

Дар дарозои таърих, ҳодисаҳои табиӣ — аз заминларза то гирифтҳои осмонӣ — зеҳни инсонро ба тафаккур водор кардаанд. Дар фарҳангҳои гуногун гирифти Моҳ (хусуф) рамзҳои гуногун дошт, аммо бо рушди астрономия мо онро ҳамчун падидаи пурра фаҳмо, ки аз геометрияи ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб вобаста аст, медонем. Дар ин роҳ, саҳми донишмандони тоҷику форс, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ хеле бузург аст. Яке аз мисолҳои равшан, замонест ки Берунӣ бо Абулвафо Бузҷонӣ мушоҳидаи ҳамзамони гирифти Моҳро анҷом дода, аз рӯйи фарқи вақт тафовутҳои тулҳои шаҳри Кот ва Бағдодро ҳисоб карданд. Ин таҷриба яке аз намунаҳои барҷастаи истифодаи гирифтҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷуғрофиёи астрономӣ аст.
Чӣ гуна «гирифти Моҳ» рух медиҳад?
Гирифти Моҳ замоне доир мегардад, ки Моҳи пурра ба сояи Замин медарояд. Соя ду қисмат дорад: нимсоя ва сояи аслии торик. Агар диски Моҳ пурра ба соя дарояд, мо гирифти пурраро мушоҳида мекунем; агар танҳо ба бахше аз соя ворид шавад гирифти қисманро мебинем. Ранги сурхтобе, ки мардум онро «Моҳи хунин» меноманд, аз он меояд, ки қисмати кабути нури офтоб ҳангоми гузаштан аз атмосфераи Замин бештар пароканда мешавад ва ҷузъҳои сурх то сатҳи Моҳ мерасанду сурхчатоб мегардонанд.
7 сентябри 2025: гирифти пурраи Моҳ аз Тоҷикистон пурра намоён аст.
Шаби 7 ба 8 сентябри 2025 ҳодисаи гирифти Моҳ ба амал меояд, ки маҳз Тоҷикистон тамоми марҳилаҳои он – аз оғози нимсоя то анҷоми он дида мешаванд. Марҳилаҳои асосӣ (бо вақти Душанбе, UTC+5):
Оғози нимсоя: ~20:28
Оғози гирифти қисман: ~21:27
Оғози пурра: ~22:30–22:31
Лаҳзаи максимум: ~23:11–23:12
Анҷоми гирифти пурра: ~23:52
Анҷоми қисман: ~00:56 (8 сент.)
Анҷоми нимсоя: ~01:55 (8 сент.)
Дар лаҳзаҳои асосӣ Моҳ аз уфуқи ҷанубу шарқ то ҷануб баланд (тақр. 38°–45°) хоҳад буд, ки шароити хеле қулай барои тамошо ва аксбардорӣ мавҷуд мегардад.
Ситорашиносӣ дар амал: сайёраҳо дар ҳамон шаб.
Шаби 7 ба 8 сентябр ба ҷуз ҳодисаи гирифти пурраи Моҳ дар осмон сайёраҳои Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кардан мумкин аст:
Зуҳал (Сатурн) – сайёраи шабона. Дар моҳи сентябр хеле хуб дида мешавад ва шаби 7 сентябр аз бегоҳ то субҳ равшан аст ва бо дурбин ё телескоп ҳалқаҳои онро мушоҳида кардан мумкин аст.
Муштарӣ (Юпитер) – сайёраи саҳаргоҳ. Дар сентябри 2025 то субҳ баланд мешавад ва пеш аз тулӯи офтоб ҳамчун нуқтаи хеле равшан дар шарқ дида мешавад.
Даъват барои мушоҳида дар Ҳисор
Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон мекунад, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2025 дар Расадхонаи Ҳисор Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад. Мо ҳамаи дӯстдорони кайҳонро ба мушоҳидаи гирифти Моҳ даъват менамоем. Дар баробари ин, Зуҳал-ро дар шаб ва Муштарӣ-ро ҳангоми субҳ якҷо тамошо мекунем.
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад Декабрь 21, 2024 08:00
ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад.
Тибқи иттилои ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳабиб Ҳуҷаназаров, инқилоби зимистонаи Офтоб 21 декабри соли 2024, соати 14:21 бо вақти Душанбе ба амал меояд. Ин нуқтае мебошад, ки Офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадӣ таҳвил меёбад. Аз сабаби он ки ин нуқта ба уфуқ наздик аст, шаби дарозтарини сол дида мешавад. Ин ҳодисаи астрономӣ дар байни мардуми сарзамини мо ва мардуми ориёинажод бо номи «Шаби Ялдо» маъруф аст.
Аз сабаби дароз будани шаб мардум машваратҳо ташкил менамуданд ва он ҳамчун ҷашнвора гардид. Бо гузаштани вақт Шаби Ялдо анъанавӣ шуда, бо фарҳанг ва маданияти маҳаллӣ омехта шуд. Ин маросим дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешавад. Дар Аврупо ин ҷашн эътиқод ба пирӯзии нек ва афзалияти он аз бадиро ифода месозад. Сокинони маҳаллаҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар атрофи ҳавлиҳо сайру гашт намуда, таронаҳо месароянд ва дар атрофи гулхан рақс менамоянд. Новобаста аз маданияти халқҳо Шаби Ялдо ҳамчун маросими фарҳангӣ шинохта шудааст.
Ҳодисаи табиии Шаби Ялдо бо чунин омилҳо вобаста аст. Сайёраи Замин доимо дар ҳаракат аст ва дар атрофи меҳвари худу Офтоб давр мезанад. Меҳвари Замин хати мебошад, ки аз қутби шимол ба қутби ҷануб тӯл кашидааст ва ба ҳамвории чархиши Замин дар атрофи Офтоб моил аст. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб, масалан, ивазшавии фаслҳои сол, инқилоби зимистона ва дигар ҳодисаҳои астрономӣ рӯй медиҳанд. Замин ҳангоми ҳаракати солонааш дар осмони ситоразор чор мавқеъгирии хосса дорад, ки ду ҳолати он нуқтаҳои эъдидоли баҳорӣ (20-22 март) ва тирамоҳӣ (22-23 сентябр) буда, ду ҳолати дигари он нуқтаҳои инқилоби тобистона (20-21 июн) ва зимистона (21-22 декабр) мебошанд.
Инқилоби зимистона гуфта, лаҳзаи гузариши Офтобро аз нуқтаи ҷанубтарин ҳамвории ҳаракати Замин меноманд. Ин ҳодиса оғози зимистон дар нимкураи шимолӣ буда, бо кӯтоҳтарин давомнокии рӯз ва пасттарин мавқеи Офтоб нисбат ба уфуқ аён мегардад.
19 декабри соли равон экспертони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг пас аз таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот намояндагони Агентии мазкур натиҷаи таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки омода кардани кадрҳои илмиро тавассути барномаҳои таҳсилотӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD амалӣ менамонд, дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) камназир буда, ба кормандони илмии Академияи миллии илмҳо имконият медиҳад, то дар оянда ба ҳайси эксперт дар аккредитатсияи муассисаҳои ҷумҳурӣ ва минтақа иштирок ва ба фаъолияти илмии онҳо баҳогузорӣ намоянд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз доштанд, ки аккредитатсияи мазкур роҳи хатмкунандагону унвонҷӯёни муассисаҳои илмии АМИТ-ро ба хориҷи кишвар кушода намуда, қадами устуворест дар қабули муҳаққиқони хориҷӣ ба ҳайси магистрант, докторант, аспирант ва унвонҷӯй дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо. Дипломҳои хатм ва дараҷаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давлатҳои эътирофнамудаи НААР ба расмият шинохтаю эътироф мешаванд. Навгонӣ ва дастоварди хеле муҳим дар самти муаррифии илми ватанӣ хоҳад шуд.
Имрӯз (1912.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур аз озмоишгоҳи Институти зоология ва паразиталогияи ба номи Е.Н. Павловскии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, доир фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандон аз наздик шинос гардиданд.
Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он Раис
Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок доранд.
@RustamEmomali
18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.
Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд. Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.
Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
Имрӯз (18.12.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур ба Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании АМИТ ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои Институт дидан намуданд.
Дар идома намояндагони агентии мазкур бо коргарони озмоишгоҳҳои Институт доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ суҳбат намуда, ҳамзамон бо рафти таҷрибаомӯзии магистрантону докторантони PhD аз наздик шинос шуданд.
Семинари машваратӣ таҳти унвони «Ташаккул ва рушди низоми бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
18-уми декабри соли равон дар дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таҳти унвони «Ташаккул ва рушди низоми бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», семинари машваратӣ доир гардид.
Семинари мазкур таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардида, дар он унвонҷӯён, ходимони илм ва олимони ҷавони Агентӣ ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.
Чорабиниро академики АМИТ, Улмас Мирсаидов ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди низоми бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», истифодаи таҷҳизотҳои муосир, арзёбии вазъи радиатсионӣ ва илман асоснок намудани он суханронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор унвонҷӯён аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ аз натиҷаи корҳои илмӣ ва маърузаҳои худ дар назди ҳозирин баромад доданд.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди илму техника академик, Улмас Мирсаидов аз иштирокчиён, масхусан олимони ҷавон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз олимони ботаҷрибаи Агентӣ, ҳарчи бештар ба омӯзишу таҳқиқ рӯ биёранд.
Дар интиҳои семинар вобаста ба мавзуи баррасишуда муҳокимаронӣ сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Имрӯз (18.12.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур аз озмоишгоҳҳои Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, доир фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандон аз наздик шинос гардиданд.