Skip to main content
Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 такид намуда буданд, ки: “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.

Дар ин замина зикр намудан зарур аст, ки ҳуқуқи инсон ба илм ҳамчун ҳуқуқи конститутсионӣ дар дар моддаи 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст: «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад». Ин модда аз моддаи 5 («Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд») сарчашма мегирад ва бо моддаи 23 (маҳрамияти мухобирот), моддаи 30 (озодии сухан) ва моддаи 41 (ҳуқуқ ба таҳсил) пайваст аст.

Илм ин шакли фаъолияти зеҳнӣ ва эҷодии инсон аст, ки ба гирифтани донишҳои нав ва ҳақиқӣ дар бораи ҷаҳон, ҷомеа, инсон, техника, фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра, шинохти қонуниятҳои рушди онҳо, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ равона шудааст. Фаъолияти илмӣ бошад фаъолияте мебошад, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст.

Ҳуқуқ ба илм ҷузъи ҳуқуқҳои фарҳангӣ (моддаи 40) ва иҷтимоӣ (моддаи 1 – давлати иҷтимоӣ) баромад менамояд. Олимони ҳуқуқшинос ин ҳуқуқро гуногун шарҳ медиҳанд:

- ҳуқуқ ба илм – ҳуқуқи эҷодӣ ва инкишофии инсон аст, ки мустақилияти зеҳниро кафолат медиҳад. Он на фақат ширкат дар таҳқиқот, балки дастрасӣ ба натиҷаҳо ва озодии интиқодро дар бар мегирад;

- ҳуқуқ ба илм ҷузъи ҳуқуқи инсон ба таҳсил аст ва тафаккури техникӣ ва иҷтимоиро ташаккул медиҳад;

- ҳуқуқ ба илм дуҷониба аст, ки дар он инсон дар эҷод ширкат намуда, аз дастовардҳои илмӣ озодона истифода мебарад.

- ҳуқуқи инсон ба илм ҳамчун ҳуқуқи мустақили зеҳнӣ ва эҷодӣ мебошад, ки озодии ширкат дар эҷоди илмӣ ва истифодаи дастовардҳоро кафолат медиҳад.

Ба андешаи мо мафҳуми ҳуқуқ ба иштирок дар фаъолияти илмӣ ва гирифтани фоида аз он маҳаки асосӣ барои дарки ҳуқуқ ба илм мебошад, ки татбиқи онро дар тадқиқотҳо, сиёсат ва дастрасии ҷаҳонӣ ба донишҳои илмӣ таъкид мекунад. Он уҳдадориҳо, имкониятҳо ва масъулиятро дар таъмини дастрасии умумӣ ба илм равшан месозад ва ба муколамаи ҷаҳонӣ барои сохтани ояндаи инклюзивӣ ва пойдор мусоидат мекунад. Унсурҳои муайянкунандаи ҳуқуқ ба илм фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илм мебошанд, ки ҳамчун қисми ҷудонопазири фарҳанги инсонӣ буда, аҳамияти маориф ва дастрасӣ ба илм ҳамчун ҳуқуқи инсон, уҳдадории ҳифзи истеҳсолкунандагони дониш ва истеҳсоли дониш, инчунин кӯшиши дастрасии воқеӣ ба истифода ва гирифтани фоидаҳо аз илмро дар худ фаро мегирад.

Ҳуқуқ ба иштирок дар фаъолияти илмӣ ва гирифтани фоида аз он заминаи меъёрии ҳуқуқиро доро мебошад. Дар Тоҷикистон 2 санади махсус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1197 "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1922 "Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ" барои танзими ин масоил қабул шудаанд.

Ҳуқуқи иштирок дар фаъолияти илмӣ ва ҳуқуқ ба гирифтани фоида аз неъматҳои илмӣ аз чунин зерҳуқуқҳо иборат аст:

- ҳуқуқ ба эҷоди намудҳои гуногуни дониш тавассути омӯзиши падидаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ бо истифода аз равишҳои назариявӣ, мушоҳидавӣ, таҷрибавӣ ва таҳлилӣ барои ҷорӣ ва санҷиши моделҳо, пешбиниҳо, гипотезаҳо ва идеяҳои мавҷуда ва нав, бе маҳдудиятҳои барномаҳои сиёсӣ ё системаҳои эътиқод.

- ҳуқуқ ба шубҳа андохтан ба донишҳои муқарраршуда дар бораи падидаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ ҳангоми эҷод ва паҳнкунии моделҳо, пешбиниҳо, гипотезаҳо ва идеяҳои нав, инчунин дар бораи истифодае, ки ин донишҳо барои он буданд ё метавонанд истифода шаванд.

- ҳуқуқ ба ҳамкорӣ ва иштирок дар муколамаи илмӣ ва тадқиқотҳо, ки аз марзҳои миллӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва дигар гузаранд.

- ҳуқуқ ба эълони натиҷаҳои мусбат ва манфии илмӣ.

- ҳуқуқ ба таъсиси ҷамъиятҳо ва ассотсиатсияҳои касбии илмӣ.

- ҳуқуқ ба ҷонибдории истифодаи масъулонаи илм.

- ҳуқуқ ба истифодаи неъматҳои илм.

- ҳуқуқ ба набудани маҳрумият аз имконияти истифодаи неъматҳои илм бо сабаби табъизи ноодилона бо аломатҳои нажод, миллат, пайдоиши этникӣ, забон, ҷинс, ҳуввияти гендерӣ, қобилияти репродуктивӣ, тамоюли ҷинсӣ, синну сол, маъюбӣ, ақидаҳои сиёсӣ ё эътиқодҳои динӣ.

- ҳуқуқ ба дастрасии одилона ба иттилоот, маълумот ва дигар манбаъҳо, ки барои васеъ кардани донишҳои илмӣ, таълимӣ ва тадқиқотӣ заруранд.

- ҳуқуқ ба татбиқи донишҳои илмӣ барои таҳияҳои технологӣ ба фоидаи башарият ва сайёра.

Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти худро дар шакли дастҷамъӣ ё фардӣ амалӣ менамоянд. Субъектҳои фаъолияти дастҷамъонаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инҳо мебошанд: ташкилотҳои илмӣ; иттиҳодияҳои шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ таъсис дода мешаванд; коллективҳои муваққатии илмӣ; муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон.

Кормандони илмӣ (муҳаққиқон), муҳандисию техникӣ ва кормандони дигаре, ки бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд, инчунин олимоне, ки мустақилона фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро амалӣ менамоянд, шахсони фардии амалисозандаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мебошанд. Ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодӣ, ҳимоя аз рақобати носолим, ҳуқуқҳои баробар барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ кафолат дода мешавад. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) истифодаи дастҷамъиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки объектҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи фурӯхтан ва барои фурӯш пешниҳод намуданро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари субъектҳои дастҷамъӣ ва фардӣ амалӣ мегардонанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Иштирокчиёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие шуда метавонанд, ки ҳуқуқи иштирок карданро дар фаъолияти мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармоягузор, фармоишгар ба даст овардаанд, аз ҷумла онҳое, ки таъминоти иттилоотӣ, барномавӣ, ташкилию усулӣ ва техникии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ вазифадоранд, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро, ки ба таъмини амнияти миллӣ равона шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҳуқуқ дорад: ҷустуҷӯи илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом дода, усули таҳқиқотро дар доираи самтҳои таҳқиқоти ташкилоти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобиқи тахассуси худ интихоб намояд; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои кушод оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад; бо таклифи тарафи манфиатдор дар таҳияи самту афзалиятҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, анҷом додани ташхиси барномаву лоиҳаҳо, арзёбӣ ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии амалисозии онҳо, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок кунад; дар мувофиқа бо корфармо дар асоси озмун аз ҳисоби маблағи фондҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағ гирад; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии илмӣ иштирок кунад; дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ ба сифати роҳбари илмии (мушовири) унвонҷӯи унвони илмӣ ширкат варзад; мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии кормандони илмӣ иштирок намояд; тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҷойи кори асосӣ дар коллективҳои муваққатии илмӣ ва илмию техникӣ ва (ё) ҷои кори иловагӣ кор кунад; барои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳама намуди захира, аз ҷумла захираи моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ ва табииро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифода барад; ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад; дар мувофиқа бо корфармо дар конфронсу симпозиумҳо ва семинару маҷлисҳо, аз ҷумла чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ширкат варзад; тахассуси илмиашро такмил диҳад; аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ истифода намояд.

Корманди илмӣ (муҳаққиқ) уҳдадор аст: ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намояд; фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бе расонидани зарар ба ҳаёту саломатии одамони дигар, инчунин муҳити зист амалӣ гардонад; ташхиси барномаю лоиҳаҳо ва рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро воқеъбинона анҷом диҳад; талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд; вазифаҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.

Ба шумори ҳуқуқҳои байналмилалии эътирофшудаи инсон, ки бевосита ба манбаи пешрафти илмӣ-техникӣ, ба мисли фаъолияти эҷодии олимон ва ихтироъкорон таъсир мерасонанд, ҳуқуқ ба озодии таҳқиқоти илмӣ (human right to freedom of scientific research) ё озодии илм (scientific freedom) дохил мешавад. Озодии илмӣ барои расидан ба ҳадафҳои таҳқиқот ва пешрафти илм ва ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мазмун ва мушкилоти татбиқи ин ҳуқуқ мавзӯи таҳлили назариявии ҳуқуқҳои инсон гардида аст. Дар адабиёти хориҷӣ ин ҳуқуқ ҳамчунин дар вобастагӣ ба ҳуқуқи эътирофшудаи байналмилалии инсон ба ширкат дар пешрафти илмӣ-техникӣ ва истифодаи натиҷаҳои он (human right to enjoy the benefits of scientific progress and its applications), ки дар моддаи 15 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ соли 1966 пешбинӣ шудааст, баррасӣ мешавад. Таҷрибаи муайяни таҳқиқи ин ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ ба рушди ҳамкории байналмилалии илмӣ дар илми ватанӣ низ вуҷуд дорад, аз ҷумла таҳлили ҳуқуқи эътирофшудаи байналмилалии инсон ба ширкат дар пешрафти илмӣ-техникӣ ва истифодаи натиҷаҳои он. Гузариши кишвари мо ба рушди босуръати инноватсионӣ, ки танҳо дар асоси шиддатбахшии таҳқиқоти илмӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои он имконпазир аст, маънои баланд бардоштани аҳамияти таҳқиқи ҳуқуқи байналмилалии эътирофшудаи инсон ба озодии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи онро дар қонунгузории миллӣ дорад, ки на танҳо онро мустаҳкам мекунад, балки мазмуни онро муфассал месозад. Бе ин муфассалсозӣ эҷоди механизми татбиқи амалии ин ҳуқуқ душвор аст.

Ҳуқуқ ба озодии таҳқиқоти илмӣ ё озодии илм яке аз воситаҳои идеали шахси озод мебошад, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башари соли 1948 эълон шудааст. Ин ҳуқуқ дар манбаъҳои нарми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ мешавад. Дар банди 8 Рӯзномаи рӯз дар соҳаи илм – Чорабиниҳои амалӣ, ки низоми принсипҳои роҳнамойи фаъолият ва воситаҳои расидан ба ҳадафҳои Эъломия оид ба илм ва истифодаи донишҳои илмӣ (Будапешт, 1999) мебошад, гуфта мешавад, ки гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бояд ба чорабиниҳои ҳуқуқии мувофиқ такя кунад. Дар ин ҷо таъкид ба аҳамияти озодии ифодаи ақидаҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои зеҳнӣ меравад. Дар банди 2 Хулосаи № 251 (2004) «Дар бораи лоиҳаи суратмаҷлиси иловагӣ оид ба таҳқиқотҳои биотиббӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои инсон ва биотиб» Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо дарҷ намудааст, ки «озодии фаъолияти таҳқиқотӣ барои пешрафти илм зарур аст. Он қисми озодии андеша ва озодии сухан аст ва аз ин рӯ, бояд ба категорияи ҳуқуқҳои инсон дохил шавад». ЮНЕСКО дар банди 8 Тавсияҳои соли 1974 оид ба мақоми кормандони илмию таҳқиқотӣ ба давлатҳои узв тавсия медиҳад, ки дар раванди таҳияи сиёсати миллӣ дар соҳаи рушди илм ва техника ба назар гиранд, ки «фаъолияти эҷодии кормандони илмию таҳқиқотӣ бояд бо сиёсати миллӣ дар соҳаи илм дар асоси риояи қатъии мустақилият ва озодии таҳқиқот, ки барои пешрафти илмӣ зарур аст, ҳавасманд карда шавад». Дар банди 8 Эъломияи Венетсияи ЮНЕСКО соли 2009 дар бораи ҳуқуқи инсон ба ширкат дар пешрафти илмӣ ва гирифтани фоида аз он таъкид мешавад, ки озодии таҳқиқот унсури ҳаётан муҳим барои раванди рушди илм дар маънои васеътарини он аст. Хусусияти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ҳуқуқи инсон ба озодии таҳқиқотро мустаҳкам мекунад, номуайян будани муқаррарот марбут ба мазмуни меъёрии ҳуқуқҳои дар он пешбинишуда мебошад. Бо эътибори баландтарин шарҳҳои Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фарқ мекунанд, ки ба шакли шарҳҳо (general comments) ва изҳоротҳо (statements) мебошанд. Дар онҳо таҳлили мазмуни меъёрии ҳуқуқҳои гуногун ва хусусияти уҳдадориҳои ҳуқуқи байналмилалии давлатҳо гузаронида мешавад. Аммо бояд қайд кард, ки Кумита ҳанӯз шарҳе таҳия накардааст, ки ба ҳуқуқ ба озодии таҳқиқоти илмӣ, ки дар банди 3 моддаи 15 Паймон пешбинӣ шуда, дахл дорад. Ҳамзамон, бояд вуҷуди корҳои илмии махсус, ки дар онҳо таҳлили муфассали ин ҳуқуқ гузаронида шудаанд, набудани чунин шарҳҳо қайд мегардад. Дар солҳои охир созмонҳои байналмилалӣ ва илми ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳуқуқи инсон ба ширкат дар пешрафти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои он, ки дар банди 1 (b) моддаи 15 Паймон пешбинӣ шудааст (дар шакли кӯтоҳ – ҳуқуқ ба илм) таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин ҷанбаи таҳлили муқоисавии ҳуқуқӣ байни озодии илм ва ҳуқуқ ба илм гардид. Рӯйдоди муҳимтарин барои пешбурди фаҳмиши мазмуни меъёрии ҳуқуқ ба озодии таҳқиқоти илмӣ таҳлили ғайримустақими ин ҳуқуқ дар Гузориши Маърӯзачии махсус оид ба гуногунрангии фарҳангӣ дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон «Ҳуқуқ ба истифодаи фоидаҳои пешрафти илмӣ ва татбиқи амалии он» соли 2011 гардид. Дар банди 39 ҳуҷҷат шарҳ дода мешавад, ки озодии таҳқиқоти илмӣ кафолати онро дар назар дорад, ки ташаббусҳои илмӣ аз дахолати сиёсӣ ва дигар дахолатҳо озод буда, ҳамзамон стандартҳои баландтарини ахлоқии фаъолияти касбии муҳаққиқон таъмин карда мешаванд.

Ҳар ҳуқуқи эътирофшудаи байналмилалии инсон уҳдадориҳои мувофиқи байналмилалии давлатҳоро ба вуҷуд меорад, ки ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: эҳтиром (to respect), ҳифз (to protect) ва амалӣ намудан (to fulfil). Азбаски ҳамкории байналмилалии илмӣ-техникӣ хусусияти институтсионалӣ дорад, метавон дар бораи уҳдадориҳои мувофиқи ҳуқуқии созмонҳои байналмилалӣ сухан ронд. Уҳдадории аввал аз дахолат ба татбиқи ҳуқуқ худдорӣ карданро дар назар дорад; дуюмин барои ҳифз аз ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шахсони сеюм равона шудааст. Ва ниҳоят, охирин мусоидати фаъолро бо чораҳои гуногуни молиявӣ ва ташкилӣ дар назар дорад. Гарчанде ин уҳдадориҳо нисбат ба ҳуқуқи баррасишуда ҳанӯз шарҳи расмии Кумитаро наёфтаанд, давлатҳо чораҳои гуногуни қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ барои татбиқи муқаррароти моддаи 15 Паймонро қабул мекунанд.

Дар сатҳи миллӣ ҳуқуқи байналмилалии эътирофшудаи инсон ба фаъолияти илмӣ ҳамчун яке аз принсипҳои қонунгузории миллӣ дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсияҳо, инчунин сиёсати давлатии илм баромад мекунад. Дар Тоҷикистон заминаи принсипиалии он – озодии таҳқиқоти илмӣ - ҳамчун инъикоси танзим дар қонунгузории миллӣ рушд ёфтааст. Ин имкон медиҳад, ки дар бораи эътирофи аҳамияти озодии таҳқиқоти илмӣ на танҳо дар сатҳи байналмилалӣ, балки миллӣ сухан ронем. Дар маҷмӯъ, озодии фаъолияти илмӣ, аз ҷумла эҷоди илмӣ ва техникӣ на танҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ мустаҳкам шудааст, балки дасти конститутсионӣ дарҷ гардидааст, ки қисми 1 моддаи 40 Конститутсияи ҶТ далели ин гуфтаҳост. Принсипи танзими муносибатҳо дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ифодакунандаи эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон ба озодии таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ мебошад. Дар байни кафолатҳои таъминкардаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ аввалин кафолати озодии эҷодии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аст, ки ҳуқуқи интихоби самтҳо ва усулҳои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавӣ-конструкториро дар назар дорад. Ҳамаи кафолатҳои пешбинишудаи ҳуқуқӣ шароити заруриро барои татбиқи пурра ва самараноки ҳуқуқ ба фаъолияти илмӣ ташкил медиҳанд. Уҳдадории давлат барои эҳтиром ва риояи озодии эҷоди илмӣ иникоскунандаи уҳдадории махсуси дахолат накардан ба раванди фаъолияти илмӣ дар баробари кафолати самаранокии татбиқи онро дар назар дорад. Муҳимияти ҳуқуқи конститутсионии инсон ба фаъолияти илмӣ дар он аст, ки он на танҳо шароит барои татбиқи ин ҳуқуқ аз ҷониби ҳар як муҳаққиқро бавуҷуд меорад, балки иттилоот дар бораи мазмуни меъёрӣ ва сохтори ин ҳуқуқро пурра мекунад.

Хулоса ҳуқуқи конститутсионии инсон ба фаъолияти илмӣ ҳамчун ҳуқуқи мустақили зеҳнӣ ва эҷодӣ озодии ширкат дар эҷод ва истифодаи дастовардҳоро кафолат медиҳад. Ин ҳуқуқ калиди рушди устувор ва инноватсионии кишвар буда, татбиқи он боиси рушду нумӯи илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мегардад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор