Skip to main content

ШУРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ

Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Роҳбарони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин, санаи 29 ноябри соли 2024 зимни нишасти сеюмини ин иқдом дар толори Шурои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо иштироки академики АМИТ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ - шарти асосии ҷамеаи демократӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар раванди ҷамъомад, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуданд.

Академик Маҳмудзода Маҳкам ниҳоят маърӯзаи саривақтӣ ва муҳиму пурмуҳтаво ироа доштанд, ки аз ин сӯҳбат ҳозирин ва олимони ҷавони АМИТ бардоштҳои муфиди ҳуқуқӣ ва илмиву фарҳангӣ гирифтанд. Аз ҷумла, академик М.А. Маҳмудзода иброз намуданд, ки муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ буда, чунин ҷомеа бидуни эҳтиром ва риояи ҳуқу вуҷуд дошта наметавонад. Зеро, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ниҳоят муҳим аст.

Ҳамин тариқ, дар замони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тариққиёт ва муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Пеш аз ҳама дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми кишвар, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.15:49