Skip to main content

Аз 20 то 24 майи соли 2024 9-мин Ассамблеяи генералии Шабакаи глобалии дипломатияи мардумӣ (GPDNET),ки аз ҷониби Фонди Катара давлати Қатар дар шаҳри Доҳаи ин кишвар баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 30 нафар иштирокчиён аз 19 давлати ҷаҳон иштирок намуданд, ки дар он ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси мудири шуъбаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ходими калони Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ иштирок ва суханронӣ намудам.

20 майи соли 2024 дар толори VIP маҷмааи Қатар бо иштироки президент ва дабири кулли созмон нишасти матбуотии Шабакаи Глобалии Дипломатияи Ҷамъиятӣ (GPDNET) баргузор гардид.

22 майи соли 2024 - дар Katara Hall, ҷаласаи 9-уми Ассамблеяи Генералии Шабакаи глобалии дипломатияи ҷамъиятӣ (GPDNET) оғоз гардид. Бояд қайд кард, ки ҷаласаи мазкури GPDNet ҳамчун марҳилаи муҳим дар тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои ширкаткунанда арзёбӣ гардид. Дар айни замон аъзои комилҳуқуқи созмон инҳоянд:

Институти Адам Мицкевич (Полша), Хонаи мероси Маҷористон (Маҷористон), Ҷамъияти академии рушд (Мозамбик), Институти Камойес (Португалия), Бунёди Чианг Чинг-куо барои табодули байналмилалии илмӣ (Тайван), Бунёди деҳаи фарҳангии Катара (Қатар), Бунёди Корея (Корея), Комиссияи миллии фарҳанг ва санъат (Филиппин), Институти миллии тамоюли фарҳангӣ (Нигерия), Фонди байналмилалии Сингапур (Сингапур), Институти Шветсия (Шветсия), Институти Юнус Эмре (Туркия), Донишкадаи Украина (Украина), LEPL Creative Georgia (Гурҷистон), CIPI (Куба), Шӯрои Миллии Мероси (Африқои Ҷанубӣ), SRE (Мексика), Институти давлатии фарҳанг (Булғористон), Heritage Malta (Малта).

Аъзои вобастаи созмон инҳоянд: Форум 4444 (Сербия), Институти забони литвагӣ (Литва), Маркази UET (Албания), Маркази байналмилалии сулҳ (Босния ва Ҳерсеговина), Созмони санъати Убумунту (Руанда), Институти мероси ҳақиқӣ (Гана), SMARTiCITY (Румыния), Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Молдова (Молдавия) ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар чорабиниҳои қаблии созмон директор ва ходими илмии Институти зикршудаи АМИТ – профессор Ниёзӣ Ё.Б. ва ходими калонии илмии Институт Одинаев А. ширкат доштанд, ки дар ин бора роҳбарияти GPDNET ва дигар намояндагони кишварҳои ширкаткунанда хеле мусбат изҳори назар карданд.

Дар суханрониҳо, мубоҳисахо ва савлу ҷавобҳо нуктахои зерин таъкид карда шуданд:

Ассамблеяи имсола платформаеро барои таҳкими ҳамкориҳои амиқтар ва муайян кардани самти оянда бо таваҷҷӯҳи хоса ба ҷалби насли ояндаи пешвоёни дипломатияи ҷамъиятӣ, бахусус ҷавонон фароҳам овард;

GPDNET оид ба арзёбии мушкилоти марбут ба беҳбуди муошират ва ҳамкорӣ ва омӯхтани роҳҳои инноватсионии истифодаи васоити ахбори иҷтимоӣ барои муошират бо иштирокчиён мусоидат хоҳад кард;

Ташкилот ният дорад ба татбиқи лоиҳаҳои ҷолиби муштараки дипломатияи ҷамъиятӣ шурӯъ кунад. Ҳадафи ин барномаҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, зиёд намудани иқтидор ва ташвиқи иштироки фаъоли ҷавонон дар ташаккули ояндаи дипломатияи ҷамъиятӣ.

Ба ин муносибат Марям Ал Саад, дабири кулли Шабакаи генералии дипломатияи ҷамъиятӣ ва директори генералии Маркази дипломатияи Фонди ҷамъиятии Катара аҳамияти Ассамблеяи генералии дарпешистодаро, ки ҳадафи асосии он эҷоди як низоми мувофиқ мебошад, ки ба таври фаъол ба тахияи лоихахои оянда мусоидат хоҳад намуд.

Зимни кори Ассамблея дар ҷаласаи Ассамблея суханронӣ намуда, чунин қайд карда шуд, ки дар ҷаҳони муосир дар арсаи байналмилалӣ фарҳанг ҳамчун рукни чаҳоруми сиёсати хориҷии давлат истифода мешавад, ки ба ҳалли аксари низоъҳо ва баҳсҳо тавассути дипломатияи фарҳангӣ имкон медиҳад. Дар баробари ин, фарҳангро ҳамчун омили муҳими ҳувият муаррифӣ намуда, онро унсури асосии бунёди ваҳдату ҳамбастагӣ дар дохили кишвар, таҳкими мақом ва мавқеи давлат медонанд. Дар дипломатияи муосири қудрати нарм бузургии фарҳанг ҳамчун абзори ташаккули тафаккур ва дар раванди муколама созанда истифода мешавад.

Таъкид гардид, ки дар ҷумҳурии мо забон, адабиёт, илму маориф, фарҳанг ва иттилоот низ ба қатори «нерӯи нарм» шомил гардида, дар афзуни обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Таваҷҷуҳ ба сохторҳои фарҳангиву адабӣ дар баробари унсурҳои моддӣ яке аз вижагиҳои сиёсати давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа нақши муҳим дорад. Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо арҷгузорӣ ба фарҳанг, онро асоси ҳуввияти миллӣ арзёбӣ намуда, барои рушди он шароити мусоид фароҳам овардаанд. Пешвои миллат махсусан эҳёи таърих ва васфи шахсиятҳои бузурги адабиёту фарҳанги гузаштаву имрӯзаро ҳамчун василаи ташаккули худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин дар эҷоди давлатдорӣ ва таҳкими тафаккури миллӣ ва бо ин васила дар таҳкими пояҳои давлати миллӣ саҳми бузург ва бебаҳо гузоштаанд.

Инчунин оид ба таҳкими дипломатияи ҷамъиятӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак тавсияҳо дода шуданд.

Рӯзҳои дигар дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар шаҳр, созмонҳо ва корхонаҳо, боздид аз Фонди Қатар, Китобхонаи миллии Қатар, Ал-Шақаб ва Фермаи Ҳинат Салма ба амал оварда шуд.

Умуман, Ассамблея дар сатҳи муносиб ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ гузашт.

Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати муносибатҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов М.С.