Skip to main content

Имрӯз, 21 июл дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 4- уми комиссияи Тоҷикистон ва Хитой оид ба ҳамкории илмӣ ва техникӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Жиачанг ва олимону муҳақиқони самтҳои гуногуни илмии тарафайн баргузор гардид.

Ба кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза на танҳо идомаи ҳамкориҳои судманди мо, балки як қадами муҳим дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи илм, технология ва инноватсия мебошад.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки беш аз 30 сол пеш Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар моҳи марти соли 1992 миёни кишварҳо расман равобити дипломатӣ барқарор шуд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ беш аз 200 созишномаи байнисоҳавӣ ба имзо расид, ки ҷанбаҳои гуногунҷанбаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму техникаро дар бар мегиранд.

Гуфта шуд, ки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати илм ва технологияи Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки 31 августи соли 2017 ба имзо расида буд, инчунин протоколҳои ҷаласаҳои комиссияи байниидоравӣ, ки заминаи формати шарикии устувор ва системавиро гузоштанд, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ аҳамияти хоса доштанд.

Зикр шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбари ҳамоҳангсози соҳаи илм сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва техника тибқи стратегия ва барномаҳои дарозмуддат амалӣ менамояд. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 20 самти афзалиятноки илмӣ, аз ҷумла: идоракунии устувори табиат ва ҳифзи муҳити зист, биотехнология ва фармасевтика, амнияти энергетикӣ ва захираҳои об, табдили рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва технологияҳои геоинформатсионӣ, нигахдории тандурустӣ ва тадқиқоти биотиббӣ муайян карда шудааст.

Дар идома муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Жиачанг аз ҳамкориҳои илмии вусъатбахши муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ дар оянда андешаҳои худро иброз дошт. Зикр дошт, ки мо бояд ҳамкориҳои худро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, дар самти илмҳои дақиқ ва риёзӣ иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ намоем, то дар ин самт ба дастовардҳои арзишманд ноил гардем.

Инчнунин, дар ҷаласа президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Салимзода Амонулло Файзулло, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, сардори Раёсати байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонов Қобилҷон, узви вобастаи АМИТ Саидов Абдусатор ва аз ҷониби Чин як зумра аз олимон доир ба самтҳои афзалиятноки соҳаи илми тарафайн фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Дар анҷоми ҷаласа байни Вазорати илм ва технологияи Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар шакли сифатан нав ба имзо расонида шуд.