РАВШАНИ ЗИНДАГӢ
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола «Рӯзи дониш» ҳамчун иди илму маърифат ва дониш таљлил карда мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки дар ҷаҳони муосир илм ва дониш ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти ҷомеа аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Эҳтироми бузурги давлату Ҳукумат ба сулҳу субот, суботи сиёсии ҷомеа, мақоми илму маориф, меҳнати пурмашаққати омӯзгорон ва талошҳои хонандагону мактаббачагон - насли ояндаи миллат, шаҳодати равшани ин гуфтаҳо мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибитикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳо бо китобхонаҳои электронӣ ва шароити мусоид барои таҳсил таъсис дода мешавад. Дар арафаи Рўзи дониш ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон далели гуфтаҳои боло мебошад.
Таъсиси чунин як маркази таълимӣ барои таъмини идоракунии самтҳои мухталиф, ҳамгироии самтҳои гуногуни фаъолият ва муосирсозии раванди таълим дар донишгоҳи мазкур нақши муҳим хоҳад гузошт.
Арзиши дониш ва нақши он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим арзёбї гардида, дониш заминаи асосии рушд, пешрафт ва зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир махзани илму маърифат ва технология калиди муваффақияти шахс ва давлат ба шумор рафта, дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба фармудаҳои бузургони миллати тоҷик, донишро ҳамчун «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» арзёбӣ намуданд.
Маориф ва сулҳ - ду пояи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, сулҳ ва ваҳдати миллӣ асоси ҳаёти осоишта ва шарти пешрафти ҳама соҳаҳо, бахусус илм ва маориф мебошад. Тарбияи насли наврас дар руҳияи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Талқини маърифати сулҳпарварӣ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд.
Ҷустуҷӯи роҳҳои такмили сифати таҳсилот, таъсиси стандартҳои нав, таҷдиди Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ бо ҷалби олимони соҳибтахассус амри зарурӣ шуморида шуда, дар ин замина яке аз масъалаҳои муҳими зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар умум соҳаи маориф таълифи китобҳои дарсии насли нав арзёбӣ мегардад.
Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳияи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронидани онҳо, масъулияти олимони соҳаро боз ҳам дучанд гардонида, заҳмату талошҳои бештарро дар ин самт тақозо менамояд.
Қадамзода Дилшод Саттор - директори Институти зоология ва
паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ
Зимни иштирок дар вохӯрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф бахшида ба Рӯзи дониш, ман, шахсан барои худ чанд масъалаи муҳимро бардоштам. Суханронии Пешвои миллат дар бораи зарурати зиёд намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ басо муҳим арзёбӣ гардид, зеро ин иқдом метавонад барои рушди касбомӯзии ҷавонон такони ҷиддӣ бахшад.
Имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки дар бисёре аз донишгоҳҳои кишвар барои ихтисосманд намудани ҷавонон ба омӯзиши касб таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Яъне, касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ метавонад мушкилоти мавҷударо тадриҷан бартараф намояд.
Дар бархе аз ташкилотҳои кишварҳои аврупоӣ истилоҳи "корманди соҳибтахассус" истифода мешавад, ки мувофиқи дараҷаи касбӣ, на танҳо бо такя ба ихтисосе, ки дар донишгоҳ ё донишкада гирифтааст, балки дар заминаи донишҳои аз илмҳои ҳамҷавори соҳа андӯхтааш, шахсро ба кор қабул мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки дар донишгоҳҳо, илова бар омӯзиши фанҳо аз рӯи ихтисоси интихобкардаи донишҷӯ, роҳандозии таълими касбомӯзӣ низ метавонад ҷавононро дар бозори меҳнат рақобатпазир гардонад.
Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат ишора намуданд, ин гузариш ба таҳсили 12-солаи мактабҳои миёна мебошад. Чунин таҷриба дар бисёр давлатҳои мутараққӣ ҷорӣ шудааст. Имрӯз мо аз забони баъзе падару модарон мешунавем, ки фарзандони онҳо дар синни 6-солагӣ қобилияти хондан ва навиштанро доранд. Бинобар ин, волидон мехоҳанд чунин кӯдаконро аз синни 6-солагӣ ба мактаб равона созанд, аммо санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ чунин пешниҳодро иҷозат намедиҳанд.
Дар ин замина, аксар кӯдакон дар баробари таҳсил дар боғчаҳо ба омодагӣ ба синфи якум машғул мешаванд, ки онро “синфи омодагӣ” (ё «нулевой класс») меноманд. Ин нишон медиҳад, ки қобилияти хондану навиштан дар кӯдакон дар синни 6-солагӣ ташаккул меёбад. Имрӯзҳо талабот ба “синфи омодагӣ” рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин рӯ, гузариш ба таҳсили 12-сола саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мешавад. Зеро дар синни 7-солагӣ кӯдак аллакай хондану навиштанро ба таври пурра аз худ менамояд ва дар синфи ибтидоӣ тақрибан донишҳои аз боғча омӯхтаашро такрор мекунад.
Дар баробари ин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба масъалаи омода намудани кадрҳо дар самти зеҳни сунъӣ ибрози назар намуданд, ки то ҳол шумораи мутахассисон дар ин соҳа кофӣ нест. Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар таърихи 25 июли соли 2025 бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва иқдоми мазкур мо, олимонро водор месозад, ки дар омода намудани мутахассисон ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешем. Маҳз бо мақсади татбиқи амалии ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки дар назди Академия Маркази зеҳни сунъиро таъсис диҳад ва дар ин замина роҳбарияти ин ниҳоди бонуфузи илмии ватанӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ гуфтушунидҳоро ба роҳ мондааст. Зеро таъсиси чунин марказҳо барои омода намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи биноҳои нави Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ равона сохтанд. Дар воқеъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои бузург дошта, дар муқоиса ба дигар кишварҳои минтақа дорои нишондиҳандаи балантарин имконоти рушди сайёҳӣ ва захираҳои рекреатсионӣ мебошад. Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар ин замина, барои омода намудани кадрҳои соҳибунвони соҳаи сайёҳӣ, донишҷӯёни дараҷаи магистриро аз рӯйи ихтисоси «Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат» омода месозад. Раванди мазкур нишон медиҳад, ки талабот ба ихтисоси мазкур сол то сол меафзояд.
Рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба яке аз самтҳои сердаромад мубаддал гардад, зеро бозори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ пас аз соҳаҳои нафт ва саноат дар ҷойи сеюм, вале аз лиҳози таъсироти мусбии экологӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун боргоҳи муҳимми илми ватанӣ барои пешбурди ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суханронии хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар заминаи донишкадаи сайёҳии донишгоҳи мазкур Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шавад. Бо таъсиси Академияи сайёҳӣ имкониятҳои васеъ барои пешбурди таҳқиқот дар соҳаи мазкур фароҳам гардида, шумораи донишҷӯёну унвонҷӯёни хориҷӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.
Воқеан бо дастгирию пуштибонии ҳамешагии Пешвои миллат, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ шароити ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ муҳайё гардидааст. Аз ин рӯ, мо итминони комил дорем, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ дар оянда ба яке аз самтҳои сердаромади кишвар табдил хоҳад ёфт. Мо, олимон низ барои омода намудани мутахассисони соҳа тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Ҳамвора ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки китобҳои дарсӣ бояд пеш аз нашр аз санҷиши олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шаванд. Ин пешниҳоди Пешвои миллат оид ба санҷиши китобҳои дарсӣ пеш аз чоп далели эътимод ва нақши муҳим доштани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Мо, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар баробари эътимоду боварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми кӯшиши худро ба он равона месозем, ки ба ин боварӣ сазовор бошем ва барои пешбурди соҳаи илми тоҷик содиқона хизмат намоем.
Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат дар бораи мақому манзалати омӯзгор анедашаҳои арзишманд иброз намуда, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро нишонаи олии эҳтиром ва қадршиносии омӯзгор аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бинобар ин, мо итминони комил дорем, ки Қонуни мазкур метавонад дар баробари боло бурдани шаъну шарафи омӯзгор, инчунин дар баланд бардоштани сифати таълими хонандагони кишвар такони ҷиддӣ бахшад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар анҷоми суханронии хеш, чун ҳамеша бо насиҳатҳои падарона иброз доштанд, ки ҳама якҷо пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои техникӣ
Аминҷон Гулаҳмадзода
Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам!
Эмомалӣ Раҳмон
(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дасри сулҳ )
Дар давраи начандон тӯлонӣ соҳаи иҷтимоии мамлакат, хусусан соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ рушд карда, таи зиёда аз се даҳсола беш аз 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тамоми шароити ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шудааст. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Дар соли 2024 шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти илму маорифро самтҳои афзалиятнок ҳисобида, ҷавонони бомаърифатро давомдиҳандаи наслҳои миллати тоҷик арзёбӣ намудаанд.
Маҳз самараи соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Ин ҳама пешравӣ дар кишвари мо таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоиро ба амал оварда, татбиқи омилҳои рақамикунонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифро замина гузошт.
Дар шароити муосир дар раванди таълим якчанд заминаҳои моддиву техникӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои муассир гузошта шуда, дар кишвар низоми рақамикунонии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Ин омили низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф, барномаи иттилоотии «eDonish» буда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” тасдиқ гардидааст.
Ҳадафи асосии рақамикунонии соҳаи маорифи кишвар, ин баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ки яке аз оимлҳои мусбати ин барнома, назорати волидайн тариқи рӯзномаи электронии хонанда огаҳӣ ёфтан мебошад. Инчунин, имкониятҳои барномаи «eDonish» ба хонандагон ва омӯзгорон барои беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тариқи ин барнома: ҷадвали дарсӣ дар шакли электронӣ, хабарнома аз омӯзгор, рӯзномаи электронии хонанда, мавзӯи дарс, вазифаи хонагӣ, баҳо ва ҳозиру ғоиби хонанда, пешрафти хонанда, муқоисаи хонандагон дар синф инчунин муқоисаи хонандагон дар мактаб аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарафи омӯзгорон назорат карда мешавад.
Ҳадафи дигари рақамикунонии соҳаи маориф, ин муомилоти ҳуҷҷатҳо яъне истифодаи интиқолдиҳандаҳои иттилоотии коғазӣ коҳиш ёфта, ба ин васила нигоҳ доштан ва ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла буридани дарахтон сарфа карда мешавад. Инчунин, таъсири мусбии рақамикунонии соҳаи маориф дар он аст, ки маълумоти тарбиятгирандагон ва хонандагони тамоми муассисаҳо дар барномаи «eDonish» сабт гардида, бо ин усул мутахассисони соҳа метавонанд, вобаста ба савияи дониши толибилм, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона созанд.
Маҳз дастовардҳои мазкур дар соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, имрӯз дар кишвар 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 4037 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шароити ба талаботи муосир ҷавобгӯ фаъолият намуда, ҳамаи муассисаҳо бо технологияҳои муосири замонавӣ ва бо китобхонаҳои электронӣ таъмин мебошад.
Ҳамин тариқ, низоми рақамикунонии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиёт мушарраф гардидааст. Инчунин, ин дастовардҳо ба ташаккули “ҳукумати электронӣ”, “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ замина гузошта истодааст.
Сарчашмаҳо:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024 https://president.tj
2. Рақамҳои оморӣ аз https://www.maorif.tj
Муҳаммадализода П.М. – н.и.и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дасри сулҳ )
Чароғи ақли инсон аст дониш,
Бақои илму ирфон аст дониш.
Туро ҳам раҳнамо, роҳатрасон аст,
Камоли умру имон аст дониш.
Дар ҷаҳони муосир, ки бо пешрафтҳои илмӣ-техникӣ ва тағйироти босуръат ҳамроҳ аст, дониш ҳамчун унсури асосӣ дар ташаккули ақли инсонӣ нақши муҳим мебозад. 1 сентябр, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳамчун Рӯзи Дониш ҷашн гирифта мешавад, имкони хубест барои таъкид кардани аҳамияти дониш дар ҳаёти инсон. Ин рӯз на танҳо оғози соли нави таҳсил аст, балки рамзи ташаккули шахсият ва ақл аст.
Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дониш ва ақл бо ҳамдигар алоқаи зич доранд. Мувофиқи таърифҳо, дониш ҳамчун огоҳӣ аз далелҳо, шиносоӣ бо ҳолатҳо ва малакаҳои амалӣ маънидод мешавад. Дар ҳамин ҳол, ақл ҳамчун қобилияти омӯзиш, ҳалли мушкилот ва татбиқи донишҳо фаҳмида мешавад.
Дар таҳқиқотҳои психологӣ, аз ҷумла корҳои илмӣ дар бораи ҳикмат ва ақл гуфта мешавад, ки ақл ба ҳалли вазифаҳои ҳаётӣ равона шудааст, дар ҳоле ки дониш заминаи онро ташкил медиҳад. Масалан, дар мақолаҳои илмӣ дар бораи омӯзиши малакаҳо зикр шудааст, ки омӯзиш – ин раванди ҳосил кардани дониш аст, ки ба инсон имкон медиҳад, ки ба муҳити атроф мутобиқ шавад ва онро тағйир диҳад. Ҳамчунин, таҳқиқотҳо дар соҳаи неврологияи маърифатӣ нишон медиҳанд, ки дастрасӣ ба иттилоот ҳисси фаҳмишро афзун мегардонад ва ба ташаккули ақл мусоидат мекунад.
Дар асоси корҳои илмӣ дар бораи дониш ва ақл, муаллифон таъкид мекунанд, ки дониш ҳамчун сармояи ақлӣ амал мекунад, ки қобилияти қабули қарорҳо ва пешгӯиро беҳтар месозад. Инчунин, таҳқиқотҳо дар бораи ҳуммияти зеҳнӣ (intellectual humility) нишон медиҳанд, ки қобилияти ҳосил кардани дониши нав барои рушди ақл зарур аст. Дар маҷмӯъ, адабиётҳо тасдиқ мекунанд, ки бе дониш, ақл наметавонад пурра ташаккул ёбад.
Ҷавониро ба ҷуз дониш набахшӣ,
Бақои ақл бе хоҳиш набахшӣ.
Заковатро барои хеш фармо,
Ки бе илму амал созиш набахшӣ.
Дониш ҳамчун заминаи ақли инсонӣ амал мекунад, зеро он қобилиятҳои маърифатиро рушд медиҳад. Масалан, дар раванди таҳсил, кӯдакон на танҳо далелҳоро аз бар мекунанд, балки малакаҳои таҳлилӣ ва эҷодиро ҳосил мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки таълим ҳамчун арзиши миллӣ эътироф шудааст, Рӯзи Дониш имконият медиҳад, ки ҷавононро ба омӯзиши доимӣ ҳавасманд кунем.
Аз нуқтаи назари илмӣ, дониш ҳаҷми хотираи дарозмуддатро афзун мегардонад, ки барои ҳалли мушкилоти мураккаб зарур аст. Дар замони зеҳни сунъӣ, аҳамияти дониш ҳанӯз ҳам баланд аст, чунки он ба инсон имкон медиҳад, ки иттилоотро таҳлил кунад ва қарорҳои мустақил қабул намояд. Масалан, дар таҳқиқотҳо гуфта мешавад, ки дониш қобилияти пешбинӣ ва маслиҳатдиҳиро тақвият медиҳад.
Инчунин, дониш тафаккури интиқодиро рушд медиҳад. Дар ҳаёти ҳаррӯза, шахсоне, ки дониши васеъ доранд, метавонанд мушкилотро аз нуқтаҳои гуногун дида бароянд ва натиҷаҳои нав ба даст оранд. Дар мисоли Тоҷикистон, омӯзиши илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки ақли худро ташаккул диҳанд ва ба рушди ҷомеа саҳм гузоранд.
Ба ғайр аз ин, дониш ба мутобиқшавӣ мусоидат мекунад. Дар таҳқиқотҳои илмӣ, омӯзиш ҳамчун раванди мутобиқшавӣ ба муҳит тавсиф шудааст. Дар шароити Тоҷикистони муосир, ки бо тағйироти иқлимӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, дониш воситаи асосии мутобиқшавӣ аст.
Дар фарҷом қайд намудан муҳим аст, ки дониш ҳамчун замина ва ташаккулдиҳандаи ақли инсон нақши ҳалкунанда дорад. Дар Рӯзи Дониш, мо бояд ба омӯзиши доимӣ ҳавасмандӣ кунем, зеро он калиди рушди шахсӣ ва ҷомеа аст. Таҳқиқотҳо тасдиқ мекунанд, ки бе дониш, ақл наметавонад пурра рушд кунад.
Одамиро илму дониш зебу фар,
Зарфи холӣ мекунад гӯши ту кар.
Ҳар ки донишвар бувад, ӯ қодир аст,
Обрӯи ӯ бувад илму ҳунар.
Шарифзода Сурайё – сармутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони
Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Раёсати АМИТ
(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)
Ҳамасола дар Рӯзи дониш мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат доир мегардад, ки фурсати хубе барои масъалагузорӣ ҷиҳати тақвияти илму маорифи мамлакат мебошад. Як василаи хуби ҳалли мушкилоти соҳа ва муайяннамои дурнамои маорифи мамлакат ҳамчун соҳаи калидӣ маҳз дар ин рӯз мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Иштироки бевоситаи Пешвои миллат ва суханронӣ дар доираи Рӯзи дониш як такони ҷиддиест, ки метавонад мушкилотҳои зиёдеро ҳаллу фасл намояд.
Суханронии Пешвои миллат ҳама самтҳои соҳаро фаро гирифта, аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф ва мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ёдовар гардид. Мусаллам аст, ки дар рушди соҳаи маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир дар даврони Истиқлол ноил гардид. Чуноне ки иброз гардид: "дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Ҳамзамон, тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст."
Нишондодҳои зикршуда саъю талоши бесобиқаи роҳбарияти олии мамлакатро нишон медиҳад, ки боиси хушнудии ҳар шаҳрванди мамлакат ва баракати Истиқлол аст.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтие ки Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳ намуданд ин рушди педагогикаи миллӣ дар ҳамбастагӣ бо технологияи муосири таълимӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: "Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем ва анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи олимони соҳаи педагогика мебошад".
Воқеан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илм ва технология, масъалаи ташаккули педагогикаи миллӣ бо истифода аз дастовардҳои замони муосир беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо дорад. Таъкиди Пешвои муаззами миллат низ маҳз аз ин тақозои замон бармеояд.
Педагогикаи миллии мо бояд асоси фарҳангӣ, арзишҳо ва забони миллӣ бошад. Ҳамзамон бо риояи меъёрҳои муосири таълимӣ ҳамоҳангӣ пайдо кунад. Ба ин васила, насли наврас на танҳо дониши мукаммал мегирад, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва меҳнати созанда парвариш меёбад.
Ҳамчун олимони соҳаи педагогика, масъулияти мо аст, ки илму таълимро бо таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ муттаҳид намуда, барои таҳкими педагогикаи миллии кишвар саҳмгузор бошем. Ин раванд метавонад заминаи рушди устувори таълим, рушди инсоният ва таъмини ояндаи дурахшони миллат бошад.
Маврид ба зикр аст, ки Педагогикаи миллӣ на танҳо илм аст, балки калиди пешрафти ҷомеа ва кафили ҳифзи ҳастии фарҳанг ва арзишҳои миллист. Барои ин, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгониҳои илмӣ ва технологияҳои нав дар соҳаи таълим бошем ва онҳоро роҳандозӣ намоем.
Муҳити таълимӣ бояд на танҳо бо маводҳои нав, усулҳои интерактивӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин гардад, балки таълим ва тарбияи кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ тақвият бахшад. Педагогикаи миллӣ бояд нақши асосиро дар тарбияи шахсиятҳои босавод, комил ва фаъол дар ҷомеа бозад.
Ҳамин тариқ, олимон ва мутахассисони соҳаи педагогика вазифадоранд, ки бо истифода аз методологияҳои муосир ва таҳқиқоти илмӣ ба такмили низоми таълимӣ саҳми арзанда гузоранд. Инчунин, онҳо бояд ба омӯзгорон ва мураббиён воситаҳои нави таълимӣ ва усулҳои муосири педагогиро омӯзонанд, то ки раванди таълим боз ҳам самаранок ва ҷолиб гардад.
Пешрафти педагогикаи миллӣ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таълими пешқадам дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад ва насли наврасро барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ омода намояд. Аз ин рӯ, рушди педагогикаи миллӣ бо истифода аз дастовардҳои замони муосир на танҳо вазифаи илмӣ, балки қарзи миллӣ ва фарҳангист.
Ҳаминтавр, ин таъкиди Пешвои муаззами миллатро метавон як роҳ ва стратегияи миллӣ барои расидан ба ояндаи дурахшон арзёбӣ намуд. Итминони комил дорам, ки бардошт аз ин суханронӣ барои мо муҳаққиқони соҳаи педагогика як дастури ояндадорест, ки бо саъю талош дар ҳалли масъалаҳои соҳа метавон саҳмгузор буд.
АБДУМУМИНЗОДА Ситора, Номзади илмҳои педагогӣ
Санаи 30 августи соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ суханронии пурмазмун ва саршор аз андешаҳои роҳнамоӣ ироа намуданд. Ин суханронӣ барои ман ва кулли ҷавонони кишвар як дарси бузурги ҳаётӣ, як рамзи худшиносӣ ва як сабақи ватандӯстӣ гардид.
Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат аҳаммияти таърихии 1-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи муқаддаси дониш таъкид намуда, нақши илм, маориф ва маърифатро дар зиндагии ҷомеа ва ояндаи давлат равшан баён карданд. Ин ҷашн на танҳо оғози соли нави таҳсил аст, балки рамзи рӯ ба илму маърифат овардани наслҳои нав ва такмил додани фарҳангу худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Ман ҳамчун магистранти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихор эҳсос кардам, ки давлату Ҳукумат маорифро дар маркази сиёсати миллӣ қарор додаанд.
Дар суханрониашон Пешвои муаззами миллат махсус таъкид карданд, ки ҷавонон бояд бо донишҳои муосир мусаллаҳ бошанд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, ба техникаву технологияҳои нав шинос бошанд ва аз фарҳангу таърихи миллати худ бохабар бошанд. Ин суханон ба ман неру бахшид, зеро масъулияти ҳар як ҷавон на танҳо таҳсил кардан, балки ба як шахсияти комил табдил ёфтан ва дар рушди Ватани азизу маҳбуби хеш саҳмгузор будан аст.
Яке аз қисматҳои асосӣ ва таъсирбахши суханронӣ ба масъалаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ бахшида шуд. Пешвои муаззами миллат бо хотиррасон кардани давраҳои душвори солҳои 90- уми асри гузашта таъкид намуданд, ки сулҳ ва оромии кишвар бо талошҳои зиёд ба даст омадааст ва онро бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ман аз ин суханҳо дарк намудам, ки сулҳ танҳо як неъмати оддӣ нест, балки заминаи рушди маориф, иқтисод, фарҳанг ва умуман тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад. Агар сулҳ намебуд, мо имрӯз имкони таҳсил, пешрафт ва созандагӣ намедоштем.
Ҳангоми шунидани ин суханҳо эҳсоси ифтихор дар қалби ман дучанд гардид, зеро насли ҷавон имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат таҳсил мекунад ва имкони омӯзиши илмҳои муосирро дорад. Ман масъулияти худро дар назди Ватан бештар эҳсос кардам: бояд ин неъмати бузургро ҳифз намоям, ба ҳар гуна таҳдид ва ғаразҳои бегона дода нашавам ва ҳамеша ба ваҳдату субот содиқ бошам.
Суханронии Пешвои муаззами миллат дорои паёми амиқи маънавию ахлоқӣ низ буд. Мо ҷавононро ба худшиносӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки ҳар шахс бояд пеш аз ҳама шахсияти худро такмил диҳад ва барои ҷомеа шахси муфид бошад. Ин андешаҳо маро водор карданд, ки дар баробари омӯхтани фанҳои тахассусӣ, бояд ба тарбияи ахлоқӣ ва худогоҳии миллӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоям.
Дар суханронӣ инчунин масъалаҳои ободонӣ, илму техника, рушди забони давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки илму маориф меҳвари рушди ҳар як давлат аст ва бе дониш ҷомеа ба пешрафт ноил намешавад. Ман аз ин суханҳо барои худ як ҳадафи муҳим гирифтам: бояд пайваста омӯзам, саъй кунам ва илму донишро ба манфиати Ватани азизи хеш истифода барам.
Дар маҷмӯъ, суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ барои ман на танҳо як маърузаи расмӣ буд, балки як дарси зиндагӣ ва як роҳнамо барои ояндаи равшан. Ман ҳис кардам, ки ҳар як сухани Пешвои муаззами миллат аз дили пурмеҳр ва аз масъулияти бузурги падаронаи эшон нисбат ба миллат сарчашма мегирад.
Ҳар як ҷавонони кишвар бояд ин суханонро бо масъулият қабул карда, роҳи донишандӯзӣ, худшиносӣ ва ватандӯстиро пеш гиранд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо илму маърифат, бо фарҳанг ва бо сулҳу ваҳдат муаррифӣ намоем.
Хулоса, барои ман суханронии Пешвои миллат дар рӯзи муқаддаси дониш ва дарси сулҳ як ҳодисаи таърихӣ ва як сарчашмаи рӯҳбаландӣ буд. Ман қавл медиҳам, ки бо пайравӣ аз ин андешаҳои роҳнамо, ҳамеша барои рушди Тоҷикистони азизам, ҳифзи сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи дониш кӯшиш менамоям.
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Пешрафти ҳар як давлату миллат аз илму маорифаш вобастагии амиқ дорад, ҳамасола дар тамоми дунё 1- сентябр ҳамчун рамзи илму дониш ҷашн гирифта мешавад, ҳамзамон дар ин рӯз “Дарси сулҳ” аз ҷониби омӯзгорон гузаронида мешавад. Президенти маҳбубу маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба роҳбарият омаданашон ба илму дониш ба соҳаи маориф тавҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар рушду нумуи ин соҳа корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст, ки аз ин корҳо шахсияти маорифпарвар буданашон баръало мушоҳида мешавад.
Имрӯз (30.08.2025) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварда бинову иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2025-2026 Пешвои муаззами миллат бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур роҳбарият ва як қатор кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.
Бо дастури Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кормандони Раёсати АМИТ ва зерсохторҳои он дар толорҳои маҷлисӣ ҷамъ омада, пахши мустақими раванди баргузории вохурии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маориф тамошо намуда, бо худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд.
Таассурот ва бардошт аз иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаи таҳсилоти миёна ва ё олии касбии кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор мегардад, ки он ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд. Дар арафаи соли нави таҳсил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ Рӯзи дониш ва Дарс сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд. Дарси Сулҳ, ки ҳусни оғози соли нави таҳсил аст, дар таълимгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд ва ҳамбаста бо ифтихору ҳувияти миллӣ баргузор мегардад. Дар ин дарс ба шогирдон дар хусуси моҳияту аҳамияти сулҳ, марҳалаҳои расидани халқи тоҷик ба сулҳи комил, фидокориҳои Пешвои миллат баҳри тантанаи сулҳ ва масъулияти ҳамагонӣ дар посдории сулҳу ваҳдат ба таври муассир нақл карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ номиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, бо ҳисси баланди миллӣ тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем
Директори Институти иқтисодиёт
ва демографияи АМИТ, д.и.и.Бобозода К.О.
Рӯзи дониш, ки ҳар сол санаи 1-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун рамзи оғози соли нави таълимӣ ва арҷгузорӣ ба илму маърифат дар бисёр кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъруф аст. Ин рӯз на танҳо ҳамчун иди мактаббачагон, балки ҳамчун фурсате барои бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва аҳамияти дониш дар рушди ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.
Анъанаи таҷлили "Рӯзи дониш" ба давраи Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд, ки он соли 1935, бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шӯравӣ (ИҶШС), дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1-уми сентябр ҳамчун рӯзи оғози соли таҳсил муқаррар гардида буд. Тасмими мазкур бо мақсади ягонасозии низоми таълим дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида, соли 1984, ин сана расман ҳамчун "Рӯзи дониш" эълон гардид.
Баъд аз соли 1991, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, Рӯзи дониш бо ба роҳ мондани "Дарси сулҳ" тақвият ёфта, он ба рамзи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва маърифат мубаддал гардид.
Рӯзи дониш дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 21 июли соли 2011, №201 ва бо тағиротҳои минбаъдаи соли 2016, ҳамчун яке аз рӯзҳои ид, расман инъикос ёфтааст.
Таърих нишон медиҳад, ки дониш ҳамеша яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар ҷомеаи муосир, дониш яке аз унсурҳои муҳими ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ гардидааст. Рӯзи дониш на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки фурсате барои таъкид ба аҳамияти илму маърифат буда, дар таҳкими сулҳу субот низ нақши муҳимро мебозад. Ба гуфтаи муҳаққиқон бошад, дониш дар раванди ҷаҳонишавӣ омили асосии рақобатпазирии миллатҳо гардидааст.
Дар асри XXI, дониш, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ омилҳои асосии пешрафти ҷомеа гардида, ин ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ба омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ рӯ оваранд, то ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.
Инчунин, Рӯзи дониш ба омӯзгорону донишҷӯён ва падару модарон имконият медиҳад, ки аҳамияти таълимро амиқ дарк намоянд. Ин рӯз на танҳо ба маърифат, балки ба тарбияи ахлоқӣ ва ҳувияти миллӣ низ саҳмгузор мебошад. Ба гуфтаи дигар муҳаққиқон, маориф яке аз рукнҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Ҳамин тавр, рӯзи дониш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун иди оғози соли нави таҳсил, балки ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва маърифат аҳамияти хоса дорад. Таърихи он аз давраи Шӯравӣ сарчашма гирифта, дар шароити муосири Тоҷикистон ба воситаи пешбарандаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфтааст. Бо такя ба адабиёт ва манбаъҳои муътбар, метавон гуфт, ки Рӯзи дониш дар ташаккули ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ нақши калидиро бозида, он ҳамчун илҳомбахши ҷавонон барои баланд бардоштани илму маърифат ва донишу малакаи онҳо боқӣ мемонад.
Адабиёт:
1. Аҳмадов, Ф. (2021). Таълим ва глобализатсия: Нақши дониш дар рушди ҷомеа. Душанбе: Нашриёти ДДТ.
2. Мирзоев, А. (2010). Таърихи маорифи Тоҷикистон дар асри XX. Душанбе: Ирфон.
3. Нурматов, Ш. (2018). Маориф ва пешрафти ҷомеа. Маҷаллаи "Илм ва Ҷомеа", №3, саҳ. 45–50.
4. Қосимов, Р. (2015). Таърихи ташаккули низоми маориф дар ИҶШС. Хуҷанд: Нашриёти Донишгоҳи Хуҷанд.
5. Саидов, Ҳ. (2019). Технология ва маориф: Роҳи пешрафти Тоҷикистон. Душанбе: Нашриёти "Илм".
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", аз 21 июли соли 2011, №201.
Олимҷон Азизов - мудири шӯъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ.
Элбек Замиров - нозири калони шӯъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Зарурияти масъала. Имрӯзҳо барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9-уми сентябр яке аз санаҳо ва ҷашнҳои асоситарин ба ҳисоб меравад. Ҳоло ҳамаи мо дар арафаи 34-умин солгарди ин ҷашни бузург мебошем. Аммо ин санаи таърихӣ дар адабиётҳои мавҷуда то ба имрӯз таҳлили дурусти худро наёфта, ба тарзи гуногун акс гардидааст. Аз ҷумла: «Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ... «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуда, рӯзи 9-уми сентябр соли 1991 чун санаи Истиқлолияти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон эълон намуд»; «Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ (сентябри соли 1991) рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ намуда, онро рӯзи истироҳат эълон кард»; «9-уми сантябри соли 1991 воқеаи фаромӯшнашаванда ба амал омад. Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҷумҳурӣ, даъвати XII Эъломияро дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон кард. Ин рӯзи тавлиди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад»; «Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон (сентябри соли 1991) рӯзи 9- сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намуд» ва ғайраҳо.
Ҳол он ки 9-уми сантябри соли 1991 Иҷлосияи таърихии ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, даъвати дувоздаҳум оиди ин масъала ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Дар адабиётҳои ишорашуда оиди Изҳорот ақалан ишорае ҳам нест. Эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар доираи ИҶШС - СССР ҳанӯз 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул шудааст.
Инҷо мо зарурияти масъаларо ба инобат гирифта, ба ҳамин ду лаҳзаи эълони истиқлолият дар алоҳидагӣ таваққуф менамоем.
Кӯшишҳои дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ эълон кардани истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон
Ба вуҷуд омадани масъала. Ҳанӯз аз замони сарвари ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (ҲКИШ-КПСС) будани Ю.В. Андропов (солҳои 1982 – 1984) масъалаи нисбатан васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳои Иттифоқ ба миён омада буд, ки он барои танзими Иттиҳоди Шӯравӣ аҳамияти махсус дошт. Зеро, усули сохти давлатдорӣ, ки маҳз бо ташаббуси ӯ пешниҳод ва қисман ҷорӣ гардида буд, бояд амалии чунин мақсад якҷоя бо мустаҳкам намудани аппарати марказии иттифоқӣ ва интизоми сахти меҳнатӣ дар тамоми мамлакат сурат мегирифт. Аммо баъди марги вай, дар замони сарвари ҳизб будани К.У.Черненко (солҳои 1984 – 1985), бо сабаби беморию бемадории худаш, якбора тамоми аппарати ҳизбию давлатии мамлакат ба бемории фалаҷ гирифтор шуд.
Сиёсати бозсозии Горбачёв боз масъалаи дар доираи Иттиҳод васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои иттифоқиро ба миён овард. Яъне, масъала меистод, ки дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ бояд ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оид ба ҳалли бисёр масъалаҳо соҳибистиқлол бошанд. Оид ба ин масъала фикру андешаҳои зиёде пешниҳод гардида буд. Ниҳоят, тобистони соли 1990 он ҷумҳуриҳо пайи ҳам дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти худро эълон карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мерафт.
Эъломияи 24 августи соли 1990. 24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, Эъломияи истиқлолияти Чумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд. Аз ҷумла дар Эъломия омадааст, ки Шӯрои Олӣ «бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он», «бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ», «бо эътирофи он, ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳо»-и Шӯравӣ дар ҳайати ИҶШС-и «таҷдидёфта зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад», бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон, «ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон ва иродаи халқи» ҶШС Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки «давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард». Дар моддаи аввали Эъломия низ таъкид шудааст, ки ҶШС Тоҷикистон «давлати соҳибистиқлоли сермиллат мебошад».1
Дар Эъломияи муҳимтарин моддаи 4-ум мебошад, ки дар он дараҷаи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ акс ёфтааст. Аз ҷумла, дар он таъкид гардидааст, ки ҶШС Тоҷикистон «дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС «дода мешавад, мустақилона ҳал мекунад».2 Вале дар Эъломия акс наёфтааст, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли иттифоқӣ кадом салоҳиятҳои худро ихтиёран ба ӯҳдаи иттиҳоди таҷдидёфтаи Шӯравӣ мегузорад. Албатта, аз мазмуни худи эъломия ва ҳуҷҷатҳои дигар маълум мешавад, ки чунин вазифаҳо, ба монанди: мудофиа, бехатарии давлатӣ, авиатсияи шаҳрвандӣ, роҳҳои иттифоқӣ, энергетика ва электронӣ, саноати атомӣ, флоти баҳрӣ, барномаи иттифоқӣ оид ба мудофиа ва космонавтика минбаъд бояд ба ихтиёри Иттиҳоди нави таҷдидёфта гузарад.3
Эъломияи қабулгардида инчунин дараҷаи амалии ҳуҷҷатҳои иттифоқиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Аз ҷумла, дар моддаи 5-ум таъкид гардидааст, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалии ҳуҷҷатҳои ИҶШС-ро, ки ба ҳуқуқҳои дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, боз медорад. Моддаи 15-уми эъломия ба муносибат бо давлатҳои хориҷа бахшида шудааст. Чунончӣ, дар ин модда омадааст, ки ҶШС Тоҷикистон «бо давлатҳои хориҷӣ бевосита робита намуда, бо онҳо шартномаҳои иқтисодӣ, маданӣ ва илмию техникӣ мебандад, мубодилаи намояндагони дипломатӣ, консулгарӣ ва тиҷоратиро ба роҳ монда, дар сурати зарурат дар фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзад». Аз ин банд бармеояд, ки ҳуқуқи имзои шартномаҳои сиёсиро ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ ихтиёран ба ӯҳдаи Иттиҳоди таҷдидёфтаи Шӯравӣ мегузоранд. Оиди шаҳрвандӣ бошад, мувофиқи моддаи 9-уми эъломия, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бояд шаҳрванди ИҶШС ҳисоб мешуд.1
Албатта минбаъд ҳам ҳар як ҷумҳурии соҳибистиқлоли Иттиҳоди нави таҷдидёфтаи Шӯравӣ ҳуқуқи озодона аз он баромаданро нигоҳ медошт. Инак дар моддаи 7-уми Эъломия омадааст: ҶШС Тоҷикистон «ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиботе, ки шартномаи иттифоқӣ муайян мекунад ва мутобиқи қонунҳое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд», аз ҳайати ИҶШС озодона хориҷ гардад.2
Ҳамин тавр ҶШС Тоҷикистон, дар асоси Эъломияи 24 августи соли 1990 дар ҳайати Иттиҳоди наве, ки дар назар доштанд, соҳибистиқлолии худро эълон карда, ҳуқуқҳои худро дар доираи ин Иттифоқ муайян карда буд. Аммо худи Иттиҳоди нави таҷдидёфта, ё худ Иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои Шӯравӣ, чӣ тавре ки ҳамон лаҳза мехостанд, бунёд нагардид. Бинобар ҳамин ҳам нуқтаҳои асосии он эъломия дар амал татбиқ нашуд. Минбаъд 9 сентябри соли 1991 дар рӯзи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Эъломия тағйироту иловаҳои зарурӣ дохил карда шуд.
Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он.
Барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сабабу оқибатҳои он. Барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сабабҳои худро дошт. То бозсозии Горбачёвӣ хавфи парокандашавии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии состиалистӣ (ИҶШС - СССР) вуҷуд надошт. Дар мамлакат тартиботи сохти тоталитории коммунистӣ ва идеологияи ягонаи коммунистӣ ҳукмрон буд. Бинобар ин онҳо намегузоштанд, ки дар мамлакат афкори барояшон мухолиф, ё худ ҷудоиандозӣ реша давонад. Аз ҳамин сабаб ҳар гуна андешаҳои мухолиф зуд паҳн нагардида, бо маҳал ё худ гурӯҳи одамон маҳдуд мешуд.
Албатта барои барҳамхӯрии ИҶШС ошкорбаёнии замони Горбачёвро ягона сабаби асоситарин ҳисобидан чандон дуруст нест. Бо андешаи мо, сиёсати ошкорбаёнӣ бештар иллатҳои замонаро рӯи об баровард. Рақобати мансабие, ки дар доираи боло, яъне Иттифоқ пеш ҳам вуҷуд дошт, акнун он ба тамоми мамлакат ошкор гардид. Вале, дар давраи охир, чуноне таъкид шуд: 1) Рақобати сахти байни Горбачёв (охирин Президенти ИҶШС – СССР) ва Елсин (дар давраҳои охир Президенти Федератсияи Русия) ҳукумати марказии Иттифоқро дар назди аҳли ҷамъияти Шӯравӣ беобрӯ карда буд. Маҳз бо мақсади бемансаб гузоштани Горбачёв, Елсин яке аз аввалинҳо шуда 12 июни соли 1990 истиқлолияти давлатии Федератсияи Русияро эълон кард. Зеро, ба ҳама маълум буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ бе Федератсияи Русия вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин рақобати мансабии доираи болоии ҳизбӣ ва давлатӣ (дар мисоли байни Горбачёв ва Елсин) яке аз сабабҳои асоситарини барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гардид; 2) Худи ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) ҳам ба бӯҳрони сахт гирифтор шуда буд. Махсусан солҳои охири ҳукмронии Л.И. Брежнев, ки хело бемор гардида буд, ба сари қудрат омадани мӯйсафедони барҷомонда (Р.В. Андропов, махсусан К.У. Черненко) ва паси ҳам фавтидани онҳо обрӯи ҳизбро хело паст кард; 3) Сиёсати худмаблағгузорию худтаъминкунии Горбачёвӣ, дар баробари ҷиҳатҳои мусбат, сабабгори аз кор мондани корхонаҳои саноатии мамлакат, заиф гардидани алоқаи байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, хело суст шудани нуфузи ҳукумати марказӣ гардид. Дар натиҷа, кандани алоқаи байни корхонаҳо, заиф гардидани нуфузи марказ сабаби дигари асосии барҳамхӯрии Иттифоқ шуд; 4) Ошкорбаёнии Горбачёвӣ инчунин дар доираи Иттифоқ норасоиҳои масъалаи миллиро низ ошкор намуд. Дар баъзе ҳолатҳо, нуқтаҳои баҳсноки ин масъала хело тезу тунд шуд. Ниҳоят чунин баҳс ба мисли Кӯҳистони Қарабоғ, соли 1988 боиси ҷанги мусаллаҳонаи байни ҷумҳуриҳои иттифоқии Арманистону Озорбойҷон гардид. Аммо ҳукумати ҳамонвақтаи Иттифоқ дар ҳалли ин масъала беқудратии худро нишон дод. Баъзеҳо чунин ноӯҳдабароии ҳукумати марказии Иттифоқро мушоҳда намуда, умуман масъалаи нолозимии онро мегузоштанд. Махсусан ҷумҳуриҳои назди Балтика (Латвия, Литва ва Эстония) минбаъд ҳеҷ дар доираи Иттифоқ истоданро намехостанд. Ҳамаи ин нишонаҳо низ сабабгори аз байн рафтани Иттиҳод гардид.
Махсусан аз охири соли 1990 хавфи барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бештар намоён шуд, ки ин дар навбати худ тарафдоронашро низ ба ташвиш гузошт. 17 марти соли 1991 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба райпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд. Дар он, барои фаҳмидани андешаи мардум оиди тақдири минбаъдаи Иттиҳоди Шӯравӣ, танҳо як масъала, яъне тарафдор будан ё набудани онҳо нисбати мавҷудияти минбаъдаи ИҶШС гузошта шуд. Дар ин райпурсӣ қариб тамоми мардуми Шӯравӣ фаъолона ширкат намуда, зиёда аз 70% - и онҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ ба тарафдории бақои минбаъдаи Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд. Дар Тоҷикистон ин райпурсиро танҳо ҷамъияти сиёсии «Растохез» ва ҳизби наҳзати ислом бойкот эълон карда буданд.
Бо мақсади баровардани Иттифоқ аз бӯҳрони сиёсӣ ва муайян намудани ояндаи ИҶШС, моҳҳои апрел – майи соли 1991 дар Ново-Огарёво президенти ИҶШС М.С. Горбачёв бо сарварони 9 ҷумҳуриҳои Иттифоқ мулоқот намуд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо чун шакли такмилёфтаи Иттифоқ – лоиҳаи Иттифоқи Давлатҳои Мустақилро (ИДМ - СНГ) дастгирӣ намуданд. Инчунин пешниҳод гардида буд, ки Конститутсияи нави Иттифоқро қабул намоянд. 20 августи соли 1991 бояд аҳдномаи нави Иттифоқ имзо гардида, дар матбуот нашр мешуд.
Аммо натиҷаи райпурсии умумихалқӣ ва гуфтушуниди сарварони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳам хавфи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравиро аз байн набардошт. Дар мамлакат бӯҳрони сиёсӣ ҳанӯз идома дошт. Як гурӯҳи тарафдорони бақои Иттиҳоди Шӯравӣ роҳи ягонаи наҷотро дар барканор намудани президенти Иттиҳоди Шӯравӣ М.С. Горбачёв медиданд. Онҳо, ҳангоме, ки Горбачёв дар соҳили баҳри Сиёҳ, дар истироҳатгоҳи давлатии Фарос, дар истироҳати муқаррарӣ буд, ин гурӯҳ 17 августи соли 1991 дар Москва, бо сарварии ноиби ӯ Г.И. Янаев Кумитаи давлатии вазъи фавқулодда (КДВФ - ГКЧП) ташкил карданд ва ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, дар Иттифоқ ба муддати 6 моҳ ҳолати фавқулодда эълон намуданд. Ба ҳайати Кумитаи фавқулодда инчунин раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС В.С. Павлов, сарвари КБД (КГБ) В.А. Крючков, вазири мудофиаи ИҶШС Д.Т. Язов ва дигарон шомил буданд. Горбачёв бошад дар Фарос дар ҳолати ҳабси хонагӣ буд. Аммо мардуми Москва кумитаи фавқулоддаро дастгирӣ накарданд. Онҳо ба кӯчаҳо баромада, дар атрофи Б. Елсин муттаҳид шуданд ва нагузоштанд, ки ҳарбиён, аз ҷумла танкҳо дохили шаҳри Москва шаванд. Дар натиҷа бунёдкунандагони кумитаи фавқулодда, баъди 4 рӯзи фаъолияташон, яъне 21 август шикаст хӯрданд, ки ин дар асл кӯшиши табадуллоти давлатӣ буд. 22 август ташкилкунандагони кумитаи фавқулодда ҳабс гардиданд.
Бемувафақият анҷом ёфтани кӯшиши табодуллоти давлатӣ майли истиқлолиятхоҳии ҷумҳуриҳои Иттифоқро боз ҳам зиёдтар намуд. Баъди ин воқеа тамоми гуноҳи кӯшиши табодуллоти давлатиро дар мамлакат аз ҳизби коммунистӣ донистанд. Дар натиҷа қариб дар тамоми намоишу гирдиҳамоиҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ талаб мекарданд, ки фаъолияти ин ҳизбро манъ карда, ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ пурра истиқлолияти давлатӣ дода шавад. Ҳамин гуна ҷунбишҳо Тоҷикистонро низ фаро гирифта буд. 29 августи соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ - Қаҳҳор Маҳкамовро, барои дастгирии кумитаи фавқулодда (яъне ГКҶП) гунаҳкор ҳисобида, маҷбур намуданд, ки ба истеъфо барояд. Дар ҳамон иҷлосия раиси муваққатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов интихоб шуд. Ӯ инчунин иҷрокунандаи вазифаи Президенти чумҳурӣ гардид. Баъди ин воқеаҳо тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам истиқлолияти давлатии худро (9 сентябри соли 1991) эълон карданд.
8 декабри он сол сарварони се ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ: Президенти Федератсияи Русия – Б.Н. Елсин, президенти Украина Л. Кравчук ва раиси Шӯрои Олии Белоруссия С. Шушкевич, дар бешазори Беловежскии Белоруссия ҷамъ омада, шартномаи 30 декабри соли 1922 – ро (оиди таъсис додани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ – ИЧШС - СССР) бекор эълон намуда, шартномаи навро аз хусуси ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ - СНГ) имзо карданд. Ба ҳайати ИДМ - СНГ ҳамагӣ 12 ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, яъне ба ғайр аз се ҷумҳуриҳои назди Балтика, боқӣ ҳама шомил шуданд. Баъди ин 25 декабри соли 1991 М.С. Горбачёв аз мансаби Президентии ИҶШС, ки аллакай вуҷуд надошт, даст кашид.
