Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” рӯйи даст гирифта шуд. Ҳар сол ба ин манзур дар сатҳи баланд дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Мавлоно бо иштироки васеи олимону донишмандон, мавлоношиносон, омӯзгорону хонандагон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор мегардад.
Дар ин ҳошия бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ як зумра олимони ҷавону муҳаққиқони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шиносоии бештар ба осору афкор ва шахсияти ин орифи бузург, донишманди беназир, нодираи илму адаби ҷаҳонӣ аз мавзеи боғи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ва хона-музейи ин чеҳраи тобноки олами илму маърифат воқеъ дар шаҳраки Балх, ки маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, дидан карданд.
Дар ин сафар ҳайати олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва масъулин аз мақомоти прократура ҳамроҳӣ намуданд.
Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ дар шакли қадима, бо истифода аз унсурҳои фарҳанги миллӣ сохта шуда, бозгӯи рӯзгор ва зиндагии ин шахсияти барҷаста мебошад.
Ҳайати олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳуҷраҳои дарсии Само, ҳуҷраи дарсии бачагона, чиллахона, анҷомхона ва дигар ҳуҷраҳоеро, ки тарзи зисту зиндагии Мавлонои Ҷалолиддини Балхиро нақл мекунанд, тамошо карданд.
Дар идомаи ин сафари омӯзишӣ ва тарғиботӣ бо иштироки зиёда аз 300 олимону донишмандон, омӯзгорону хонандагон ва сокинони фаъоли ноҳия ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ – оммавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши илмиро раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода оғоз бахшида, барои пешбурди идомаи кори конфронс инони сухан ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дода шуд.
Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар маърӯзаи худ аз олами рангину зебо ва пурмаъонии мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки шуҳрати оламгир дорад, ёдовар шуда, нақши ӯро дар эҷод ва ташаккули андешаи ваҳдати вуҷуд барҷаста арзёбӣ намуд. Изҳор гардид, ки осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пурарзиштарн осори ҳама давру замонҳост. Шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс тарҷумаи пораҳои шеърии Мавлоноро аз “Маснавӣ” ва “Девони кабир” дар 13 маҷмуаи хурду бузург ба табъ расонд, ки ба шаҳодати муҳаққиқони амрикоӣ, тарҷумаҳои Колман Баркс ашъори Мавлоноро дар ИМА ба пурхонандатарин китоб, ҳатто бештар аз асарҳои Шекспир, табдил доданд.
Дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфил ва озмуни “Маснавихонӣ” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад. Ин ва дигар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ, бешак, барои тарғибу ташвиқи осори Мавлоно ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Балх ё Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст, ки ин барои ворисони ин шахсияти оламшумул боиси ифтихори бузург аст ва дар шароити шиддатёбии ҷангҳои иттилоотӣ, ки меҳвари онҳоро ситезаҳои фарҳангии дорои ҷараёнҳои иртиҷоӣ ташкил медиҳад, масъулияти ҳамсанд ба ҳамин ифтихорро тақозо мекунад, то ин ки тоҷикият ва мансубияти ин орифи шӯрида ба миллати тоҷик нигоҳ дошта шавад.
Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки миллати куҳантамаддуни тоҷик ба омӯзиши осори баландарзиши ниёгони худ аз дидгоҳи нав рӯ орад ва онро мувофиқ ба ормонҳои деринаи миллат таҳқиқ намояд ва ба наслҳои имрӯза, ки меросбарони ояндаи давлату миллат ва тамаддуни беш аз шашуним ҳазорсолаи миллати тоҷик мебошанд, таълим диҳад ва онҳоро дар рӯҳияи ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гиромӣ доштани таъриху тамаддуни ниёгон раҳнамун созад. Дар ин масир шинохти шахсият ва осори мондагори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қобили зикри хос аст.