Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад кассе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.
Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳури ҳар ду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон ин асоси миллат буда, яъне оинаи фарҳангӣ халқ аст.
Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи фикр забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз cap гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна ва забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардонидаанд.
Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Ба ин маънӣ Бозор Собир дар шеъри «Забони Ватан» чунин мегӯяд:
... Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан...
Дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифта буд.
Баъди Инқилоб ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди асарҳои устод Айнӣ мисли «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда» ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, боғи фарҳангии миллатро зиннат доданд.
Минбаъд нависандагону шоирони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштанд. Барҳақ шоири тавоно Муъмин Қаноат мегуяд:
... Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.
Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳафзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Ope:
Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон-ш осон гардад.
Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҳақиқат, он рӯз, яъне 22 июли соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани Қонуни забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин мекунад. Илова дар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд
Наҷибуллоҳи РӮЗИ Н.И.Т., Мудири озмоишгоҳи технологияҳои компютери МТТИ АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ (ШАҲРӢ)- И ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Тавре огоҳӣ дорем чанд ҳафтаи охир дар тамоми шаҳру вилоят ва навоҳии ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" давом ёфт. Дар озмуни мазкур хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кормандони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз номинатсияҳои гуногун малака ва маҳорати хешро нишон доданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" бо мақсади дар амал татбиқ намудани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф" таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар сатҳи баланд ва бо шаффофият ҷамъбаст гардид.
Имрӯз (28.09.2024) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври (шаҳрӣ)- и озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифт” баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври шаҳрӣ муайян шуда, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо диплом ва мукофотпулиҳо қадршиносӣ гардиданд. Ва барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдонашон барои иштирок дар озмун кӯшиш ба харҷ додаанд, бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадршиносӣ гардиданд. Инчунин як зумра аз мутасаддиёне, ки дар рафти баргузории озмун саҳми хешро гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД ( UNICEF) ДАР ТОҶИКИСТОН
27 сентябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Артур Ван Дизен – роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид ( UNICEF) дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) аз соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Мақсад аз фаъолияти барномаи навбатии Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аст.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои мубраму саривақтӣ дар мавзуи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак суханронӣ намуда, барои ба мактаб фаро гирифтан, соҳибмаълумот намудан, пешгирии никоҳи барвақтии духтарон, гирифтани сади роҳи зӯроварӣ дар оила, то ки ба ҷиҳати рӯҳиву равонии кӯдакону модарон таъсири бад нарасад, таъмини саломатии кӯдакон ва дигар масъалаҳо барои рушду инкишоф ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зикр намуд, ки тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуҳои масъалагузоринамудаи шумо дар “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ”, “Қонуни масъулият дар таълим ва тарбияи кӯдак” ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ шуда истодааст ва ҳамеша ин масъалаҳо таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” рӯйи даст гирифта шуд. Ҳар сол ба ин манзур дар сатҳи баланд дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Мавлоно бо иштироки васеи олимону донишмандон, мавлоношиносон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор мегардад.
Имрӯз (27.09.2024) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 30- юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Гиромидошти забону фарҳанг дар осори Мавлоно” баргузор гардид.
Дар сухани муқадимавии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки воқеан ҳам Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мутафаккири бузург ва орифи нобиғаи милллати тоҷик дар рушди забону адаби тоҷик саҳми мондагореро боқӣ мемонад. Дар ҳақиқат Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз нобиғагоне аст, ки дар доираи илму адаб, бо осори пурмуҳтавову пурмазмуни худ “Маснавии маънавӣ”, “Девони Шамс” ё “Девони Кабир” ва чандин асарҳои дигараш амсоли инҳо дар дунё шинохта шудааст. Маврид ба зикри хос аст, ки осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо чандин забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуда, дастраси ҳаводорони илму адаб гаштааст ва ин аз мазмуни волои осори ин нобиғаи адаб шаҳодат медиҳад.
Дар қисми хотимавии суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ёдовар шуданд, ки ба хотири ин абармарди бузург бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ эълон гардид ва бахшида ба 800 – умин солгарди мавлуди ӯ конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида буд, ки ин бори дигар аз миллати қадимаву донишманду дорои шахсиятҳои илмиву адаби будани тоҷиконро исбот намуд.
Дар идомаи конфронс олимону файласуфон Кароматулло Олимов, Беҳрузи Забеҳулло, Маҳмадҷонова Муҳиба, Шарифзода Фарангис, Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ ва Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар васфи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маърӯзаҳо намуда, Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро офтоби оламтоби илму адаб васф намуданд.
МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ОСИЁ ВА АВРУПО ДАР ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ
27 сентябри соли равон дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки олимону кормандони Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони "Афкори сиёсии муосири Тоҷикистон дар бораи Русия ва равобити Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафархон Рафиев олимону кормандони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввар ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ бо олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар ин замина олимонро зарур меояд, ки ба шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ки заминаи устувори рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба мебошад, баҳои коршиносӣ диҳанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин пеш аз ҳама омӯзиши муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ, равандҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ, низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико мебошад.
Таъкид гардид, ки воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия шарикии стратегӣ буда, равобити сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд ба таври мунтазам байни ин ду кишвар роҳандозӣ мегарданд. Вобаста ба ин вазифаи аввалиндараҷаи олимону кормандони соҳа ин пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои миллию геосиёсӣ ва геоиқтисодии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар идома олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маърузаҳои хеш доир ба рушди устувор ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия андешаҳои хешро иброз намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ байни олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия музокираҳо сурат гирифт.
Дар асоси фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.07.2024, 22/шд дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шурои диссертатсионии 6DKOA-076 аз рӯи ихтисосҳои 12.00.05. Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 12.00.10. Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо таъсис дода шуд.
Имрӯз (24.09.2024) дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” – и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи якуми шурои диссертатсионии 6DKOA-076 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муаррифии ҳайати шуро, тартиби ба роҳ мондани кори шуро нақшаҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба кори шуро равона гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
БАРГУЗОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ВАЗЪ ВА ТАМОЮЛИ РУШДИ ФАЛСАФАИ МУОСИРИ ТОҶИК (ДАР АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-АМАЛИИ АКАДЕМИК КАРОМАТУЛО ОЛИМОВ)»
24 сентябри соли равон бо ташаббуси Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Вазъ ва тамоюли рушди фалсафаи муосири тоҷик (дар асоси фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматуло Олимов)» баргузор гардид.
Дар Конференсия бо суханони ифтитоҳӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қ.Х. ва д.и.ф., профессор, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Содиқӣ Н.Н. ва директори ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. баромад намуданд.
Иштирокчиёни конференсия маърузаҳои Олимов К. – д.и.ф., профессор, академики АМИТ дар мавзуи “Фалсафаи замони истиқлол: дастовардҳо ва дурнамои таҳқиқот”, Музаффарӣ М. – д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ дар мавзуи “Доираи андешаву тарзи баён ҷилваҳои рафторанд” ва Мирзоев Ғ. – д.и.ф., мудири кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ-ро дар мавзуи “Хирад гавҳари шаҳриёрон бувад” муҳокима ва баррасӣ намуданд.
Дар конференсия олимон, донишмандон ва меҳмонон аз бахшҳои гуногуни фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматулло Олимов сухан ронда, зарурати таҳқиқоти бунёдии масоили фалсафиро дар Тоҷикистон таъкид намуданд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки асарҳои мавсуф дар асоси дастовардҳои навтарини илмӣ, бо истифода аз методологияи муосири таҳқиқоти илмӣ таълиф гардида, аз ҷумла, як нигоҳи тозае ба тасаввуфи минтақа ва умуман ба таълимоти ирфонӣ дар Шарқ мебошанд. Академик Кароматулло Олимов асосан он ҷанбаҳои тасаввуфро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки дархӯри талаботи замони муосир мебошанд. Ҷанбаҳои манфии ин таълимоти фалсафию диниро низ ин олими шинохта ба хубӣ дарк мекунад ва аз ин рӯ изҳор доштааст, ки “ривоятҳову афсонапардозиҳои иғроқомез ва даъватҳо ба ҳаёти ғайрифаъол ва таваккули аз ҳад зиёд, ки дар мероси тасаввуфӣ ҷой доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ дархурди имрӯз намебошанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фаъол мусоидат намекунанд”. Аз ин рӯ “мероси ирфонӣ барои тамаддуни муосир бо ақидаҳои сулҳофаринӣ, таҳаммулгароӣ ва бузургдошти қадру шарафи инсонӣ, қатъи назар аз мақоми иҷтимоӣ ва манзалати ӯ, дорои аҳаммият ва қобили истифода мебошад”.
Дар баробари ин, аз ҷониби муҳаққиқон таъкид гардид, ки масъалаҳои сиёсат, замон, фарҳанг ва шахсият дар асарҳои академик Кароматулло Олимов ҷойгоҳи махсус дошта, муаллиф дар онҳо ба тари возеҳ қайд мекунанд, ки дар ҷомеа вуҷуди элитаи сиёсӣ ҳатмӣ буда, он бояд сарвари сиёсиро ба вуҷуд орад, то ки манфиатҳои худро ба воситаи ӯ таҳаққуқ бахшад.
Устод Кароматулло Олимов одилона таъкид доштаанд, ки агар аз нуқтаи назари ба вуҷуд омадани элитаи сиёсӣ ва сарвари сиёсӣ таърих ва роҳи тай кардаи халқи тоҷикро пайгирӣ намоем, пас маълум мешавад, ки он басо душвор ва пур аз фоҷиаҳо буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳар давлату миллат ҳамеша ба Пешво ниёз дошта, дар даврони навини таърихи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мақомро сарбаландона ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, Кароматулло Олимов Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намуда, нақши эшонро дар эъмори ваҳдат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ кушодаанд.
Пас аз боздид аз намоишгоҳи асбобу таҷҳизоти махсусгардонидашудаи омӯзиши пиряхҳо ва дастовардҳои олимони Муассисаи давлатии илми "Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимон ва мутахассисони марказ машварати корӣ доир намуд.
Дар суханронӣ хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт саравал ба роҳбарияти муассиса барои муҳаё намудани шароити хуби корӣ барои кормандон изҳори минатадорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам тибқи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати муайян шуда, Муассисаи давлатии илми Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шароити замонавӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки боз ҳам баро пешбурди фаъолияти кормандон мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба ин кормандони самти пиряхшиносӣ бояд фаъолияти худро дар ин самт тақвият дода ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Пеш аз ҳама барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо корҳои муҳимро ба анҷом расонидан зарур аст.
Сипас, роҳбарияти Муассисаи давлатии илми "Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" шунида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва корбарӣ ҷиҳати татбиқи босамари қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид оид ба “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034” дастурҳои мушаххас доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки омӯзиши фосилавии пиряхҳо дар доираи лоиҳаи буҷетии илмии “Кор карда баромадани Феҳристи (Атлас) - пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи технологияҳои инноватсионии геоиттилоотӣ барои солҳои 2022-2026” мониторинги фосилавии пиряхҳо роҳандозӣ гардидааст.
23 сентябри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи нақшаи чорабиниҳои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 аз Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» боздид кард.
Зимни боздид ба роҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар муддати камтар аз ду моҳ Маркази омӯзиши пиряхҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, тамоми воҳидҳои сохторӣ бо асбобҳои тадқиқотии муосири илмӣ, либосу лавозимоти махсуси экспедитсионӣ, компютерҳои нав, мебел ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд.
Нахуст роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба фаъолияти озмоишгоҳи илмӣ-истеҳсолии таҷҳизоти худкори гидрометеорологӣ оғоз бахшиданд.
Озмоишгоҳи мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додашуда, дар он 5 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.
Дастгоҳҳои мазкур ба шароити сахти иқлимии минтақаҳои куҳсор мутобиқ гардонидашуда, насби онҳо дар тамоми пиряхҳои кишвар дар назар дошта шудааст. Иҷрои чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки бо усули муқоисавӣ бо истифода аз маълумотҳои метеорологии мавҷуда модели ташаккулёбии равандҳои глятсиологӣ таҳия карда шуда, пешгӯии равандҳои пиряхҳо барои даҳсолаҳо пешгӯи карда шаванд.
Инчунин синфхонаи нави иноватсионии муҷаҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ аз қабили компютерҳо бо барномаҳои махсуси корӣ, тахтаи электронӣ ва маводҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Синфхонаи мазкур метавонад дар як вақт 10 нафар муҳақиқони самти илмҳои криосфераро ба таълим фаро гирад.
Ҳоло дар Маркази омӯзиши пиряхҳо 4 нафар дар зинаи магистратура, 2 нафар докторантураи PhD аз руи ихтисос, 3 нафар унвонҷуй таҳсил мекунанд. Иттило дода шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 нафар барои такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти омӯзиши фосилавии замин сафарбар гардида, 4 нафар мутахассисон барои таҳсил ба кишвари Чин фиристонида шудаанд.
Сипас роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти Озмоишгоҳи омӯзиши фосилавии пиряхҳоро оғоз бахшида, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши пиряхҳо ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034 дастур доданд.