Skip to main content

Имрӯз, 21 ноябр дар Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Дастовардҳо ва дурнамои рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ибодзода Саидмуқим Тилохуҷа иштрок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо суръати бесобиқа тағир меёбад, илм – хоса илми тиб – ба як нерӯи ҳалкунандаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «ҳеҷ давлат бе такя ба илм, навоварӣ ва нерӯи зеҳнии инсон наметавонад ба пешрафти воқеӣ ноил гардад». Ин андеша, ки моҳияти сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмро инъикос мекунад, имрӯз ба як асоси калидии барномарезии стратегияҳои соҳа табдил ёфтааст.

Гуфта шуд, ки рушди илми тиби Тоҷикистон дар солҳои охир хеле назаррас гардида, муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ муҷаҳҳаз шуда, системаҳои рақамӣ, лабораторияҳои биотехнологӣ ва марказҳои нав таъсис ёфтаанд. Ин раванд имконият дод, ки ташхис, табобат ва идоракунии равандҳои клиникӣ ба сатҳи нави сифат бароварда шаванд.

Зикр гардид, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ, моделсозии компютерии равандҳои физиологӣ, таҳқиқоти биомедикӣ ва усулҳои нави диагностика нишон медиҳанд, ки илми тибби тоҷик бо ҷаҳони муосир ҳамқадам аст. Ҷорӣ шудани базаҳои электронии маълумоти тиббӣ, системаҳои интеллектуалии мониторинг ва алгоритмҳои пешгӯии клиникӣ ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад.