
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ САНАДҲОИ НАВИ БА ИМЗОРАСИДА МИЁНИ ҶАМОҲИРИ ҲАМҶАВОРИ ТОҶИКИСТОН ВАҚИРҒИЗИСТОН
Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 08-09 июли соли 2025
Тазаккур бояд дод, ки ҳамкориҳо байни ду ҳамсоякишвар босуръат рушд карда, тамоюли ба сатҳи сифатан нав баромаданро нишон медиҳанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар “Қасри миллат” масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид, аз ҷумла:
- густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ;
- анҷом додани раванди демаркатсия;
- таҳким ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ;
- тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ;
- татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ;
- пешбурди ҳамкорӣ дар арсаи содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
- сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди низомҳои иттилоотӣ;
- таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар;
- рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, робитаҳои байни муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, табобатию солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию курортӣ;
- баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ;
- мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ;
- ҳамкории зич ба хотири ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, кам кардани оқибатҳои манфии гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳо;
- ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ .
Нуқтаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои олам вазифаи сиёсати хориҷии худро дар фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳким ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва амнияти мамлакат медонад.
8 июли соли 2025 дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои асноди дуҷониба баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расиданд:
- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои эътимод;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2026-2027;
- Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои давраи солҳои 2025-2026;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии радиошунавонии Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноатии Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Созишнома оид ба таъсиси Шурои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон.
Мавриди зикри хос аст, ки аҳамияти таърихии санадҳои нави имзошуда миёни ҷамоҳири ҳамҷавори Тоҷикистону Қирғизистон дар он аст, ки онҳо барои рушду таҳкими муносибатҳои неки минбаъда заминаи устувор гузоштанд.
Метавон хулоса намуд, ки дар таърихи навини ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон саҳифаи тоза ва давраи сифатан нави ҳамкориҳои судманд боз гардид. Бидуни шак, чунин ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба дархури манфиатҳои ҳар ду ҳамсоякишвар буда, ба амну субот ва пешрафту шукуфоию ободии минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳанд кард.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-9 июли соли 2025 сурат гирифта буд, ба поён расид. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 9 июли соли 2025 пас аз анҷоми сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ба шаҳри Бишкек баргашт.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Июл 9, 2025 08:51
ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳнома» — ҳамосаи беназири Абулқосими Фирдавсӣ сурудаест комилан миллӣ, зеро дар худ руҳу андеша, орзую ормонҳои миллии халқро инъикос мекунад. Дар ин гуна осор таърихи куҳани қаҳрамониҳову фидокориҳои миллат барои марзу буми хеш ҷомаи бадеӣ ба бар карда, падидаҳои ахлоқии низоми иҷтимоӣ, ҳаёти сиёсӣ ва дидгоҳҳои фалсафию эътиқодии гузаштагонро инъикос кардааст. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи директори Китобхонаи маркизии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шодимуҳаммад СУФИЗОДА, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. Матни пурраи мақолаи мазкур манзур мегардад.
-Агар ба таърихи адабиёти тоҷику форс аз ибтидо то имрӯз назари гузаро афканем, хоҳем мушоҳида кард, ки дар рӯзгори парешониҳову бесомониҳо, ки фарҳанги бегона равнақи забону фарҳангҳои бӯмиро кунд кард, ба эҷоди ҳамосаи беҳамто – «Шоҳнома» иқдом намудани Абулқосими Фирдавсӣ беҳикмат набудааст.
Ин донишномаи тамомнамои корзори боифтихори миллат, аз як тараф, саргузашти шукуҳманди тоисломии миллат, расму ойину асотир, тасвири фазои иҷтимоию таърихии замон, муҳити отифию ҳассоси ҷомеа, муҳаббат ба меҳан ва аз ҷониби дигар, гиромитарин ёдгори гузаштагон – забони куҳану сахтҷони модарии моро аз корзори набарду озмунҳои сангину нангин пирӯзманд берун овард, худшиносии миллӣ, руҳия ва диди зебоишиносонаи нажоди эрониро дар замоне ба намоиш гузошт, ки ҷунбишҳои миллии мардумони Хуросони Бузург бар зидди истилогарон саросари он марзу бумро фаро гирифта буд.
Ҳар саҳифаи ин «Шоҳномаҳо» саршор аз шинохти хосу зебоишиносона ва донишҳоест, ки аз дунёи бекаронаву жарфи дониш, қалби ҳассосу чашми нозукбин ва андешаи латифу зарифи Абулқосим Фирдавсӣ бо вожаҳои нобу нажодаи модарӣ зебандаву шоиста берун омадааст. Ин гуна маълумоти пешаварзона ва моявару бартарро аз осори илмӣ, рисолаҳои таърихӣ ё фалсафӣ наметавон пайдо кард.
Бозтоби равшани руҳия ва авзои иҷтимоии ҳар марҳилаи таърихиро дар адабиёти бадеии он давра метавон дарёфт. Омилҳои ташкилкунандаи худшиносии миллӣ беш аз манобеи дигар дар осори адабӣ инъикос ёфтаанд. Истифодаи дуруст аз адабиёти бадеӣ метавонад нақши бузургу таъсирбахше дар шинохти решаҳои худшиносии миллӣ, бедор кардан ва тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ иҷро намояд. Ин бахши муҳимму пурбори фарҳанг макони тавлиди андешаҳои бузургу сутурги суханваронест, ки бо мантиқи қавии баён ва сеҳрофаринию дилнишинии каломи хеш падидаҳои иҷтимоию сиёсии миллатро дар анвоъу қолабҳои гуногуни адабӣ арза доштаанд.
Дар маҷмуъ, метавон изҳор дошт, ки афкори баландпояву инсондӯстонаи суханварону андешамандони гузашта, ки дар жанрҳои манзуму мансур сабт гардидааст, дар бозшинохти ҳувияти милии мо нақши боризе дорад. Ҳамон тавр, ки Саймумин Ятимов дар мақолаи пурбори хеш таъкид мекунад: «Моҳияти ҳақиқии адабиёт ва фарҳанги асил тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллат аст. Адабиёти тоҷик дар тӯли асрҳо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Ҳатто дар асарҳои лирикии он оҳанги иҷтимоии озодандешӣ, хирадпазирӣ, ақлсолорӣ, хурофотситезӣ, мазаммати шадиди тавбафармоёни дурӯяи хилватамал бо қотеият садо медод. Хусусияти озодманишии ин адабиёт тавонист принсипи миллии тоҷикиятро дар ниҳоди мардум ҷой кунад, ба воя расонад, ҳифз намояд. Муносибати аслии мардумиро ба тарзи ҷаҳонбиние, ки нафаси андешаро дар қафас ҳам гулӯгир мекунад, муайян кард. Дар гаҳвора нигоҳ доштани девонҳои Ҳофиз, Бедил, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ҳамчун китобҳои муқаддас умеди нигаҳдорӣ ва тарбияи ҷигарбанди одамӣ бо тарзи тафаккури озодагӣ, маърифатпарварӣ ва адолатхоҳӣ аз анъанаҳои воқеии иҷтимоии ин адабиёт буд».
