Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст даровардани истиқлолияти сиёсӣ дар таърихи 9- сентябри соли 1991 ба марҳилаи нави муносибатҳои сиёсӣ қадам гузошт ва ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар марҳилаи аввали шаклгирии сиёсати хориҷӣ,кишвари мо дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи “сиёсати дарҳои боз” равобити байналмилалиро бо мамлакатҳои дурру наздик барқарор намуд. Яке аз аввалин кишварҳое, ки робитаи худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол барқарор намуд ва истиқлолияти онро эътироф кард, Федератсияи Русия ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии ду давлат дар давраи соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ба худ ранги дигар касб карда, давра ба давра тақвият ёфтаанд. Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз рӯзҳои аввали истиқлолият бар асоси пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Тавре маълум аст, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 8 - уми апрели соли 1992 оғоз гардида, ҳамкориҳо ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, нақши Роҳбари ду давлат беандоза буда, ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарикии стратегиро касб кардаанд. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи ягонаи Роҳбариятии Олии ҳарду кишвар дар пешгирии хатарҳои воқеиву эҳтимолӣ,бартарафсозии таҳдидҳо ба истиқлолу амнияти кишварҳо, робитаҳои ду давлатро боз ҳам мустаҳкам намудааст.
Гуфтугӯҳои бисёрмаротибаи В.В. Путин бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ва Шӯрои байнидавлати давлатҳои аъзои Ҳамкории иқтисодии Авруосиё, Шӯрои бехатарии давлатҳои аъзои СААД, саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай басо аҳамияти муҳими сиёсӣ дошта, дар заминаи онҳо ҳамкориҳои муштарак шакл гирифтаанд. Дар рафти ин вохуриҳо масъалаҳои воқеӣ ба монанди баланд бардоштани сифатнокии ҳамкори бисёрнақшавии тарафайн, масъалаҳои бехатарии минтақавию ҷаҳонӣ ва мустаҳкам гардондани раванди ҳамгироӣ дар ҳар гуна андозаҳо диққат дода мешаванд.
Дар давоми соли 2025 низ муносибатҳои дуҷониба густариш пайдо карданд. Давоми имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо В.В. Путин чор маротиба дидору гуфтушунид анҷом дода, чор маротиба суҳбати телефонӣ доштанд.
Шоми 8 октябри соли 2025 Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафар дар рӯзҳое сурат гирифт, ки Тоҷикистон мизбони чанд мулоқот ва саммитҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои сарони аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити “Русия - Осиёи Марказӣ” буд, ки мавзӯъҳои амният, ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамгироӣ ва рушдро дар сатҳи минтақавӣ фаро мегирифт.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки 9 октябри соли равон сурат гирифта буд, маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия ба имзо расид ва ба таври зайл аст:
Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2030;
Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019;
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия;
Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия;
Ёддошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Федератсияи Русия;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;
Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;
Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Русия;
Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;
Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Федератсияи Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия.
Дар ҷараёни музокироти давлатии сатҳи олӣ инчунин ба як қатор масъалаҳои дигар аз қабили рушди ҳамкории гуногунҷанба барои афзунсозии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи парки саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҳамёрӣ дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифода аз зеҳни сунъӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон диққати махсус зоҳир намуданд.
Санадҳои имзошуда ва дигар тавофуқоти дар доираи сафар ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар такони нав мебахшанд.
Дар баробари равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориҳои онҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ(СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) идома доранд. Пеш аз ҳама, ҳамкориҳо дар доираи ИДМ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҳарду кишвар шурӯъ шудааст. Тибқи санадҳои таъсисии ИДМ Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам муассисон ва ҳам узви комилҳуқуқи ин созмон мебошанд. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба манзури густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия ва рафъи ихтилофу мушкилоти мавҷуда мавқеи муштарак доранд. Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Миёни аъзоёни асосии кишвар дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, ин давлат чун шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Дар хотима бояд гуфт, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода дорад, яъне доимо тарафдори муносибатҳои дӯстонаи дутарафа ва чандтарафа бо давлатҳои дунё ва ташкилотҳои байналхалқӣ мебошад. Боварӣ дорем, ки муносибатҳои дӯстӣ ва шарики стратегии байни Тоҷикистону Русия мемонад ва дар оянда бо зинаи нави рушде, ки ҷавобгӯӣ манфиатҳо ва иқтидорҳои давлатҳо ва халқҳоянд, мустаҳкам мегардад.
Достиева Дилафруз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