Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад». Эмомалӣ Раҳмон
Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар як модари барои фарзанд гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.
Модар офарандаи ҳаёту мамот буда аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмондана нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.
Дар ҳамаи суханрониҳо ва паёмҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бузургии занону модаронро ситоиш намуда, таъкид месозанд, ки нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия ва ба воя расонидани фарзандон, омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир мебошад.
Зан-модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ аст. Аз қадимул айём аҷдодони мо ба ин мавҷуди муқаддас арҷ мегузоштанд ва мақому манзалати ӯро гиромӣ медоштанд. Зеро маҳз модар аст, ки бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва дуои некаш ояндаи миллатро месозад.
Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст.
Дар охир мехоҳам таманиётҳои неки худро баҳри тамоми модарони азизу меҳрубони кулли Тоҷикистон расонида, ба муносибати ҷашни “Рӯзи Модарон” табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, умри дарози бобаракат, хонаи обод, офтоби дурахшон, оромиш дар хонавода ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигузор ҳамеша модарони ба ҷону дил баробари мо тансиҳат бошанд ва ҳеҷ гоҳ қоматашон хам нагардад.
Бобоев К.О – доктор фалсафа (PhD), Мудири шуъбаи бехатарӣ ва
амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ
