои 70-90 – уми садаи сипаришуда анҷом додааст, кимиёи арзиз мебошад. Ҳамзамон, У. Мирсаидов таваҷҷуҳи заруриро ба мавриди истифода қарор додани партовҳои саноатӣ, бахши мушкилзо будани самти экологияи саноати кимиё ва металлургия бахшида, ба истеҳсол ва баррасии илмии арзиз чун маводи саноатии дорои партовҳои кимиёвӣ диққат додааст.

Номбурда 10 ноябри соли 1945 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шуда, соли 1967 Донишкадаи кимиёвӣ-технологии ба номи Д. И. Менделеевро дар шаҳри Маскав бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 1988-2003 директори Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва аз соли 1995 ба мақоми президенти АМИТ интихоб шуда, то соли 2005 дар ин мансаб ифои вазифа доштааст. Дар як мусоҳиба бо намояндагии ВАО академик У. Мирсаидов ҷиҳати шуғли омӯзиши кимиёвии хеш ин ҳарфҳоро иқрор кардааст: “Он айём ба омехтан ва омӯхтани гидриди алюминий оғоз намудам. Оид ба масъала мо як қатор таҳқиқҳоро дар маҷаллаи “Ахбори АИ ИҶШС” нашр намудем. Бахши дигари таҳқиқҳо ба ҷузъҳои эътидолии сӯзишвории ракетӣ бахшида шуда буданд, ки онро мо дар корхонаи гидрометаллургияи шаҳри Исфара иҷро намудем”[1].

Зимни баррасии садаи нав ба вуқуъ пайваста академик ба суоли рӯзноманигор чунин посух медиҳад: “Дар садаи XXI мушкилиҳои глобалӣ мушоҳида карда мешаванд: зиёдшавии ҳангуфти нуфӯси сайёра, фалокатҳои экологӣ, болоравии сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ, бемориҳо, тағйирёбии иқлим. Дар назди олимон ҳалли мушкилиҳои глобалии сайёраамон меистад”[2].

Академик У. Мирсаидов зимни суханронӣ дар Конгресси уламо дар шаҳри Минск, ки соли 2001 барпо шуда, “илм ва маориф дар арафаи ҳазорсолаи савум” номгузорӣ гардида буд, бо дарназардошти авзоъ ва аҳволи илми муосир таъкид намудааст, ки: “Бегуфтугӯ маориф, фарҳанг, илм сангҳои сегонаи рушди минбаъда ҳастанд. Илм нигаҳбони фонди генетикии тамаддунест, омили рушди фарҳанг, сиҳативу саҳеҳияти ахлоқии ҷомеаи муосирест, ки новобоста аз рушди бесобиқа мушкилиҳои муҳимро дар ҳазораи савум ба башарият хоҳад овард: нодорӣ ва дороӣ чун василаи муқобилгузории кишварҳои рушдкунанда ва мутараққӣ, проблемаи бекории тарвиҷёфта чун натиҷаи рушди илмӣ-техникӣ. Яке аз аз мушкилиҳои глобалӣ, ки дар пеши инсон дар иртибот ба рушди илм пайдо мегардад, ин шабеҳсозии инсон (клонирование) аст. Ин ҷо масъалаҳое зуҳур мекунанд, ки ҷанбаи ахлоқии нигаронкунанда доранд”[3].

Олим ҳамонест, ки ҳадди аққал 10-15 соли минбаъдаро пешгӯӣ мекунад ва мушкилиҳои бо башар рӯбарӯ омадаро ошкор менамояд. Улмас Мирсаидов низ агар олим намебуд, ҳаводиси 20 соли баъдинаро мутазаккир намешуд. Агар шабеҳсозии инсон ҳанӯз дар авохири қарни XX маълум буд, лек пандемияи COVID – 19 фақат пешгӯӣ шудааст ва аз зумраи олимоне, ки зуҳури бемории сироятиро таъкид сохтааст, Улмас Мирсаидов аст. Гузашта аз ин, олим бармало гуфтааст, ки рушди бесобиқаи илму техника дар ояндаи наздик бекории ногуфтаниро дар ҷаҳон ба вуҷуд хоҳад овард, ки вобаста ба он тараққии ғайри мунтазами кишварҳо ҳатто барои дували абарқудрат низ проблема хоҳад шуд.

Ҳар як давлат, - ба пиндошти академик Улмас Мирсаидов, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нерумандтарин мутахассисини илму маорифро дошта бошад. Аммо маорифи сатҳи паст ба поинравии сатҳи ташкили истеҳсолот мусоидат карда, рушди илмро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ бозмедорад.

Муаллифи 15 монография, 450 мақолаҳои илмӣ-таҳқиқӣ ва 75 патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ буда, чун мутахассиси барҷаста дар таҳқиқи пайвастагиҳои ҳидрогении кимиёи муосир, қабл аз ҳама гидриди алюминий ва борогидриди лантаноидҳо шинохта мешавад. Бори аввал дар Тоҷикистон, ӯ таҳқиқоти низомиро дар соҳаи кимиёи гидридӣ, металлҳои сабук ва моддаҳои зӯроварӣ оғоз кард. Натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо имкон доданд, ки механизм, нақшаҳои ҷараёнро муайян сохта, ҷиҳати рушди ҷомеа амалан роҳандозӣ шаванд. Осории илмии академик У. Мирсаидов таърихи илми ватаниро низ фаро гирифтааст. Масалан, монографияҳояш аз қабили “Президентҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон”, “Сарварони фидокори илм”, “Онҳо ифтихори илми тоҷикро ташкил медиҳанд”, “Устодони ман” ва ғайра ба баррасии таърихи илм бахшида шуда, ҷиҳати муаррифӣ кардани дастовардҳои илмӣ аз зумраи беҳтарин сарчашмаҳо маҳсуб мешаванд. Муаллиф аз вохӯриҳои судманд бо уламои ҳақиқӣ мисолҳо оварда, ҷаҳду кӯшиш ва лаёқати ихтисосии онҳоро ошкор месозад. Махсусан, таъкиди У. Мирсаидов ҷиҳати рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳангоми ба вазифаи президенти АМИТ таъин гардидани Султон Умаров гувоҳӣ медиҳад, ки кимиёшинос ҳангоми баёни ин ё он андеша ба далелу арқом такя менамояд.

Зарур медонам тазаккур диҳам, ки таваҷҷуҳи У. Мирсаидов ба ҳайси кимиёшиноси барҷаста пеш аз ҳама кимиёи маводи интенсивӣ бобати пажӯҳиш дар мавриди моддаҳои энергияталаб, коркарди ашёи хоми минералӣ ва партовҳо, аз он ҷумла партовҳои саноати коркард ва истеҳсоли уран, технологияи моддаҳои ғайри муқаррарӣ ва экологияи кимиёвӣ шинохта шудаанд. Як гурӯҳ тадқиқот, ки солҳои 70-90-уми садаи гузашта анҷом дода шудаанд, ба кимиёи арзиз тааллуқ дошта, манобеи гидрогенӣ ва ҷузъҳои эҳтимолии сӯзишвории махсус дар саноати ҳарбиро дар бар мегиранд. Пас аз пошхӯрии ИҶШС тамоми потенсиали илмии Институти кимиёро ба ҳалли мушкилоти саноат ва кишоварзии Тоҷикистон равона карда, бо истифода аз партовҳои саноатӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин мушкилоти экологии соҳаҳои гуногуни кимиёӣ ва металлургия диққати махсус медиҳад. Дар мақолае, ки дар он коркарди партовҳои истеҳсолӣ бо ашёи хоми маҳаллии минералӣ мавриди баррасӣ ёфтааст, роҳҳои рафъи оҷизии истеҳсолот дар гардиши куллии илм баррасӣ мешавад. Бавижа, кимиёшинос иқрор мекунад: “Аҳамияти махсусро ҷиҳати ташкил намудани технологияҳои илмӣ коркарди партовҳои саноатӣ ва истифодаи оқилонаи ашёи маҳаллии минералӣ доранд. Ин ба он маънист, ки дар ҳудуди муассисаҳои саноатии кишвар садҳо ҳазор тонн партовҳое ҷамъ шудаанд, ки муҳити зистро ҳар лаҳза метавонанд заҳролуд созанд. Ин масъала махсусан, барои корхонаи арзизи шаҳри Турсунзода актуалӣ мебошад, ки аз корхонаҳои калонтарини истеҳсоли арзиз дар ҷаҳон маҳсуб мешавад”[4].

Яке аз масоили баҳспазири илмӣ истихроҷи маъдани уран ва дар мавзеи корхонаҳо риоя аз меъёрҳои стандартии амнияти радиатсионӣ дониста мешуд. Агарчи дар давраи Шӯравӣ меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ ба истондортҳои ИМА ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мутобиқ буданд, бо вуҷуди он ба истихроҷи маъдан беш аз масоили ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ мегардид. Бинобар ин, дар ҳудуди 170 га 55 миллион тонна партовҳо гӯронида мешуданд. Ба ин мавзӯъ академик У. Мирсаидов монографияи ҷудогона иншо намуда, дар он роҳҳои гуногуни истихроҷи маъдани уранро таҳқиқ намудааст. Тибқи маълумоти кимиёшинос, 20 дар 100 истихроҷи маъдани уран дар замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон рост меомад. Таъмин намудани амнияти фаромиллии экосистемавӣ аз масоили ҳалталабест, ки кишварҳои рушдкунанда барои татбиқи он маблағҳои ҳангуфте ихроҷ менамоянд ва чунонки аз гуфтаҳои кимиёшиносон бармеояд, ҷузъи таркибии амнияти экосистемавӣ бехатарии радиатсионӣ маҳсуб мешавад. Саноати тараққикардаи истихроҷ ва коркарди маъдани уран ҷаҳони муосирро водор сохтааст, ки онро таҳти назорат қарор дода, созишномаҳои гуногунро ба имзо расонад. Бинобар ин, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Оҷонсии байналмилалии неруи атомӣ – МАГАТЭ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса намуд, чунки истеҳсоли консентрати уран он замон аввалин маротиб соли 1941 дар корхонаи таҷрибавии воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида буд ва дар замони истиқлолият кишвари тоҷикон ҳаҷми муайяни партовҳои радиатсиониро аз давлати Шӯроҳо мерос гирифт. Бинобар ин, таъмини бехатарии онҳо дар муҳити зисти инсонҳо имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мавзеи истихроҷ ва коркарди маъдани уран шинохта шуда, дар сатҳи байналхалқӣ омӯхта шавад. Натиҷаи инчунин омӯзишҳо таъсиси Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ мебошад, ки феълан академик У. Мирсаидов он ҷо фаъолият дошта, ҷиҳати баррасии илмии кимиёшиносӣ саҳми беназир гузоштааст. Коркарди маъданҳои урандор ва ҷудокунии консентратҳои уран аз обҳои саноатии кишвар таърихи хешро дошта, дар рисолаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Айни замон мушкилии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафъи оқибатҳои барангезандаи дар замони Шӯравӣ бинобар истихроҷи маъдани урун бавуҷудомада маҳсуб мешавад. Баъд аз пошхӯрии давлати Шӯроҳо истихроҷи ин навъи маъдан боздошта шуд, аммо мушкилии таъмин намудани амнияти радиатсионӣ ба вуҷӯъ пайваст. Мероси маъдани урани Тоҷикистон аз соли 1944 зимни истихроҷи консентрати уран дар корхонаи шаҳри Б. Ғафуров ифтитоҳ гардид. Аз соли 1945 ба баъд дар шимоли кишвар 6 корхонаи истихроҷи маъдани уран ташкил ёфтанд, ки то ахири солҳои 60-ум ҳамагӣ як корхонаи калон дар шаҳри Чкаловск боқӣ монда буд. Оид ба мушкилии мазкур академик У. Мирсаидов дар соли 2019 рисолае бо забони русӣ мунташир сохт, ки “Хусусиятҳои истихроҷ ва ҷудокунии консентрати уран аз обҳои саноатии урандори Тоҷикистон” номгузорӣ шудааст. Дар ин рисола муаллиф омилҳои дар Ховари Марказӣ ҷустани уранро чунин шарҳ додааст: “13 октябри соли 1945 Шӯрои Комиссарони Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар манотиқи гуногуни дохили давлат ба хотири васеъ намудани саноати истихроҷи маъдани урангузаронидани кофтукобҳои геологиро роҳандозӣ кард. Дар ҳамон сол дар наздикии шаҳри Ленинобод корхонаи №4 таъсис ёфт ва дар Табошар корхонаи №3 ҷиҳати дарёфти консентрати уран созмон дода шуд”[5].

Академик Улмас Мирсаидов дар баробари пажӯҳишҳои густурда дар илми кимиёшиносӣ, боз ба сиёсат ворид гардида, солҳо президенти АМИТ буданд ва аз минбарҳои ҷаҳонӣ аз илми тоҷик намояндагӣ карда, нақши босазое дар муаррифии ниҳодҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд. Алҳол, иқдом намудаанд, ки дар баррасии энерҷии атомӣ ва масоили марбут ба он аз қабили партовҳои радиатсионӣ саҳм гузошта, мавзӯро барои гурӯҳи илмпешагони ватанӣ ошно созад.

