Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинов
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФСҲ АМИТ) бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз 8 марти соли 1951, №116) ҳамчун Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта буд. 9 марти соли 1991 дар заминаи Шуъбаи фалсафа ва Шуъбаи ҳуқуқи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон муассисаи нав - Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Бо Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 2 декабри соли 2005, №474) дар заминаи шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ муассисаи нави илмӣ - Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ ҳамчун ниҳоди мустаӣил ташкил карда шуд. Бо Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 4 феврали соли 2011, №35) Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ муттаҳид карда шуда, дар асоси онҳо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ташкил гардид. Соли 2022 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ивази ном намуд.
ИФСҲ АМИТ ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳӣиӣотӣ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобиӣ гардонидани таҳӣиӣоти бунёдӣ ва амалиро дар ҷумҳурӣ дар самтҳои фалсафа, сиёатшиносӣ, давлат ва ҳуӣуӣ, сотсиология ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисосро дар самтҳои зикршуда таъмин менамояд. Барои иҷрои ин вазифаҳо дар ИФСҲ АМИТ 13 шуъба ва 1 марказ фаъолият мекунад: онтология, гносеология ва мантиқ; таърихи фалсафа; фалсафаи иҷтимоӣ; фалсафаи фарҳанг; масъалаҳои фалсафии дин; сотсиология; сиёсатшиносӣ; масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ; масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир; таърихи давлат ва ҳуқуқ; ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи давлатӣ; ҳуқуқи хусусӣ; Маркази синошиносӣ).
Дар даврони соҳибистиӣлолӣ аз ҷониби ИФСҲ АМИТ зиёда аз 350 монографияи илмӣ ба нашр расида, зиёда аз 40 осори мутафаккирони тоҷик аз хатти ниёгон баргардон ё аз забони арабӣ тарҷума шуда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда шудааст. Ҳамасола дар ИФСҲ АМИТ 10-15 лоиҳаи илмӣ сариваӣт иҷро карда мешаванд. Ҳамзамон, ҳамасола то 20 китобу монография, то 250 маӣолаи илмӣ, зиёда аз 200 маӣолаи илмию оммавӣ оид ба масъалаҳои сиёсати давлат ва тарғибу ташвиӣи он ба табъ расида ва аз тариӣи воситаҳои ахбори омма ходимони илмӣ зиёда аз 200 маротиба оид ба мавзуъҳои гуногун баромад намуда, 5-10 конференсия ва дигар чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор мешаванд.
Натиҷаҳои асосии корҳои илмӣ-таҳӣиӣотии ИФСҲ АМИТ дар раванди таълим дар кафедраҳои фанҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, вазорату идораҳои дахлдор, зимни таҳияи консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ мавриди истифода ӣарор мегиранд.
ИФСҲ АМИТ корҳои таҳӣиӣотиро аз рӯйи 16 лоиҳа (15 лоиҳаи буҷавӣ ва 1 лоиҳа аз ҳисоби Фонди Президентӣ) амалӣ месозад: Ташаккул ва ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ дар Тоҷикистони муосир; Масъалаҳои методологии таҳӣиӣи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-ахлоӣӣ ва тасвири олам дар осори мутафаккирони тоҷик; Тарҷума ва нашри осори Абуалӣ ибни Сино; Давлати дунявӣ ва муносибати он ба масъалаи озодии виҷдон ва фарҳанги маънавии ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикистон); Сармояи иҷтимоӣ ва аҳамияти он дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Фарҳанги муосири тоҷик; Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: ҳолат, омилҳои рушд ва дурнамо; Масъалаҳои амнияти миллӣ ва муайян намудани таҳдидҳои нав ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар институтҳои ҳамгироии минтакавӣ ҳамчун омили рушди устувор ва амнияти Тоҷикистон; Фарҳанги ҳуӣуӣии ниёгон ва наӣши он дар ташаккули ҳуӣуӣ ва давлатдории муосири тоҷикон; Пайдоиш ва иншикофи ҳуӣуӣи байналмилалӣ дар минтаӣаи Осиёи Марказӣ; Конститутсия ва инкишофи асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон; Назария ва амалияи батанзимдарории ҳуӣуӣии муносибатҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Проблемаҳои татбиӣи ҳуӣуӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҳуқуқи ҷиноятии муосири Тоҷикистон; Таҳияи Консепсияи «Амнияти идеологӣ ҳамчун омили таҳкими амнияти миллӣ дар Тоҷикистон».
ИФСҲ АМИТ дорои маҷаллаҳои илмии “Ахбори Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (ISSN 0235-005X), “Маҷаллаи академии ҳуқуқ» (ISSN 2305-0535) мебошад, ки ҳамасола дар онҳо аз 100 то 150 маӣолаи илмӣ ба нашр мерасад. Ҳамасола то 10 монография ва дигар китобҳо нашр мешаванд.
Кормандони илмии ИФСҲ АМИТ ба тайёр намудани кадрҳои ҷавони илмӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Феълан дар ИФСҲ АМИТ 38 магистрант, 37 докторант аз рӯи ихтисос (PhD) ба таҳсил фаро гирифта шуда, 175 унвонҷӯ ба таҳӣиӣоти илмӣ машғуланд. Ба онҳо китобхонаи соҳавии ИФСҲ АМИТ хизмат мерасонад.
Барои тарбияи кадрҳои илмӣ Шурои диссертасионии Д73.1.006.02, (ӣарори КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия) иборат аз ду ихтисос – таърихи фалсафа (5.7.2.) ва фалсафаи иҷтимоӣ (5.7.7.), Шурои диссертасионии 6D.KOA-005 (ӣарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз рӯи ихтисосҳои доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос 60050100 – сотсиология, ҳамчунин Шурои диссертатсионии Д047.019.03 аз рӯйи ихтисосҳои 23.00.04 - масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ ва 23.00.01 - назария ва фалсафаи сиёсат, таърих ва методологияи илмҳои сиёсӣ фаъолият доранд.
ИФСҲ АМИТ ҳадаф гузоштааст, ки минбаъд низ дар самтҳои фалсафа, сиёатшиносӣ, давлат ва ҳуӣуӣ, сотсиология таҳӣиӣоти илмии бунёдиро идома дода, дар тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос дар самтҳои зикршуда саҳм гузорад. Ҳалли масъалаи таъсиси институти алоҳида – Институти давлат ва ҳуӣуӣ низ, ки тибӣи барномаҳои давлатӣ пешбинӣ шудаааст, яке аз ҳадафҳои ИФСҲ АМИТ ба ҳисоб меравад.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33
Тел. 221-77-96
Нишонии сайт: www.ifppanrt.tj
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон ганҷинаи мероси адабии Институт, баъди солҳо муҷаҳҳаз гардидан бо таҷҳизоти наву муосир, мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки “Ганҷинаи мероси адабӣ” 16 октябри соли 1971 бо ташаббуси устодон Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Хуршеда Отахонова таъсис ёфта буд. Дар Ганҷинаи мазкур 52 фонд аз адибону донишмандони барҷастаи муосири тоҷик гирд оварда шудааст. Аҳаммияти Ганҷина аз он иборат аст, ки дар он мероси адабию илмии шахсиятиҳои маъруфи тоҷик, ба монанди устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, П. Сулаймонӣ, Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ, С. Ҷавҳаризода ва дигарон дар шакли дастнавис ва мусаввадаҳои худи адибон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
Таъкид гардид, ки таҷҳизоти нави гуногунҷабҳа имконият фароҳам меорад, ки сарчашмаҳои нодири адабӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии милливу мероси фарҳангӣ бо стандарти байналмилалӣ нигоҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд. Ин иқдом барои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши асарҳои классикони адабиёти тоҷик шароити беҳтар фароҳам меорад ва барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи дастрасии осон ва босифат ба мероси адабӣ хоҳад шуд.
