Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ яке аз муассисаҳои кӯҳантарини илмӣ дар АМИТ мебошад. Таъсиси он бо ташкили Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС марбут аст. Бо Қарори Раёсати АИ ИҶШС аз 17 марти соли 1932 дар ҳайати Пойгоҳи тоҷикистонӣ бахши таъриху забошиносӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Ба иҷрои тадқиқоти филологӣ дар Тоҷикистон вуруди як гурӯҳ олимони маъруфи шарқшиноси рус ва ширкати фаъоли онҳо дар кори бахш мусоидат намуд: Е.Э.Бертелс, И.С.Брагинский, А.А.Семенов, М.С.Андреев, В.С. Расторгуева, А.З.Розенфелд, И.М. Оранский, В.А.Лившитс, А.П.Смирнова, И.Эделман, Р.Л.Неменова, Л.В. Успенская, Н.Н.Ершов ва дигарон. Соли 1940 дар заминаи бахши таъриху забоншиносӣ Институти таърих, забон ва адабиёт таъсис дода шуд, ки ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ ба таркиби Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС дохил гардид. Пас аз таъсиси АИ ҶШС Тоҷикистон дар соли 1951 бо қарори Шурои Вазирони ҷумҳурӣ Институти забон ва адабиёти мустақил бо чор бахши илмиву тадқиқотӣ ташкил карда шуд: забон, адабиёти классикӣ, адабиёти шуравӣ ва луғатҳо. Аз соли 1955 дар назди институт қисмати нав – осорхонаи Садриддин Айнӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Соли 1958 ба муносибати 1100-солагии таваллуди бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба институт номи ӯ гузошта шуд.
Олимони маъруфи ҷумҳурӣ узви вобастаи АМИТ, номзади илмҳои филологӣ М.Ф.Фозилов (1952-1958), доктори илмҳои филологӣ, профессор Х.М.Мирзозода (1958-1959), узви вобастаи АМИТ, номзади илмҳои филологӣ Н.А.Маъсумӣ (1959-1972), узви вобастаи АМИТ, номзади илмҳои филологӣ А.М.Маниёзов (1972-2000), узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Д.Саймиддинов (2000-2005), доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АМИТ С. Назарзода (2005-2011), д.и.фалсафа, академик Акбар Турсун (2012-2015), д.и.ф., узви вобастаи АМИТ Раҳматуллозода Сахидод (2015-2019), академик Носирҷон Салимӣ (2019), н.и.ф. Боймурод Шарифзода (2020-2021), д.и.ф., профессор Фарангис Шарифзода (2022 то инҷониб) сарвари институт буданд.
Институт дорои фондҳои ғанӣ мебошад, ки дар онҳо маводи нодир оид ба шеваҳои забони тоҷикӣ, забони ҳозираи тоҷик, эҷодиёти даҳонии халқи тоҷик ва мероси бойгонии адибони асри XX тоҷик ҷамъоварӣ шудааст. Масалан, фонди фолклори институт аз феҳристе иборат аст, ки як миллион баргаро дар бар мегирад ва сарчашмаи таҳқиқоти илмӣ мебошад. Дар институт ҳамчунин бойгонии шахсии устодони барҷастаи сухан, амсоли А.Лоҳутӣ, М.Раҳимӣ, М.Аминзода, А. Деҳотӣ, П.Толис, Ҳ.Юсуфӣ, Ҷ.Икромӣ, Ф.Ниёзӣ, С.Улуғзода таъсис ёфтааст, ки дар асоси онҳо осори адибони мазкур ба нашр омода карда шудаанд.
Дар назди институт Иттиҳодияи осорхонаҳои адабӣ амал менамояд, ки Осорхонаи адабии С. Айнӣ (1955), осорхонаи М. Раҳимӣ (1968), осорхонаи адабии М. Аминзода дар Хуҷанд (1976), осорхонаи адабии М. Турсунзода (1978), осорхонаи А. Лоҳутӣ (1980) ва осорхонаи адабии Муъмин Қаноатро дар ноҳияи Дарвоз (2023) дар бар мегирад.
Китобхонаи институт дорои ду фонди китобҳо мебошад: фонди асосӣ, ки беш аз 10 ҳазор нусха китоби бадеӣ, илмӣ ва илмиву оммавӣ дорад ва фонди мубодила, ки аз ҳазор нусха китоб иборат аст.
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дорои 5 шуъба; шуъбаи таърихи адабиёт, шуъбаи адабиёти муосири тоҷик, шуъбаи забони тоҷикӣ, шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот ва шуъбаи фолклор мебошад.
Маълумот оид ба самтҳои асосии фаъолияти илмӣ
Институт корҳои таҳқиқотиро дар самтҳои фолклор, забон, таърихи адабиёт, адабиёти муосир, луғат ва истилоҳот дар ҳафт лоиҳаи давлатӣ пеш мебарад:
1. «Пажуҳиши масъалаҳои фарҳангҳои тафсирӣ ва дузабона» (2021-2025). РҚД №0121TJ1300, роҳбари лоиҳа н.и.ф. Холматова С.
2. «Масъалаҳои шаклу жанр ва матншиносӣ дар адабиёти муосири тоҷик (асрҳои ХХ-ХХ1)» (2021-2025). РҚД №0121TJ1299, роҳбари лоиҳа: н.и.ф. Беҳрӯзи Забеҳулло
3. «Донишномаи адабиёти форсии тоҷикӣ (аз Даврони бостон то асри XV)» (2021-2025). РҚД №0121TJ1298, роҳбари лоиҳа: д.и.ф., Юсуфов У.
4. Ташаккули луғоту истилоҳоти забони тоҷикӣ (дар се давраи таърихӣ) (2021-2025). РҚД №0121TJ1302, роҳбари лоиҳа: н.и.ф. Мирзоев С.
5. «Куллиёти фолклори тоҷик» (2022-2026). РҚД №0121TJ1301, роҳбари лоиҳа: н.и.ф. Мажнунов А.
Дастовардҳои илмии муассиса дар замони истиқлол
Дастоварди калони олимони Институт таҳия ва нашри асарҳои бунёдии илмиву таҳқиқотӣ, амсоли «Таърихи адабиёти советии тоҷик» дар 6 ҷилд, «Куллиёти фолклори тоҷик» дар 7 ҷилд, «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд, «Очеркҳои таърихи адабиёти тоҷик» дар 12 ҷилд, «Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» дар панҷ ҷилд, «Луғати тоҷикӣ ба русӣ», «Луғати русӣ ба тоҷикӣ», «Фарҳанги тафсирии забони ҳозираи тоҷик», силсилаи тадқиқот дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, нашри академии осори С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ ва дигар намояндагони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик мебошад. Нашри «Имлои забони тоҷикӣ»-и нав марҳилаи муҳиме дар фаъолияти илмии олимони забоншиноси Институт буд.
Татбиқи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар амалия ва ё истеҳсолот
Ходимони илмии Институт дар иртиботи ҳамешагӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи радио ва телевизион, Маркази исломшиносӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, Энсиклопедияи миллии тоҷик ва дигар муассисаҳои илмии дохилӣ буда, оид ба масъалаҳои меъёр ва имлои забони тоҷикӣ, мероси адабии ниёгон, арзишҳо ва расму оинҳои миллӣ, таълиму таълифи китобҳои дарсӣ, сохтани барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ саҳм мегузоранд. Кормандони илмӣ дар барномаҳои гуногуни радио ва телевизиони тоҷик дар мавзуъҳои мубрами илми забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, масъалаҳои фолклор, ваҳдат, истиқлолият, рамзҳои давлатӣ, китобу китобшиносӣ, идҳои милливу аҷдодӣ ва ғ. гузоришҳои пурмуҳтаво ироа менамоянд.
Натиҷаҳои корҳои илмии олимони Институт на танҳо барои таҳияи асарҳои бунёдӣ дар соҳаҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ замина мегузоранд, балки дар амалияи таълими мактабҳои олӣ, дар лексияву курсҳо ва семинарҳои махсус, ҳангоми омода кардани китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ, дастурҳои методӣ, тавсияномаҳо барои такмили сатҳи таълим дар Тоҷикистон истифода мешаванд.
Фаъолияти табъунашрӣ
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ фаъолияти табъунашрӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Институт ҳамасола китобу монографияҳои ходимони илмиро ба нақша гирифта, тибқи нақша тавсияи нашри онҳоро таъмин менамояд. Дар замони Истиқлолият шуруъ аз соли 1991 то инҷониб аз ҷониби ходимони илмӣ зиёда аз 350 китоб ва 2740 мақолаи илмӣ-оммавӣ ба табъ расидааст.
Инчунин, дар назди Институт маҷаллаи илмии “Суханшиносӣ”, ки дар Феҳристи маҷаллаҳои мавриди таъйиди КОА-и назди Президенти ҶТ ва КОА-и ФР дохил гардидааст, фаъолият менамояд, ки ҳарсол 4 шумораи он ба нашр мерасад. Маҷалла фарогири мақолаҳои илмии на танҳо ходимони илмӣ ва унвонҷӯёни Институт, инчунин устодону кормандони муассисаҳои мухталифи кишварамон мебошад.
Тайёр кардани кадрҳои илмӣ
Аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардида, баҳри баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилӣ мутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.
Барнома дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст. Дар он, пеш аз ҳама, ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти мамлакатро таъмин менамояд, низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккули дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст. Кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ муассисаи илмию таҳқиқотии тобеи Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон аст, ки ҳамасола барои омода намудани кадрҳои илмӣ саҳми бориз дорад.
Дар соли хониши 2023-2024 20 нафар унвонҷӯ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Зинаи магистратураро 12 нафар ва зинаи доктор PhD-ро 5 нафар хатм карданд. Дар зинаи аввали магистратура 14 нафар ва дар зинаи дуюм 23 нафар машғули таҳсил мебошанд. Дар зинаи доктор PhD – соли аввал 3 нафар, соли дуюм 8 нафар ва соли сеюм 2 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд .
Ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмии соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ
Ҳамкориҳо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ асосан бо кафедраи забони тоҷикии факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, факултети филологияи ДМТ, кафедраи назария ва амалияи ДБЗХТ, кафедраи забони тоҷикии ДДФС ба номи М.Турсунзода, муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ба роҳ монда шудааст.
Ҳамкориҳои илмӣ байналмилалӣ
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо муассисаҳои байналмилалӣ аз қабили Донишгоҳи давлатии ш.Термиз факултаи забон ва адабиёти тоҷикӣ, Институти забоншиносии Академияи илмҳои Россия, Институти эроншиносии Австрия, Анҷумани Рӯдакии Порис (Фаронса), маркази Бунёди Мавлоно, инчунин бо Маркази Хирадсарои Фирдавсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои илмӣ дорад.
Дурнамои фаъолияти илмии муассиса
Имрӯз барои пажӯҳиши масъалаҳои бунёдии илми забоншиносии тоҷик ва, махсусан, таҳқиқи забони тоҷикӣ дар Институти забон ва адабиёт ҳамагӣ се шуъба: шуъбаи забони тоҷикӣ, шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот, шуъбаи забонҳои бостон ва ориёӣ, ки соли 2022 таъсис ёфта, лоиҳаи илмии он аз соли 2024 оғоз мешавад, амал мекунад. Ин шуъбаҳо бори асосии таҳқиқоти бунёдии илмиро оид ба забоншиносӣ бар дӯш доранд. Шуъбаҳои лаҳҷашиносӣ, таърихи забон, шуъбаи истилоҳот ва имлои забони тоҷикӣ, шуъбаи помиршиносӣ (қисман ба шаҳри Хоруғ интиқол ёфт ва осори ҷамъовардаи онҳо мутаасифона интиқол наёфта аз байн рафт) барҳам хурданд. Ҳоло ки масъалаҳои таҷдиди сохтори муассисаҳои Академияи илмҳо бо пешниҳоди Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ мешавад, хуб мешуд, ки масъалаҳои васеъ кардани пажӯҳишҳои бунёдии илмӣ оид ба забони тоҷикӣ – забони давлатӣ ва модарии мо мавриди бознигарӣ қарор гирад ва ҳадди ақал дар сохтори Институт чаҳор шуъбаи дигар оид ба таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ ташкил шавад. Ин шуъбаҳо метавонанд чунин бошанд:
- Шуъбаи забони адабии ҳозираи тоҷик;
- Шуъбаи таърихи забон;
- Шуъбаи лаҳҷашиносӣ ва номшиносӣ;
Масъалаи таҷдиди назар ба сохторҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар маҷлиси ҳайати илмии шуъбаҳои таърихи адабиёт, адабиёти муосир ва фолклор дар партави дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар вохӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар рӯзи 18 марти 2020 доданд ва ҳам бо дарназардошти мавқеи роҳбарияти Институт ҳаматарафа баррасӣ гардид.