Skip to main content

Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, оростани дастархони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун ба онҳо дар арафаи ҳар иду айём аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: "Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва дароз кардани дасти хайру сахо ба онҳо вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ва шахсони саховатпеша мебошад".

Имрӯз (14.12.2024) тибқи дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ибтикори Иттифоқи касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимону бепарасторон барои аёдат ба Мактаб-интернати - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафтанд.

Дар ин муассиса, кӯдакони ятими кул ва нимятимон, инчунин фарзандон аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Омӯзгорону мураббияҳои хонаи бачагони Мактаб-интернати бо дарки ин ҳақиқат пайваста талош доранд, ки рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таълиму тарбияи кӯдакон ва шукуфоии ҷомеа саҳми босазо гузоранд.

Ҳар яки мо бояд ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошему амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор диҳем.