Ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф яке аз рукнҳои муҳимтарини шарикии стратегӣ маҳсуб мешавад. Он ба ташаккули фазои ягонаи гуманитарӣ дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мусоидат намуда, кадрҳоеро тарбия мекунад, ки метавонанд дар оянда иқтисодиёти нави кишварро пеш баранд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва ташаккули иқтисодиёти дониш, ҳамкориҳои илмию маорифӣ аз доираи муносибатҳои холиси академикӣ берун баромада, ба як унсури калидии шарикии стратегӣ табдил ёфтааст.
Барои Федератсияи Русия (ФР) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ), ин ҳамкорӣ аҳамияти дугона касб намудааст. Барои Тоҷикистон, он яке аз роҳҳои асосии таъмини истиқлоли кадрӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои нав маҳсуб мешавад. Барои Русия бошад, он воситаи муҳими “таъсири нарм”, таҳкими мавқеъи минтақавӣ ва нигоҳ доштани фазои ягонаи фарҳангию гуманитарӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад. Пойгоҳи мустаҳками ин равандҳои интегратсионӣ дар пайвастагиҳои таърихию фарҳангӣ ва истифодаи густурдаи забони русӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ( ба шумули Тоҷикистон) рабт дорад.
Ҳамкориҳои илмию маорифӣ дар асоси як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ сохта шудааст, ки асоси ҳуқуқии муносибатҳоро ташкил медиҳанд. Қарорҳои байниҳукуматии зерин заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳамкориҳоро асос гузоштанд:
- Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (аз 25 январи соли 1995). Ин ҳуҷҷат принсипҳои асосии ҳамкориҳоро оиди эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ, мусоидат ба алоқаи бевосита байни муассисаҳои таҳсилотӣ, дастгирии омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Русияро муқаррар намудааст.
- Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобила ва баробарқимматӣ (эквивалентӣ) дар ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо (аз 16 майи соли 1996). Ин қарор иқдоми амалии калидӣ гардид, ки монеаҳои маъмуриро барои ҳаракати академикии шаҳрвандони ҳарду кишвар бардошта ҳамгироиро ба таври амалӣ таъмин намуд.
Дар сатҳи институтсионалӣ, ин ҳамкориҳо тавассути механизмҳои зерин муайян карда мешаванд:
1. Квотаҳои буҷавӣ: Ҳамасола ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия, ки аз ҷониби Вазорати илм ва маорифи олии ФР ва Россотрудничество ҳамоҳанг карда мешаванд. Ин воситаи асосии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси миллӣ барои соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон мебошад. 2. Лоиҳаҳои афзалиятнок: Таъсиси муассисаҳои таҳсилотии муштарак, ки ба сифати содиркунандагони маорифи русӣ дар Тоҷикистон хидмат мекунанд.
Дар бораи ҳаҷму миқёси бузурги ин ҳамкориҳо далелҳои зерин гувоҳӣ медиҳанд:
- Ҳаракати бузурги академикӣ: Тибқи маълумоти Вазорати илм ва маорифи олии ФР, дар соли хониши 2022/2023 зиёда аз 37000 донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил кардааст. Тоҷикистон аз рӯи шумораи донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд, дар миёни кишварҳои хориҷӣ пас аз Қазоқистон ва Чин дар ҷои сеюм қарор дорад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бошад аллакай 65 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба Русия омадаанд. Ҳамзамон, зиёда аз 90% хатмкунандагони муассисаҳои олии Русия ба Ватан бармегарданд ва донишҳои андӯхтаи худро дар соҳаҳои гуногун ба кор мебаранд.
Дар маҷмӯъ таҳсилоти Русия дар миёни ҷавонони Тоҷикистон ба далели сатҳи баланд ва сифати худ талаботи зиёд дорад. Он дарвозаҳоро пеши сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ мекушояд, ҳамчунин имкон медиҳад, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои ИДМ низ ҷойи кори сердаромад пайдо кунанд. Ин танҳо бахши маориф нест, балки сармоягузории бузурги Русия ба ояндаи кадрии Тоҷикистон аст. Ин ба ҷавонон имкон медиҳад, ки таҳсилоти босифат гиранд ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ пайи корҳои пастмузд нараванд. Чин, Эрон, Туркия ва Аврупо бо барномаҳои стипендияи худ ба содироти маорифи Русия дар Осиёи Марказӣ рақобати шадид эҷод кардаанд. Русия бояд на танҳо миқдорро, балки сифат ва эътирофи байналмилалии дипломҳои худро тақвият бахшад.
- Квотаҳои буҷавӣ: Ҳамасола Русия ба Тоҷикистон садҳо ҷойҳои буҷавӣ ҷудо мекунад (барои соли хонишӣ 2024/2025 ин 730 ҷой мебошад). Ин маънои онро дорад, ки тақрибан 10 000 донишҷӯ айни замон бепул, аз ҳисоби буҷаи Русия, таҳсил мекунанд.
Ҳузури мустақими донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон эволютсияи стратегии ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф нишон медиҳад.
Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ), ки соли 1996 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 1996 таҳти рақами № 141 ва мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 23 майи соли 1993 ташкил шудааст пешоҳанги ҳамгироии ду кишвар дар соҳаи таҳсилоти олӣ гардид. Шумораи умумии донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон то 1 декабри соли 2023 5636 донишҷӯро ташкил медод, ки 3978 нафар (рӯзона) ва 1658 нафар (ғоибона), аз онҳо 1904 нафар (буҷавӣ) ва 3732 нафар (шартномавӣ) ба таҳсилот фаро гирифта шуда буданд. ДСРТ нахустин ва бузургтарин маркази таҳсилоти олии русӣ дар кишвар аст. Ин якумин лоиҳаи бузурги интегратсионие мебошад, ки ба сифати маркази асосии русишиносӣ ва фарҳангӣ хизмат мекунад. Хатмкунандагони ДСРТ дипломи намунаи давлатии ФР ва ҶТ мегиранд.
Дар Тоҷикистон дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба тартиби таъсис ва фаъолияти филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ки 14 декабри соли 2009 баста шудааст, филиалҳои донишгоҳҳои дигари пешрафтаи Русия фаъолият доранд, ки филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (МГУ), филиали Донишкадаи миллии тадқиқотии технологӣ (МИСиС) ва филиали Донишкадаи энергетикии Маскав (МЭИ) дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар маҷмӯъ, дар ин муассисаҳои таълимӣ тақрибан 8 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони сатҳи олӣ дар соҳаҳои бунёдӣ ба мисли энергетика, геология, экология, амнияти иттилоотӣ, технологияи иттилоотӣ (ИТ), инчунин мутахассисони дигар самтҳои техникӣ, гуманитарӣ ва иқтисодӣ омода мекунанд, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар бениҳоят зарур мебошад. Ин далели он мебошад, ки ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар ин самт дигар танҳо фарҳангиву маорифӣ нест, балки ба саноатикунонии кишвар равона гардидааст.
Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ДШ ИДМ)
Санаи 11 июни соли 2009 дар шаҳри Маскав Созишнома дар бораи Консорсиум оид ба таъсиси Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ДШ ИДМ) ба имзо расид. ДШ ИДМ – ин ҳамкории баробарҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳод дар соҳаи таҳсилоти олӣ мебошад, ки дар формати Консорсиуми ташкилотҳои таълимӣ амалӣ мегардад.
Мақсади асосии таъсиси Консорсиум – таъсиси ДШ ИДМ ҳамчун низоми ҳамкории байни донишгоҳҳо мебошад, ки ба ҳалли вазифаҳои зерин равона шудааст:
- Рушди фазои ягонаи (умумии) таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои ИДМ тавассути татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили “таҳсили фарогир”, шаклҳои нави ҳамкории байни донишгоҳҳо;
- Таъсиси механизмҳо барои рушди ҳаракати академии донишҷӯён ва омӯзгорон дар доираи ИДМ;
- Мусоидат ба муколамаи байнифарҳангӣ дар муҳити донишҷӯён, ҳифз, рушд ва ҳамдигарро ғанӣ гардонидани фарҳанг, забонҳо, анъанаҳои таърихӣ ва миллии халқҳои давлатҳои ИДМ.
Ба ҳайати Консорсиум 38 донишгоҳи пешбари 9 давлати – иштирокчии ИДМ дохил мешаванд: Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина. Бо Протоколи № 16 аз 5 июни соли 2018-и ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ДШ ИДМ тасмим гирифта шуд, ки Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Русия ба муддати се сол ҳамчун ташкилоти сарварӣ (головная организация) -и Консорсиум тасдиқ карда шавад.
Ҳамкориҳои ФР ва ҶТ бо механизми ДШ ИДМ боз ҳам амиқтару муассиртар гардид. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(ДМТ) ва Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон(ДСРТ) аъзои ин шабака мебошанд. Афзалият ин шабака дар он мебошад, ки донишҷӯён қисми таҳсилро дар Душанбе ва қисми дигарро дар Маскав (масалан, дар РУДН) мегузаронанд ва дар натиҷа дипломи дугона мегиранд. Ин диплом на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми қаламрави ИДМ эътироф мешавад ва ба ҳаракати озоди мутахассисони баландихтисос мусоидат мекунад.
Таваҷҷӯҳи стратегии Русия ба тавсеаи забони русӣ дар
системаи маорифи Тоҷикистон
Таваҷҷӯҳи Федератсияи Русия ба тақвияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон як ҷузъи муҳимми ҳамкории стратегӣ ва гуманитарӣ байни ду давлат мебошад, ки ҳам бо манфиатҳои фарҳангӣ ва ҳам бо талаботи иқтисодӣ муайян карда мешавад. Забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва воситаи дастрасӣ ба таҳсилот ва бозори меҳнати Русия аҳамияти ҳаётӣ дорад.
1. Талошҳои мушаххаси Русия: Маблағгузорӣ ва инфрасохтор
Ташаббусҳои Русия дар ин самт бо далелҳо ва арқоми мӯътамад тасдиқ мешаванд:
- Сохтмони мактабҳои нав: Муҳимтарин иқдоми Русия ин маблағгузории мустақим барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Дар соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода панҷ мактаби нави таҳсилашон комилан русӣ ба истифода дода шуд. Ҳар як мактаб барои тахминан 1200 хонанда пешбинӣ шуда, маблағи умумии ҷудошуда барои сохтмони ин 5 муассиса ҳудуди 6 миллиард рублро ташкил дод. Ин мактабҳо бо таҷҳизоти муосир ва усулҳои нави таълим таъмин шудаанд.
- Лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” яке аз механизмҳои асосии дастгирии забон дар маҳалҳо мебошад. Ин барнома норасоии кадрҳои омӯзгориро, ки аз мушкилоти асосии соҳа аст, то андозае ҳал мекунад. Шумораи омӯзгорони забони русӣ, ки дар мактабҳои Тоҷикистон дарс медиҳанд, мунтазам меафзояд. Масалан, дар соли хониши 2023-2024 ин теъдод ба 117 нафар расид, ки дар муқоиса бо 73 нафари соли қаблӣ афзоиши назаррас дорад.
2. Вазъи кунунии мактабҳои русӣ ва талаботи ҷомеа
Дар Тоҷикистон низоми маорифи русӣ дар ду шакл амал мекунад:
- Муассисаҳои таҳсилашон русӣ: Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 39 мактаб пурра бо забони русӣ таълим медиҳанд, ки дар онҳо беш аз 27 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд (соли 2023). - Мактабҳои омехта: Инчунин, 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият доранд, ки синфҳои русӣ тақрибан 70 ҳазор хонандаро фаро мегиранд.
- Талаботи баланд: Талабот ба таҳсил дар мактабҳои русӣ дар байни волидони тоҷик ниҳоят баланд аст, зеро онҳо инро кафили ояндаи муваффақ будани фарзандони худ дар муҳоҷирати корӣ ва таҳсил дар донишгоҳҳои Русия медонанд. Надонистани забон яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатӣ дониста мешавад. Тибқи нақшаҳо, Русия то соли 2030 дар Тоҷикистон боз панҷ мактаби дигари русӣ месозад.
3. Мушкилоти калидӣ ва дурнамои ҳамкориҳо
- Камбуди муаллимон: Мушкилоти асосӣ норасоии шадиди кадрҳои омӯзгори русзабон дар саросари ҷумҳурӣ, хусусан дар минтақаҳои дурдаст аст. Ин мушкилот сифати таҳсилро дар мактабҳои омехта коҳиш медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 8,615 нафар омӯзгорон аз фанни забони русӣ дарс мегӯянд (соли 2019), аммо талабот ба маротиб бештар аст.
