Skip to main content

ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сохтмони бино моҳи феврали соли равон оғоз шуда, аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат аст ва дар 12 садяк замин сохта мешавад. Бинои филиал аз озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир иборат мебошад.

Филиал бо мақсади рушд додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти дохили бино аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин баргузории машғулияти дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2024 зимни ифтитоҳи бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ гардид.