Ширин Қурбонова сарходими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Рӯзи 10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини мо мақоми махсус дошта, ба фаъолияти яке аз муҳимтарин сохторҳои ҳуқуқӣ милитсияи тоҷик иртиботи мустақиму ногусастанӣ дорад. Милитсия ҳамчун ниҳоди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъминкунандаи амнияти шаҳрвандон ва посдори қонуният дар давоми зиёда аз ҳафт даҳсола эҳтирому боварии ҷомеаро ба даст овардааст. Ин рӯз имкони хуб барои таҷдиди назар ба роҳи тайкардаи милитсия, баррасии саҳми кормандони он дар амният ва суботи мамлакат, ҳамчунин қадршиносии заҳматҳои кормандони ин ниҳоди муҳим мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз дар солҳои истиқлолияти давлатӣ, бо роҳбарии оқилона ва сиёсати давлатии Пешвои миллат, корҳои ислоҳотӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба таври фарогир оғоз гардида, сатҳу сифати фаъолияти кормандони милитсия ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки оромии ҷомеа, суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандон аз сатҳи омодагӣ, масъулиятшиносӣ ва фидокории кормандони милитсия вобаста мебошад. Ин суханони роҳбари давлат асоси равшан барои фаъолияти минбаъдаи милитсия гардида, самтҳои афзалиятноки онро муайян сохтааст.

Дар солҳои душвору ҳассоси кишвар рӯзҳои аввалини истиқлолият, ки таҳдидҳо ба амнияти миллӣ зиёд буданд, кормандони милитсия яке аз аввалинҳое буданд, ки зери роҳбарии Пешвои миллат ба ҳимояи давлатдорӣ ва ҳифзи ҷони шаҳрвандон бархостанд. Ҷасорат, матонат ва садоқати онҳо имкон дод, ки дар ҷумҳурӣ тартибот барқарор гардида, қадамҳои аввалини сулҳу субот гузошта шаванд. Имрӯз милитсияи тоҷик ҳамчун як нерӯи касбӣ, омодабахш ва бо таҷҳизоти муосир таъминшуда фаъолият менамояд. Ислоҳоти ҷиддие, ки бо дастгирии Пешвои миллат дар ин самт амалӣ шудааст, ба беҳтар гардидани сатҳи идоракунӣ, баланд бардоштани малакаҳои кормандон, таҳкими ҳамкории мардум бо милитсия ва болоравии сатҳи боварии ҷомеа мусоидат намудааст. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба беҳсозии шароити хизмат, таъминоти иҷтимоӣ ва омодагии кадрӣ имкон дод, ки милитсия ба як сохтори пешқадам ва муассири ҳифзи ҳуқуқ мубаддал гардад.

Милитсияи тоҷик имрӯз вазифаҳои худро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ иҷро намуда, дар мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти хавфзо нақши назаррас дорад. Содиқ будан ба қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, хизмат ба Ватан ва мардум арзишҳои асосии фаъолияти кормандони милитсия ба шумор мераванд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки заҳматҳои ин ниҳоди бонуфуз, натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс ва ғамхориҳои Пешвои миллат имрӯз дар ҳама гӯшаи кишвар эҳсос мешаванд. Амнияти пойдори ҷомеа, суботи сиёсӣ ва фазои ороми кишвар бешак аз хизмати содиқонаи кормандони милитсия маншаъ гирифтааст.

Рӯзи милитсияи тоҷик на танҳо ҷашни касбии як сохтор, балки рамзи эҳтиром ба заҳмати ҳазорон нафаре мебошад, ки барои ҳифзи амнияти Ватан ва осоиштагии мардум шабонарӯз хизмат мекунанд. Ин рӯз ҳамчунин баёнгари қадршиносӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи таҳкими қонуният ва давлатдории миллӣ мебошад.

Дар фарҷом, аз фурсати муносиб истифода бурда, шахсан ҳамаи хизматчиёни милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Рӯзи касбиашон табрик менамоям. Ба ҳар яки онҳо саломатӣ, иродаи қавӣ ва муваффақиятҳои бештар дар роҳи ҳифзи тартибот ва амнияти давлату миллат таманно дорам.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм