Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Масъалаи мазкур доимо дар мади назари сарвари давлат қарор дошт чунки обшавии босуръати пиряхҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, нигаронкунанда буда, он сарнавишти миллионҳо нафарро дар Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ муайян мекунад чунки тақдири онҳо аз як тараф аз вазъи захираҳои барф, пиряхҳо ва боришот дар кӯҳҳои Тоҷикистон вобаста аст. Ин масъалаҳо доим дар баромадҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, борҳо қайд карда шудаанд. Маҳз ба шарофат ва ташаббусҳои сарвари давлати тоҷикон 27 марти соли 2018 Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" таъсис дода шуда буд.
Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳо, ин Марказ бо кормандони илмӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои коркарди маҷмӯи калони маълумот, ки барои таҳлили вазъи пиряхҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ва омӯзиши вазъи иқлим дар Тоҷикистон заруранд, муҷаҳҳаз гардид.
Дар баробари омӯзиши ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар назди Маркази таъсисдодашуда инчунин вазифаи тартиб додани Атлас ва Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон буд, зеро рақамҳо дар бораи шумораи пиряхҳои Тоҷикистон баҳсбарангезанд. Шумораи пиряхҳое, ки дар Каталоги пиряхҳои ИҶШС номбар шудаанд, метавонанд аз сабаби норасогии андозагириҳои пешин саҳеҳ ва боэътимод нестанд.
Айни замон, дар баробари дигар дастоварҳои Маркази номбурда, Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, барои 13 ҳавзаҳои дарёҳои асосии Тоҷикистон омода гардида, барои истифодабарии минбаъда пешниҳод карда мешавад. Дар навбат коркарди Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон истодааст, ки айни замон қисматҳои алоҳидаи он таҳия гардидаанд.
Боиси сарфарозии мост, ки заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Марказро ба эътибор гирифта, Асосгузори сллҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Ҳамзамон ба ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти илмӣ ва амалии худро дар самти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера густариш дода, дастовардҳояшонро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.
Ташаббуси мазкур давоми иқдомҳои пайгиронаи сарвари давлати тоҷикон оид ба қабул гардидани Қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар робита бо ба эълон гардидани «Соли 2025 чун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 чун «Даҳсолаи илмҳои криосфера» буд ки тавассути онҳо, номи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта шуд.
Чун давоми қабул гардидани ташаббусҳои навбатии, 12 декабри солли 2025 Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) зимни анҷоми иҷлосияи ҳафтум дар қароргоҳи ЮНЕП – дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения қатъномаро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул намуд.
Қатъномаи мазкур аз ҳама давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳоашонро дар самти андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд.
Сафаров М. Шомаҳмадов А. Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
