Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 08-09 июли 2025
Мусаллам аст, ки ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар замони соҳибистиқлолии ин ду ҳамсоякишвар бо роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ аз 14 январи соли 1993 оғоз гардида, то кунун дар арсаҳои мухталиф идома меёбанд.
Дар ҳамин замина метавон иброз намуд, ки равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд байни ду кишвар мебошанд. Ҳамчунин боздидҳои расмӣ ва сафарҳои кории роҳбарони ин ду давлат ба кишварҳои якдигар яке аз ҷанбаҳои муҳимми ҳамкории судманд маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 139 санадро дарбар мегирад.
Санадҳои асосие, ки самтҳои гуногуни ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар онон принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, чун анъана, дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои хубу зич дошта, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро одатан ҷонибдорӣ менамоянд.
Қобили зикр аст, ки соли 2018 Қирғизистон дар баробари 190 кишвари аъзои СММ қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони "Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, пешниҳод шуда буд, пуштибонӣ кард.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони “Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ-омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ", ки бо ибтикори ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ҷонибдорӣ намуд.
30 июни соли 2025 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо сафари расмӣ дар Қирғизистон қарор дошт, бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат муносибатҳои дуҷониба мунтазам рушд карда, тамоюли расидан ба сатҳи сифатан нави ҳамкориҳоро дорад. Инчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва фаромарзии миёни кишварҳо баррасӣ гардиданд. Дар ин мулоқот роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин азми қавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеа, рушд ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанба бо Қирғизистон таъкид намуд.
Садир Жапаров ҳамчунин ёдовар аз он шуданд, ки моҳи марти соли 2025 Созишномаи таърихии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин замина ӯ ба зарурати фаъолсозии ҳамкориҳои судовари ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.
Қобили зикр аст, ки бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз 28-29 июни 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки дар рафти он як қатор санадҳо ба имзо расида буданд.
Дар навбати худ, 12-13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки натиҷаҳои он, бешубҳа, дар густаришу таҳкими самтҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар саҳифаи наверо боз намуданд. Метавон гуфт, ки дар раванди музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он дар фазои дӯстиву созандагӣ ва руҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек ботафсил баррасӣ гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ва Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
Дар маҷмуъ, 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:
- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғизсодирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
- Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;
- Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;
- Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;
- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.
Мавриди зикри хос аст, ки энергетика яке аз соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ, маҷмуи зерсистемаҳои бузурги табиӣ ва сунъӣ мебошад, ки барои истеҳсол табдил, интиқол, ҷамъоварӣ ва истифодаи захираҳои энергетикии ҳама намудҳо хизмат мекунад. Мақсади истифодаи энергия таъмин намудани истеҳсоли энергия тавассути табдил додани энергияи аввалия ва табиӣ ба энергияи дуюмдараҷа, ба монанди энергияи барқӣ ё гармӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки энергетика яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад. Мусаллам аст, ки анҷоми сохтмони инфрасохтор дар доираи лоиҳаи CASA-1000 марҳалаи муҳими таҳкими амнияти энергетикии минтақа хоҳад гардид.
31 марти соли 2025 дар ҳузури раҳбарони олии давлатии Тоҷикистону Қирғизистон хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Датка-Суғд”, ки тақрибан 480 километр тӯл мекашад, тавассути алоқаи видеоӣ ба кор андохта шуд, ки он системаҳои энергетикии ду кишварро ба ҳам мепайвандад. Ҳамин тариқ дар фасли тобистон неруи барқи “сабз” ба Афғонистон ва Покистон низ содир мешавад.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои ҷамоҳири Тоҷикистону Қирғизистон тавассути муколамаи сиёсӣ, рушду тавсеаи равобити иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ба таври мунтазам густариш меёбанд. Имзои Аҳдномаи марзӣ, ба кор андохтани лоиҳаи CASA-1000 ва густариши равобити тиҷорӣ ва фарҳангӣ аз гузариш ба марҳалаи сифатан нави шарикӣ бар асоси арзу эҳтироми мутақобила, прагматизм ва дидгоҳи стратегӣ ба оянда аст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 31 марти соли 2025 дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати раҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун рӯйдоди муҳим дар хотираи таърих боқӣ хоҳад монд. Дар доираи ин чорабинӣ “Эъломияи дӯстии абадӣ” дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, ки хоҳиши муштаракро ба таҳкими ваҳдати минтақавӣ ва робитаҳои гуногунарсаро тасдиқ мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки татбиқи риояи принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки бар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём ҳамзистӣ доштанд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми маҷмуи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар замони муосир яке аз омилҳои муҳими дар ҳолати хуб нигоҳ доштани муносибатҳои байникишварӣ дар тамоми соҳаҳо мебошад.
Иқтисод
Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2024 беш аз 12,2 миллион долларри амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2023 4,3% афзоиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми муомилоти мол 6,1 миллион долларро ташкил додааст. Ин рақам 29,8 фоиз афзуда, аз динамикаи мусбати ҳамкориҳои дуҷониба шаҳодат медиҳад.
Фарҳанг
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун ду кишвари дорои решаҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангии қадим, дар тӯли асрҳо робитаҳои наздик доштанд. Ин робитаҳо на танҳо дар шакли расмӣ, балки байни мардумон ва ҷомеаҳои наздимарзӣ рушд кардаанд. Дигар ин ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон намунаи барҷастаи дурахши фарҳанги халқҳои тоҷику қирғиз маҳсуб ёфта, афроди ин ҳамсоякишварҳо бо махсусияти урфу одат ва анъанаҳои он, ҳамзамон бо дастовардҳои муосир дар соҳаи фарҳанг ошно мегардонанд.
Адабиёт
Адабиёти Қирғизистон бо забони қирғизӣ рушд мекунад. Адабиёти хаттии қирғиз бар пояи эҷодиёти шифоҳии мардум (сурудҳои чӯпонӣ, лирикӣ, зарбулмасалҳо, мақолҳо ва ғ.) пайдо шудааст. Ҳамосаи «Манас» - достони таърихӣ-эпикӣ дар бораи корнамоиҳои барҷастаи Қаҳрамони миллии қирғизҳо Манас-дар адабиёти қирғиз мавқеи махсусро ишғол кардааст. Ғояи асосии ин ҳамосаро муборизаи тӯлонии қирғизҳо барои озодиву истиқлол ташкил медиҳад.
Дар замони муосир, бо вуҷуди баъзе мушкилоти сиёсӣ ва марзӣ, муносибатҳои фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳими таҳкими эътимод ва дӯстии халқҳо боқӣ мондаанд.
Заминаҳои таърихӣ ва муштаракоти фарҳангӣ
Ҳар ду миллат бо фарҳангҳояшон ба хазинаи умумии тамаддуни Осиёи Марказӣ мансубанд. Шахсиятҳои намоёни таърихӣ, ба мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мирсаид Миршакар (аз ҷониби Тоҷикистон) ва Чингиз Айтматов (аз ҷониби Қирғизистон) дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар саҳми калон гузоштаанд.
Забонҳои тоҷикиву қирғизӣ, гарчанде аз оилаҳои гуногунанд (форсӣ ва туркӣ), мисли забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати байниҳамдигарӣ истифода мешаванд.
Суннатҳои мардумӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, мусиқӣ, маъракаҳо ва одатҳо шабоҳати зиёд доранд, ки ин заминаи муносиб барои густариши муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошанд.
Гарчанде заминаи густурда барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо вуҷуд дорад, солҳои охир бар асари муноқишаҳои фоҷиавии сарҳадӣ ва маҳдудияти муваққатӣ дар маҷрои ҳаракати одамон, сатҳи робитаҳои дуҷониба то андозае коҳиш ёфта буданд. Аммо бо ҳал шудани масъалаи сарҳадӣ (31.03.2025) ва беҳгаштани равобити сиёсӣ, дурнамои ҳамкориҳои фарҳангӣ хеле умедбахш ба назар мерасад.
Робитаҳои сатҳи мардумӣ
Дар минтақаҳои наздимарзӣ, хусусан миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткену Ӯши Қирғизистон, муносибатҳои хешутаборӣ ва фарҳангии таърихӣ вуҷуд доранд. Аксари сокинони ин минтақаҳо ба ду ё се забон озодона ҳарф мезананд ва дар маъракаҳо, тӯйҳо ва ҷашнҳо иштироки тарафайн вуҷуд дорад. Ҷашнҳои Наврӯз ва идҳои Рамазону Қурбон ҳар сол бо иштироки аҳли ҷомеаи ду кишвар баргузор мешаванд.
Имконот:
- Барқарорсозии ҷашнвораҳои муштарак;
- Табодули ҳунармандон, донишҷӯён ва олимон;
- Фаъолгардонии марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қирғизистон ва қирғизҳо дар Тоҷикистон;
- Таҳияи барномаҳои муштараки телевизионӣ ва эҷоди филмҳои мустанад оид ба таърихи умум ва мавзуоти дигари мубрам.
Хулоса Муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷониба миёни ҷамоҳири Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо ҷузъи муҳими ҳамкориҳои байнидавлатӣ, балки воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ ва суботи минтақа мебошанд. Бо эҳёи ин робитаҳо дар заминаи ҳалли масъалаҳои марзӣ, фазои солими ҳамзистии халқҳо густариш ёфта, Осиёи Марказӣ ба минтақаи дӯстӣ ва пешрафти иҷтимоӣ табдил хоҳад гашт.
Ҷойи хушҳолӣ ин аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 8-9-июли соли 2025 Ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамчунин консерти "Дӯстии абадӣ" бо иштироки ҳунармандони ду кишвар баргузор гашт.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна - ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, номзади илмҳои фалсафа, дотсент