Воқеан, «Шоҳнома» донишномаи таъриху фарҳанг ва адаби пурифтихори тамоми ақвоми ориёӣ буда, ҳамаи марҳилаҳои зиндагонии ориёиёнро, ки саршор аз шодию нишот, орзуву ормон, шигифтию андӯҳ, муҳаббат ба меҳану нафрат ба душман, поси некию нописандии зиштӣ ва ғайра будааст, дар достонҳову қиссаҳои худ инъикос кардааст.
Ин ҳамосаи беназир бар иловаи тасвири шуҷоату далерии қаҳрамонони миллӣ, ки ҳамвора дар ҳимояи марзу буми ватани хеш будаанд, маҷмуи расму оини мардумони Хуросони бузургро бо ҳарорати баланди ватандӯстона ва маҳорати бемисли шоирона ба риштаи назм даровардааст. Аз ин рӯ, «Шоҳнома» шоҳасарест, ки ягонагӣ ва иттиҳоди рӯҳии мардумонро дар мубориза бар зидди ақвоми истилогар барои ба даст овардани озодию истиқлол бо тамоми шукӯҳмандию ҷалолати сухан ба тасвир кашида, дар паҳлуи ин мазомин расму оинҳои мардумию динӣ ва иҷтимоию ахлоқии гузаштагони моро бо тамоми ҷузъиёти он ба тасвир кашидааст. Ҳамзамон, дар ин ҳамосаи пурмоя беҳтарин лаҳзаҳои шодию сурур, айшу нишот ва мубоҳисаҳои пурдоманаи фалсафию динии гузаштагон таҷассум гардидааст. Ин китоби мумтозу беқиёсро метавон чун беҳтарин сарчашма ва дастури раҳнамо барои ташаккули ҳувияти миллӣ мавриди омӯзиши васеъ қарор дод. Бефоида нахоҳад буд, агар аз ёд донистани як ё якчанд достонҳои «Шоҳнома» дар рӯйхати адабиёти тавсияшаванда дар ҳамаи номинатсияҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шарти асосӣ бошад.
Адабиёти бошукӯҳи даврони шукуфоии давлатдории Сомониён саршор аз осори гаронмояи адабию илмиест, ки зиндагии он рӯзгоронро бо тамоми шаҳомату шукӯҳаш тасвир кардааст. Оғози нигоштани «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба даврони неҳзатҳои худшиносию истиқлоли миллӣ ва ҳамчунин, эҳёи забони модарӣ рост меояд. Ин шоҳкори беназир ба ғайр аз достонҳои асотирию таърихии пурмазмун манзумаҳои бузурге монанди «Достони Эраҷ», «Достони Рустам ва Суҳроб», «Достони Исфандиёри Рӯинтан», «Достони Сиёвуш» ва ғайраро дорад, ки дар онҳо рӯҳи миллӣ, муҳаббат ба меҳан, ифтихор аз кешу оини ниёкон ва орзуву ормонҳои инсон барои зиндагии осудаву шукўҳманд бо забони ниҳоят ҷаззобу шево тавассути хомаи тавонову сеҳрофарини шоир тасвир ёфтаанд. Арзишҳое, ки дар ин ҳамосаи бемисл бозгӯ шудаанд, дар рӯзгорони мо аз аҳаммияти бештаре бархӯрдоранд.
Воқеан, яке аз мавзуъҳои меҳварии «Шоҳнома» ишқ ба сарзамини обоию аҷдодияш ҳаст. Ин мазомин пайваста дар тӯли асар бо авотифу эҳсосоти нишотангез ва сӯзу гудози пуршўр садо медиҳанд. Ҳимоят аз Ватанро, ки бо ифтихор онро «Озодбум», «Шаҳри озодагон» мехонад, вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мешуморад ва мардумро ба хотири пуштибонию ҳифозат аз бару буму хонаву фарзанди хеш ба пойдорию ҷасорат ва устуворию муқовимат дар баробари душманон даъват мекунад:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Барои ҳакими фарзона аз ҳама азизтар Ватан аст. Дар сар то сари «Шоҳнома» бар гиромӣ доштани Ватан таъкид мекунад ва ҳаммеҳанони хешро даъват мекунад, ки бар ободу осуда нигоҳ доштани меҳан бикӯшанд ва пойдории истиқлол ва посбонии озодию оромиши сарзаминро муқаддастарин вазифаи хеш донанд.
Дар саросари ин ҳамосаи пуразамат рӯҳу андешаи миллӣ ва ҷаҳонбинии воҳиди меҳанпарастӣ партав афкандааст. Аз ин паёми ваҳдатофарини Фирдавсии бузург барои барангехтани муҳаббат ба арзишҳои миллӣ бояд пайваста истифода кард. Бо ин роҳ дар замири мухотабон меҳру дилбастагӣ ба хоку буми сарзамин парваронидан лозим аст.
Номҳои қаҳрамонони «Шоҳнома» дар ҳамаи хонаводаҳои тоҷикон дида мешавад, ки нишонае аз ишқу алоқаи тоҷикон ба гузаштаи пурифтихори хеш аст. Аз ин рӯ, ин ҳамосаи бузург метавонад дар таҳкими ҳувияти миллӣ хеле муфид бошад.
Беш аз ҳазор сол аст, ки сухани пур аз ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ бар инкишоф ва пешравии илму адаби башарият афзудааст. Дар тули таърих дурустию азамати ин каломи мондагори ҳакими Тӯсӣ: «Тавоно бувад, ҳарки доно бувад»-ро аҳли башар дарёфт ва дар заминаи он назарияҳои вобаста ба танзиму мудирияти донишро тавлид намуд. Дар фарҳанги Ғарб таҳти маънои байти мазкур мафҳуми «знание – сила» (Knowledge is Power) аз забони мутафаккирон ҳамвора шунида мешавад.
«Шоҳнома» Абулқосим Фирдавсӣ тавонотарин ва дилнишину дилнишонтарин намуна аз осори адабист. Ба сабаби густардагӣ ва ғановати зеҳнию маърифатӣ, таҷоруби нобу пуробутоби адабию фарҳангии худ ин шоҳасар метавонад дар ҳаёти шахсию ҷамъиятии инсони дилогоҳу равшанроҳ сутургтарин роҳнамо бошад ва ба қасду нияту азму иродаи ӯ таъсири бениҳоят калон расонад. Ҳамосаи ҷовидонаи Фирдавсӣ рӯҳияи миллӣ ва муҳабббат ба ватанро тавассути тасвири шукӯҳу азамати корномаҳои созандаву ситоишбарангези ниёкон дар кори ҳимоят аз марзу буми меҳан дар инсон тавассути забони шигарфу шево ва орӣ аз вомвожаҳо тақвият мебахшад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки 10 декабри соли 1994 таъсис ёфтааст, яке аз муҳимтарин ниҳодҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳизб дар тӯли зиёда аз се даҳа нақши калидӣ дар таҳкими истиқлолият, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бозидааст. Шеъри Дониёр Сангинӣ ба “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида шудааст, на танҳо як асари адабӣ, балки як ҳуҷҷати фарҳангӣ-сиёсист, ки арзишҳо, ормонҳо ва дастовардҳои ҳизбро дар шакли бадеӣ инъикос мекунад.
ҲХДТ дар давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ба миён омад, ки Тоҷикистонро ба сулҳу ваҳдати миллӣ ҳидоят кард. Ҳадафҳои асосии ҲХДТ тибқи оинномаи он, сохтмони давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бо иқтисоди устувор ва беҳдошти некӯаҳволии мардумро дар бар мегирад. Фаъолиятҳои ҳизб ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин тарғиби арзишҳои миллӣ ва ватанпарастӣ нигаронида шудаанд.
Шеър ҳамчун як василаи таблиғи идеологӣ, ғояҳои ҲХДТ-ро дар шакли рамзӣ ва эҳсосӣ баён мекунад. Он на танҳо ба тавсифи дастовардҳои ҳизб, балки ба таъкиди нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ва роҳнамои кишвар тамаркуз дорад.
Ҳизби Сарвар, ҳизби халқи Тоҷикистон,
Раҳбараш Пешвои миллат - Оли Раҳмон.
Ин мисраъҳо мустақиман ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси ҲХДТ ва Пешвои миллат ишора мекунанд. Истилоҳи "Сарвар" ва "Пешвои миллат" ба унвони расмии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар соли 2015 ба ӯ дода шуд, далолат дорад. Ин унвон на танҳо нақши сиёсии ӯро, балки мавқеи фарҳангӣ ва маънавии ӯро дар ҷомеа таъкид мекунад. Калимаи "ҳалқи Тоҷикистон" ба хусусияти فراгир ва мардумсолории ҲХДТ ишора дорад, ки дар оинномаи он ҳамчун ҳизбе, ки манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз мансубияти миллӣ, дин ё мавқеи иҷтимоӣ ҳимоя мекунад, зикр шудааст. Аз нигоҳи таърихӣ, ин мисраъҳо ба давраи баъди сулҳи соли 1997 ишора мекунанд, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Раҳмон ба як нерӯи пешбарандаи сиёсӣ табдил ёфт.
Дар ҳаёти иҷтимову иқтисоду ҳам сиёсат,
Нақши боризу саодат баҳри инсон.
Ин мисраъҳо даъвои ҲХДТ-ро барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа инъикос мекунанд. Аз нигоҳи таърихӣ, ҲХДТ дар татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, аз қабили саноатикунонии босуръат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, нақши муҳим бозидааст. Дар арсаи иҷтимоӣ, ҳизб ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат, таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Дар сиёсат, ҲХДТ аз соли 2000 аксарияти курсиҳои Маҷлиси Олиро дар ихтиёр дорад, ки ба он имкон медиҳад қонунҳо ва сиёсатҳои муҳимро пеш барад. Истилоҳи "саодат баҳри инсон" ба ҳадафи барномавии ҲХДТ, яъне беҳдошти некӯаҳволии мардум, мувофиқат мекунад.
Бо ҳидоятҳои раҳбар аҳли кишвар,
Мекушояд роҳи иқболро саросар.
Калимаи "ҳидоятҳо" ба роҳбарии стратегӣ ва дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон ишора мекунад, ки дар барномаҳои ҲХДТ, аз қабили "Истиқлолияти энергетикӣ" ва "Амнияти озуқаворӣ", инъикос ёфтааст. Ифодаи "роҳи иқбол" рамзи пешрафт ва шукуфоии миллӣ аст, ки ҲХДТ онро ҳамчун вазифаи асосии худ эълон кардааст. Аз нигоҳи фаъолият, ҲХДТ тавассути таблиғи сиёсатҳои худ дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ, инчунин ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ, ба монанди ҳамоишҳо ва ҷамъомадҳо, мардумро ба ҳадафҳои муштарак сафарбар мекунад. Ин мисраъҳо инчунин ба таъкиди ҲХДТ ба ваҳдати миллӣ, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ яке аз дастовардҳои муҳими ҳизб буд, ишора доранд.
Ҳизби нерӯ, ҳизби армону навовар,
Бо дуои Сарвари мо тахти бовар.
Ифодаи "Ҳизби нерӯ" ба қудрати сиёсӣ ва таъсири ҲХДТ дар ҷомеа ишора мекунад. Тибқи маълумот, ҲХДТ бо дар ихтиёр доштани 51 аз 63 курсии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳамчун "ҳизби ҳоким" шинохта мешавад. Калимаи "армон" ба ормонҳои миллии Тоҷикистон, аз қабили истиқлолият, ваҳдат ва шукуфоӣ, ки дар барномаи ҲХДТ таъкид шудаанд, далолат мекунад. "Навовар" ба талошҳои ҲХДТ барои ҷорӣ кардани технологияҳои нав, рушди илм ва таҳкими иқтисод тавассути саноатикунонӣ ишора дорад. Ифодаи "тахти бовар" ба эътимоди мардум ба роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва ҲХДТ ишора мекунад, ки дар натиҷаи сиёсатҳои муваффақи сулҳовар ва созандагӣ ба даст омадааст. Аз нигоҳи фаъолият, ҲХДТ тавассути чорабиниҳои таблиғотӣ ва ташкили ҳамоишҳо, ба монанди ҷашни 30-солагии таъсисёбӣ дар Исфара, ин эътимодро таҳким мебахшад.
Ин ки моро Оли Раҳмон Пешвоӣ мекунад,
Ҳизби моро то Сурайё раҳнамоӣ мекунад.
Ин мисраъҳо нақши роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як шахсияти марказӣ дар пешрафти ҲХДТ ва Тоҷикистон таъкид мекунанд. Истилоҳи "Сурайё" (як ситораи дурахшон) рамзи идеалии пешрафт ва шӯҳрати байналмилалист, ки ҲХДТ ба он мекӯшад. Аз нигоҳи таърихӣ, роҳбарии Раҳмон ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба масоили об ва иқлим, мавқеи худро таҳким бахшад. Фаъолияти ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ҳизбҳои хориҷӣ, ба монанди Ҳизби Коммунистии Чин ва "Единая Россия", низ ба баланд шудани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат кардааст. Ин мисраъҳо инчунин ба идеологияи ҲХДТ, ки бар ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ асос ёфтааст, мувофиқат мекунанд.
Сулҳу оромӣ, суботу ваҳдати мо пойдор,
Қисмати моро ҳамеша ибтикори созгор.
Ин мисраъҳо ба яке аз дастовардҳои муҳимтарини ҲХДТ, яъне таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ишора мекунанд. Созишномаи сулҳи соли 1997, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, заминаи асосии суботи сиёсии Тоҷикистонро фароҳам овард. ҲХДТ дар барномаи худ сулҳу суботро ҳамчун арзиши асосӣ эълон карда, фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро тарғиб мекунад. Ифодаи "ибтикори созгор" ба талошҳои ҲХДТ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили бунёди мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва неругоҳҳо, ишора дорад. Ин ибтикорҳо дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ низ таъкид шудаанд.
ҲХДТ дар фаъолиятҳои худ ба чанд самти асосӣ тамаркуз дорад:
1.Тарғиби ваҳдати миллӣ: ҲХДТ тавассути ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ, ба монанди ҷамъомадҳои "Шифо" ва "Эсхата", арзишҳои миллиро таблиғ мекунад.
