Skip to main content

Дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дастури президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ибтикору иқдоми роҳбарияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар санаи 10 декабри соли 2024 кумаки хайриявӣ ба 275 дастпарвари мактаб-интернати ҷумҳурияви низомаш махсуси Ҳисор расонида шуд.

Маводи кумаки хайриявӣ аз ҷониби директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва директори Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ Мирсаидзода Илҳом ба маъмурияти мактаб-интернат супорида шуд.

Бояд гуфт, ки муассисаҳои таҳқиқоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт чунин иқдомро идома хоҳанд дод.