- Фазои забонӣ ва пуррагии синфҳо: Дар аксари мактабҳо муҳити кофии забонӣ барои муоширати ҳаррӯза бо забони русӣ вуҷуд надорад ва синфҳои русӣ аксаран аз ҳад зиёд пур мебошанд.
Дар маҷмӯъ ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба тавсеаи фазои таълимии русӣ манфиатдоранд. Ҷониби Тоҷикистон бо қабули “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶТ то соли 2030” талошҳои худро барои ҳалли мушкилоти кадрӣ афзун мекунад. Русия низ имконияти ҷудо кардани бурсияҳои махсус барои ташкили марказҳои омӯзиши забони русӣ ва афзоиши минбаъдаи мактабҳои навро баррасӣ менамояд. Ин талошҳои муштарак кафолати он аст, ки забони русӣ дар низоми маорифи Тоҷикистон мавқеи худро устувор нигоҳ дошта, ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Нақши Русия дар тақвияти илми Тоҷикистон дар даврони истиқлолият.
Забони русӣ дар соҳаи илму маорифи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, аммо робитаҳои стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар арсаи илм аз ҳама гуна масъалаҳои таълимӣ амиқтар ва фарогиртар мебошанд. Ҳамкориҳои илмӣ-академиявӣ яке аз калидитарин самтҳои шарикии стратегӣ ба шумор рафта, барои рушди иқтидори пажӯҳишӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар Тоҷикистон ҳаётан муҳим аст. Пояи ин ҳамкориҳоро робитаҳои тӯлонии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бо муассисаҳои пешқадами илмии Русия ташкил медиҳад. Аммо дар даврони истиқлолият, ин робитаҳо дар заминаи ҳуқуқии нав ва бо ҳадафҳои мушаххаси миллӣ мустаҳкам гардиданд.
- Ҳамкории байниакадемиявӣ: Санадҳои мустақим миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва Академияи илмҳои Русия (АИР) заминаи асосии табодули дониш ва кадрҳоро фароҳам оварданд. Олимони тоҷик пайваста дар лоиҳаҳои муштарак ширкат варзида, дастрасӣ ба лабораторияҳо ва таҷҳизоти замонавии Русияро ба даст меоранд.
- Чорчӯбаи стратегӣ: Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои мубрам, аз қабили истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ (2017) ва амнияти биологӣ, нишон медиҳанд, ки ҳамкории илмӣ дар самтҳои дорои аҳамияти стратегӣ ва минтақавӣ афзоиш ёфтааст. Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар баробари таҳдидҳои нави илмию технологӣ мавқеи устувор дошта бошад.
Ҳамкориҳои илмӣ ба тадқиқоти бунёдӣ маҳдуд намешаванд, балки ба соҳаҳое равона шудаанд, ки ба рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои экологӣ таъсири мустақим мерасонанд:
- Геология ва канданиҳои фоиданок: Бо назардошти захираҳои бузурги Тоҷикистон, тадқиқотҳои муштарак дар соҳаи геология, истихроҷи канданиҳои нодир ва металлҳо мавқеи калидӣ доранд. Масалан, дар солҳои охир (махсусан соли 2023) созишномаҳо дар бораи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ оид ба таҳқиқи ашёи хоми зеризаминӣ ва истеҳсоли муштараки сурма байни сохторҳои илмию саноатии ҳарду кишвар ба имзо расидаанд.
- Об ва иқлимшиносӣ: Таҳқиқи муштараки таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва идоракунии захираҳои оби Тоҷикистон, ки ҳамчун ташаббускори глобалии масъалаҳои об дар ҷаҳон эътироф шудааст, бо ҷалби институтҳои пешқадами гидрологии Русия идома дорад.
- Илм ва Технологияи рақамӣ: Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, лоиҳаҳое мисли “Шаҳри ҳушманд” дар Душанбе бо машварат ва иштироки пажӯҳишгарони рус дар соҳаи системаҳои зеҳнии нақлиёт ва низоми коммуналии рақамӣ амалӣ мешаванд.
Сарфи назар аз ин дастовардҳо, ҳамкориҳои илмӣ бо як қатор мушкилоти ҷиддӣ ва рақобати шадиди минтақавӣ рӯбарӯ ҳастанд.
