Имрӯз, 22 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1190- солагии гиромидошти асосгузори мактаби классикии шеър-мусиқии замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр (834-920) Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшида, доир ба муҳтавои ҳамоиш ва мавқеи илму адаб ва фарҳангу мусиқӣ дар замони давлатдории Сомониён ибрози андеша намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш таъкид дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақш ва ҷойгоҳи аввалин давлати миллии тоҷикон Сомониён дар таърихи тамаддуни башарӣ чунин ибрози андеша намуданд:”Воқеан давраи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт, шукӯҳу иқтидори давлати тоҷикон ба аҳди Сомониён, хусусан шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст.
Ин давронро метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои барӯманд, олимону, шоирон, симоҳои намоёни давлатӣ номид”.
Дар ҳақиқат осори тамаддуни моддӣ ва маънавии замони Сомониён дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хоса дошта, симоҳои дурахшони он Ҳаким Тирмизӣ, Абулаббоси Бахтиёр, Абулаббоси Сарахсӣ, Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар ташаккул, рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузошта, осори офаридаашон ба ҷараёни таърихи ташаккули мероси таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ, адабӣ, сарвати бебаҳои бадеии тоҷик ва мардумони эронӣ иртиботи ногусастанӣ доранд. Дар замони Сомониён таърих, илм, забону адабиёт, мусиқии илмию амалӣ, ҳунарҳои бадеӣ бовусъат пешрафт намуда, намояндагони эҷодии ин асри заррин фазои васеи адабию таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ, бадеию эҷодии усулан классикию мондагорро дар тамаддуни башарӣ рӯи саҳна овардаанд.
Гуфта шуд, ки офаридаҳои симоҳои эҷодию илмии замони Сомониён, аз ҷумла замони фаъолияти илмию идории чеҳраи барҷаста, асосгузори мактаби классикӣ ва фарҳангӣ Абулаббоси Бахтиёр марҳалаи басо шукуфоии таърих, миллат, забон ва Эҳёи тамаддуни тоҷикон ва мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик аст.
Намояндагони эҷодкори замони Сомониён давлатсозу фарҳангсоз баъди вуруди ислом дар таърихи Шарқ буда, дар сохти идории бонизоми давлатӣ на фақат низому анаъанаи дерини имперотурҳои ориёиро бо усули созандагӣ аз нав падид оварданд, инчунин фазои мусоиди бунёдкориро ба пешрафти иқтисоду тиҷорат, илму маориф, санъат такони пурвусъати пешрафтро рӯи саҳна овард.
Дар идомаи ҳамоиш дар баробари муҳаққиқони тоҷик, ҳамчунин донишмандону ҳунармандон аз давлатҳои Амрико, Фаронса, Канада, Ҳиндустон, Ӯзбекистон дар шакли ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ иштирок ва суханронӣ намуда, масоили мубраму камтаҳқиқшудаи таърих ва тамаддуни аввалин давлати муттамаркази тоҷикон-Сомониён ва намояндаи барҷастаи он, донишманди варзида, поягузори мактаби классикии шеъру мусиқӣ ва фарҳанги замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр ва замони ӯро мавриди баррасӣ қарор доданд.