Skip to main content

Имрӯз, 09 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт машварати корӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси машваратӣ таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)-ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарёфт намуд.

Гуфта шуд, ки қарори мазкур дар ҷаласаи Шӯрои аккредитатсионӣ, ки 12 феврали соли 2025 баргузор гардид (протоколи №92), бар асоси хулосаи Комиссияи коршиносони беруна қабул шуд. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академия — аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

IAAR аъзои Ассотсиатсияи Аврупо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ (ENQA) мебошад ва дар Феҳристи Аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (EQAR) ба қайд гирифта шудааст, ки эътирофи байналмилалии стандартҳои онро тасдиқ мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (АРБ) аккредитатсияи чунин муассисаи илмӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо бо дарназардошти ҷузъи бунёдии илмии он як дастоварди нодир буда, бори аввал гузаронида мешавад. Агентӣ ба Академия тавсия додааст, ки фаъолияти худро дар самти мобилии академӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, густариши ҳамкориҳои илмӣ, шаффофияти барномаҳои таълимӣ ва рақамикунонии таҳсилот тақвият диҳад.

Директори генералии IAAR, хонум Алина Жумагулова, таъкид намуд, ки аккредитатсияи бомуваффақият нишонаи қобилияти баланди Академия ва омодагии он барои ҳамкории байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад.

Ин дастоварди муҳими Академия имкониятҳои навро дар ҷалби шарикони хориҷӣ ва тавлиди лоиҳаҳои нави илмӣ боз намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ тақвият хоҳад дод.