24 июни соли 2024 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо макроминтақаи Аврупо: ҳолат ва дурнамои рушд” (Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ) баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимон, коршиносон ва муҳаққиқони самти таҳқиқоти Аврупо, аз ҷумла доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова, ки бевосита гардонандаи конференсия буданд, дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо макроминтақаи Аврупо суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, меҳмонони конференсия, аз ҷумла Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ ва Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Сафаров вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.
Дар суханрониҳо масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои мутараққии ин минтақа, аз ҷумла динамикаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия, тағйироти манзараи геополитикии системаи муосири муносибатхои байналхалкӣ, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Олмон дар марҳалаи муосир, марҳилаҳои асосии ташаккул ва инкишофи муносибатҳои Тоҷикистон ваИттиҳоди Аврупо, ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳаввули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ, Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Аврупо, нақши расонаҳои аврупоӣ дар ташаккули шинохти байналмилалии Тоҷикистон, умумият, хусусиятҳо ва тафовути ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупова Ҷумҳурии Мардумии Чин: “Дарвозаи ҷаҳонӣ” ва “Камарбанд ва роҳ”: имконот ва паёмадҳо барои Тоҷикистон, хусусиятҳои самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистони муосир ва Иттиҳоди Аврупо, Аврупошиносӣ дар Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ, истифодаи мақсадноки зарфиятҳои иқтисодии ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мероси фарҳангӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Таҳқиқу таҳлили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои макроминтақаи Аврупо дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Зеро, чунин ҳамкориҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти мутақобилан судмандро доро буда, яке аз муҳиммияти баргузории конфронси мазкур низ маҳз дар ҳамин матлаб зоҳир мегардад.
Қайд гардид, ки дар замони муосир ва дар қаринаи шаклгирии низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои бисёрсамта бо кишварҳои пешрафтаи узви Иттиҳоди Аврупо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, то кунун қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба идома доранд.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
- Мақолаҳо 11 Фев 25
Categories
Нашри матлаб аз нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Олимон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли сипаришуда 30 патент, аз ҷумла 4 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатномаи сабти захираи иттилоотӣ ба даст овардаанд!
Бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму оинҳои бостонии мардуми тоҷик, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки тибқи он ҳар сол 1 июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад.
Бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму оинҳои бостонии мардуми тоҷик, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки тибқи он ҳар сол 1 июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад.
@RustamEmomali
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент ба китобхонаи марказии шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70, деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯ беш аз 700 нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ ва дастурҳои методӣ тӯҳфа намуд.
Китобҳои арзишманд дар бораи нақши эҳёгарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ, “Зод-ул- мусофирин”-и Носири Хисрав, рисолаҳои илмӣ дар бораи устод Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, фалсафа, таърих, илмҳои дақиқ, китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи ин адабиёти тӯҳфашуда аст.
Аз мутолиаи ин китобҳо хонандагони китобхонаҳои шаҳр ва муҳассилини таълимгоҳи ин деҳаи дурдаст, ки аз оғози соли ҷории хониш дар бинои нав, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр бунёд шудааст, таҳсил мекунанд, баҳраи маънавӣ мебаранд ва ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои чунин тӯҳфаи арзишманд изҳори сипос менамоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
11 феврали соли равон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таҳти унвони «Аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии «Осор»- Ибни Сино» мизи муддавар баргузор гардид.
Мизи мудавваро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз бахшид. Таъкид гардид, ки Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик аст, ки бо донишу ҷаҳонбинии фарогираш дар олами тибби ҷаҳон саҳми арзишмандро касб карддаст. Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст.
Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд.
Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абӯубайд Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшона (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшона бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.
Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшона ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард.
Сипас, олимони Маркази синошиносӣ доир ба осори гаронарзиши ин чеҳраи тобноки олими тибби ҷаҳон Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино маъруза намуда, фаъолияти гуногунҷабҳаи ин мутафаккири абадзиндаи форсу тоҷикиро ҷовидона хонданд.
МУАРРИФИИ ТАҲҚИҚОТИ МЕТЕОРҲО ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “GLOBAL METEOR NETWORK – 2025” ТАРИҚИ МАҶОЗӢ
Мудири Шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи АМИТ, Узви вобастаи АМИТ д.и.ф.-м. Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна, санаи 8-9 феврали соли 2025 дар Коференсияи байналмиллалии ҳарсолаи “Global Meteor Network – 2025” таъриқи маҷозӣ маърӯза пешниҳод намуд.
Конференсия аз ҷониби роҳбарияти GMN, шаҳри Антариои шарқии Канада баргӯзор гардид. Ҳангоми маъруза маълумотҳо оид ба Институти астрофизикаи АМИТ, дастовардҳо ва комёбиҳои он дар самти таҳқиқоти метеороидҳо ва моддаҳои метеороидӣ дар солҳои қаблӣ, инчунин саҳми академик Бобоҷонов Пулод Бобоҷонович дар ташкил ва рушд, мактаби астрономияи метеорӣ дар Тоҷикистон, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Дар маърӯза далелҳои мушаххас оид ба васл намудани ду адад видиокамераҳо барои мушоҳидаҳои метеорҳо дар ш. Душанбе ва Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох (июни соли 2024), инчунин натиҷаҳои аввалини назорати доимии метеорҳо дар Тоҷикистон ироа гардид.
Камераҳои мазкур дар шабакаи глобалии метеорҳо (GMN) қайд шуда ворид гардидаанд ва ҳамин тавр ба олимони ҷаҳонии соҳа дастрас мебошанд.
Аз сабаби иқлими мусоиди астрономии Тоҷикистон саҳми назорати метеорӣ назаррас буда, дар оянда таҳқиқотҳои васеи муҳити метеороидии наздизаминӣ дар назар аст.