Ҳамин тавр, Иттиҳоди Шӯравӣ баъди қариб 70 – соли мавҷудияташ барҳам дода шуд ва он ба андешаи мо оқибатҳои мусбат ва манфиро дошт.
Оқибатҳои мусбат инҳоянд: 1) Баробари барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст дароварданд. Дар натиҷа дар миқёси ҷаҳон давлатҳои нави соҳибистиқлол бунёд гардиданд. Минбаъд онҳо дар миқёси олам мустақилона миллати худро муаррифӣ мекарданд. Дар харитаи чаҳонӣ ҳам ин гуна давлатҳои нави соҳибистиқлол мақоми худро ишғол намуданд. Он давлатҳо, ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол, бо мамлакатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муносибатҳои озодонаро ба роҳ монданд; 2) Ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст дароварда, минбаъд шакли давлатдорӣ ва тарзи зиндагии мардуми худро бо ба инобат гирифтани анъанаҳои миллӣ ташкил доданд. Дар тамоми ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолгардида забони асосии миллии онҳо мақоми забони давлатӣ пайдо намуд ва ғайраҳо.
Ҷиҳатҳои манфӣ инҳоянд: 1) Иттиҳоди Шӯравӣ барои тамоми халқҳои Шӯравӣ оилаи ягона ҳисоб мешуд. Сарҳади байни ҷумҳуриҳои Иттифоқ қариб вуҷуд надошт. Барои рафту омади дохилӣ, ташкили оила, таҳсил, кор, зиндагӣ ва ғайраҳо ягон хел маҳдудият набуд. Баъди барҳам додани Иттифоқ ҷумҳуриҳои нав соҳибистиқлол гардида, аз рӯи маводҳои бойгонӣ сарҳади худро муайян намуда, баъзеашон онро на танҳо симхор кашиданд, балки минагузорӣ карданд (чуноне, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо ташаббуси Ӯзбекистон ба ҳамин ҳолат табдил ёфта буд). Дар натиҷаи чунин ҳолат рафту омади озодонаи одамон аз байн рафт. Низоми раводид (виза) ҷорӣ гардид. Деворҳои симхории сарҳадӣ на танҳо хешу табориро, балки падару писар, бародару хоҳарро аз ҳам ҷудо намуд; 2) Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 70 - сол вуҷуд дошт. Дар ин муддат, маблағгузорӣ, ки марказӣ буд, махсусан корхонаҳои саноатӣ вобастаи якдигар бунёд мегардиданд. Баъди барҳам додани Иттифоқ, ин риштаҳои иқтисодӣ канда шуданд. Агарчанде ба ҷои Иттиҳоди Шӯравӣ ИДМ-СНГ бунёд гардид, вале он ҳеҷ Иттиҳоди Шӯравиро иваз карда натавонист. Ҳолдонҳо ҳанӯз ҳангоми бунёди ИДМ – онро «тавлиди кӯдаки мурда» номида буданд. Дар натиҷа, дар даҳсолаи аввали истиқлолият қариб дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ пастравии иқтисодиёт, бад шудани зиндагии мардум, зиёд гардидани бекорӣ, беқурбшавии пул ва ғайраҳо ҳукмрон буд. Аз байни собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқ, танҳо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра зуд рӯ ба инкишоф ниҳоданд.
Ҳамин тавр, таҷрибаи қариб 70 – солаи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ далели он аст, ки танҳо муносибати хуби байниҳамдигарии давлатҳо (дар тамоми соҳаҳо) яке аз кафолатҳои пешравӣ, беҳтар шудани зисту зиндагонии мардум шуда метавонад.
Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чуноне таъкид гардид, кӯшишҳои пойдор нигоҳ доштани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) дигар самараи хубе надоданд. Нобарор анҷом ёфтани кӯшиши табадуллоти давлатии моҳи августи соли 1991 (яъне, ГКЧП) суръати парокандашавии ҷумҳуриҳои иттифоқиро тезонид. Дар натиҷа, ҷумҳуриҳои иттифоқие, ки ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, пайи ҳам истиқлолияти давлатии худро эълон карданд.
Албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин маъракаи сиёсӣ дар канор набуд. 31 – уми августи соли 1991 Иҷлосияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба номи ҷумҳурӣ тағйирот ворид намуд. Он эълон кард, ки Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шавад. Дар Тоҷикистон ҳизби коммунистӣ амалан ҳанӯз ҳизби ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. 4 сентябри ҳамон сол пленуми кумитаи марказии ин ҳизб истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия намуд.
9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҷамъ омад. Ин иҷлосия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул карда, дар асоси қонуни қабул кардааш ба Конститутсияи (Қонуни асосии) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуд.
Аз ҷумла, дар Изҳорот тағйиротҳои дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадаро ба назар гирифта, «бо назардошти ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон» таъкид гардидааст: «Шӯрои Олӣ истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».1 Ин изҳорот аз хусуси дар заминаи собиқ яке аз ҷумҳуриҳои Шӯравӣ бунёд гардидани давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ буд. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ, ки дар замони шӯравӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ҳам хеле пайваст буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки якбора кандани ин риштаҳо барояшон оқибатҳои бадро меовард. Аз тарафи дигар, равиши ҷаҳони муосир худ аз хусуси бо ҳам наздикшавии давлатҳо ва халқҳо далолат медод. Бинобар ҳамин ҳам дар он Изҳорот инчунин таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро «оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, … бастани Шартнома дар барои Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр…» - ро дастгирӣ менамояд.1
Изҳорот сиёсати оянда мустақилонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар муносибатҳои байналхалқӣ «ба сифати субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ» баромад мекунад.2 Яъне, аз ин нуқта бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ сиёсати хориҷиашро худаш муайян намуда, онро мустақилона ташкил менамояд.
Яъне, дар Изҳороти қабул гардида, аз як тараф истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, минбаъд, дар ташкил ва гузаронидани сиёсати хориҷӣ соҳибистиқлол будани онро таъкид намуда, инчунин аз тарафи дигар нигоҳ доштани фазои ягонаи иқтисодии байни собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро зарур шуморида, «тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективӣ ва амнияти давлатҳои Иттиҳоди соҳибихтиёр…» будани Ҷумҳуриҳои Тоҷикистонро хотиррасон намудааст.3
Мувофиқи Қарори аввалаи оид ба истиқлолияти ҷумҳурӣ қабул кардаи иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар таҳрири нави Эъломия, аз моддаи 4 - уми он калимаҳои «ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти иттифоқи РСС дода мешаванд», хориҷ карда шуд. Амсоли ин боз дигар масъалаҳое, ки ба Иттифоқ дахл дошт, ихтисор гардид. Дар матни Эъломия ибораҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва РСС Тоҷикистон бо ибораи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд. Бо ҳамин матни он Эъломияи аввалро ки ба ҳолати истиқлолият дар доираи Иттифоқ дахл дошт, ба талаботи истиқлолияти ҳақиқии давлатӣ мутобиқ гардонида шуд.4
Мувофиқи қарори дигар, матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи истиқолоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, «бо мақсади ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳукуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон ва бутунии сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Точикистонро мувофиқи мақсад дониста, рӯзи эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябри соли 1991 –ро иди миллӣ ва рӯзи ид эълон намуданд.5
Ягона қонуни қабул кардаи иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) амалкунандаи ҷумҳурӣ дахл дошт. Зеро, эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати фаврии тағйироту иловаҳоро ба ин қонуни асосӣ ба миён оварда буд. Вагарна, баъзе моддаҳои Конститутсияи амалкунанда бо моҳияти истиқлолияти давлатии эълон кардашуда мувофиқат намекард. Қабул кардани Конститутсияи нав бошад вақтро талаб мекард. То қабул гардидани он, бояд Конститутсияи амалкунанда, бо тағйироту иловаҳо фаъолият мекард. Аз ҷумла, ин иҷлосия ба қонуни асосии ҷумҳурӣ чунин тағйиротҳоро ворид намуд: моддаи 1 – уми Конститутсия бо таҳрири зайл қабул гардид: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Ё худ дар моддаи 28 мақсад боз ҳам равшантар акс ёфтааст. Чунончӣ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор намуда, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад». Инчунин, мувофиқи таҳрири нав дар моддаи 31 таъкид карда мешавад, ки «ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт шаҳрванди Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр мебошанд». 1
Аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Албатта, барои бавуҷудоии чунин давлати соҳибистиқлол, сараввал чумҳурии мухторӣ, баъд ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон чун заминае ба ҳисоб мераванд.
Тоҷикон гарчанде то замони Шӯравӣ, ба монанди давлатҳои Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорони Сабзавор, Давлати Музаффариҳо ва ғайраҳо давлатҳои соҳибистиқлоли худро доштанд, вале онҳо аслан давлатҳои авлодӣ – сулолавӣ буданд, ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон ном надоштанд. Дар замони Шӯравӣ ҳам дар доираи Иттиҳод мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон маълум набуд. Инак, баъди 9 сентябри соли 1991 дар харитаи ҷаҳонӣ Ҷумхурии Точикистон, чун давлати соҳибистиқлол акс гардид. Дигар давлатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуданд. Минбаъд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машваратҳои байналхалқӣ ҳамчун фиристодаи давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегарданд. Вай аллакай 2 - уми марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ - ООН) гардид. Бинобар ин бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бо эълони истиқлолият, чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, «орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад»2.
Бо назардошти ҳамаи ин аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаҳои зерин мебинем:
1. Дар натиҷа, дар миқёси ҷаҳон давлати нав бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад;
2. Ҳангоми вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардад;
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд;
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ мустақилона сиёсати худро муайян менамояд;
5. Ҳангоми муайян намудани сиёсати дохилиаш озодона дин ва урфу одатҳои мардуми худро ба инобат мегирад ва ғайраҳо.
Аммо мардуми ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал ба қадри ин «ҳадяи бебаҳои таърих» нарасиданд ва барои мустаҳкамию пешравии он накӯшиданд. Дар натиҷа соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ба мушкилиҳои сахттарин дучор шуд. Мушкилтарин ва фоҷеаноктарини онҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Хайрият худшиносии миллии тоҷикон боло гирифт ва 27-уми июни соли 1997 сулҳи байни тоҷикон имзо гардид. Маҳз ҳамин сулҳ имконият муҳайё намуд, ки минбаъд дар мамлакат ваҳдати миллӣ пойдор гардад. Бинобар ҳамин ҳам тоҷикону тоҷикистониён минбаъд ҳар сол рӯзхои 9-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 - уми июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Мустаҳкам намудани дастовардҳои ин ҳар ду ҷашни бузург вазифаи муқаддаси ҳамаи мо тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.
Ҳотамов Н.Б. доктори илмҳои таърих профессор.
Бувад фархунда истиқлолат, эй дӯст,
Шавад пояндатар иқболат, эй дӯст.
Расидӣ бар муродат миллати ман,
Муборак, ин мубораксолат, эй дӯст!
Истиқлолият аз ҷумлаи арзишҳои олӣ ва неъмати бебаҳоест, ки ҳар як миллат барои ба даст овардан ва ҳифзи он садсолаҳо мубориза мебарад. Барои мардуми тоҷик 9 -уми сентябри соли 1991 рӯзи тақдирсоз ва сарнавиштсоз ба шумор меравад. Дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ҳамчун давлати мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ, балки пояи асосии ташаккулёбии давлатдории навин, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. То ба даст овардани истиқлолият халқи тоҷик роҳи пурмашаққатеро тай намудааст: аз асорату истибдоди хориҷӣ то давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эҳёи давлати миллӣ. Аммо солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон озмоиши сахт буданд. Бӯҳрони иқтисодӣ, нооромии сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бақои давлат ва миллат гардиданд.
Бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик бо иродаи қавӣ ва роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи ҷанг баромаданд. Ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофарини Сарвари давлати Тоҷикистон роҳи рушд, субот ва тараққиётро пеш гирифт.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо кардааст. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва робитаҳои байналмилалӣ далели равшани имкониятҳои истиқлолият мебошанд. Хусусан ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлати дунявӣ аз дастовардҳои бузурги мардуми тоҷик ба шумор мераванд.
9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳар як тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад, истиқлолиятро пос дорад ва барои ободиву пешрафти давлати соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.
Истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки ибтидои як давраи нави давлатдорӣ, худшиносӣ ва ваҳдат мебошад. Он моро водор месозад, ки аз гузашта сабақ гирем, имрӯзро бо масъулият сипарӣ намоем ва барои фардои дурахшон талош варзем. Барои наслҳои оянда нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолият қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
"Бо ҳамбастагӣ ва меҳнат истиқлолиятро пос дорем – барои фардои ободу дурахшон!"
Лашкарбекова Оиша - докторанти PHD-и соли дуюми таҳсили Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим ва таърихии халқи тоҷик мебошад. 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман истиқлолияти худро эълон кард ва ба сафи давлатҳои мустақил ворид шуд. Ин сана барои тамоми шаҳрвандон рамзи озодӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ гаштааст. Имсол кишвари мо 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунад, ки ин нишонаи қадами устувори давлат ва ҷомеаи тоҷик дар роҳи пешрафт ва шукуфоист.
Солҳои 1990–ум барои Тоҷикистон солҳои пурташвиш буданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишвар бо мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ гардид. Солҳои аввали истиқлолият давраи озмоишҳои ҷиддӣ буд. Аммо, бо иродаи мардуми кишвар ва раҳбарияти оқилона, Тоҷикистон тавонист аз ин мушкилот гузарад ва ба роҳи сулҳ ва пешрафт қадам гузорад.
Истиқлолият на танҳо озодӣ аз вобастагии сиёсӣ буд, балки имконият дод, ки халқи тоҷик сарнавишти худро мустақилона муайян кунад, арзишҳои миллиро эҳё намояд ва сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона пеш барад.
Дар таърихи Тоҷикистон як рӯйдоди бузург — Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 имзо шуд, ки боиси хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи сулҳ гардид. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар аз вартаи нооромиҳо раҳо ёфт ва давраи нав оғоз шуд.
Дар 34 соли истиқлолият Тоҷикистон дар ҳама самтҳо пешрафтҳои назаррас ба даст овард:
-
Бунёди роҳҳои байналмилалӣ ва пулҳои стратегӣ;
-
Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО «Роғун»;
-
Тавсеаи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ;
-
Боло бурдани сатҳи зиндагии мардум;
-
Муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ шинохта шудааст.
Истиқлолият барои мардуми тоҷик рамзи ваҳдат ва худшиносист. Таърих исбот мекунад, ки миллатҳое, ки истиқлолияти худро қадр мекунанд, ба дастовардҳои бузург ноил мешаванд. Дар Тоҷикистон сиёсати давлатсозӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ равона шудааст.
Ҷашни 34-солагии истиқлолият на танҳо таҷлили санаи муҳим аст, балки имкони таҳлили дастовардҳо ва муайян кардани ҳадафҳои нав барои оянда мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳис кунад, ки соҳибистиқлолӣ неъмати бузургест ва барои ҳифзу тақвияти он саъю кӯшиш намояд.
Имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созанда ба сӯи шукуфоӣ қадам мегузорад. 34 соли истиқлолият гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик қодир аст ҳама мушкилотро паси сар карда, давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ созад. Ҷашни истиқлолият моро водор месозад, ки таърихи пурифтихори худро гиромӣ дорем ва барои ояндаи дурахшон талош намоем.
Достонҷон Раҳмонов - ходими илмии Институти
математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