2.Дастгирии иҷтимоӣ: Ҳизб ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ятимон ва камбизоатон, кумак мерасонад, ки ин дар ҳамоишҳои тантанавӣ, ба монанди ҷашни Исфара, таъкид шудааст.
3.Рушди илм ва маориф: ҲХДТ ба тарбияи кадрҳои болаёқат ва ҳамкории илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ дорад.
4.Сиёсати хориҷӣ: Ҳизб бо ҳизбҳои байналмилалӣ, аз қабили "Единая Россия", ҳамкорӣ мекунад, ки ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Ин фаъолиятҳо дар мисраъҳои таҳлилшуда инъикос ёфта, ҲХДТ-ро ҳамчун як нерӯи пешбарандаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ мекунанд.
Ифтихори Дониёр оромиши ҳизбу Ватан,
Дур бодо душманӣ аз эътибори анҷуман!
"Оромиши ҳизбу Ватан" ба сулҳу суботи сиёсӣ, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ таъмин шуд, далолат мекунад. Мисраи дуюм, ки ба "дур будан аз душманӣ" ишора мекунад, ба мавқеи ҲХДТ дар муқовимат бо таҳдидҳо, аз қабили экстремизм, терроризм ва таассуби динӣ, мувофиқат мекунад. ҲХДТ дар оинномаи худ ин зуҳуротро қатъиян маҳкум карда, ба таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи дунявияти давлат таваҷҷуҳ дорад. Аз нигоҳи фаъолият, ҲХДТ тавассути таблиғи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо бегонапарастӣ, ба монанди КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ ба назар мерасад.
Шеъри бахшида ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як асари муҳими адабӣ-сиёсист, ки ғояҳо ва арзишҳои ҲХДТ-ро дар шакли бадеӣ инъикос мекунад. Таҳлили ду мисра ба ду мисраи шеър нишон дод, ки он бо таърих, ҳадафҳо ва фаъолиятҳои ҲХДТ робитаи мустақим дорад. Мисраъҳои шеър нақши Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат, дастовардҳои ҲХДТ дар таъмини сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин талошҳои ҳизб барои муқовимат бо таҳдидҳои беруна ва тарғиби арзишҳои миллӣ таъкид мекунанд.
Аз нигоҳи таърихӣ, ҲХДТ дар давраи мураккаби пас аз ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, ба як нерӯи пешбарандаи сиёсӣ табдил гашт. Ҳадафҳои он, аз қабили бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инчунин беҳдошти некӯаҳволии мардум, дар барномаҳо ва фаъолиятҳои ҳизб, ба монанди бунёди инфрасохтор ва дастгирии иҷтимоӣ, инъикос ёфтаанд. Шеър ин арзишҳоро тавассути рамзҳо ва ифодаҳои эҳсосӣ, ба монанди "роҳи иқбол", "тахти бовар" ва "сулҳу оромӣ", ба таври бадеӣ ифода мекунад.
Аз нигоҳи фарҳангӣ, шеър ҳамчун як воситаи таблиғи идеологӣ хизмат мекунад, ки эътимод ва садоқати мардумро ба ҲХДТ ва роҳбарии он таҳким мебахшад. Он на танҳо дастовардҳои ҳизбро ҷашн мегирад, балки мардумро ба ваҳдат ва пешрафт даъват мекунад. Бо назардошти нақши ҲХДТ дар ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон, ин шеър як ҳуҷҷати муҳими адабӣ-сиёсист, ки бояд дар контексти таърихӣ ва фарҳангӣ омӯхта шавад.
ҚУРБОНОВА ШИРИН, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих.
(дар ҳошияи расидан ба ҳадафҳои “Солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”)
Зеҳни сунъӣ дар асри муосир ба яке аз технологияҳои муҳим табдил ёфтааст, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, таъсири назаррас дорад. Ин технология бо қобилияти таҳлили маълумоти калон, автоматикунонии равандҳо ва пешниҳоди қарорҳои дақиқ метавонад ҳуқуқҳои асосии инсонро, аз қабили дастрасӣ ба маълумот, адолати иҷтимоӣ ва озодии баён, тавсеа диҳад. Бо вуҷуди ин, истифодаи нодуруст ё бе танзими зеҳни сунъӣ метавонад хатарҳоеро ба бор орад, ки ба вайроншавии ҳуқуқи инсон оварда мерасонанд.
Дастрасӣ ба маълумот яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон аст, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башари СММ (1948) таъкид шудааст. Олимони ҳуқуқшиноси Осиё таъкид мекунанд, ки зеҳни сунъӣ дар бартарафсозии монеаҳои забонӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад. Дар Аврупо, ҳуқуқшиносон қайд мекунанд, ки зеҳни сунъӣ ба демократикунонии дониш мусоидат карда, платформаҳои таълимии онлайнро барои ҳама дастрас мегардонад. Дар Амрико, таваҷҷуҳ ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои паҳн кардани иттилооти муҳим дар байни гурӯҳҳои осебпазир равона шудааст.
Мисолҳои воқеӣ:
- Дар Ҳиндустон, платформаи "Digital India" бо истифода аз зеҳни сунъӣ ба миллионҳо шаҳрвандони деҳот имкон додааст, ки ба хидматҳои давлатӣ, аз қабили маълумоти тиббӣ ва таҳсилӣ, тавассути портали ягонаи рақамӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин барнома монеаҳои ҷуғрофиро бартараф карда, дастрасии умумиро ба маълумот афзоиш додааст.
- Эстония, ки бо номи "давлати электронӣ" маъруф аст, аз зеҳни сунъӣ дар системаи "e-Governance" истифода мебарад, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба маълумоти давлатӣ, аз қабили қонунҳо ва хидматҳои иҷтимоӣ, дар вақти воқеӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин система шаффофият ва дастрасии иттилоотро таъмин мекунад.
- Дар Иёлоти Муттаҳида, барномаи "MyHealthEData" бо истифода аз зеҳни сунъӣ ба беморон имкон медиҳад, ки ба маълумоти тиббии худ дастрасӣ пайдо кунанд, ки ин ба беҳтар шудани қарорҳои тиббӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба иттилоот мусоидат мекунад.
Адолати иҷтимоӣ яке аз масъалаҳои марказии ҳуқуқи инсон аст, ва зеҳни сунъӣ дар ин самт нерӯи бузург дорад. Дар Осиё, олимони ҳуқуқшинос ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар муайян кардани нобаробариҳо таваҷҷуҳ доранд. Дар Аврупо, таваҷҷуҳ ба дастрасии ҳуқуқӣ барои қишрҳои камбизоат аст. Дар Амрико, олимони ҳуқуқшинос ба мубориза бо табъизи нажодӣ ва иҷтимоӣ диққат медиҳанд.
Мисолҳои воқеӣ:
- Дар Кореяи Ҷанубӣ, системаи зеҳни сунъӣ -и "Smart Work" барои таҳлили маълумоти корхонаҳо истифода шуда, ҳолатҳои нобаробарии музди кор байни мардон ва занонро ошкор мекунад. Ин система ба коҳиши табъизи ҷинсӣ дар ҷойҳои кор мусоидат кардааст.
- Дар Нидерландия, платформаи "Rechtwijzer" бо истифода аз зеҳни сунъӣ ба шаҳрвандони камбизоат машваратҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод мекунад, ки ба онҳо дар ҳалли баҳсҳои оилавӣ ва молиявӣ кӯмак мерасонад, ва ин ба дастрасии одилона ба хидматҳои ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.
- Дар ИМА, барномаи "COMPAS" (Correctional Offender Management Profiling for Alternative Sanctions) бо истифода аз зеҳни сунъӣ барои арзёбии хатари такрори ҷиноят истифода мешавад, ки ба судяҳо дар қабули қарорҳои одилона кӯмак мекунад, гарчанде баъзан бо мушкилоти ғаразнокӣ дучор мешавад.
Озодии баён яке аз арзишҳои асосии демократия аст, ва зеҳни сунъӣ метавонад ин ҳуқуқро тавассути таъмини амният дар фазои рақамӣ дастгирӣ кунад. Дар Осиё, олимони ҳуқуқшинос ба муайян кардани мундариҷаи зараровар диққат медиҳанд. Дар Аврупо, таваҷҷуҳ ба мубориза бо сензура аст. Дар Амрико, ҳуқуқшиносон ба шаффофияти платформаҳои рақамӣ диққат доранд.
Мисолҳои воқеӣ:
- Дар Сингапур, алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар платформаҳои иҷтимоӣ барои муайян ва нест кардани суханрониҳои нафратангез истифода мешаванд, ки ба эҷоди муҳити бехатар барои баёни озод мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, ин система баъзан бо интиқод барои маҳдуд кардани озодии баён рӯбарӯ мешавад.
- Дар Олмон, қонуни "NetzDG" (2018) аз зеҳни сунъӣ барои мониторинги мундариҷаи ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунад, ки ба коҳиши паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва ҳифзи озодии баён мусоидат мекунад, гарчанде баъзан бо мушкилоти сензураи аз ҳад зиёд дучор мешавад.
- Дар ИМА, ширкати "Twitter" (ҳоло X) аз зеҳни сунъӣ барои ошкор кардани мундариҷаи зараровар истифода мекунад, ки ба ҳифзи ҳуқуқи корбарон ба баёни озод мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, қарорҳои автоматии зеҳни сунъӣ баъзан боиси несткунии ғайриодилонаи мундариҷа мешаванд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар масоили ҳуқуқи инсон бо хатарҳои ҷиддӣ ҳамроҳ аст. Олимони ҳуқуқшиноси Осиё ба назорати оммавӣ, дар Аврупо ба ношаффофӣ, ва дар Амрико ба ғараз дар алгоритмҳо диққат медиҳанд.
Мисолҳои воқеӣ:
- Дар Чин, системаи "Social Credit System" бо истифода аз зеҳни сунъӣ барои назорати рафтори шаҳрвандон истифода мешавад, ки ба вайроншавии ҳуқуқи махфият ва озодии инфиродӣ оварда расонидааст. Ин система ба шаҳрвандон бар асоси рафторашон хол медиҳад, ки дастрасии онҳоро ба хидматҳо маҳдуд мекунад.
- Дар Фаронса, истифодаи зеҳни сунъӣ дар системаҳои шинохти чеҳра дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боиси нигарониҳо дар бораи ношаффофияти алгоритмҳо ва имкони вайроншавии махфият шудааст, хусусан пас аз татбиқи қонунҳои зиддитеррористӣ.
- Дар ИМА, истифодаи зеҳни сунъӣ дар системаи "Predictive Policing" (пешгӯии ҷиноят) дар баъзе шаҳрҳо, ба монанди Лос-Анҷелес, боиси табъизи нажодӣ шудааст, зеро маълумоти таърихии ғаразнок ба қарорҳои нодуруст оварда расонидааст.
Барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар тавсеаи ҳуқуқи инсон, олимони ҳуқуқшинос аз минтақаҳои гуногун тавсияҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
- Таҳияи қонунҳои байналмилалӣ ва миллӣ барои назорати истифодаи зеҳни сунъӣ .
- Эҷоди механизмҳо барои шаффофсозии қарорҳои зеҳни сунъӣ .
- Омӯзиши мутахассисони зеҳни сунъӣ дар асосҳои ахлоқ ва ҳуқуқи инсон.
- Мубодилаи таҷриба байни кишварҳо барои таҳияи стандартҳои умумӣ.
Зеҳни сунъӣ дорои нерӯи бузург барои тавсеаи ҳуқуқи инсон дар соҳаҳои дастрасӣ ба маълумот, адолати иҷтимоӣ ва озодии баён аст. Мисолҳои воқеӣ аз Ҳиндустон, Эстония, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Нидерландия, Сингапур, Олмон ва дигар кишварҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар бартарафсозии нобаробариҳо ва таъмини дастрасии умумӣ нақши муҳим бозад. Бо вуҷуди ин, хатарҳои марбут ба назорати оммавӣ, ношаффофӣ ва ғараз, ки дар мисолҳои Чин, Фаронса ва ИМА дида мешаванд, зарурати танзими оқилона ва риояи меъёрҳои ахлоқиро таъкид мекунанд. Танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва таҳияи механизмҳои муассир метавон кафолат дод, ки зеҳни сунъӣ ба тавсеаи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад, на ба маҳдудшавии он.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Зеҳни сунъӣ (AI) дар солҳои охир ба яке аз технологияҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил ёфта, дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла технологияи ҳастаӣ, истифода мешавад. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи ҳастаӣ метавонад дурнамои навро боз кунад, аммо ҳамзамон хатарҳо ва оқибатҳои ҷиддиро ба миён меорад.
Зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳлили маълумоти бузурги аз сенсорҳои реакторҳои ҳастаӣ ҷамъовардашуда истифода шавад. Моделҳои зеҳни сунъӣ, ба монанди алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ, қодир ба пешгӯии нокомиҳои эҳтимолӣ, оптимизатсияи равандҳои энергетикӣ ва коҳиш додани хатарҳои садамавӣ мебошанд. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад ҳарорат, фишор ва дигар параметрҳои муҳимро дар вақти воқеӣ назорат карда, қарорҳои фаврӣ барои пешгирии мушкилот қабул кунад.
Зеҳни сунъӣ дар таҳияи системаҳои пешрафтаи муҳофизати ҷисмонӣ истифода мешавад. Системаҳои огоҳии барвақт, ки бо зеҳни сунъӣ кор мекунанд, метавонанд таҳдидҳои кибернетикӣ, вайроншавӣ ва ё хатарҳои физикиро муайян кунанд. Масалан, алгоритмҳои зеҳни сунъӣ метавонанд рафтори ғайримуқаррариро дар шабакаҳои компютерии иншооти ҳастаӣ ошкор намуда, ҳамлаҳои кибернетикиро пешгирӣ кунанд.
Идоракунии партовҳои радиоактивӣ яке аз мушкилоти асосии соҳаи ҳастаӣ мебошад. Зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳияи моделҳои пешгӯӣ истифода шавад, ки нигоҳдорӣ, коркард ва нест кардани партовҳои ҳастаиро оптимизатсия мекунанд. Масалан, алгоритмҳо метавонанд роҳҳои бехавф ва камхарҷи нигоҳдории дарозмуддати партовҳоро пешниҳод намоянд.
Зеҳни сунъӣ барои моделсозии реаксияҳои ҳастаӣ ва таҳлили маълумоти таҷрибавӣ истифода мешавад. Инчунин имкон медиҳад, ки олимон равандҳои мураккабро бо дақиқии баланд таҳлил кунанд ва технологияҳои нави ҳастаиро, аз қабили реакторҳои термоядроӣ, таҳия намоянд.
Оқибатҳо ва хатарҳои истифодаи зеҳни сунъӣ
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар технологияи ҳастаӣ метавонад хатарҳои амниятиро афзоиш медиҳад, агар системаҳои зеҳни сунъӣ ба дасти шахсони нодуруст афтад. Масалан, ҳакерҳо метавонанд алгоритмҳои зеҳни сунъиро барои дастрасӣ ба системаҳои идоракунии реакторҳо истифода баранд, ки метавонад ба садамаҳои ҷиддӣ оварда расонанд.
Қарорҳои худкори зеҳни сунъӣ метавонанд ба мушкилоти ахлоқӣ дучор шаванд, хусусан вақте ки сухан дар бораи қабули қарорҳои муҳим дар вазъиятҳои фавқулодда меравад. Системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд натиҷаҳои ғайричашмдошт ё нодуруст ба бор оранд, агар маълумоти нокифоя ё алгоритмҳои нодуруст истифода шаванд.
Истифодаи аз ҳад зиёди зеҳни сунъӣ метавонад боиси вобастагӣ аз технология гардад, ки дар натиҷа нақши одамон дар идоракунии иншооти ҳастаӣ кам мешавад. Ин метавонад хатар эҷод кунад, агар системаҳои зеҳни сунъӣ дар вазъиятҳои ғайричашмдошт корношоям шаванд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар технологияи ҳастаӣ талаб мекунад, ки стандартҳо ва қоидаҳои нави байналмилалӣ таҳия шаванд. Танзими истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи мазкур мураккаб аст, зеро он бояд хатарҳои технологӣ, ахлоқӣ ва сиёсиро ба назар гирад.
Хулоса, истифодаи зеҳни сунъӣ дар технологияи ҳастаӣ имкониятҳои бузургро фароҳам меорад, аз ҷумла оптимизатсияи равандҳо, баланд бардоштани амният ва пешбурди тадқиқоти илмӣ. Аммо, хатарҳои марбут ба амният, ахлоқ ва танзим низ бояд ҷиддӣ баррасӣ шаванд. Барои истифодаи бехатар ва самараноки зеҳни сунъӣ дар соҳаи мазкур зарур аст, ки стандартҳои байналмилалӣ таҳия шуда, тадқиқоти муштарак байни кишварҳо ва созмонҳо гузаронида шавад.
Манучеҳр ШОКИРОВ – Мудири шуъбаи амнияти киберӣ, кафолатҳо, омодагӣ ва вокуниш ба садамаҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Олимҷон АЗИЗОВ – Мудири шуъбаи менеҷмент, Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Адабиёт
1. IAEA. (2023). Artificial Intelligence for Nuclear Applications: Opportunities and Challenges. Vienna: International Atomic Energy Agency. www.iaea.org
2. Russell, S., & Norvig, P. (2021). Artificial Intelligence: A Modern Approach. 4th ed. Pearson.
3. Goodfellow, I., Bengio, Y., & Courville, A. (2016). Deep Learning. MIT Press.
4. World Nuclear Association. (2022). Nuclear Power in the World Today. https://www.world-nuclear.org
(Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 08-09 июли 2025)
Аз саҳифаҳои таърих ба ҳамагон маълум аст, ки тоҷикон аз қадимулайём бо ҳамсоягони хеш муносибати дустонаву бародарона дошта, дар асоси арзу эҳтиром ба арзишҳои бузурги ахлоқии инсонӣ умр ба сар мебурданд. Тоҷикон ва қирғизҳо низ аз чунин ҳамсоягоне ҳастанд, ки бо риояи ойинҳои неки ҳамсоядорӣ ҳамзистӣ зиндагӣ карда, ҳамчун дӯсту бародар бо ҳам муносиботи хуби инсонӣ доштанд.
Доир ба ойини ҳамсоядорӣ дар миёни мардуми соҳибдилу соҳибхиради тоҷик сухану зарбурмасалҳои пурҳикмате мавҷуданд, аз қабили “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст” ва ё “хона нахар, ҳамсоя бихар”, ки ин аз иззату эҳтироми мардуми шарифи тоҷик нисбат ба ҳамсояву ҳамсоядорӣ мебошад.
Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Тавре маълум аст, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 14 январи соли 1993 оғоз гардида, ҳамкориҳо дар ҳоли густариш қарор доранд. Бар асоси ҳамин муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ таъсис ёфта буданд. Мавриди зикр аст, ки санадҳои асосие, ки самтҳои умдаи ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар онҳо принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (12 июли соли 1996), Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва шарикӣ (26 майи соли 2004), Протокол оид ба муайянсозии хатти марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон (декабри соли 2024) ва Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон (13 марти соли 2025).
12-13 марти соли равон зимни сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон руйдоди муҳиму фараҳбахш ва таърихӣ барои мардумони ҳар ду кишвар он гашт, ки пас аз панҷ соли қатъ гардидани муносибатҳо равуои дуҷонибаи заминӣ ва ҳавоӣ аз нав фаъол гардид.
Дар доираи сафари давлатии Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷмуъ 16 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ба имзо расида буданд. Метавон гуфт, ки баъд аз имзо расидани созишномаҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорату саноат, роҳу нақлиёт, энергетика, гумрук ва ғайра ба марҳали сифатан нав ворид шуда, дар ояндаи наздик аллакай самараҳои хешро ба бор хоҳанд овард.
Афзун бар ин аст, ки дар соли соли 2025 корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расиданд. Неруи барқи сабз дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол меёбад. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи CASA - 1000 бунёди объектҳои нави энергетикӣ аз қабили хатти баландшиддати барқии 500 кВт аз зеристгоҳи “Датка” дар Қирғизистон то зеристгоҳи “Суғд 500 кВт” дар Тоҷикистон бо дарозии тақрибан 480 км ба анҷом расид.
31 марти соли 2025 сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қиризистон дар маросими оғози фаъолияти хатти “500 кВ Датка-Суғд” дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар шакли видеоконфронс иштирок намуданд. Акнун марҳалаи нави татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 оғоз ёфт. Роҳбарони кишварҳо қайд карданд, ки ин лоиҳа аҳамияти хосса дорад, зеро он низомҳои энергетикии ду кишварро муттаҳид намуда, амнияти энергетикиро тақвият бахшида, ба хотири рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми назаррас мегирад.
8-9 уми июли соли 2025 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ин мулоқот марҳалаи муҳим дар болоравии сатҳу сифати муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ҳамкориро дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби бисёрҷониба муфассал баррасӣ намуданд. Инчунин ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, содагардонии расмиёти ҳамлу нақли бор, ҳалли масоили марбут ба рушди логистика ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Роҳбарони ду давлат фароҳам овардани шароити мусоидро ҷиҳати рафту омади мардум, интиқоли бор ва хидматрасонӣ, тақвият бахшидани кор ва таҷдиди низоми фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Қирғизистон «Тоҷварон-Қарамиқ» миёи ноҳияҳои Лахш ва Чон- Алай, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ба таври маҷозӣ боз шудааст, равобити дуҷонибаро тавсеа дода, убури сарҳадро содатар намуда, ба рушди беҳтари ҳамкории наздимарзӣ мусоидат мекунад. Ҷонибҳо судмандии саъю талоши тарафайнро ҷиҳати зиёд кардани шумораи парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳои муофирбар, инчунин хатсайрҳои автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ, тасдиқ намуданд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки пас аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани муносибатҳои неки дуҷониба ба рушду пешрафти ҳамкориҳои ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.
Достиева Дилафруз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ба ҳошияи ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизстон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8-9 июли 2025
8-уми июли соли 2025 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сурат гирифт, пас аз вохурӣ дар вилояти Хуҷанд як марҳилаи муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар ба шумор меравад. Имрӯз ҷаҳон дар давраи мураккабшавии сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ қарор дорад. Мулоқоти роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар вазъият кунунӣ имкони баррасии ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро фароҳам овард. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ин модели нави сулҳофаринии роҳбарони давлатҳо буда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст. Ирода ва сиёсати дурандешонаи роҳбарони кишварҳо буд, ки имрӯз водии Фарғона яке аз минтақаҳои даргир ба минтақаи сулҳ табдил ёфт.
Мулоқотҳои сатҳи олӣ барои рушди муносибатҳои дарозмуддат байни давлатҳо ва халқҳо мусоидат менамояд. Дар мулоқоту музокирот самтҳои муҳми ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
1. Дуҷониба. Дар доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд. Дар он масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи роҳбарони кишварро ҷалб намуда, аз ҷумла:
-делимитатсияи сарҳади давлатӣ. Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.
-рушди робитаҳои парлумонӣ. Таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.
-ҳамкории иқтисодӣ. Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шуморида шуд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятноки афзоиши сармоягузории мутақобила арзёбӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар самти содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ густариш дода шавад.
- ҳамкории сармоягузорӣ. Ҷонибҳо барои сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди системаҳои иттилоотӣ, изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳо, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷониби Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, робитаҳои байни муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, табобатию солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию курортӣ изҳори омодагӣ намуд.
-ҳамкории фарҳангӣ. Баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ омили муҳими таҳкимбахши робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни мардумон номида шуд.
-ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ. Мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
-ҳамкорӣ дар мушкилоти тағйирёбии иқлим. Ҳамкории зич барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.
2. Бисёрҷониба. Ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаию минтақавӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар доираи ин сафар беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз энергетика ва об то кишоварзӣ ва тиҷорат, имзо шуд. Аз ҷумла, созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологии нав, ҳамкориҳои аграрӣ, туризм ва тиҷорати марзӣ имкон медиҳанд, ки корхонаҳои муштарак ташкил шаванд ва маҳсулоти ватанӣ озодона ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёбанд.
Хулоса, гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 5 моҳ 6,1 миллион доллари ШМА-ро ташкил додааст. Дар 5 моҳи аввали соли 2025 гардиши коло байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба 6,1 миллион доллари ШМА расидааст. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 миллион доллари ШМА ё 29,8% бештар аст. Аз 6,1 миллион доллари ШМА 1,3 миллионашро содирот ва 4,8 миллиони боқимондаро воридоти молу маҳсулот дар бар мегирад. Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари давлатӣ ба Тоҷикистон, ки нақши мутақобилаи халқиятҳо дар танзими муносибатҳои ду кишвар пас аз буҳронҳои марзӣ, равобити байни одамон, хусусан дар минтақаҳои наздимарзӣ коста гардида буданд. Пас аз сафарҳои мутақобилаи судманд дар сатҳи олӣ ва бо ифтитоҳи гузаргоҳҳо, имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи иҷтимоӣ, фазо барои ҳамгироии мардумӣ фароҳам гардидаанд. Тоҷикистон бо принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар асоси он, ки мардумони минтақа аз қадимулайём боҳам мезистанду мегуфтанду меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстона ҳамкориро идома хоҳанд дод. Сафари мутобилаи давлатӣ нишон дод, ки чунин сафарҳо дар сатҳи олӣ метавонад омили асосии сулҳу субот бошад.
Соҳиби Баҳруло, ходими хурди илмии Шуъбаи шуъбаи ИДМ - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 08-09 июли 2025
Мусаллам аст, ки ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар замони соҳибистиқлолии ин ду ҳамсоякишвар бо роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ аз 14 январи соли 1993 оғоз гардида, то кунун дар арсаҳои мухталиф идома меёбанд.
Дар ҳамин замина метавон иброз намуд, ки равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд байни ду кишвар мебошанд. Ҳамчунин боздидҳои расмӣ ва сафарҳои кории роҳбарони ин ду давлат ба кишварҳои якдигар яке аз ҷанбаҳои муҳимми ҳамкории судманд маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 139 санадро дарбар мегирад.
Санадҳои асосие, ки самтҳои гуногуни ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар онон принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, чун анъана, дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои хубу зич дошта, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро одатан ҷонибдорӣ менамоянд.
Қобили зикр аст, ки соли 2018 Қирғизистон дар баробари 190 кишвари аъзои СММ қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони "Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, пешниҳод шуда буд, пуштибонӣ кард.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони “Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ-омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ", ки бо ибтикори ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ҷонибдорӣ намуд.
30 июни соли 2025 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо сафари расмӣ дар Қирғизистон қарор дошт, бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат муносибатҳои дуҷониба мунтазам рушд карда, тамоюли расидан ба сатҳи сифатан нави ҳамкориҳоро дорад. Инчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва фаромарзии миёни кишварҳо баррасӣ гардиданд. Дар ин мулоқот роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин азми қавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеа, рушд ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанба бо Қирғизистон таъкид намуд.
Садир Жапаров ҳамчунин ёдовар аз он шуданд, ки моҳи марти соли 2025 Созишномаи таърихии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин замина ӯ ба зарурати фаъолсозии ҳамкориҳои судовари ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.
Қобили зикр аст, ки бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз 28-29 июни 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки дар рафти он як қатор санадҳо ба имзо расида буданд.
Дар навбати худ, 12-13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки натиҷаҳои он, бешубҳа, дар густаришу таҳкими самтҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар саҳифаи наверо боз намуданд. Метавон гуфт, ки дар раванди музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он дар фазои дӯстиву созандагӣ ва руҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек ботафсил баррасӣ гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ва Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
Дар маҷмуъ, 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:
- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғизсодирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
- Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;
- Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;
- Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;
- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.
Мавриди зикри хос аст, ки энергетика яке аз соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ, маҷмуи зерсистемаҳои бузурги табиӣ ва сунъӣ мебошад, ки барои истеҳсол табдил, интиқол, ҷамъоварӣ ва истифодаи захираҳои энергетикии ҳама намудҳо хизмат мекунад. Мақсади истифодаи энергия таъмин намудани истеҳсоли энергия тавассути табдил додани энергияи аввалия ва табиӣ ба энергияи дуюмдараҷа, ба монанди энергияи барқӣ ё гармӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки энергетика яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад. Мусаллам аст, ки анҷоми сохтмони инфрасохтор дар доираи лоиҳаи CASA-1000 марҳалаи муҳими таҳкими амнияти энергетикии минтақа хоҳад гардид.
31 марти соли 2025 дар ҳузури раҳбарони олии давлатии Тоҷикистону Қирғизистон хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Датка-Суғд”, ки тақрибан 480 километр тӯл мекашад, тавассути алоқаи видеоӣ ба кор андохта шуд, ки он системаҳои энергетикии ду кишварро ба ҳам мепайвандад. Ҳамин тариқ дар фасли тобистон неруи барқи “сабз” ба Афғонистон ва Покистон низ содир мешавад.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои ҷамоҳири Тоҷикистону Қирғизистон тавассути муколамаи сиёсӣ, рушду тавсеаи равобити иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ба таври мунтазам густариш меёбанд. Имзои Аҳдномаи марзӣ, ба кор андохтани лоиҳаи CASA-1000 ва густариши равобити тиҷорӣ ва фарҳангӣ аз гузариш ба марҳалаи сифатан нави шарикӣ бар асоси арзу эҳтироми мутақобила, прагматизм ва дидгоҳи стратегӣ ба оянда аст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 31 марти соли 2025 дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати раҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун рӯйдоди муҳим дар хотираи таърих боқӣ хоҳад монд. Дар доираи ин чорабинӣ “Эъломияи дӯстии абадӣ” дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, ки хоҳиши муштаракро ба таҳкими ваҳдати минтақавӣ ва робитаҳои гуногунарсаро тасдиқ мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки татбиқи риояи принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки бар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём ҳамзистӣ доштанд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми маҷмуи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар замони муосир яке аз омилҳои муҳими дар ҳолати хуб нигоҳ доштани муносибатҳои байникишварӣ дар тамоми соҳаҳо мебошад.
Иқтисод
Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2024 беш аз 12,2 миллион долларри амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2023 4,3% афзоиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми муомилоти мол 6,1 миллион долларро ташкил додааст. Ин рақам 29,8 фоиз афзуда, аз динамикаи мусбати ҳамкориҳои дуҷониба шаҳодат медиҳад.
Фарҳанг
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун ду кишвари дорои решаҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангии қадим, дар тӯли асрҳо робитаҳои наздик доштанд. Ин робитаҳо на танҳо дар шакли расмӣ, балки байни мардумон ва ҷомеаҳои наздимарзӣ рушд кардаанд. Дигар ин ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон намунаи барҷастаи дурахши фарҳанги халқҳои тоҷику қирғиз маҳсуб ёфта, афроди ин ҳамсоякишварҳо бо махсусияти урфу одат ва анъанаҳои он, ҳамзамон бо дастовардҳои муосир дар соҳаи фарҳанг ошно мегардонанд.
Адабиёт
Адабиёти Қирғизистон бо забони қирғизӣ рушд мекунад. Адабиёти хаттии қирғиз бар пояи эҷодиёти шифоҳии мардум (сурудҳои чӯпонӣ, лирикӣ, зарбулмасалҳо, мақолҳо ва ғ.) пайдо шудааст. Ҳамосаи «Манас» - достони таърихӣ-эпикӣ дар бораи корнамоиҳои барҷастаи Қаҳрамони миллии қирғизҳо Манас-дар адабиёти қирғиз мавқеи махсусро ишғол кардааст. Ғояи асосии ин ҳамосаро муборизаи тӯлонии қирғизҳо барои озодиву истиқлол ташкил медиҳад.
Дар замони муосир, бо вуҷуди баъзе мушкилоти сиёсӣ ва марзӣ, муносибатҳои фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳими таҳкими эътимод ва дӯстии халқҳо боқӣ мондаанд.
Заминаҳои таърихӣ ва муштаракоти фарҳангӣ
Ҳар ду миллат бо фарҳангҳояшон ба хазинаи умумии тамаддуни Осиёи Марказӣ мансубанд. Шахсиятҳои намоёни таърихӣ, ба мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мирсаид Миршакар (аз ҷониби Тоҷикистон) ва Чингиз Айтматов (аз ҷониби Қирғизистон) дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар саҳми калон гузоштаанд.
Забонҳои тоҷикиву қирғизӣ, гарчанде аз оилаҳои гуногунанд (форсӣ ва туркӣ), мисли забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати байниҳамдигарӣ истифода мешаванд.
Суннатҳои мардумӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, мусиқӣ, маъракаҳо ва одатҳо шабоҳати зиёд доранд, ки ин заминаи муносиб барои густариши муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошанд.
Гарчанде заминаи густурда барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо вуҷуд дорад, солҳои охир бар асари муноқишаҳои фоҷиавии сарҳадӣ ва маҳдудияти муваққатӣ дар маҷрои ҳаракати одамон, сатҳи робитаҳои дуҷониба то андозае коҳиш ёфта буданд. Аммо бо ҳал шудани масъалаи сарҳадӣ (31.03.2025) ва беҳгаштани равобити сиёсӣ, дурнамои ҳамкориҳои фарҳангӣ хеле умедбахш ба назар мерасад.
Робитаҳои сатҳи мардумӣ
Дар минтақаҳои наздимарзӣ, хусусан миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткену Ӯши Қирғизистон, муносибатҳои хешутаборӣ ва фарҳангии таърихӣ вуҷуд доранд. Аксари сокинони ин минтақаҳо ба ду ё се забон озодона ҳарф мезананд ва дар маъракаҳо, тӯйҳо ва ҷашнҳо иштироки тарафайн вуҷуд дорад. Ҷашнҳои Наврӯз ва идҳои Рамазону Қурбон ҳар сол бо иштироки аҳли ҷомеаи ду кишвар баргузор мешаванд.
Имконот:
- Барқарорсозии ҷашнвораҳои муштарак;
- Табодули ҳунармандон, донишҷӯён ва олимон;
- Фаъолгардонии марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қирғизистон ва қирғизҳо дар Тоҷикистон;
- Таҳияи барномаҳои муштараки телевизионӣ ва эҷоди филмҳои мустанад оид ба таърихи умум ва мавзуоти дигари мубрам.
Хулоса Муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷониба миёни ҷамоҳири Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо ҷузъи муҳими ҳамкориҳои байнидавлатӣ, балки воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ ва суботи минтақа мебошанд. Бо эҳёи ин робитаҳо дар заминаи ҳалли масъалаҳои марзӣ, фазои солими ҳамзистии халқҳо густариш ёфта, Осиёи Марказӣ ба минтақаи дӯстӣ ва пешрафти иҷтимоӣ табдил хоҳад гашт.
Ҷойи хушҳолӣ ин аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 8-9-июли соли 2025 Ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамчунин консерти "Дӯстии абадӣ" бо иштироки ҳунармандони ду кишвар баргузор гашт.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна - ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