- Мушкилоти дохилӣ: Мушкилоти аслии соҳаи илм дар Тоҷикистон аз кӯҳнашавии инфрасохтори лабораторӣ ва норасоии кадрҳои илмии ҷавон ва русзабон дар баъзе самтҳои фаннӣ иборат аст. Омодасозии кадрҳои баландихтисос дар мактабҳои олии Русия ин мушкилотро то андозае ҳал менамояд, аммо институтҳои таҳқиқотии дохилӣ ба дастгирии бештар ниёз доранд.
- Рақобати минтақавӣ: Имрӯз кишварҳои дигар низ фаъолона ба соҳаи илми Тоҷикистон сармоягузориро оғоз кардаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо пешниҳоди лоиҳаҳои бузурги технологӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табодули илмӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва табиӣ, рақибони ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд. Ин рақобат Русияро водор месозад, ки стратегияи ҳамкории худро мушаххастар ва сармоягузории бештар бахшад, то мақоми пешсафиашро дар фазои илмии минтақа нигоҳ дорад.
Дурнамои ин ҳамкорӣ ба тақвияти ҷузъи инноватсионӣ ва сармоягузорӣ ба ояндаи илмии Тоҷикистон вобаста аст.
1. Барномаҳои муштараки грантӣ: Барои тақвияти тадқиқотҳои бунёдӣ, зарур аст, ки фондҳои муштараки грантӣ бо маблағгузории назарраси Русия таъсис дода шаванд, ки ба олимони тоҷик имкон диҳад то дар самтҳои афзалиятнок пажӯҳишҳои мукаммал анҷом диҳанд.
2. Таҷҳизонидани лабораторияҳо: Ҳамкорӣ бояд ба навсозии таҷҳизоти лабораторӣ дар институтҳои илмии АМИТ тамаркуз кунад, то натиҷаҳои тадқиқотҳои муштарак дар Тоҷикистон анҷом дода шаванд.
3. Ташаббусҳои кадрӣ: Тақвияти кӯмак дар аттестатсияи олимони ҷавон ва мусоидат ба нашри мақолаҳои тоҷикӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Русия (Scopus, ВАК) яке аз калидҳои ояндаи ҳамкорист.
Дар ниҳоят бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳои илмӣ-академиявии Тоҷикистон ва Русия на танҳо як анъанаи таърихӣ, балки шарикии амалии стратегӣ мебошад. Бо дарназардошти фишорҳои рақобат ва мушкилоти дохилӣ, зарурати тақвият додани ин робитаҳо тавассути сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кадрӣ амри зарурӣ ва бебозгашт аст.
Таҳлили ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф нишон медиҳад, ки ин як системаи қавӣ ва муассир мебошад. Ин ҳамкорӣ ба пойгоҳи ҳуқуқии мустаҳкам такя мекунад ва бо далелҳои омории мушаххас (зиёда аз 37 000 донишҷӯ) ва механизмҳои институсионалии беназир (ДСРТ, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (МГУ), филиали Донишкадаи миллии тадқиқотии технологӣ (МИСиС), филиали Донишкадаи энергетикии Маскав (МЭИ) ВА ДШ ИДМ) дастгирӣ меёбад. Ин муассисаҳо аз таваҷҷӯҳи умумӣ ба илмҳои гуманитарӣ то тайёр кардани кадрҳо барои технологияҳои сатҳи баланд эволютсияи муносибатҳоро нишон медиҳанд.
Ҳамин тариқ, ҳамгироии минбаъда дар соҳаи илм ва маориф кафолати таҳкими робитаҳои дӯстонаи дарозмуддат ва таъмини истиқлоли кадрӣ барои Тоҷикистон мебошад. Ин ҳамкориҳо ба ташаккули фазои ягонаи гуманитарӣ ва технологӣ дар ИДМ саҳми муҳим гузошта, ба устуворӣ ва рушди умумии минтақа хизмат мекунад. Маориф дар ин замина ба фишанги тавонои давлатӣ табдил ёфтааст. Русия ҳамчун шарики стратегӣ неруи зеҳнии Тоҷикистонро тақвият медиҳад. Ин муносибатҳо дар ояндаи наздик боз ҳам амиқтар шуда, ба равандҳои рақамисозӣ ва индустриализатсия бештар тамаркуз хоҳанд кард.
Судуров С.А., - ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