Skip to main content

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Академияи миллии илмҳо тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намудааст.

Имрӯз (17.12.2024) бо ин мақсад дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур ба АМИТ ташриф оварда, барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд. Барои аз акредитатсияи байналмилалӣ гузаштан тамоми муассисаҳои илмӣ пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади гузаштани муассисаҳои илмӣ аз аккредидатсия Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг(Независимое Агентство аккредитация и рейтинга(НААР)): раиси комиссия — Косов Владимир Николаевич – доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи миллии педагогии Қазоқистон, ҳамоҳангсози Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг – Назирова Гулфия Ривкатовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, менеҷери лоиҳа оид ба ташкили комиссияҳои экспертии берунии Агентии мазкур, коршинос Даврон аз Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарият ва масъулини сохторҳои гуногуни АМИТ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз санаи 17-ум то санаи 20.12.2024 Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ қарор доштанд. Агентии мазкур яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои илмӣ мебошад. Ҳоло тамоми ҳуҷҷатҳо барои додани шаҳодатномаи Аккредитатсия ба Агентии мазкур пешниҳод шудаанд.