
Бинед мо чӣ гуна озод нафас мекашем, мисли шабҳои сокит қалбҳоямон ором аст, қалбҳоямон ҳамеша масрур аст, чеҳраамон медурахшад, мисли оне, ки хуршед аз Машриқ тулӯъ мекунаду равшанӣ медиҳад. Ин ҳама як сӯ гузорем, вақте ки дар хиёбонҳои гулгуни диёр кӯдаконро бо чеҳраи хандону табассуми нотакрораш мебинем, дастархонҳои бозу пур аз нозу неъмат ва дар сари он модарони хушбахтамонро бо дасти дуо мебинем. Ин ҳама хушбахтии нотакрору зеборо маҳз дар ватани азизамон Тоҷикистони ба ҷон баробар мебинем. Дар паси ҳар як хандаи кӯдаки ин диёр, дар паси ҳар як шодиву нишоти мардуми беолоиш маҳз ҷавонони шуҷоъи Ватан меистад. Меарзад, ки худро фидои чунин лаҳзаҳои бебоку осуда намоӣ ва барои ҳифзи он, чун гавҳараки чашм, камари ҳимат бандӣ.
Артиши миллӣ пойдевори асоси ҳифзи марзу буми аҷдодӣ аст. Агар он кишваре, ки парчами сулҳро дар манотиқи кишвараш парафшон нигоҳ медорад, бояд тазакур дод, ки он кишвар орому осуда дар масири созандагӣ қадам мениҳад. Дар ин замина он кишвар дорои Артиши низомии пурирода аст. Тоҷикистони азизи мо имрӯз дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ аст ва дар сафҳои он ҷавонони бедордили меҳан адои хизмат менамоянд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии истиҷлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибору эътимоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба таъсисёбии Артиши миллӣ нигаронида шуд ва онро бо заҳмату талошҳо аз сифр барпо намуд.
Имрӯз бошад бо шарофати пойдории сулҳу субот Артиши низомии Тоҷикистон 31 сола шуд. Шукронаи сулҳу субот, оромӣ, хандаҳои бекаронаи кӯдакон касро ба шавқу рағбати беандоза мубаддал месозад ва дили касро ба зиндагӣ гарм месозад. Мо имрӯз ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва соҳибэҳтиром дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудаем. Мо бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ бирасем. Бузургон гуфтаанду фармудаанд: “Қадр қадр талаб мекунад”, пас барои боқадру инсони комили ин диёр будан ба қадри ҳар як қатраҳои оби зулоли Ватан бирасем, ҳар як кафи хоки ватанро ба чашми худ тӯтиё намоем.
Ман ифтихор мекунам, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан – модарро адо намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Пешвои миллатам, кишвари паҳнову биҳиштиям ва модари арҷмандам ба ҷо овардам. Ҳар бор мегӯям, ки мо озодем. Ба пеши чашм меорам, ки моро касе идора намекунад мо давлати озод, демократӣ ва дунявӣ дорем, миллати куҳандиёр дорем. Шабу рӯз да кӯчаҳои кишвар бо қалби пуру шодиву сурур сайру гашт мекунем, дар сари дастархон бо аҳли оилаи худ бахтиёрем, дар Донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил мекунем, кору фаъолият мекунем. Ин ҳама самараи беназири сулҳу оромӣ ва пойдории Артиши милиӣ аст. Мо сарвари оқил чун Пешвои миллат дорем, боиси ифтихори мост ва асосгузори давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки барои мо тоҷикон хизматҳои бениҳоят бузургро сомон додаанд. Пас мо насли наврас бо тамоми ҳастии худ барои Ватани азизамон хизмат намоем ва номи кишварамонро дар баландтарин қуллаи само ҷой диҳем, чун кавкаби нурбор дурахшон бимонад.
Ба ҷавонони соҳибдилу соҳибирода гуфтаниям, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат намудан ин шарафу мардонагист. Агар ҳар бор худро фарзанди ин диёр ном мебарем, пас хизмати ин Ватанро кунем, қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан бо сари баланд ба ҷо орем. Ин лаҳза шеъри “Ин ватанро сохтан осон набуд!”-и Бузургмеҳри Баҳодурро мисол меорам, ки дар ҳақиқат таъсирбахшу хонданист: Сўхтан, бигдохтан осон набуд, Ин Ватанро сохтан осон набуд. Ин ҳама ороиш аз хуни дил аст, Хонаро пардохтан осон набуд. Баъди марги Коваву ҳаждаҳ писар, Парчаме афрохтан осон набуд. Сар ба дору пой дар завлона монд, Бе сару по тохтан осон набуд. Баъди хуни панҷаҳои Борбад, Уди нав бинвохтан осон набуд. Сад ҳазор осори фарҳангу ҳунар - Ҳамчу ҷоне бохтан осон набуд. Чун Сиёваш хешро аз баҳри нанг Бар алоб андохтан осон набуд. Хокаш аз ашки ниёгон хуррам аст, Ин Ватанро сохтан осон набуд.
Шаҳзод ҚАЮМОВ - магистри курси 1-уми Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Имрӯз (15.08.2025) аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон аксияи ҳизби бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тиб – 18 август”- таҳти унвони “Тандурустӣ беҳтарин неъмат бувад” баргузор карда шуд.
Имрӯз, 15 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 1045 -солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино” бргузор гардид.
Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, оид ба муҳимияти баргузории конфронс ва доир ба нақши донишманди бузурги форсу тоҷик Ибни Сино дар илми фалсафа маъруза намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки имсол дар саросари ҷаҳон 1045 солагии ин нобиғаро таҷлил менамоянд. Мо ифтихор аз он дорем, ки Ибни Сино фарзанди бузурги халқи тоҷик аст ва тоҷик бо номи ӯ дар ҷаҳони илму фалсафа ифтихор мекунад. Ба хотири бузургдошти Шайхурраис бо ибтикори Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ, семинарҳои омӯзишӣ, конфросу симпозиумҳо баргузор гардидаистодааст. Академияи миллии илмҳо низ ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Ҷумҳурӣ бахшида ба бузургдошти Ибни Сино конфронсу симпозиумҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст ва теъдоде аз онҳоро гузаронидааст.
Таъкид гардид, ки Ибни Сино дар ҳақиқат нобиғаи давру замон аст, осори гаронарзиши ӯ бо гузашти 1045 сол то ҳол на танҳо дорои аҳамияти илмианд, балки аҳамияти илмии бештареро касб кардаанд. Миллати тоҷик аз доштани чунин нобиғаҳо ифтихор мекунад, зеро ҳал миллату давлатро бо нобиғаҳояш мешиносанд ва нобиғаҳои илму фарҳанг метавонанд, ҳам номи худ ва ҳам номи миллатро дар саросари ҷаҳон баланд нигоҳ доранд. Бояд гуфт, ки Ибни Сино дастпарвари яке аз сулолаҳои бузурги миллати тоҷик Сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ Нӯҳ ибни Мансури Сомониро аз бемории вазнин наҷот дод дод ва бар ивази чунин амал барои истифода аз китобхонаи машҳури Сомониён иҷозат гирифт. Бо роҳи асарҳои нодири китобхонаи мазкур дониши худро доир ба ҳамаи илмҳои замонааш пурра намуд.
Гуфта шуд, ки пас аз шикасти давлати Сомониён Ибни Сино ба Хоразм равон шуд. Дар он замон дар Хоразм олимони зиёде ҷамъ омада буданд ва барои фаъолияти илмию эҷодии олим муосидат менамуд. Аммо дере нагузашта ҳолати сиёсии Хоразм низ ноором шуд. Аз ҳамин сабаб Ибни Сино роҳи Гургонро пеш гирифт. Ӯ дар ин ҷо ба навиштани асарҳои илмӣ, аз ҷумла, ҷилди якуми «Ал-Қонун фи-т-тиб» оғоз намуд. Азбаски ҳокими нави Гургон ба Султонмаҳмуд таваҷҷуҳи зиёд дошт, Ибни Сино маҷбур шуд ба Рай равад. Пас аз чанд муддат Султонмаҳмуд Райро низ забт кард ва ӯ аз таъқибот гурезон шуда, ба Ҳамадон омад. Поёни умри ин олими забардаст пурра дар мусофират ва зери таъқиботи амирон ҷараён гирифт. Абуалӣ ибни Сино соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшид.
Дар идома Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Холиқзода Абдураҳим Ғафор - директори "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар олимон дар маърузаҳои хеш нақши олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Синоро дар илмҳои фалсафа ва тиб муҳим арзёбӣ намуданд.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ КОРҲОИ ТАШРИФОТӢ ВА МАЪМУРИИ ҲУКУМАТИ ФЛАНДРИЯИ ШОҲИГАРИИ БЕЛГИЯ
Имрӯз, 13 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс мулоқот намуд.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод, роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс ва дигарон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба ҳамкориҳои дуҷонибаи зинаҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ва доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани равобитҳо масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи ин ҳамкориҳо дар оянда олимони тарафайн метавонанд таҳқиқотҳои муштараки археологиро дар якҷоягӣ гузаронда дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Ҳамзамон дар самти омода намудани мутахассисон аз ҳисоби магситрантон ва докторантони PhD дар бахши илмҳои таърихшиносӣ ҷонибиҳо ба мувофиқа омаданд.
Дар идома ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чунин мулоқотҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд.
«Фонди Россия оид ба сулҳ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии ба номи Лев Толстой пешниҳод намуд. Ин ҷоиза барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумиҷаҳонӣ бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ
«Фонди Россия оид ба сулҳ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии ба номи Лев Толстой пешниҳод намуд. Ин ҷоиза барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумиҷаҳонӣ бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ тақдим мегардад.
@RustamEmomali
Имрӯз, 7 август дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи нав бо барномаи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки барои таҳияи харитаҳои дақиқи радиатсионӣ бо истифода аз маълумоти аксбардории гамма, ченкунии қувваи доз ва координатаҳои GPS таҳия шудааст. Ин харитаҳо имкон медиҳанд, ки назорати муфассали вазъи радиатсионӣ амалӣ гардад, амнияти аҳолӣ ва муҳити зист таъмин шавад ва ба таҳдидҳои эҳтимолии радиатсионӣ сари вақт посух дода шавад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки ифтитоҳи озмоишгоҳ қадами муҳими таҳкими низоми амнияти радиатсионии миллӣ мебошад. Технология ва таҳқиқоти илмии мо барои баланд бардоштани дақиқӣ ва самаранокии мониторинги вазъи радиатсионӣ мусоидат хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки озмоишгоҳ ба як звенои калидӣ дар низоми амнияти ХБРЯ табдил хоҳад ёфт ва ба татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи радиатсионӣ ва амнияти экологӣ мусоидат мекунад. Директори Агентӣ қайд намуд, ки истифодаи усулҳои муосири таҳлили додаҳо ва технологияи геоиттилоотӣ имкон медиҳад, ки сифати пешгӯиҳо беҳтар ва хатарҳо коҳиш дода шаванд. Дар асоси ин лаборатория тањияи Атласи харитаҳои радиатсионии ҳудудҳои Тоҷикистон дар назар аст.
Маросими ифтитоҳ бо намоиши кори барнома ва намунаи харитаҳои радиатсионӣ анҷом ёфт, ки барои таҳлил ва банақшагирии чораҳои амниятӣ истифода хоҳанд шуд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон рушду нумуъ намудааст.
Дар ин замина олимону муҳаққиқон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти омоданамоии муҳаққиқони ҷавон дар риштаҳои гуногуни илм кушиш ба харҷ дода истодаанд.
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 зинаи таҳсилоти магистратураро 175 нафар хатм намуданд, ки аз инҳо 28 нафар гирандаи дипломи аъло ва 144 нафарро дипломи муқаррарӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон ду нафар магистрант бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаи магистрӣ иштирок накарданд.
Имрӯз аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 28 нафар хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура дипломҳои аъло супорида шуд.
Имрӯз, 6 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар самти шуроҳои диссертатсионӣ таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласса баргузор гардид. Дар ҷаласа ноибони президент, раисони шуроҳои диссертатсионӣ, котибони илмии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати беҳтарсозии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани дараҷаи илмии кормандони илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13-Шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки бо қарори Комиссияи олии аттетстасионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ин шуроҳои диссертатсионӣ 28 рисола ҳимоя гардид, ки аз он 5 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 18-диссертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илм ва 5 рисола барои дарёфти дараҷаи доктори PhD мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ин шуроҳо аз ҷумлаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- рисолаи докторӣ, 1 рисолаи номзадӣ ва 2-рисолаи доктори PhD дифоъ карда шуд.
Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 5-Шурои диссертатсионии дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалкунанда, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шудаанд, ҳамагӣ 17-рисола, аз ҷумла 2-рисолаи докторӣ ва 15-рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуданд. Дар ин шуроҳо аз ҷумлаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд.
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохт
ДУШАНБЕ, 02.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баёзи шахсиятҳои шинохтаи дунё дар нашриёти «Адиб» бо номи «Пешво, ҳизб, миллат» рӯи чоп омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Китоби мазкур таҳти назари муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода таҳия шуда, бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Халқии Демократии Тоҷикистон нашр гардидааст.
Дар маҷмуа бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андеша ва маҳсули эҷоди шахсиятҳои шинохтаи дунё, ки муҳаббати онҳоро ба ҳизби созанда, роҳбари он ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ифода менамояд, гирдоварӣ шудааст.
Маллифи идея, мураттиб ва тарҷумон корманди ҳизб, ҳамраиси Шурои адабии Ассамблеяи халқҳои ҷаҳон шоир Абдуқаҳҳори Қосим буда, тавонистааст дастовардҳои Пешвои маҳбуби миллат, ҳизби созанда, бунёдкор ва мардумии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ намуда, ҳамовозии олимону шоирони дунёро сазовор гардад.
Бояд таъкид намуд, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҷмуа, энсиклопедияҳо ва китобҳои нодиреро дар васфи бузургони миллати тоҷик, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва урфу одати миллати куҳанбунёди тоҷик вохӯрдан мумкин аст. Ба ин рӯйхат адабиёте ворид мешавад, ки ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ин бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва башардӯстона дили мардуми дунёро тасхир намудааст.
Қисми зиёди муаллифон адибон ва донишмандони кишварҳои Русия, Беларус, Канада, Панама, Бразилия, Мексика, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Миср, Лубнон, Лаҳистон, Дания, Булғористон, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва дигар давлатҳои Шарқ мебошанд. Баёзи мазкур дар баланд бардоштани давлати Тоҷикистон, ифтихори миллӣ, муаррифии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши бориз дорад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон