Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзиш ва қимати ҷашнҳои миллии аҷдодӣ баҳои баланд додаанд: «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад.
Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд». Сада дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Сада ҷашни кишоварзон ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми форсизабон ба ҳисоб рафта, аз қадимулайём халқи эронинажод онро ботантана ҷашн мегирифтанд. Дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои олимону адибони маъруф, Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбоби олоти оҳанин ба даст овард. Сада омодагӣ ба киштукор баъди сардиҳои зимистон барои баҳор мебошад. Гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ, яке аз ҳадафҳои асосии деҳқон мебошад, ки барои он ҳатман дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва органикӣ захира бояд бошад. Дар ин давра яхобмонии заминҳо ба роҳ монда мешавад, ки манфиати хеле калон дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ роҷеъ ба ҷашни Сада зиёд гуфта шудааст. Ҷашнгирии Сада пас аз 29-уми январ оғоз мешавад. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 30-уми январ рост меояд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -и худ Ҳушангро асосгузори ин ҷашн меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс, Исфандиёр бошад.
Манучеҳрии Домғонӣ
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Унсурии Балхӣ
Дар омӯзиши таърихи пайдоиши Ҷашни Сада ва қоидаву суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост. Ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯи дигаре меҷаҳад ва ба санги дигаре бархӯрда оташ падид меояд».
Даҳуми моҳи баҳман будааст (баробар ба 29 январ) фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшад. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш мекарданд.
Азбаски ҳаёти одамони он давра бо шикор мегузашту хӯрокашон меваи дарахтону либосашон пӯсти даррандаҳо буд, мардум барои дарёфти ризқ ба ҷойҳои дур, то дараю кӯҳҳо ва маконҳое, ки ҳанӯз пайи пой норасида буд, мерафтанд. Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд.
Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои аҷдодии миллати тоҷик ба монанди Меҳргону Сада, Тиргону Наврӯз дубора эҳё шуданд ва ҳамасола таҷлили бошукӯҳи ин идҳо дар сартосари кишвар бо иштироки олимону зиёиён, шоирону нависандагон баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Ҷашни Сада ба 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».
Солҳои охир таҷлили ҷашни Сада дубора эҳё гаштааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ истиқбол гирем. Садаро ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистан мутлақо хатост. Сада идест, ки аҷдодони дуру наздикамон бо шукрона оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ - ин муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офарида дар қатори обу хоку бод ин иди бузург қайд карда шавад.
Таҷлили ботантанаи ҷашнҳои аҷдодӣ кор ва амали хайрест барои имрӯзу оянда. Ҷашни Сада ба монанди идҳои Наврӯзу Тиргону Меҳргон яке аз куҳнатарин ҷашнҳои мардуми форсзабонон буда, дар замони қадим бо шодию сурур, оташафрӯзӣ, рақсу бозӣ ва оростани хони пурнозу неъмат истиқбол мешудааст.
Ширин Қурбонова - муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ доктори илмҳои таърих

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Боз як кашфиёти нодирро дар соли 2025 ҳаводорони астрономия ва мутахассисони ин соҳа таҷлил карданд. Ин ҳам бошад пайдоиши як ҷирми берун аз Низоми офтобӣ, ки аз фазои байниситорагӣ ба мо ворид шудааст. Номи ин ҷирм кометаи 3I/ATLAS буда, пас аз 1I/ʻOumuamua (2017) ва 2I/Borisov (2019) — сеюмин объекти байниситорагии аз ҷониби инсоният мушоҳида шуда мебошад.
Ҳафтаи равон (санаҳои 11–14 ноябри соли 2025) аз ҷониби муҳаққиқони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз телескопи Сейсс 1000 (1 метра) - и Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мушоҳидаи ин ҷирми нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS, гузаронида шуд.
Тибқи баъзе маълумотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма баҳсу ҳангома ба миён оварданд, гӯё як зонди берунизаминӣ ба фазои наздизаминӣ ворид шудааст. Аммо таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин хабарҳо асоси илмӣ надоранд. Ҷирми мушоҳидашуда дар асл як объекти нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS мебошад, ки ягон хатаре барои Замин эҷод намекунад.
Кометаи 3I/ATLAS санаи 1 июли соли 2025 тавассути системаи автоматии ATLAS (Asteroid Terrestrial-impact Last Alert System), ки дар Чили фаъолият дорад, ошкор гардид.
Натиҷаҳои аввалини мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мадори ҷирм гиперболӣ буда, эксентриситети он аз 6 зиёд аст. Ин маънои онро дорад, ки ҷирм ба таври ҷозибавӣ аз Офтоб вобаста набуда, пас аз он, боз ба фазои байниситорагӣ бармегардад.
Комета бо суръати тақрибан 68 километр дар як сония вориди минтақаи дохилии Низоми офтобӣ шуда, масофаи наздиктарини он ба Офтоб дар нимаи моҳи сентябри соли 2025 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи таҳқиқоти аввалия бо телескопҳои заминӣ ва кайҳонӣ (аз ҷумла James Webb Space Telescope), дар комаи кометаи 3I/ATLAS миқдори зиёди диоксиди карбон (CO₂) ва оксиди карбон (CO) ошкор шудааст. Ин нишон медиҳад, ки таркиби он аз бисёр кометаҳои дохилии Низоми офтобӣ фарқ мекунад.
Пайдоиши ҷирмҳои байниситорагӣ барои мутахассисони соҳаи астрономия аҳамияти бузург дорад. Онҳо ба олимон имкон медиҳанд, ки модда ва ташкилаи ибтидоии ситораҳо ва сайёраҳои дигарро омӯзанд. Ин гуна ҷирмҳо шояд пораҳои боқимонда аз системаҳое бошанд, ки дар онҳо ташаккули сайёраҳо ба таври дигар сурат гирифтааст.
Кометаи 3I/ATLAS яке аз навтарин ва ҷолибтарин кашфиётҳои астрономӣ дар даҳсолаи охир мебошад. Он ба монанди фиристодае аз олами дури ситораҳо буда, дар хусуси он ки кайҳон то чӣ андоза гуногун ва васеъ аст, ба мо маълумот меорад.
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Чин иштирок намуданд
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши муносибатҳои илмӣ миёни Тоҷикистон ва Чин, ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ, профессор Саидмуқим Ибодзода ва бо иштироки сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии АМИТ, профессор Қурбонов Қ.Ш., аз 13 то 16 ноябри соли равон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Халқии Чин иштирок намуд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби ноиби Президенти Академияи илмҳо ва технологияҳои Чунсин, Ҷен Сюн Бо, самимона пазироӣ гардид. Ҷонибҳо дар мулоқоти расмиву корӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва муҳаққиқон, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, инчунин баргузории форумҳо ва чорабиниҳои илмии дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳайати илмии АМИТ ҳамчунин аз Клиникаи илмию амалии «Хайфу» боздид ба амал овард. Клиника бо истифода аз технологияҳои муосири лазерӣ ва ултрасадо табобати бемориҳои гуногуни инсонро, аз ҷумла бемориҳои саратонӣ, эхинококкии ҷигар, эндометриози бачадон ва дигар патологияҳоро ба роҳ мондааст. Олимони тоҷик бо имкониятҳои клиника, таҷҳизоти пешрафта ва усулҳои муосири ташхису табобат шинос гардиданд.
Сафари мазкур дар самти тавсеаи робитаҳои илмӣ ва тиббӣ миёни Тоҷикистону Чин қадами муҳими нав ба шумор рафта, заминаҳои тоза барои ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои таҳқиқотӣ, клиникӣ ва инноватсионӣ фароҳам меорад.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ — КИТОБ АСТ» ДАР НОМИНАТСИЯИ «АДАБИЁТИ ҶАҲОН»
Имрӯз, 15 ноябр аз рафти баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст» дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дидан намуданд.
Зимни боздид масъулин аз сатҳи омодагии иштирокчиён, баргузории марҳилаҳои озмун ва муҳити созандаи маърифатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» барои густариши ҷаҳонбинӣ ва боло бурдани савияи дониши фарҳангии ҷавонон аҳамияти хоса дорад.
Зикр гардид, ки адабиёти ҷаҳонӣ — ганҷинаи арзишҳои умумибашарӣ ва таҷассумгари таҷрибаи ҳазорсолаи инсоният буда, мутолиа ва омӯзиши он дар ташаккули тафаккури созанда нақши муҳим мебозад.
Конфронс. НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Имрӯз, 14 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI- Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимонро ба ин санаи таърихӣ табрику таҳният хонда, иброз доштанд, ки Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳурӣ самимона ва бо садоцати хосса таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад.
Таъкид гардид, ки Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои муаззами миллат – Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои таҳкими пояҳои истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст. Дар маҷмуъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни гуногунҷабҳаест, ки ҳувияти миллӣ, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои пойдории ваҳдат ифода мекунад.
Гуфта шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эътимоду боварии худро ба ояндаи дурахшони кишварамон изҳор мекунанд. Ин ҷашн дар руҳияи ваҳдат ва ҳамбастагӣ сурат мегирад, ки аҳаммияти нигаҳдорӣ ва пос доштани сулҳу субот дар кишварро, ки барои рушди пайваста ва таъмини некӯаҳволии шаҳрвандон зарур аст, таъкид месозад. Ин рӯз на танҳо нишонаи эҳтиром ба Президент, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ ва назари нек ба ояндаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Зикр гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунонки маълум аст, ҳамчун рӯзи эътирофи нақши Сарвари давлат дар ташаккул ва рушди давлатдори миллии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн соли 2010 ба ифтихори Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки давраи нави таърихи кишварро оғоз кард, таъсис дода шудааст. Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд. Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд кард, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки халқ ба ӯ унвони арзандатарин – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро додааст.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҷрибаи хосаеро ба ҷаҳониён дар самти ҳалли осоиштаи низоъи шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ омӯзонанд. Ба ҷаҳониён собит намуданд, ки ақли солим, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистонро аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун маркази сулҳу адолат мешиносанд ва ташаббусу пешниҳодҳои онро дар масъалаҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Боиси тазаккур аст, ки сарчашмаи пайдоиши институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар иҷлосияи мазкур маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Қайд шуд, ки мо вазифадорем ҳар як дастоварди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем, манфиатҳои умумимиллӣ-Истиқлоли давлатӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони кишварро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузорем, дар пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Дар идома олимону муҳаққиқон дар маърӯзаҳои худ таъкид намуданд, ки давлати тоҷикон дар марҳилаи истиқлолият ба шарофати сиёсати давлатдорию таҳкимбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми муосири идоракунӣ ворид гардид. Онҳо зикр карданд, ки таҷрибаи сиёсӣ, дипломатӣ ва идоракунии роҳбари давлат на танҳо барои рушди дохилии кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон низ нақши созгор гузоштааст.
Инчунин, дар ҷараёни чорабинии имрӯза лоиҳаи Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аввалин маротиба дар кишвар таҳия шудааст, муаррифӣ гардид.
12 ноябри соли равон дар Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ бахшида ба “16-уми ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзӯи “Гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гашт.
Дар оғоз ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдорӣ ва шукуфоии миллати тоҷикон баён намуд.
Баъдан маърӯзаи мутахассиси шуъба Шукуфа Мавлододова шунида шуд.
Зикр гардид, гиромидошти Рӯзи Президент, ки аз соли 2016 инҷониб таҷлили он ба ҳукми анъана даромадааст, нишонае аз қадрдонии миллати мо ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб аст.
Аз он рӯзи тақдирсоз, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд), ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, солҳои зиёде сипарӣ гардид. Мардуми кишвар дар симои ин Марди сиёсатмадор ва хирадманд Роҳбареро пайдо намуданд, ки сол то сол бо заҳматҳои шабонарӯзиашон шукуфоии кишварро боло бардошта, осоиштагиву беҳбудии зиндагиро боз ҳам хубтару беҳтар гардониданд. Маҳбубияти Сарвари миллат хурду бузургро фаро гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандеанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Хушбахтона, гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёту сиёсат, тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Кишвар дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ дорои иқтидори хеле тавонои илмӣ гардид, ки ин дастовард вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари миллат мебошад.
Солҳои охир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди рушди амалии илм дар кишвар таҳия ва татбиқ мегарданд. Ин тамоми соҳаҳои илмро дар бар мегирад.
Имрӯз саҳми олимони тоҷик дар тамоми соҳаҳо назаррас мебошад, махсусан пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа ҷолиби диққат аст. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар корҳои илмӣ –тадқиқотӣ рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.
Дар рафти ҳамоиш кормандони дигари шуъба зикр намуданд, ки ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат баҳри шукуфоии Ватан мебошад, ки мардуми шарифи он атрофашон муттаҳид шуда, ҷонибдориашон намуданд. Таҷлили ин Рӯзи саид нишонаи эҳтироми миллати мо нисбат ба Президенти маҳбуб аст.
МУАРРИФИИ 4 МОНОГРАФИЯИ ТОЗАНАШРИ МУШТАРАКИ ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ЧИН
Имрӯз, 13 ноябр, дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари муштараки илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар муаррифӣ намудани 4 монографияи тозанашри муштарак буд, ки аз ҷониби олимони Тоҷикистон ва Чин таҳия ва ба нашр расидаанд.
Дар кори семинар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ба табъ расидани нашри чор монографияҳои байналмилалии дастаҷамъона, ки аз ҷониби олимони тоҷик бо ҳамкории ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Халқии Чин таҳия шудаанд, барои «Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» аҳамияти калон дорад.
Таъкид гардид, ки ин дастовард натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи олимон, андешаи амиқи илмӣ ва ҳамкории самарабахши байналмилалӣ мебошад, ки ҷойгоҳи илмии кишвари моро боз ҳам устувортар мегардонад. Нашри ҳар як монография ин қадами устувор дар пешбурди илму дониш аст. Аммо вақте, ки чунин асарҳо дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ омода мешаванд, арзиши онҳо аз ҳудуди як фан ё як кишвар берун меравад. Онҳо рамзи ҳамфикрӣ, эътимод ва ҳадафҳои муштараки олимони кишварҳои ҳамсоя мебошанд, ки бо як орзу хидмат ба пешрафти башарият муттаҳид шудаанд.
Гуфта шуд, ки чор монографияе, ки имрӯз дар ин семинар муаррифӣ гардиданд, соҳаҳои мухталифи илмро фаро мегиранд ва аз илмҳои табиӣ ва муҳандисӣ то таҳқиқоти иҷтимоӣ ва гуманитарӣ. Ҳар кадоми онҳо нишондиҳандаи сатҳи баланди касбӣ, таҳлили амиқ ва ҷаҳонбинии васеи муаллифон мебошад.
Қайд гардид, ки аввалин монография ба таҳлили равандҳо, омилҳо ва механизмҳои таъминкунандаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бахшида шудааст, дуюм хатарҳои экзогеодинамикӣ ва таъсири селу ярчҳо дар шароити табии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад, сеюм ҳолат, мушкилот ва дурнамои захираҳои оби Тоҷикистонро аз дидгоҳи гидрологӣ, лимнологӣ, глятсиологӣ ва экологӣ таҳлил менамояд ва чорум пиряхҳои Тоҷикистон, ҳолати муосир, динамика ва равандҳои тағйирёбии онҳоро бо хусусиятҳои иқлимӣ ва морфологӣ таҳлил мекунад. Ин нашрияҳо натиҷаи ҳамкории пурсамари олимони ду кишвар буда, барои таҳкими муносибатҳои илмӣ ва пешбурди тадқиқотҳо дар соҳаҳои об, гидроэнергетика, экология ва ҳифзи пиряхҳо аҳамияти стратегӣ доранд.
Дар идома Юанмин Чжан директори Институти экология ва ҷуғрофияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой дар суханронии хеш иброз дошт, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар таҳкими ҳамкории илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши калидӣ мебозад. Бо шарофати фаъолияти самараноки ин марказ, муҳаққиқон ва олимони ду кишвар имконияти ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳқиқоти муштаракро пайдо мекунанд. Ин ҳамкории дуҷониба ба рушди илмӣ, тақвияти дараҷаи илмӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотии ду кишвар мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки нашри чор монографияи муштараки илмию таҳқиқотӣ натиҷаи заҳмати пайвастаи олимони ҳар ду кишвар мебошад ва барои рушди донишҳои нав, рушди лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омӯзиши мушкилоти глобалии муҳити зист заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки чунин семинарҳо ва ҳамоишҳои илмӣ барои тақвияти робитаҳои дӯстона ва устувори стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши ҳалкунанда доранд.
Имрӯз, 11 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби тозанашри академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони “Абармарди таърихсоз” рӯнамоӣ гардид. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш таъкид дошт, ки маҳфили илмию адабии «Хирад», ки тули солҳои охир дар Академияи миллии илмҳо бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла олимони варзидаи соҳаи табиатшиносию риёзӣ, дақиқ, гуманитарӣ, тиббӣ ва ҷомеашиносӣ баргузор мегардад, фазои озодест, ки ҳар як олим, шоир, эҷодкор ва ихтироъкор дастоварди илмию эҷодии хешро, ки тули фаъолияти пурсамар ба даст овардааст, муаррифӣ намуда, ҳозирину иштирокдорон аз ин маҳфил дар баробари касби таҷриба ҳамчунин, ғизои маънавӣ гирифта, аз пайроҳаи тайнамудаи илмию эҷодии олим огаҳ мешаванд. Академияи миллии илмҳо ин имкониятро барои олимони варзидаи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин маҳфили пуршукуҳро доранд, фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки маҳфили имрӯзаи «Хирад» ба фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва сиёсию роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Фарҳод Раҳимӣ ва китоби арзишманди устод «Абармарди таърихсоз» бахшида мешавад. Академик Фарҳод Раҳимӣ аз зумраи шахсиятҳои маъруфи илмию фарҳангӣ, ходимони илмию сиёсие маҳсуб мегардад, ки тавассути фаъолияти пурмаҳсулу фидокоронаи илмию ҷамъиятӣ ба мартабаҳои баланди илмию саёсӣ ва роҳбарӣ расидаанд.
Гуфта шуд, ки роҳи тайкардаи устод дар ҷодаи илм аз давраи донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ибтидо гирифта, дар ин роҳи пурпечутоб мардона гом зада, то ба дараҷаи доктори илмҳои физикаю математика ва профессорию академикӣ расидаанд. Монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ ва маводи таълимии тайёркардаи академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз аз ҷониби олимону донишҷӯён ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Ҳамчунин, дар омода кардани мутахассисони варзида хизмати арзанда намуда, бо ширкат дар конфронсу симпозиумҳои дараҷаҳои гуногун дар кишварҳои мухталиф обрӯи илми тоҷикро ба арсаи баланд бардоштаанд.
Қайд гардид, ки имрӯз муаррифию рунамоии китоби тозанашри дуҷилдаи академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони “Абармарди таърихсоз” сурат мегирад, ин китоб арзиши баланди илмию таърихӣ ва сиёсию таҳқиқотӣ дошта, дар маҷмуъ аз 1842 саҳифа иборат аст ва бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудааст. Китоб ба рушди соҳаҳои калидии ҷомеа-илму маорифи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули ҳама соҳаҳои давлатдорӣ бахшида шудааст.
Зикр гардид, ки китоби “Абармарди таърихсоз” дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир беҳтарин раҳнамо баҳри ҷавонон ҷиҳати омӯзиши ҳифзу муаррифии давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳидоят ба худшиносии миллӣ, таҳаввули тафаккури миллӣ, тақвияти ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ифтихори миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию илмӣ бахшида шудааст. Хулоса китоби мазкур аҳаммияти густурдаи илмию сиёсӣ дошта, барои муҳаққиқон, олимон, ходимони сиёсию ҷамъятӣ, коршиносон ва унвонҷӯёну докторантон маводи илмию омӯзишии манфиатовар мебошад, ки имрӯз аз ҷониби олимон муфассалатар муаррифӣ мешавад. Умедворем, ки муаллиф иқдоми шоистаи худро дар оянда низ идома медиҳанд.
Дар идомаи маҳфил олимону муҳаққиқон доир ба муҳтавои китоб баромад намуда, нақши онро дар таҳкими донишҳои таърихӣ ва маънавии ҷомеа, инчунин саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Таъкид карданд, ки китоби “Абармарди таърихсоз” барои омӯзиши таҷрибаи давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди худшиносии миллӣ манбаи арзишманд мебошад.
МАҲФИЛИ “ХИРАД” ДАР ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 11 ноябри 2025 бо ибтикории Шурои бонувони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва мусоидати президенти АМИТ , академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамоиши илмӣ дар чаҳорчубаи маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо иштироки академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Каримова Ирина Холовна баргузор гашт. Маҳфили навбатии “Хирад” дар АМИТ ба фаоълияти илмӣ -педагогии профессор Каримова Ирини Холовна бахшида шуда буд.
Чорабинии мазкур бо суханонии ифтитоҳии ноиби президенти АМИТ Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз гашт. Сипас муовини Вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,доктори илмҳои педагогӣ Абдухолиқзода Лутфия дар бораи саҳми Каримова И.Х. дар рушди педагогикаи миллӣ,тарбияи шогирдон ва таҳкими низоми маорифи кишвар ба ҳозирин гузориши муфассал ироа намуданд. Дар идомаи маҳфил собиқ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Саид Нуриддин дар бораи таҷрибаи ҳамкорӣ бо Каримова И.Х. дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи маориф сухаронии ҷолиб намуданд.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам дар баромади худ қайд намуд,ки бонувони шинохтаи тоҷик ба мисли Каримава Ирина Холовна як машъали фурузон ва роҳнамои олимаҳо ҷавон дар масири илм мебошанд, ки насли нави бонувони олима аз онҳо ибрат мегиранд ва пайравӣ менамоянд.
Дар маҳфили навбатии “Хирад”,ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи президенти АМИТ, академик Хушвахтзода Қ.Х. дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мудаввом баргузор мешавад, ходимони илмии муассисаҳои АМИТ, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва рузноманигорон иштирок карданд