Skip to main content

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии ёддошт васеъ намудан ва инкишоф додани ҳамкории мутақобили судманди муассисаҳои илмии ҷонибҳо ва мусоидат ба пешрафти илмию техникӣ мебошад.

Дар доираи ин санад ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва нашрияҳо, ташкили таҳқиқот ва таҷрибаҳои мутақобил, ташкили конфронсҳои муштарак, машваратҳо ва симпозиумҳо дар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, мубодилаи донишҷӯён, кормандони ҷавони илмӣ ва омӯзгорон барои иштирок дар фаъолияти гуногуни таҳқиқотӣ, дастгирии озмоишгоҳҳои муштарак, пойгоҳҳои илмӣ ва марказҳои илмӣ ба мувофиқа расиданд.

Дар асоси ёддошт ҷонибҳо дар ҳамаи соҳаҳои илм, ҳам таҳқиқоти бунёдӣ ва ҳам амалӣ ҳамкорӣ менамоянд. Он соҳаҳои табиатшиносӣ, муҳандисӣ ва илмҳои ҳаётро дар бар гирифта, бо онҳо маҳдуд намешавад.

Ёддошти тафоҳум бо роҳи муттаҳид кардани кӯшишҳои муҳаққиқони ҳарду ҷониб дар мубодилаи дастовардҳои илмӣ татбиқ карда мешавад.

Тарафҳо ҳамкории илмию техникиро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва нафъи тарафайн мувофиқи қонунгузории худ амалӣ мегардонанд.

Ёддошти тафоҳум ба муҳлати панҷ сол ба имзо расонида шудааст.