Дар маросим таъкид гардид, ки эҳё ва таҷдиди ганҷинаҳои меросии адабӣ на танҳо барои рушди илм ва омӯзиш, балки барои нигоҳдории мероси фарҳангии миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
ИФТИТОҲИ ҲУҶРАИ КОРИИ АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории аввалин Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби бузурги илму фарҳанг, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва аҳли адабу фарҳанг иштирок намуданд. Таваҷҷуҳ ба шахсияти устод Айнӣ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва хидмат ба илму маърифат зикр гардида, қайд карда шуд, ки фаъолияти илмӣ-адабии ӯ заминагузори давраи навин дар адабиёт ва худогоҳии миллии тоҷикон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки устод Садриддин Айнӣ ба унвони нахустин академик фаъолияти кории худро соли 1951 дар ҳамин ҳуҷра оғоз кардааст. Ба ин муносибат ҳуҷраи кории устод бозсозӣ шуда, лавҳи ёдгорӣ ва мизу курсии кории ӯ бо намунаи осор ва аксҳои хотиравӣ барқарор гардид.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ҳуҷраи кории ӯ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузурги устод ва арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули илм дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки ин иқдом барои ташаккули муҳити таърихӣ-фарҳангӣ дар Академия, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси устод Айнӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар ҷараёни маросим инчунин таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба мутафаккирони миллӣ ва эҳёи мероси адабӣ баҳри бозсозӣ ва муаррифии чунин гӯшаҳои таърихӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки ҳуҷраи корӣ ҳамчун маркази омӯзишӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ барои магистрантон, муҳаққиқон ва меҳмонон фаъолият намояд ва маводи таърихӣ, нусхаҳои дастнавис, аксҳо ва ёдгориҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ мунтазам ғанӣ гардонда шаванд.
Имрӯз, 3 ноябр дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва мероси адабии тоҷику форс машварати корӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш зикр доштанд, ки ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси ғании адабии тоҷику форс яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академия ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир барои рушди илм, таҳқиқи таъриху адабиёти классикӣ ва муосир, таҳияи нашрияҳои илмӣ ва омӯзиши забони давлативу забонҳои бостон имкониятҳои фаровон муҳайё гардидаанд.
Инчунин, қайд гардид, ки олимону муҳаққиқон вазифадоранд дар баробари омӯзиши илмии мероси адабӣ, дар ҷомеа ҳисси миллӣ, худшиносиву ифтихор аз фарҳанги ниёгонро тақвият бахшанд ва бо корҳои илмӣ-амалӣ саҳми худро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузоранд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои марбут ба омодасозии нашрияҳои илмӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ, таҳияи пажӯҳишҳои вобаста ба забон ва адабиёт, инчунин роҳандозии барномаҳои тарғиботии оммафаҳм баррасӣ шуданд.
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
![]()
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур як нафар магистрант ва як нафар докторанти PhD - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.
ҒОЛИБОН:
Ҳусайнов Шоҳрух - докторанти курси якуми Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи математика ғолиби ҷойи аввал гардид.
Муродова Макнуна - магистри курси дуввуми Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи Физика - астрономия сазовори ҷойи якум гардид.
ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, инчунин ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супориданд.
Имрӯз, 1 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон ва олимони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои назди Академия, инчунин дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳаи кишоварзӣ боздид намуданд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар тамоми олимони кишварро ба фарорасии ҷашни Меҳргон табрик намуда, таъкид кард, ки ин иди бостонӣ ифодагари фарҳанги куҳан, меҳнатдӯстӣ, фаровонӣ ва эҳтиром ба заҳмати деҳқон мебошад. Таъкид гардид, ки дастовардҳои илмии олимони кишвар, бахусус дар самти инноватсияҳои кишоварзӣ, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки ҷашни Меҳргон на танҳо рамзи фаровонӣ ва ҳосили пурбаракат аст, балки ҳамчун ҷузъи муҳими тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи хоса дар фарҳанги миллӣ дорад. Таъкид гардид, ки арзишҳои Меҳргон, аз қабили меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба табиат, фазилати накӯкорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон, дар шароити муосир низ аҳамияти хоса доранд ва барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Дар идома барои болидарӯҳии кормандон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сарояндагони ҷавон бо суруду навозишҳои миллӣ фазои идона ва рӯҳбаландро фароҳам оварданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ "ПУЛИ СОМОНӢ - РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ" ДАР БОНКИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 30 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пули сомонӣ — рукни давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як қатор иқтисодчиёни маъруфу олимони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории ҳамоиш зикр карда шуд, ки пули миллӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими иқтисод, баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба низоми молиявӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ нақши калидӣ дорад. Қайд гардид, ки солҳои охир сиёсати пулию қарзӣ ва ислоҳоти низоми бонкии кишвар бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, рушди бозори молиявӣ ва устувории сомонӣ мусоидат намудааст.
