09 декабри соли равон дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баргузории ҷаласа як қатор масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни баромад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт афзуд, ки мо бояд, дар омоданамоии кадрҳои баландихтисоси илмии кишвар кушиш ба харҷ дода, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои илмии давлатҳои дӯсту шарики кишвари азизамон Тоҷикистон равобитҳоро ҷоннок ба роҳ монем. Дар доираи ин олимони ҷавонро дастгирии ҳамаҷониба намуда, барои дар пешбурд ва рушди илми тоҷик саҳми арзандаи хешро гузорем.
Ҳамзамон барои олимону муҳақиқони ҷавон шароити хуби корӣ омода намуда, дар тамоми ниҳодҳои илмӣ – таҳқиқотӣ шароит барои қабули олимону муҳаққиқони хориҷи кишвар фароҳам оварда, омӯзиши забонҳои хориҷиро байни олимону кормандон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан лозим меояд.
Таъкид гардид, ки олимони соҳибмактаби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бояд дар тайёр намудани кадрҳои баланди илмӣ бисёр ҷиддӣ ва серталаб бошанд, то ки онҳоро дар сатҳи баланди илмӣ тайёр намуда, барои дар бозори меҳнат мавқеъ ёфтанашон ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ роҳнамоӣ намоянд.
Дар идомаи ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт иҷро намудани соҳаҳои иҷтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 - 2025” суханронӣ намуда, ба роҳбарияти ниҳодҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастурҳои мушаххас доданд.
ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯИ АМИТ
Имрӯз, 10 апрел Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овард.
Қабл аз оғози ҳамоиши илмӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҳамроҳ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов бо мақсади гиромидошти хотираи академик Қаниш Сетбаев ва арҷгузорӣ ба саҳми ӯ дар рушди илми геологияи тоҷик дар назди лавҳаи ёдгории ӯ гулчанбар гузоштанд.
Сипас, дар доираи сафари мазкур дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки саҳми академик Қаниш Сетбаев дар рушди илми геологияи тоҷик, таҳкими пояҳои мактаби геологии миллӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа басо назаррас мебошад. Зикр гардид, ки осори илмии ин шахсияти барҷастаи илми геология то имрӯз дар таҳқиқотҳои муосири геологӣ ҳамчун манбаи муҳими илмӣ истифода бурда мешавад.
Дар идома Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов қайд намуд, ки ҳамкориҳои илмӣ ва техникии миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар самти илмҳои геология, сейсмология ва омӯзиши равандҳои геодинамикӣ, дорои дурнамои васеъ мебошанд. Таъкид гардид, ки мероси илмии академик Қаниш Сетбаев барои рушди мактаби муосири геология дар минтақа аҳамияти бузург дошта, имрӯз низ ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти илмӣ хизмат мекунад.
Ҳамзамон меҳмонон аз музей ва Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо дастовардҳои илмӣ, таҷҳизоти муосири назоратӣ ва фаъолияти шабонарӯзии марказ дар самти омӯзиш ва сабти ларзишҳои сейсмикӣ шинос гардиданд.
Дар ҷараёни шиносоӣ ба меҳмонон маълумот оид ба низоми мониторинги сейсмикӣ, имкониятҳои техникии марказ, инчунин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти пешгӯии хавфҳои зилзила ва таҳлили равандҳои геодинамикӣ пешниҳод карда шуд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз, 9 апрел бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар кормандону собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ меҳмонон аз хони наврӯзии Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дидан намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва расму ойинҳои аҷдодии тоҷикон шинос гардиданд.
Дар ин чорабинии идона масъулини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо оростани хони наврӯзӣ фаъолона иштирок намуда, суннату анъанаҳои миллиро ба таври шоиста муаррифӣ карданд. Хони оросташуда бо таомҳои миллӣ, шириниҳо ва рамзҳои хоси Наврӯз зебу зинат дода шуда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Имрӯз, 8 апрел ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бостонӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди наслҳо аҳамияти бузурги фарҳангиву маънавӣ дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар шароити муосир илм ва фарҳанг ҳамчун ду рукни асосии рушди ҷомеа ба ҳам зич алоқаманд буда, баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Инчунин, иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои илмии институт дидан намуда, бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқон аз наздик шинос гардиданд. Чорабинӣ дар фазои идона ва руҳбаландкунанда баргузор гардида, ба ҳозирин ҳисси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва арзишҳои аҷдодиро бештар намуд.
Имрӯз, 8 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи Оксфорд баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарият, ноиби президент ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва аз ҳайати Донишгоҳи Оксфорд мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ, аз ҷумла профессор Эдмунд Ҳерзинг, доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бет-Мовсес иштирок намуданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷриба миёни олимон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва иҷрои лоиҳаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ, таҳқиқи мероси фарҳангӣ ва рушди равобити академӣ метавонанд ба манфиати ҳар ду ҷониб хизмат намоянд.
Дар мулоқот ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби магистрантон ва докторантон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҷалби ҷавонони болаёқат ба барномаҳои магистратура ва докторантура, ташкили табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак метавонад ба рушди минбаъдаи илму маориф ва тақвияти иқтидори зеҳнии ҷомеа мусоидат намояд.
Инчунин, ҷонибҳо барои дар оянда баргузор намудани конфронсҳо ва семинарҳои муштараки илмӣ ба мувофиқа расида, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо метавонанд барои табодули дониш, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва густариши ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Қайд гардид, ки баргузории мунтазами чунин ҳамоишҳо ба таҳкими робитаҳои академӣ ва рушди муҳити илмии ҳар ду ҷониб мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз, 6 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030), “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” (солҳои 2025-2034), эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид намуд, ки баргузории «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар шароити муосир аҳамияти муҳимро касб менамояд. Гуфта шуд, ки илми академӣ ҳамчун заминаи боэътимоди рушди устувори давлат ва ҷомеа баромад намуда, дар татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ, пешбурди иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар нақши калидӣ дорад.
Таъкид гардид, ки дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имрӯз олимони тоҷик метавонанд дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи дастовардҳои илми муосир яке аз омилҳои асосии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, ҷалби неруи зеҳнии ҷавонон ба илм, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар муддати ду ҳафта идома ёфта, дар доираи он баргузории конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои гирд, намоишҳои дастовардҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин чорабиниҳо олимон, магистрантон ва докторантон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти хешро муаррифӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки ин раванд барои рушди тафаккури илмӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни насли гуногуни муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома олимону муҳаққиқон дар баромадҳои хеш оид ба натиҷаҳои илмии бадастовардаашон дар самтҳои гуногуни таҳқиқот, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, технологияҳои муосир, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Таҷлили тантанавии ҷашни Наврӯз дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ
Бо фарорасии баҳори нозанин ва эҳёи табиат, санаи 4-уми апрели соли 2026 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми кормандонро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба кормандон ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар фаъолияташон муваффақиятҳои некро таманно намуд.
Бояд гуфт, ки устодон ва кормандони Институт дар ҷашни наврӯзӣ фаъолона иштирок намуданд ва дар он фазои идонаву рӯҳияи баланди миллӣ ҳукмфармо гардид.
Барномаи фарҳангӣ аз намоиши анъанаҳои миллӣ, сурудҳои дилнишин ва рақсу бозӣ иборат буд. Ҳамзамон, дастархони наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ороста гардида, меҳмонон аз он баҳравар шуданд.
Роҳбарияти Институт ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба ҳамаи онҳо саломатӣ, саодатмандӣ ва дастовардҳои навро таманно намуд.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ
Санаи 2-уми апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурғановатарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пирӯзии некиву рӯшноӣ бар бадиву торикӣ мебошад. Мавсуф зикр намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардумон пазируфта шудааст.
Сипас, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашни покизагӣ, дӯстӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони соҳаи илм низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.
Дар ин айём табиат эҳё гардида, замин қабои сабз ба бар мекунад ва инсон бо рӯҳияи нав ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз бо суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, шукӯҳи хоса дорад.
Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», зебу зинат дода шуда, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.Дар чорабинии идона олимону кормандон ва меҳмонон фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва меҳмонони гиромӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории чорабинии наврӯзӣ, иштироки фаъолона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Институт сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардид.
