Skip to main content

Таърихи навини тоҷикон саҳифаест, ки дар он нақши роҳбарии хирадмандона ва сиёсати ваҳдатофарини Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ҷаҳониён гувоҳанд, ки дар замони душвори пас аз ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо иродаи қавӣ, ҷасорат ва фидокориҳои Роҳбари давлат Тоҷикистон аз доми буҳронҳои шадид раҳо ёфт ва роҳи истиқлоли комилро пеш гирифт. Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи ӯ, давлате, ки дар оғози солҳои навадум ба парокандагӣ рӯ оварда буд, дубора ба ваҳдати миллӣ расид ва суботи устувори сиёсӣ дар он пойдор гардид.

Пайванди шимолу ҷануби кишвар, бунёди нақбҳо ва нерӯгоҳҳои стратегӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ва рушди инфрасохтори муосир намунаи рӯшани сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат мебошанд. Дар паи ин талошҳо, Тоҷикистон ба кишвари амну осуда табдил ёфта, ба гуфтаи пажӯҳишҳои байналмилалӣ, дар раддабандии амнтарин давлатҳои ҷаҳон ҷойгоҳи баланд касб кардааст.

Фаъолияти сулҳофарию ваҳдатсози роҳбарияти олии кишвар таҷрибаи нодирест, ки таърих мисоли онро кам ёд дорад. Ин раванд, ки бо хирад, таҳаммулпазирӣ ва эътиқоди воқеӣ ба арзишҳои инсонӣ роҳандозӣ шуд, миллати тоҷикро аз ҳолати ҷудоӣ ба сӯи якдилӣ ва суботи устувор овард.

Сиёсати дӯстона нисбат ба кишварҳои ҳамсоя ва эҳёи эҳсоси бародарӣ дар миёни мардумон намунаи беназири сиёсати хирадмандонаи миллӣ гардид.

Бо вуҷуди он ки дар таърихи миллат шахсиятҳои барҷаста ва шоҳони одил зиёд будаанд, дар саҳифаҳои таърихи муосир шахсе чун Эмомалӣ Раҳмон бо чунин меҳру садоқати комил ба миллат кам ёфт мешавад. Намунаҳои зиёде аз эҳтироми амиқи ӯ ба фарҳанг ва таърихи миллат вуҷуд доранд. Аз ҷумла, тақдими китобҳои “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадони кишвар на танҳо арҷгузорӣ ба ниёгони фарҳангии миллат, балки рамзи эҳёи худшиносии миллӣ ва пойдории забону адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбари давлат дар ҳифзи табиат ва захираҳои об, бахусус масъалаи пиряхҳо, мавқеи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таҳким бахшиданд. Ҷаҳон шоҳид шуд, ки роҳбарияти ин кишвар барои ҳифзи унсурҳои ҳаётбахши инсоният — об, иқлим ва муҳити зист — бо садои баланд сухан гуфт ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамбастагӣ даъват намуд.

Бо ибтикори ин сиёсатмадори донишманд, бисёре аз арзишҳои фарҳанги миллӣ аз нав эҳё гардиданд. Ҷашнҳои куҳанбунёди ориёӣ, аз қабили Сада ва Меҳргон, дубора ҷойгоҳи шоистаи худро дар зиндагии мардум пайдо карданд. Наврӯз, ки аз амиқтарин рамзҳои тамаддуни ориёист, ба ташаббуси Тоҷикистон мақоми ҷаҳонӣ гирифт ва имрӯз ба унвони ҷашни сулҳу дӯстӣ дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи хоса ба бузургон ва шахсиятҳои таърихӣ — аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Мавлоно, Камоли Хуҷандӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ — ба эҳёи ифтихори миллӣ ва бедории фарҳангии ҷомеа мусоидат намуд. Баргардонидани хоки муқаддаси ин бузургон ба зодгоҳҳои аслии онҳо ва бунёди мақбараҳои нав рамзи эҳтироми миллат ба гузаштаи пурифтихораш аст.

Ин ҳама далолат бар он дорад, ки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон бар пояи эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои ниёгон ва тақвияти ваҳдати маънавии мардум устувор шудааст.

Шахсияти Пешвои миллат на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ба ҳайси намунаи давлатмардии муосир пазируфта шудааст. Суханрониҳои ӯ дар минбарҳои ҷаҳонӣ ҳамеша бар пояи ҳикмати шарқӣ, андешаи сулҳ, дӯстӣ ва инсондӯстӣ қарор доранд. Ин суханон симои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фарҳангӣ ва сулҳдӯст ба ҷаҳон муаррифӣ кардаанд.

Бо назардошти ҳамаи ин, метавон гуфт, ки роҳбари имрӯзаи давлат бо сиёсат, хирад ва муҳаббати беандоза ба миллат на танҳо пояҳои давлатдориро мустаҳкам сохт, балки худшиносии миллиро ба сатҳи нав баровард. Дар замони ӯ тоҷикон худро чун як миллати ягона, соҳибтамаддун ва соҳибсарнавишт эҳсос мекунанд.

Ардамеҳр Ашуров н.и.т., ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон