Skip to main content

Имрӯз, 25 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дидан намуданд. Сохтмон дар бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз ёфта, бо маром идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки санаи 29 октябри соли 2024 дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд. Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,12 садяк замин ба нақша гирифта шуд. Дар бинои мазкур сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз гардидаанд, пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки филиали мазкур бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 бо мақсади рушд додани ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Маблағгузории сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизотҳои дохили бино бошад аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин, имконияти баргузории машғулиятҳои дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавиро доранд.