Skip to main content

19 августи соли 2024, Душанбе — Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани меморандуми ҳамкорӣ байни Корхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ "Институти физикаи ядроӣ" Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Меморандум аз ҷониби директори генералии Институти физикаи ядроии Ҷумҳурии Қазоқистон Саябек Куанышбекович Сахиев ва муовини аввали директори Агентии ХБРЯ Тоҷикистон Матин Ахмедов имзо гардид. Ин созишнома ба мустаҳкам намудани ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд байни ду муассиса дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, тадқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани иқтидори минтақа нигаронида шудааст.

Меморандуми имзошуда як қатор самтҳои ҳамкориро дар бар мегирад, аз ҷумла, тадқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, ташкил намудани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи криминалистикаи ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ. Яке аз ҷанбаҳои асосии ин меморандум омодагӣ ва мубодилаи мутахассисони ҷавон тавассути барномаҳои муштараки магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.

Ҳар ду ҷониб изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд ва ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани амният дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Меморандум аз лаҳзаи имзои он эътибор пайдо намуда, дар тӯли панҷ сол амал хоҳад кард ва метавонад тамдид шавад. Ҷонибҳо мувофиқат намуданд, ки ҳар сол рафти татбиқи созишномаро баррасӣ намуда, самтҳои нави ҳамкориро муайян намоянд.