Skip to main content

Имрӯз, 16 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал - Форобӣ Туймебаев Жансейит мулоқот намуд.

Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, доир ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои дурнамои рушди фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намуд.

Дар мулоқот тарафҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни олимону муҳаққиқони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобиро, ки дар марҳилаи нав оғоз меёбад, баррасӣ намуданд. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногуни илмҳои бунёдӣ созишнома ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки минбаъд дар доираи ин созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ҳамкориҳо рушду густариш меёбанд.

Инчунин, ҷонибҳо дар доираи ин ҳамкориҳо барои ҷалби магистрантон ва докторантони PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷриба андухтан дар самтҳои мухталиф дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ба мувофиқа омаданд.

Дар охир барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар марҳилаи нав бо Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.