(эссе)
Дуруд ба Шумо модарҷони ширину ғамгусорам, эй олиҳаи умри зебои инсонӣ, эй сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, дар ин рӯз шуморо васфу ситоиш дорам, аммо зебоӣ, доноӣ ва шабзиндадории шуморо қудрати пурра баён кардан надорам, зеро Шумо аз ҳам тавсифҳо болотаред. Ай фариштаи осмонии рӯзгор, соҳиби дару девори зиндагию диёр ва нахустин устоди аҳли башар, шуморо ҳамеша парастиш дорам ва ситоишиатонро то ба сурайё ба гӯши малаку фалак мебарам ва медонам ин ҳам бароятон модарҷон кам аст.
Имрӯз Рӯзи модарон, ҷашни хоҳарон, иди дилбарон аст ва дар ин рӯз ҳама ҷавонмардони кишварамон ба истиқболи Рӯзи модарон камари ҳиммат баста, бо гулу гулдастаҳо онҳоро шодбош мегӯянд, ки ин ифтихору имтиҳони фарзандии мост.
Медонам, модарҷон ин ҷашн барои миллати мо хеле бузргу муқаддас аст, ки Рӯзи модарон бо омад – омади ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар пайвандӣ таҷлил мегардад, шояд ин барои мо фоли нек бошад. Хурсандиовар аст, ки дар ин айём иззату эҳтиром ва посдории макому манзалати модарон чун ҳамеша, боз дучанд мегардад.
Модарҷон, афсус мехӯрам ва медонам, ки шумо дигар ба салому садои ларзони ман ҷавоб намегардонед, вале ман ҳамеша бо умед бароятон дуову дуруд мефиристам, ки дилам таскин ёфта бошад. Очаҷон, то ҳанӯз садои гарму ширин ва умеду орзуҳоятро ба гӯш дорам. Худоё, кош модарҷонам садои қалби мани танҳоро мешунид ва медид, ки чӣ гуна дили нозуку маҷрӯҳ дорам. Вале афсус, ки ин номумкин аст. Агар модарҷонам мебуданд , ман дигар танҳоии марди танҳоро ҳис намекардам ва шояд сирри нуҳуфтаи диламро каме ҳам кушода метавонистам. Аммо афсус…
Модарҷони азиз, Шумо дар кӯҷоед, ки мо ҳама имрӯз бузург гаштаем, фарзандонамон ҳам бузург шудаанд. Аммо ман барои Шумо чуноне, ки будам, ҳамонам. Бе муболиға бо ҳамон хислатҳои пешина, маро мешиносанд. Шумо дуруст мегуфтед, ки «ман бо ин хислату андеша ба куҷо мерафта бошам, ки дили хеле кӯдакона дорам». Худоё, кош Шумо лаҳзае омада медидед, ки чӣ гуна мӯйҳои марғулаи сипсиёҳам ранги сафеди барфӣ гирифтаанд. Дастону бозувону шонаҳои паҳлавониям шакли дигар доранд, чӣ илоҷ , инсон бо мурури замон тағйир меёфтааст. Аммо меҳри Шумо модари азизам, дар қалбам ҷовидонӣ боқӣ ва бетағйир мондааст. Ҳанӯз ҳам, модарҷон, шуморо ёд мекунам ва дӯст медорам, мисли тифли кӯчаке, ки аз навозишҳои модар ҳеҷ серӣ надорад.
Ёд дорам, модарҷон замоне, ки қиблагоҳамба ҳавлиамон ворид мегаштанд, аввалин суханашон «Модарат куҷост?» буд. Чунин дӯстдориҳо дар дунё хеле кам, вале дили саршори пӯр аз меҳру муҳаббатро ба ҳок бурдан ҳайф ҳам будааст.
Чӣ илоҷ, дӯст доштан ҳам замоне ба поён мерасидаст, аммо ин барои Модар нест, ситоиши Модар бароям ҳамеша кам аст.
Модарчон, оё медонӣ дар мулки мо баҳор омадааст ва
умри мо низ ба ҷойе расидааст, вале то ҳол ашкҳо аз дидаҳоям барои Шумо, нахушкидаанд. Аҷабо, модарҷон, ин чӣ шукуҳу шаҳомот, ва чӣ бузургвориест, ки ҳатто дар вақти васф намуданат дидагонам пур зи ашку қаламам гӯётар мешавад. Вале васфи ширинии меҳру муҳаббати шуморо очаҷон, аз ҳама баланду боло медонаму мехонам, ки ин ҳам бароям хеле кам аст.
Худоё, ман намедонам ва тасаввур карда наметавонам, ки аз модари ғамгусор дар дунё ширинтар касе бошад? Не, не. Харгиз! Модар чунон бузургест, ки «ба як даст гавҳораро меҷунбонаду бо дасти дигар ҷаҳонро такон медиҳад». Ин аст, ки ӯро саодати рӯзгор ва фариштае аз фариштаҳо болотару волотар медонам.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ин рӯзи саиди пурифтихорро ба ҳама модарон ба мардуми шарифи кишварамон таҳнияту шодбош мегӯям.
Муҳаммад Абдураҳмон - узви вобастаи АМИТ, профессор
22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд.
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъин карда шуданд. Сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Панҷакент, Гулистон, Конибодом, Левакант, ноҳияҳои Муминобод, Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон, Балҷувон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Ванҷ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуда, ба онҳо доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу тартибот, волоияти қонун ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар асоси савганди садоқати худ ва қонунгузории кишвар дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ба одоби муошират бо мардум, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ ва истифодаи техникаю технологияҳои муосири иттилооотӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, назорати татбиқи ҳамаҷонибаи талаботи нави қонунгузорӣ дар истифодаи дурусти неруи барқ, аз раванди таълиму тарбия дур намондани насли наврас ва ба хусус ба тарбия ва забономӯзии кадрҳои ҷавон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Имрӯз, 21 апрел бо ташаббуси Маркази меросии хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоб баргузор гардид. Дар баргузории маҳфил китоби тозанашри доктор Соҳибназар Муродӣ “Тоҷикони Хуросон: таърих фарҳанг ва сарнавишт” рӯнамоӣ карда шуд.
Ба кори маҳфил саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои маҳфилро ба ҳозирин фаҳмонида сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.
Зимни баромади хеш президенти Аккадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки китоби доктор Соҳибназар Муродӣ “Тоҷикони Хуросон: таърих, фарҳанг ва сарнавишт”, ки дар дар се ҷилд аз тарафи интишороти “Бадахшон” ба нашр расидааст, самимона табрик мегӯям.
Гуфта шуд, ки нашри ҳама гуна натиҷаи таҳқиқоти илмии вобаста ба таърих, фарҳанг ва сарнавишти таърихии тоҷикон воқеаи бисёр муҳимми илмию фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ ба хотири таҳкими истиқлолияти кишвари соҳибистиқлоли мо, боло бурдани сатҳи маънавиёти қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Таъкид гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи таҳқиқи таърихи пурифтихор ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷик корҳои зиёдро анҷом додааст ва дар оянда анҷом хоҳад дод. Тибқи Нақша - чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобҳои бунёдӣ дар соҳаи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба нашр мерасанд.
Бешубҳа, ҳама гуна таҳқиқот дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар кадом кишваре, ки таҳия ва нашр нашуда бошад, бояд муаррифӣ ва нақд шавад, тақризҳо шаванд, то аҳли илму дониш иттилои бештаре пайдо намоянд. Боиси хурсандист, ки мо имрӯз чунин як китоби сеҷилдаи калоҳаҷмро дар бораи таърихи тоҷикони Хуросон - ро муаррифӣ мекунем.
Бояд гуфт, ки китоби “Тоҷикони Хуросон” китоби ҷомеъ ва аз назари хронологӣ аз замонҳои қадим то ба имрӯзро дар бар мегирад. Китоб дар маҷмуъ аз 15 фасл иборат аст ва тамоми паҳлуҳои зиндагии тоҷиконро дар бар гирифтааст. Хонандаи ин асар аз таърих, ҷуғрофиё, забон, адабиёт, фарҳанг, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, тарзи давлатдорӣ ва тамаддунофарии тоҷикон, мушкилоти тоҷикон дар тӯли таърих ва садҳо масъалаи дигари ҳаёти тоҷикон огоҳӣ меёбад. Дар китоб муаллиф аз манобеи хеле зиёд, адабиёти таҳқиқӣ ба забонҳои гуногун истифода намудааст, ки бешубҳа, арзиши китобро боло бурдааст.
Дар идомаи маҳфил як зумра олимону муҳаққиқон оид ба китоби тозанашр ибрози ақида намуда, ҷонибдорӣ намуданд.
Имрӯз, 21 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии рангини фарҳанги бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва дигар олимону кормандон баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинии фарҳангӣ роҳбарият ва меҳмонон аз гушаи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби масъулини муассисаҳои илмӣ таҳқиқотӣ ороста гардида буд боздид намуданд.
Дар идома ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо суруду таронаҳои ҷаззоби хеш ба фазои идонаи Рӯзи пойтахт дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни дигар бахшиданд.
Имрӯз, 21 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Душанбе-сарзамини тахти воло” баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе табрику таҳният хонда, иброз намуд, ки имрӯз Душанбе, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба як маркази бузурги илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмии миқёси байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Омилҳое, ки ба ин мусоидат намудаанд, қабл аз ҳама, бо фаъолияти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонии пойтахти кишвар ва кулли Тоҷикистон алоқаманданд. Ҳамзамон, фаъолияти роҳбарияти худи шаҳр низ тайи чанд соли охир барои рушди пойтахт имкониятҳои заруриро барои банақшагирӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ тақвият бахшидааст.
Гуфта шуд, ки марказҳои бузургтарини илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва филиалҳои ин гуна муассисаҳо аз кишварҳои хориҷӣ маҳз дар пойтахт ҷойгир буда, ҳамаи онҳо дорои кадрҳо ва инфрасохтори зарурӣ барои баргузории симпозиум, конфронсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ мебошанд.
