«8-Март Рӯзи Модар – Мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем».
Эмомалӣ Раҳмон
8 март – рӯзест, ки ба модарон ва ҳамаи заноне бахшида шудааст, ки дар ҳаёти ҳар яки мо нақши ҳалкунанда ва бунёдӣ доранд. Ин сана дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи қадршиносӣ, эҳтиром ва эътирофи саҳми бузурги занон дар рушди ҷомеа таҷлил мегардад. Рӯзи байналмилалии занон дар ибтидо ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди нобаробарӣ ва беҳуқуқии занон ба вуҷуд омада буд. Он на ҳамчун Иди бонувон, балки ҳамчун ҷашни занони муборизу инқилобгар маъруф гардид ва дар ташаккули он саҳми Clara Zetkin (Клара Сеткин) хеле назаррас буд, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодии занон фаъолият мекард ва гурӯҳҳои занони муборизро ташкил менамуд.
8 марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва баробар намудани маош бо мардонро талаб намуданд. Дар он давра занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат карда, музди ночиз мегирифтанд. Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва эътирозҳои занон дар аввали асри XX ба эътирофи ҳуқуқҳои онҳо мусоидат намуда, бо мурури замон ба сатҳи байналмилалӣ баромаданд. Соли 1975 бо қарори United Nations (Созмони Милали Муттаҳид) Рӯзи байналмилалии занон расман эътироф шуда, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил гардид.
Рӯзи Модар рамзи муҳаббат, самимият, покӣ ва садоқат ба зан-модар мебошад. Таҷлили он дар сатҳи давлатӣ нишонаи эҳтироми ҷомеа ба шахсияте аст, ки ҳаёт мебахшад ва наслҳоро тарбия мекунад. Модар сутуни устувори ҳар як хонадон ва манбаи илҳоми зиндагӣ мебошад. Меҳру муҳаббати модарон сабаб мегардад, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил шуда, мо – фарзандонро водор месозад, ки қадру манзалати онҳоро шиносем ва қарзи фарзандии худро адо намоем. Модаронро ҳамчун мавҷуди муқаддас эҳтиром намуда, ҳамеша дастгиру дилбардорашон бошем.
Имрӯз занон дар баробари мардон дар тамоми сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ фаъолона иштирок менамоянд. Саҳми онҳо дар рушду таҳкими Неругоҳи барқи обии Роғун, рушди қонунгузорӣ, соҳибкорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас мебошад. Онҳо на танҳо офарандаи ҳаёт, балки неруи маънавӣ ва асоси ахлоқии ҷомеа мебошанд.
Дар фарҳанги миллӣ модар ҳамчун мавҷуди муқаддас, сарчашмаи муҳаббат ва асоси маънавии инсон шинохта шудааст. Адибон ва шоирони бузург дар осори худ симои модарро бо эҳтироми хос васф намудаанд. Дар шеър, достон ва эҷодиёти халқӣ модар ҳамчун рамзи покӣ, тарбиятгар ва посдори ахлоқи ҷомеа таҷассум ёфтааст. Модар аввалин устоди фарзанд буда, арзишҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинӣ аз хурдсолӣ тавассути ӯ ба фарзанд омӯхта мешаванд.
Тарбияи насл ва омӯхтани арзишҳои ахлоқии фарзандон аз муҳити оила ва нақши модар вобаста мебошад. Агар оила устувор ва муҳити тарбиявӣ солим бошад, шахсияти инсон солим ва ҷомеа пешрафта мегардад. Модар ҳамчун пояи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа нақши беназир дорад, зеро арзишҳои ахлоқӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ аз хурдсолӣ тавассути модар ташаккул меёбанд.
Баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон яке аз принсипҳои асосии ҷомеаи муосир мебошад. Таъмини имкониятҳои баробар барои таҳсил, шуғл ва фаъолияти иҷтимоӣ барои занон шарти муҳим барои рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Давлат бояд ҳуқуқҳои занонро ҳимоя намояд, шароити мусоиди корӣ фароҳам оварад, барномаҳои дастгирии иҷтимоиро тақвият диҳад ва пешгирии табъизро таъмин намояд. Иҷрои ин тадбирҳо ба баланд шудани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа ва таҳкими оила мусоидат менамояд.
Таҷлили Рӯзи Модар на танҳо маросими расмӣ, балки фурсатест барои фарзандон, то муҳаббат ва миннатдории худро ба модар изҳор кунанд. Калимаи меҳрубонона, таваҷҷуҳ ва дастгирӣ беҳтарин туҳфа барои модар мебошад. Пешниҳодҳо барои тақвияти мақоми модар дар ҷомеа иборат аз баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти духтарон, фароҳам овардани имкониятҳои корӣ, дастгирии занони фаъол ва олим, ташкили марказҳои омӯзишӣ ва касбомӯзӣ мебошад. Иҷрои ин пешниҳодҳо ба рушди устувори ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маънавӣ мусоидат менамояд.
Хулоса, модар асоси ҳастии инсон, пояи ахлоқ ва манбаи муҳаббати бепоён мебошад. Рӯзи Модар на танҳо ҷашни эҳтиром, балки рамзи қадршиносии нақши зан дар ҷомеа мебошад. Таърихи ташаккули ин ҷашн нишон медиҳад, ки мубориза барои ҳуқуқи занон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, мақоми онҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Баланд бардоштани мақоми модар маънои таҳкими оила, рушду устувории ҷомеа ва пешрафти давлатро дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи зан-модар вазифаи ҳар як шахс ва аҳли ҷомеа мебошад.
Модар ту биҳишти ҷовидонӣ Модар
Хуршеди баланди осмонӣ модар.
Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорист
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ модар.
Қодиров Ҳалим – ходими илмии Муассисаи давлатии илмии
«Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