Ҳамчунин иштирокчиён зарурати таҳкими низоми мукаммали молиявӣ, боло бурдани фарҳанги иқтисодии ҷомеа, тавсеаи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва ворид кардани технологияҳои муосирро дар фаъолияти бонкӣ таъкид карданд.
Дар анҷом, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи иқтисод қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Имрӯз, 30 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло бахшида шуд.
Дар ҷараёни маҳфил иштирокдорон оид ба саҳми арзандаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар рушди илми иқтисодиёт, таҳқиқоти муҳими ӯ дар самти сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти молиявӣ ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ андеша баён намуданд.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид. Зикр кард, ки маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳандозӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои муҳим барои муаррифӣ ва қадршиносии хизматҳои олимони кишвар мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дараҷаи рушди илми муосир дар кишвар ба фаъолияти шахсиятҳои илмпарвар ва олимони соҳибтаҷриба вобастагии ногусастанӣ дорад. Ӯ таъкид намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамеша ба дастгирӣ ва қадрдонии олимони босалоҳият ва ҳавасмандсозии насли нави муҳаққиқон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаб ва босуръати ҷаҳони муосир, масъалаҳои рушди иқтисодӣ ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии тадқиқоти илмӣ табдил ёфтаанд. Имрӯз иқтисод на танҳо соҳаи истеҳсол ва тақсимоти неъматҳои моддӣ аст, балки як низоми мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва зеҳнӣ мебошад, ки бо тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа алоқаманд аст.
Гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза дар давраи нави инқилоби илмӣ ва технологӣ қарор дорад. Иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳои молиявӣ ва иқтисоди сабз, ҳамаи ин падидаҳо иқтисоди муосирро дигаргун сохтаанд. Аз ин рӯ, таҳлили консепсияҳои асосӣ, баррасии вазъи кунунӣ ва муайян намудани дурнамои рушди иқтисод барои ҳар як кишвар, бахусус барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои охир бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи барномаҳои стратегӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, зина ба зина заминаҳои қавии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодаанд.
Зикр гардид, ки ин ҳамоиши илмӣ минбари муҳимест, ки барои мубодилаи таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои ҳамкории байни олимони дохиливу хориҷӣ, ки барои рушди илми иқтисод дар Тоҷикистон ва берун аз он аҳамияти бузург дорад, дар фаъолияти пурсамари узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор, устоди муҳтарами мо Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дид.
Дар идомаи маҳфил олимону муҳаққиқони соҳаи иқтисод профессор Шариф Раҳимзода, профессор Сафаров Б.Г, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ, профессор Мирбобоев Р.М, дотсент Солеҳзода А.А, профессор Мирсаидов А.Б, д.и.и. Бобозода К.О доир ба ҳаёти илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва хизматҳои арзандаи профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва таҳкими мактаби иқтисодшиносии кишвар андеша баён намуданд. Баромадкунандагон бо таъкид аз он изҳор доштанд, ки таҳқиқоти илмии ӯ дар самти сиёсати иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ, рушди бозорҳои молиявӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дастовардҳои назарраси илмиро фароҳам овардааст.
Ҳамзамон қайд шуд, ки профессор Саидмуродзода дар тӯли солҳои зиёд ҳамчун муҳаққиқ, устод ва роҳбар ба тарбияи насли нави олимон ва иқтисодшиносони ҷавон саҳми босазо гузошта, бо ҷаҳонбинии васеъ ва маданияти баланди илмии худ мактаби хоси илмиро ташаккул додааст. Иштирокчиён таъкид карданд, ки идомаи пажӯҳишҳои илмӣ, нашри асарҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои таҳқиқотии ӯ метавонанд ба таҳкими амнияти иқтисодии кишвар, боло бурдани сатҳи таҳлилҳои иқтисодӣ ва рушди фанҳои иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат намоянд.