Дар баробари ин, шаҳри Душанбе имрӯз инфрасохтори рушдёбанда дошта, толорҳои нави муосир барои конференсияҳо ва меҳмонхонаҳо барои ширкаткунандагони онҳо рӯз ба рӯз ташкилкунандагони чорабиниҳои илмии байналмилалию ҷумҳуриявиро бештар ҷалб месозад. Инчунин, пайваста тақвият ёфтани имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои байналмилалии алоқа ва рушди нақлиёти ҳавоӣ шаҳри Душанберо барои баргузории чорабиниҳое, ки олимонро аз кишварҳои гуногун ҷамъ меоранд, ба майдони муносиби ташкили чорабиниҳои илмӣ табдил додаанд.
Сипас, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо доир ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе ва заҳмату талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, зимнан аз сиёсати ҷавонпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки имрӯз зери зиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташабусҳои ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар маҷмуъ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.
Дар идомаи ҳамоиш олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар маърузаҳои хеш аз таърихи пайдоиш ва рушду пешрафти шаҳри Душанбе дар замони муосир сухан гуфтанд.
Тавре иттилоъ дорем дар таърихи 15.04.2025 соати 23:14:03.0 бо вақти ҷаҳонӣ ва 16.04.2025 соати 04:14:03.0 бо вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ ба амал омад, ки мутобиқи додаҳои пойгоҳҳои сейсмикии Роғун ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон (координат 36.56 N 70.17 E) бо магнитудаи 6,0 дар жарфи 102 км рух дод.
Пас аз ба вуқӯъ пайвастани зилзила дар водии Рашт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди махсус барои бартараф намудани оқибатҳои заминларза таъсис дода шуд. Дар заминаи ин бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайати комиссияи мазкур роҳбарияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ворид гардид, ки дар доираи ин масъулин ба минтақаи Рашт сафарбар гардида, аз мавзеи бавуқӯъ пайвастаи заминлараза дидан намуданд.
Имрӯз, 19 апрел дар доираи ин зимни машварати корӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ҳайати олимону кормандон масъалаи оқибатҳои заминларза дар водии Раштро натиҷагирӣ намуданд. Дар оғоз директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода доир ба вақт ва макони ба вуқӯъ пайвастаи заминларза ва оқибатҳои ногувори он ҳисоботи муфассал ироа намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба беҳтар намудани фаъолияти пойгоҳҳои сейсмологӣ ва саривақт додани маълумот доир ба заминларза ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Маълумотномаи пешакии мухтасар дар бораи заминҷунбии 19.04.2025 с., дар худуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон
Имрӯз, 19 апрел соати 06:47:56.0 бо вақти гринвич ва соати 11:47:56.0 бо вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ ба амал омад, ки мутобиқи додаҳои пойгоҳҳои сейсмикии Роғун ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо магнитудаи 5,9 дар жарфи 96 км рух дод. Дар шаҳри Душанбе 3-3,5 баллро ташкил дод. Маркази заминҷунбӣ аз шаҳри Душанбе ба самти ҷанубу шарқ дар масофаи 334 км, аз рӯи додаҳои Институт, 339 км GEOFON ва аз маркази шаҳри Хоруғ бошад аз рӯи додаҳои Институт дар масофаи 109 км, GEOFON 143 км ва аз НОБ-и Роғун аз рӯи додаҳои Институт дар масофаи 283 км, GEOFON 300 км ҷойгир мебошад.
Аз рӯи маълумоти ба дастомада, заминҷунбӣ ҳудуди Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистонро такон додааст. Инчунин бо истифода аз шабакаҳои сейсмикии ҷаҳонӣ маълумот гирд оварда шуд ва дар маълумотномаи мазкур координатаҳои маркази заминҷунбии рухдода, бо аксҳо нишон дода шудааст.
Мувофиқи маълумоти ба даст омада, дар натиҷаи рух додани ин офати табиӣ дар ҳудуди Ҷумуҳрии Тоҷикистон ягон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БА 300 НАФАР ШАХСОНИ ДОРОИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУДИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Мавриди зикри хос аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳояшон маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳо аз сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Имрӯз, 18 апрел дар пайравӣ аз ин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 300 нафар шахсони дорои имконияташон маҳдуди ноҳияи Данғара кумак расонида шуд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ гардида, бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд.
Дар идома муовини раиси ноҳияи Данғара, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, сардори раёсати магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ, мудири кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати АМИТ Саидзода Ҳалимҷон доир ба дастгириву иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон ва наврасони дорои имконияташон маҳдуд ва доир ба иқдоми навбатии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуданд.
Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги
Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамтоёни худ ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 80-солагии Ғалаба самимона табрик намуда, таҷлили ин санаро аз анъанаҳои муҳими таърихии кишварҳои Иттиҳод, намунаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи муштараки сулҳ дар саросари олам номиданд. Зикр карда шуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд. Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардиданд. Тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд. Дар фарҷом, ба иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиш дода шуд.
@RustamEmomali
