Skip to main content

Вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.

Эмомали Раҳмон

Дар таърихи давлатдории тоҷикон қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, саҳифаи навини заминагузории ҳуқуқӣ ва давлатсозӣ ба шумор меравад. Дар ин санади муҳим арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоӣ будани давлати Тоҷикистон ва дигар арзишҳои муҳимми миллӣ аз нав эҳё ва муқаррар карда шудаанд.

Конститутсия рамзи соҳибистиқлолии давлат ва арзишҳои миллӣ мебошад, зеро асоси ҳуқуқии давлатро ташкил медиҳад ва принсипҳои асосии ҳаёти ҷамъиятиро муайян мекунад.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябр ҳамҷун рӯзи қабули Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Ин сана на танҳо барои мардум, балки барои таърихи кишвар хеле муҳим мебошад. Конститутсия, ки 6-ноябри соли 1994 қабул шуд, асоси ҳуқуқии давлат ва ҷамъиятро таъин мекунад. Ин қонуни олии кишвар буда, принсипҳои аслии давлатдорӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низомҳои сиёсӣ ва иқтисодиро таҷассум мекунад.

Конститутсия рамзи мустақилият ва идомаи давлати миллӣ мебошад. Барои мардум имконият медиҳад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои хешро бишиносанд ва муҳофизат кунанд. Рӯзи ин ҷашн, мардум на танҳо муаррифии ин санади муҳимро ҷашн мегиранд, балки аз он бозгашти таърихии Тоҷикистон ба зиндагии навини демократиро эҳсос мекунанд.

Конститутсия на танҳо як дастурамал, балки як ифодаи изҳори орзуву хостаҳои халқ мебошад. Ба ҳамин хотир, маҳз имрӯз мо бояд талош намоем, ки принсипҳои онро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ риоя ва иҷро намоем. Сулҳу оромӣ рушди устувор ва фардои неки Тоҷикистон, дар асоси Конститутсия ба даст меояд.

Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар – аз хурд то бузург мебошад, зеро ки Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.

Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.

Хулоса, дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар кардани муқаддасоти миллӣ имкониятҳои бузургро барои эҳё шудани арзишҳои миллӣ, фароҳам овардааст. Ва аз ҳамин ҷиҳат нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав эҳё шудани арзишҳои миллӣ дар айёми соҳибистиқлолии мамлакат ва пешрафти тамоми соҳаҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ хеле бузург мебошад.

Бо итминон метавон иброз дошт, ки қабули ин санади олии ҳуқуқӣ тавонист дар рушди соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон саҳми созгор ва назаррас гузорад.

Содиқова Зарангез Абдувалиевна Ходими илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