Skip to main content

24 июни соли равон дар реҷаи онлайнӣ ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамкориҳои гуманитарӣ (ШҲГ) ва Раёсати Бунёди байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ (ББҲГ) баргузор шуд, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайси аъзои Раёсати Бунёди байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи якҷоя чунин масъалаҳо баррасӣ карда шуданд:

- Дар бораи аъзоёни нави ШҲГ ва Раёсати ББҲГ

- Дар бораи карорхои кории аъзоёни Раёсати ББҲГ

- Дар бораи фаъолияти ББҲГ дар соли 2023.

- Дар бораи баррасии ҳисоботи таҳлилӣ оид ба фаъолияти ББҲГ дар соли 2023.

- Дар бораи тасдиқи Ҳисоботи солона оид ба иҷрои Сметаи хароҷоти нигоҳдории Сарраёсати иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2023.

- Дар бораи тасдиқи Ҳисобот оид ба иҷрои нақша ва сметаи чорабиниҳо (лоиҳаҳо), ки бо дастгирии ББҲГ-и давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2023 амалӣ шуджаанд.

- Дар бораи тасдиқи таҳрири нави Нақшаи сметавии чорабиниҳо (лоиҳаҳо), ки бо дастгирии ББҲГ дар соли 2024 амалӣ карда мешаванд.

- Дар бораи Форуми XVII интеллигенциям эчодкор ва илмии давлатхои аъзои ИДМ.

- Дар бораи Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод».

- Дар бораи мукофоти байналхалкии «Иттифоки дебютхо».

- Дар бораи тайёрӣ ба Форуми V олимони давлатхои аъзои ИДМ ва Съезди VIII муаллимон ва коркунони маорифи давлатҳои аъзои ИДМ.

Қайд кардан зарур аст, ки айни замон ҳамкориҳо дар доираи ББҲГ ва дигар созмонҳои илмии минтақавӣ ва байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои иштирокчиёни ИДМ фаъолона инкишоф меёбанд. Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба такмили механизмҳои мавҷуда ва ба вуҷуд овардани услубҳои нави самарабахши ҳамкории илмию гуманитарии Тоҷикистонро бо муассисаҳои илмии давлатҳои аъзои ИДМ аҳамияти калон медиҳад.

Чорабиниҳое, ки аз ҷониби Бунёди байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи ИДМ ба нақша гирифта ва ташкил карда мешаванд, барои рушди ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои дӯсти мо заминаи хубе арзёбӣ мегардад. Ҳар сол муқаррар шудани ҳадафҳо ва вазифаҳои наву муосир моро ба дурнамо, рушд ва таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба ва мутақобилан судманди давлатҳои аъзои ИДМ эътимод мебахшад.