Skip to main content
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ мебошад, балки асоси рушд ва бақои давлат ва фарҳанги миллӣ аст. Миллати тоҷик, ки дар тӯли садсолаҳо борҳо мустақилиятро аз даст додааст, имрӯз бо соҳибистиқлолӣ имконият пайдо кардааст, ки на танҳо ҳувияти миллӣ ва давлатдории худро барқарор намояд, балки дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, фарҳанг, иқтисод ва иҷтимоиёт рушд кунад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои гуногун ва рақобатҳои геополитикӣ ҷой доранд, пойи устувори истиқлолият ва соҳибдавлатӣ барои миллати тоҷик муҳимтарин арзиш мебошад. Истиқлолият маънои онро дорад, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳифзи давлат ва Ватани худ саҳм гузоранд, насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия шавад ва рушди иқтисод, илм ва фарҳанг ба роҳ монда шавад.

Ҳамчун як неъмати бебаҳо, соҳиби Ватан ва давлат будан яке аз бузургтарин саодатҳои инсон аст. Агар шахс сарвати дунё дошта бошад, вале макони ором ва Ватани худ надошта бошад, ӯ ҳамеша овора ва нороҳат хоҳад буд. Аз ин рӯ, соҳибдавлатӣ аз доштани Ватан-Модар маншаъ мегирад ва миллати тоҷик баъди садсолаҳои бедавлатӣ ба ин неъмат ноил гардид.

Истиқлол муқаддастарин ва азизтарин неъмати таърихиест, ки ба миллати тоҷик имкон дод, то бо сари баланд ва бо овози мустақил ба саҳнаи таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ ворид гардад. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз 9-уми сентябри соли 1991 аввалин бор ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатӣ таҷлил шуд ва аз ҳамон лаҳза дари фардои нав ба рӯйи миллати куҳанбунёди тоҷик боз гардид. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки миллат ҳувияти миллии худро эҳё намояд, фарҳанг ва забонро нигоҳ дорад ва дар саҳнаи байналмилалӣ мавқеи соҳибихтиёр дошта бошад. Имрӯз миллати тоҷик дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо руҳи созандагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ, барои рушди устувори кишвар кӯшиш меварзад.

Мафҳуми истиқлолият танҳо сиёсӣ нест, балки ҳамзамон иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мебошад. Миллати соҳибдавлат метавонад арзишҳои миллиро ҳифз ва тарғиб намояд, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кунад ва ҳамзамон бо дигар миллатҳои дунё ҳамкорӣ ва табодули фарҳангӣ дошта бошад.

Истиқлолият ба рушди илм низ заминаи устувор гузошт. Масалан, дар соҳаи астрофизика ва мушоҳидаи метеорҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 бори аввал дар шабакаи байналмилалии GMN (Global Meteor Network) ворид шуд. Дар солҳои охир дар расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох ва дар Институти астрофизикаи АМИТ, шаҳри Душанбе, таҷҳизоти муосири нав насб гардид, ки имкон медиҳад метеорҳо ва болидҳо бо дақиқии баланд сабт ва таҳлил шаванд.

Танҳо дар давоми мушоҳидаҳои солҳои 2024-2025 зиёда аз 15 ҳазор метеор сабт шуд, ки 411 метеори базисӣ, аз ду нуқта мушоҳидашуда, муайян гардиданд. Ин дастовардҳо на танҳо обрӯи илмии Тоҷикистонро боло мебарад, балки далели амалии истиқлолият барои рушди соҳаҳои муҳими илм ва техника мебошад.

Илова бар ин, Тоҷикистон дар самти омӯзиши астроиқлим низ қадами муҳим гузоштааст. Таҷҳизоти махсуси нав, ки соли 2024 дар расадхонаи Санглохи Институти астрофизикаи АМИТ васл гардид, имкон медиҳад шароити атмосфера барои мушоҳидаҳои астрономиро дақиқ омӯзиш диҳем ва сифати таҳқиқотро боло барем. Натиҷаи мониторинг ва таҳлил аллакай шароити хуби астроиқлими ду расадхонаи Институти астрофизикаи АМИТ - Санглох (ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони ҶТ) ва Шорбулоқ (ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҶТ) тасдиқ намуданд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки истиқлолият ба кишвар имконият медиҳад, ки дар таҳқиқоти ҷаҳонӣ саҳм гузорад ва бо олимони дигар давлатҳо ҳамкорӣ намояд.

Истиқлолияти давлатӣ на танҳо барои рушди илму техника, балки барои таъмини ваҳдат ва ҳамгироии ҷомеа муҳим аст. Дар Тоҷикистон, ки давлат аз миллатҳои мухталиф таркиб ёфтааст, сиёсати давлатӣ ба он равона шудааст, ки ҳамаи халқияту миллатҳои дохили давлат худро соҳибӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои баробар ҳис кунанд. Миллати меҳварӣ – тоҷикон – ҳамоҳанг бо дигар миллатҳо метавонанд ҳамзистӣ ва ҳамкории иҷтимоӣ дошта бошанд ва барои ҳифзи давлат саҳмгузорӣ намоянд.

Таърихи навини истиқлолият нишон дод, ки бе муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ давлат дучори мушкилоти шадид мегардад. Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки нобоварӣ ва тафовутҳои дохилӣ метавонад давлатро ба марҳалаи харобӣ расонад. Омодагӣ ва роҳбарии қавӣ дар роҳбарии давлат зарур аст, то истиқлолият ва давлатдории миллиро ҳифз намояд.

Рушди илм ҳамчун омили устувории истиқлолият нақши ҳалкунанда дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки ғамхорӣ ба илму маориф, сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ ва рушди илм ба ояндаи кишвар таъсири бевосита дорад. Дониш ва саводнокӣ заминаи пешрафти давлат ва ташаккули худшиносии миллӣ мебошанд.

Бо такя ба илму техника ва рушди соҳаҳои маориф, иқтисод ва фарҳанг, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад истиқлолияти худро мустаҳкам созад, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инсонгароӣ тарбия намояд ва ҳамзамон обрӯи байналмилалии худро боло бардорад.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ, балки пояи рушди илму фарҳанг ва устувории иҷтимоӣ мебошад. Миллат бо соҳибистиқлолӣ имконият пайдо кард, ки Ватани худро эҳтиром ва ҳифз кунад, ҷавононро тарбия намояд ва бо дигар давлатҳо ҳамкории созанда дошта бошад.

Дастовардҳои соҳаи астрофизика, ки дар арсаи ҷаҳони эътироф шуданд, намунаи амалӣ ва равшани ин истилоҳотанд. Онҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият ба кишвар имконият медиҳад, ки дар таҳқиқоти ҷаҳонӣ саҳмгузорӣ кунад, обрӯи илми худро боло барад ва барои ояндаи обод ва пешрафти ҷомеа заминаи устувор созад.

Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки арзишҳои истиқлолиятро эҳтиром намояд, барои ҳифзи давлат ва рушду нумуи он саҳмгузорӣ кунад ва худро қисми созандаи миллат ва Ватани худ ҳис намояд.

Қоҳирова Г.И. узви вобастаи АМИТ