Дар шаҳри Душанбе дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз 25 то 27 апрели соли 2024 Анҷумани XIV-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва АвруОсиё баргузор гардид, ки дар ҷаласаи тантанавии кушодашавии он ноиби президенти АМИТ Алиҷон Ғоибзода баромад намуда, аз номи раёсати АМИТ барои ташкилкунандагони ин чорабинии илмии сатҳи байналмилалӣ ва баррасии мавзуъҳои пешбинишуда муваффақият таманно намуд.
Дар ифтитоҳи анҷумани мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семен Вячеславович Григорьев, роҳбарият ва аъзоёни Ассотсиатсияи директорони марказҳо ва институтҳои саратоншиносӣ ва рентгенорадиологони кишварҳои ИДМ ва АвруОсиё, олимони шинохтаи соҳаи саратоншиносӣ аз 12 кишварҳои хориҷи дуру наздик иштирок намуданд.
Дар баромади худ А. Ғоибзода иброз намуд, ки баргузор намудани анҷумани мазкур дар пойтахти кишвари мо беҳуда нест, чунки тайи солҳои охир соҳаи саратоншиносии тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназири илмию амалӣ соҳиб гашта, аксарияти онҳо дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудаанд. Маҳз таҳқиқотҳои илмии муштараки олимони ватанию хориҷӣ имкон додаанд, ки илми тибби тоҷик пешравӣ намуда, фавту маъюбии беморон аз баъзе бемориҳои саратонӣ ба таври назаррас коҳиш ёбад ва давомнокии умри беморон зиёд гардад.
Иброз карда шуд, ки АМИТ тадқиқотҳои илмии олимони соҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос, таҳияи асарҳои нодири илмӣ, иҷрои тадқиқотҳои эксперименталӣ, коркарди дастгоҳҳои нодири криоҷарроҳӣ дар табобати омосҳои гуногун пайваста саҳми худро гузошта истодааст. Зарур шуморида шуд, ки дар оянда олимони соҳаи саратоншиносӣ бояд бо Агентии амнияти ХБРЯ ва Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ ҳамкориҳои дуҷонибаро боз ҳам хубтар намуда, таҳқиқотҳои муштаракро дар самти омодасозии доруҳои махсуси табобатии радиоактивӣ ва коркарди технологияи нави истифодаи нитрогени моеъ ва сармошифоӣ ба итмом расонанд. Ин таҳқиқотҳо имкон медиҳанд, ки дар кишвар технологияи тавлиди доруҳои махсус, ки ба гурӯҳи молҳои воридотивазкунанда шомил мебошанд, пурра ба роҳ монда шавад.