Баъзан дар тақвим санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти даҳсолаҳо аҳамияти худро гум намекунанд. 9-уми май маҳз аз ҳамин гуна рӯзҳост. Ин на танҳо як санаи таърихӣ дар китобҳои дарсӣ, балки қиссаи зиндаи ҳар як оила, дарди меросӣ ва ифтихори бузурги миллати мост. Ҳарчанд дар ҳудуди Тоҷикистон садои тиру тӯп шунида намешуд, аммо ҷанг ба хонаи ҳар як тоҷикистонӣ ворид гардида буд. Аз кӯҳистони дурдаст то водиҳои зарнисор беш аз 300 ҳазор ҷавонмард ба ҷабҳа рафтанд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии онвақтаи Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан 1,5 миллион нафарро ташкил медод.
9-уми май дар таърихи инсоният ҳамчун санаи тақдирсоз сабт гардидааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1945, Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шикасти комили фашизм ба анҷом расид. Барои мардуми Тоҷикистон ин рӯз на танҳо рамзи пирӯзии низомӣ, балки нишонаи фидокорӣ, матонат ва ватандӯстии бемисл мебошад.
Дар ҳоле ки мардон дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград ва дигар ҷабҳаҳо қаҳрамонӣ нишон медоданд, дар ақибгоҳ занону кӯдакон низ заҳмати шабонарӯзӣ мекашиданд. Онҳо дар саҳроҳои пахта, корхонаҳо ва муассисаҳои истеҳсолӣ бо шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!” меҳнат мекарданд. Корхонаҳои ҷумҳурӣ либос, маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти заруриро барои фронт омода менамуданд.
Зиёда аз 100 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Барои шуҷоату ҷасорати бемисл 54 нафар ҳамватанони мо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар байни онҳо Неъмат Қаробоев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Саидқул Турдиев ва дигар фарзандони шуҷои миллат ҳастанд. Неъмат Қаробоев аввалин тоҷикест, ки соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст. Ӯ ҳанӯз соли 1940 барои шуҷоат дар ҷанги Финландия бо ин унвон қадрдонӣ шуда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ қаҳрамониҳои зиёде нишон додааст.
Дар ҷанг на танҳо мардони тоҷик, балки занон низ фаъолона иштирок доштанд. Аз ҷумла, Ойгул Муҳаммадҷонова ҳамчун аввалин зани халабони тоҷик дар солҳои ҷанг зиёда аз 400 парвози ҷангӣ анҷом дода, борҳо техника ва мавқеъҳои душманро нобуд сохтааст.
Имрӯз барои насли ҷавон, ки дар фазои сулҳу оромӣ ба воя мерасад, ҷанг метавонад як воқеаи дур намояд. Аммо Рӯзи Ғалаба моро водор месозад, ки қадри сулҳ, субот ва истиқлолиятро бештар дарк намоем. Ҳар як гуле, ки имрӯз назди ёдгориҳо гузошта мешавад, рамзи эҳтиром ва арзи сипос ба қаҳрамониҳои гузаштагон аст. Ин рӯз ба мо ёдрас мекунад, ки маҳз иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонад бар ҳама гуна бадӣ ва душманӣ ғолиб ояд.
9-уми май — ин иди бо ашк дар чашмон аст. Мо дар ин рӯз ба хотираи касоне, ки барои зиндагии осоиштаи имрӯза ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Сулҳе, ки имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармост, идомаи ҳамон зафари бузурги соли 1945 мебошад.
Имрӯз дар байни мо собиқадорон хеле ангуштшумор боқӣ мондаанд. Ҳар як суҳбат бо онҳо, ҳар як хати рӯй ва ҳар як медали рӯи синаашон худ як достони пурифтихор аст. Вазифаи мо танҳо бо табрики солона маҳдуд намешавад, балки эҳтиром ба хотираи онҳо ва ҳифзи сулҳу ваҳдат бояд ҳамеша рисолати ҳар яки мо бошад.
9-уми май — ин рӯзи пирӯзии ҳаёт бар марг, рӯшноӣ бар зулмот ва инсоният бар бадист. Бигзор дар ҷаҳон дигар ҳеҷ гоҳ садои тир шунида нашавад ва сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бимонад.
САЙФУДИНОВА Н.И. Лаборанти Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
НАҚШИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВЕТЕРАНӢ ВА СОЗМОНҲОИ ТАШКИЛОТХОИ ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ БАРОИ МАҚОМОТИ ТАНЗИМКУНАНДА ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
Имрӯз, 15 апрел дар Маркази минтақавии бехатари, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амали дар мавзуи «Нақши созмонҳои байналмилалии ветеранӣ ва созмонҳои ташкилотхои илмӣ-техникӣ барои мақомоти танзимкунанда дар таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки имрӯз бо қаноатмандӣ метавон таъкид кард, ки иқтидори илмӣ ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ имкон медиҳад на танҳо вазифаҳои сатҳи миллӣ ҳаллу фасл гарданд, балки Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи минтақавӣ низ саҳми назаррас гузорад.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва шарикони рушд озмоишгоҳи хизматрасониҳои техникӣ ва маркази минтақавии амният, ҳифз ва кафолатҳо таъсис ёфтаанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва таҳкими инфрасохтори соҳавӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар идома дигар аз олимону пажуҳишгарон аз дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, нақши сохторҳои танзимкунанда, истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва татбиқи дастовардҳои навини илмӣ-таҳқиқотӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҳамчунин, иштирокчиён зарурати тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрҳои баландихтисос ва густариши робитаҳои институтсионалиро барои пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва таъмини амнияти устувор муҳим арзёбӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳа аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Арманистон, Белорус, Муғулистон, Туркия, Австрия, Федератсияи Русия ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Агентии байналмилаии нерӯи атомӣ, Ассотсиатсияи ҷаҳони операторҳои неругоҳҳои атомӣ, Созмонҳои базавии ИДМ оид да коркарли партовхои радиоактиви ва коршиносони макомоти танзимкунандаи дигар кишвархо дар сохаи бехатари ва амнияти ядрои ва радиатсиони дар шакли хузури ва мачози иштирок намуда истодаанд.
Дар доираи конференсия ба як қатор пажуҳишгарон ва мутахассисони соҳа шаҳодатномаҳои узвият ба Ассотсиатсияи байналмилалии ветеранҳои энергетика ва саноати атомӣ (МСВАЭП) тақдим гардида, инчунин барои саҳми назаррас дар рушди низоми таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ бо медалҳо ва дигар мукофотҳои соҳавии ветеранӣ қадрдонӣ карда шуданд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ТАҲҚИҚОТИ ТРАНСФОРМАТСИЯИ ТЕХНОГЕНИИ МУҲИТИ ГЕОЛОГӢ, НАЗОРАТИ РАДИАТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ЯДРОӢ
Имрӯз, 14 апрел дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи таҳқиқоти трансформатсияи техногении муҳити геологӣ, назорати радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус Харитончик Сергей Василевич ва дигар кормандон иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки таъсиси озмоишгоҳи мазкур дар доираи созишнома миёни Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандози гардидааст.
Гуфта шуд, ки фаъолияти он ба анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ равона гардида, аз ҷумла таҳияи технологияҳои истихроҷи пайвастагиҳои унсурҳои нодирзаминӣ аз партовҳои саноатии фосфогипс ва партовҳои истеҳсолоти уран, арзёбии хавфҳои садамаҳои техногенӣ дар тӯдаҳои партов ва анборҳои нигоҳдории пасмондаҳо, таҳияи моделҳои геологӣ-иттилоотии ҳудудҳои аз ҷиҳати техногенӣ зери сарборӣ қарордошта, гузаронидани таҳқиқоти ҳисоббарорӣ ва таҷрибавӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникӣ дар самти мазкурро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳи нав дар ду пойгоҳи илмӣ-таълимӣ дар заминаи Маркази минтақавии бехатари, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар назди Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва дар факултети корҳои кӯҳӣ ва экологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии техникии Беларус дар шаҳри Минск фаъолият хоҳад кард.
Дар идома Созишнома оид ба таъсис ва фаъолияти озмоишгоҳи муштараки илмӣ байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус ба имзо расонида шуд.
Имрӯз, 14 апрел бахшида ба Рӯзи илми тоҷик як гурӯҳ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати пос доштани хотири аҳли илму адаб ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо ба оромгоҳи бузургон сафарбар гардиданд.
Дар ҷараёни ин иқдоми маънавию фарҳангӣ иштирокдорон аз оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон боздид намуда, бо гузоштани гулчанбару гулдастаҳо хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.
Зимни ин маросим таъкид гардид, ки гиромидошти осору мероси илмӣ ва адабии чунин шахсиятҳои бузург барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун манбаи илҳом ва худшиносии миллӣ хизмат намуда, дар таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Таъкид гардид, ки саҳми олимону мутафаккирони тоҷик дар рушди илму фарҳанги миллӣ бениҳоят арзишманд буда, онҳо бо осори гаронмояи худ дар ташаккули тафаккури илмӣ, рушди забону адабиёт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муассир гузоштаанд.
Зикр гардид, ки эҳтиром гузоштан ба хотираи чунин фарзандони фарзонаи миллат на танҳо як амали рамзӣ, балки як рукни муҳими тарбияи маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 13 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили Шурои занон дар мавзуи “Нақши ҷаҳонбинии илмӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҷаҳонбинии илмӣ пояи асосии ташаккули тафаккури солим ва худогоҳии миллӣ мебошад. Қайд гардид, ки дар шароити муосир равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат рушд мекунанд, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тақвияти арзишҳои фарҳангӣ бе такя ба донишҳои илмӣ ва таҳқиқоти амиқ ғайриимкон аст.
Гуфта шуд, ки ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди тафаккури интиқодӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, метавонанд дар тарбияи насли худшинос ва ватандӯст саҳми назаррас гузоранд. Дар ин замина, нақши муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар тарғибу ташвиқи донишҳои муосир ва рушди иқтидори зеҳнӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки занон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа метавонанд дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Аз ҷумла, тавассути тарбияи дуруст дар оила, рушди маърифати фарҳангӣ ва дастгирии таҳсилу тадқиқоти илмии фарзандон, онҳо метавонанд дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои суннатӣ нақши муассир бозанд.
Дар идомаи маҳфил як зумра аз занону бонувон дар маърузаҳои хеш доир ба дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмию ҷамъиятии занон ибрози назар намуданд. Зикр гардид, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар самти дастгирии занон барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст.
АЗ ТАЪМИРИ АСОСӢ БАРОВАРДАНИ ГАНҶИНАИ ФОЛКЛОР ДАР ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИИ АМИТ
Имрӯз, 13 апрел бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон, Ганҷинаи фолклори Институт, пас аз солҳои тулонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дода шуд, ки ганҷинаи мазкур дорои маводи нодири фолклорӣ, аз ҷумла дастхатҳо, сабтҳои овозӣ, матнҳои шифоҳии мардумӣ, намунаҳои эҷодиёти даҳонӣ ва дигар осори арзишманди фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Таъмири асосии он бо мақсади ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии беҳтари мероси ғайримоддии миллӣ анҷом дода шуда, барои муҳаққиқон ва олимон шароити мусоиди илмӣ фароҳам овард.
Таъкид шуд, ки эҳё ва ба истифода додани чунин ганҷинаҳо дар самти омӯзиш, гирдоварӣ ва таҳқиқи фолклори тоҷик аҳаммияти хос дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим мегузорад.
Зикр гардид, ки дар доираи корҳои таъмири асосӣ шароити нигоҳдории мавод ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шуда, утоқҳои махсус бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла низоми танзими ҳарорат ва намнокӣ, рафҳои махсус барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, инчунин шароити мусоид барои рақамисозӣ ва коркарди илмии мавод фароҳам оварда шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки осори нодири фолклорӣ на танҳо ҳифз карда шаванд, балки ба таври васеъ мавриди омӯзиш ва истифодаи муҳаққиқон қарор гиранд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ба истифода додани ганҷинаи таҷдидшуда имкониятҳои нави таҳқиқотӣ барои олимон, магистрантон ва докторантон фароҳам омада, заминаи мусоид барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи рисолаҳо ва нашри осори илмӣ муҳайё мегардад.
Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии мардумии Чин мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ба шаҳри Пекин барои шиносоӣ ва табодули андеша бо муасисаҳои илмию таълимӣ аз ҷумла Донишгоҳи нақли
Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии мардумии Чин мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ба шаҳри Пекин барои шиносоӣ ва табодули андеша бо муасисаҳои илмию таълимӣ аз ҷумла Донишгоҳи нақлиётии Пекин ва Донишгоҳи политехникии Пекин дидан карданд.
Дар сафар профессор Қодирзода Фарҳод Анварро котиби генералии иҷроияи “Маркази ҳамкории таҳсилоти олии Чин-СҲШ-Осиёи Марказӣ”, ҷаноби Бай Цзиньци, намояндаи доимии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Чин, ҷаноби Хе Кантай ҳамроҳи намуданд.
Дар вақти суҳбат бо муовини ректори Донишгоҳи нақлиётии Пекин ҷаноби Гао Лян профессор Қодирзода Фарҳод масъалаи ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ, илмӣ- тадқиқотӣ изҳори назар намуда, барои ҳамкорӣ ҳамтоёни Чиниро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даъват намуданд.
Имрӯз, 11 апрел бо ибтикори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии Ҳисор бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва тамаддунии мардуми ориёӣ, рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки таҷлили ин ҷашни бостонӣ дар муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла дар марказҳои таҳқиқоти астрономӣ, бозгӯи пайванди амиқи илму фарҳанг буда, ба таҳкими ҷаҳонбинии илмии ҷомеа мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ дар кишвар дар рушди илми астрономия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки омӯзиши коинот ва падидаҳои осмонӣ аз замонҳои қадим бо ҷашни Наврӯз иртибот дошта, ниёгони мо аз рӯи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ фарорасии баҳор ва соли нави астрономиро муайян менамуданд.
НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР БИНОИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БЕХАТАРӢ, АМНИЯТ ВА КАФОЛАТҲОИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
Имрӯз, 10 апрел, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳамроҳии як гурӯҳ олимону кормандон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз макони насби панелҳои офтобӣ дидан намуда, пурра аз тарзи кори панелҳои офтобӣ аз наздик шинос гардиданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқ ва рушди иқтисодиёти “сабз” кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба роҳ мондаанд. Дар ин замина, аз ҷониби кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ панелҳои офтобӣ таҳия ва омода карда шуда истодаанд, ки ба рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, ки насби чунин таҷҳизоти муосир имконият фароҳам меорад, то муассиса бо неруи барқи тоза ва аз лиҳози экологӣ безарар таъмин гардида, ҳамзамон сатҳи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ баланд бардошта шавад. Ин иқдом инчунин метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои татбиқи технологияҳои “сабз” дар дигар муассисаҳои илмӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизмат намояд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ минбаъд тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таълимие, ки сохта ба истифода дода мешаванд, бояд панелҳои офтобӣ насб карда шавад. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳо сохта ба истифода додан ва насби панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шуд.
