Skip to main content

5 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷаласаи умумии 78- ӯми Шӯрои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва аз дигар кишварҳои ҷаҳон олимону намояндагони соҳаҳои илмиву техникӣ иштирок намуданд.

Дар ин ҷаласа дар доираи ҳамкориҳо лоиҳаҳое, ки аз ҷониби маркази мазкур саҳмгузорӣ мешаванд аъзоён бо онҳо шинос гардиданд. Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази илми ҷумҳурӣ ҳамкориҳои илмии худро бо аксарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ҷаҳон тақвият дода, ҷиҳати рушди зинаҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби роҳбарияти академия тадбирҳои наву саривақтӣ андешида мешванд.

https://t.me/akademia55