Нақши тибби тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз саҳифаҳои бисёр муҳим ва ҳамзамон пурифтихори таърихи Тоҷикистон мебошад, ки онро метавон на танҳо аз рӯи ҳиссиёт, балки бо рақамҳо, омор ва далелҳои воқеӣ арзёбӣ кард. Дар ин давра соҳаи тандурустӣ дар шароити ҷангӣ ба як низоми бузурги бисёрзинагӣ табдил ёфт, ки ҳам фронт ва ҳам ақибгоҳро фаро мегирифт ва бевосита ба натиҷаи ҷанг таъсир мерасонд.
Дар оғози ҷанг, аз ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба фронт сафарбар гардиданд. Барои ҷумҳурие, ки камтар аз якуним миллион аҳолӣ дошт ин шумора барои он давра хеле калон буд ва зиёда аз бист фоизи тамоми нерӯи меҳнатии даврро фаро мегирифт. Дар натиҷа, вазифаи нигоҳ доштани саломатии сарбозон ва барқарорсозии онҳо ба дӯши системаи тиббӣ афтод. Тибқи маълумоти умумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои ҷанг зиёда аз 22 миллион нафар захмӣ ва бемор шуданд. Аз ин шумора тақрибан 70–75% бо кӯмаки тиббӣ ба ҳаёт баргардонида шуданд, ки ин як дастоварди бузурги ҷаҳонӣ дар таърихи тиб ба ҳисоб меравад.
Дар ин низом табибони тоҷик низ нақши муҳим доштанд. Садҳо табиб аз Тоҷикистон ба фронт фиристода шуданд. Онҳо дар баталёнҳои тиббӣ, госпиталҳои саҳроӣ ва нуқтаҳои эвакуатсионӣ фаъолият мекарданд. Ҳар як табиб дар шароити ҷангӣ маҷбур буд, ки на танҳо як мутахассис, балки як ташкилотчӣ, равоншинос ва наҷотбахш бошад. Дар бисёр ҳолатҳо, як табиб дар як шабонарӯз аз 10 то 30 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом медод, ки ин нишондиҳандаи шадидии вазъият аст.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар соҳаи тибби он давра кӯчонидани госпиталҳои ҳарбӣ ба Тоҷикистон буд. Бо наздик шудани фронт ба минтақаҳои ғарбӣ, зарурати эвакуатсияи муассисаҳои тиббӣ ба миён омад. Тоҷикистон, ки дар қафои фронт ҷойгир буд, ба як маркази калони қабули захмиён табдил ёфт. Дар солҳои 1941–1942 ва баъдан, зиёда аз 20–30 госпитал ба ҷумҳурӣ интиқол дода шуд. Баъзе маълумотҳо нишон медиҳанд, ки шумораи умумии онҳо дар давраи ҷанг ба 40 муассиса наздик шуда буд.Ин госпиталҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва дигар марказҳо ҷойгир карда шуданд. Барои онҳо биноҳои мавҷуда истифода мешуданд: мактабҳо, донишкадаҳо, театрҳо ва ҳатто хобгоҳҳо. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 100 бино ба таври муваққатӣ ба муассисаҳои тиббӣ табдил дода шуд. Ҳар як госпитал вобаста ба имконият аз 200 то 1000 кат дошт. Ҳамин тавр, дар саросари ҷумҳурӣ як шабакаи бузурги табобатӣ ба вуҷуд омад, ки ҳазорҳо катро дар бар мегирифт.
Танҳо дар ҳамин госпиталҳо, тибқи маълумотҳои таърихӣ, зиёда аз 100–150 ҳазор захмӣ табобат гирифтаанд. Қисми зиёди онҳо баъди барқароршавӣ дубора ба фронт баргаштаанд. Агар ин рақамҳоро ба назар гирем, маълум мешавад, ки Тоҷикистон яке аз марказҳои муҳими барқарорсозии сарбозон дар ақибгоҳ буд.
Кӯчонидани госпиталҳо худ як амалиёти хеле мураккаби логистикӣ буд. Қаторҳои санитарӣ, ки махсус барои интиқоли захмиён сохта шуда буданд, дар як вақт аз 300 то 800 нафарро мебурданд. Ин қаторҳо аз минтақаҳои ҷангӣ ба самти Осиёи Марказӣ ҳаракат мекарданд. Дар баробари беморон, табибон, доруворӣ ва таҷҳизоти ҷарроҳӣ низ интиқол дода мешуданд. Ин раванд дар шароити бениҳоят душвор — камбуди сӯзишворӣ, вайроншавии роҳҳо ва таҳдиди ҳамлаҳои ҳавоӣ — сурат мегирифт.
Дар дохили Тоҷикистон, барои қабули ин миқдори бузурги захмиён, тамоми захираҳо сафарбар карда шуданд. Ҳукумат ва аҳолӣ якҷоя амал мекарданд. Ҳазорҳо катҳои иловагӣ ташкил карда шуданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе якчанд госпитали калон бо садҳо кат фаъолият мекард.
Фаъолияти госпиталҳо хеле пуршиддат буд. Ҷарроҳон дар як шабонарӯз даҳҳо амалиёт анҷом медоданд. Дар як сол дар як госпитали калон ҳазорҳо амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешуд. Норасоии доруворӣ ва таҷҳизот бо таҷрибаи табибон ва истифодаи усулҳои содда ҷуброн карда мешуд. Бо вуҷуди ин душвориҳо, сатҳи наҷоти захмиён хеле баланд буд.Яке аз мушкилоти ҷиддии давр паҳншавии бемориҳои сироятӣ буд. Дар шароити серодамӣ ва гигиенаи паст хатари эпидемияҳо зиёд мешуд. Бемориҳое мисли тиф метавонанд ба ҳазорон нафар таъсир расонанд. Бо вуҷуди ин, табибон бо ҷорӣ намудани чораҳои қатъии санитарӣ, эмгузаронӣ ва назорати доимӣ тавонистанд паҳншавии эпидемияҳоро маҳдуд кунанд.
Дар ин давра норасоии кадрҳо низ мушкилоти ҷиддӣ буд. Барои ҳалли он, дар Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати тиббӣ ташкил карда шуданд. Ҳазорҳо занону ҷавонон дар муддати чанд моҳ омӯзонида шуда, ба кори ҳамширагӣ ҷалб гардиданд. Ин раванд шумораи кормандони тиббиро чанд маротиба зиёд кард. Масалан, дар баъзе минтақаҳо шумораи ҳамшираҳо то 2–3 баробар афзоиш ёфт.
Нақши занон дар ин давра махсусан бузург буд. Онҳо дар госпиталҳо шабу рӯз кор мекарданд, захмиёнро нигоҳубин менамуданд, дар амалиётҳо иштирок мекарданд ва ҳамзамон дастгирии равонӣ мерасониданд. Инчунин, бисёр занон ҳамчун донор хун месупориданд, ки дар шароити ҷангӣ ҳаётан муҳим буд.Аҳолии маҳаллӣ низ дар ин раванд саҳми назаррас дошт. Сокинон ба госпиталҳо ғизо, либос ва маводи зарурӣ мерасониданд. Бисёриҳо ихтиёран иштирок карда, ба кори табибон кӯмак мекарданд. Ин ҳамбастагӣ яке аз омилҳои муҳими муваффақияти системаи тиббӣ буд.
Кӯчонидани госпиталҳо ба Тоҷикистон на танҳо аҳамияти ҳарбӣ дошт, балки ба рушди дарозмуддати соҳаи тиб низ таъсири калон расонд. Бо омадани мутахассисони баландихтисос, усулҳои нави табобат, таҷрибаи ҷарроҳии муосир ва ташкили кори госпиталӣ ба Тоҷикистон ворид шуданд. Баъди ҷанг, бисёре аз ин мутахассисон дар ҷумҳурӣ монданд ва дар ташкили системаи миллии тандурустӣ саҳм гузоштанд.
Дар солҳои 1941–1943 ба Тоҷикистон садҳо табион, ва омӯзгорони тиббӣ аз Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Украинаю Белорусия шуданд, ки қисми муҳими онҳо дар Тоҷикистон низ ҷойгир гардиданд. Ҳамин тавр, шабакаи тиббии ҷумҳурӣ ба як низоми дуқутба табдил ёфт: як қисм аз кадрҳои маҳаллӣ ва қисми дигар аз мутахассисони эвакуатсияшуда аз Русия ва дигар минтақаҳо иборат буд. Ин ҳамбастагӣ сатҳи хизматрасонии тиббиро ба таври назаррас баланд кард.
Ин раванд бо худ мактаби илмӣ ва таҷрибавии тибро овард. Масалан, ҷарроҳони рус дар госпиталҳои Тоҷикистон усулҳои навро ҷорӣ карданд. Онҳо истифодаи усулҳои ҷарроҳӣ, табобати захмҳои оташфишон ва усулҳои пешгирии бемориҳои сироятиро омӯзонданд. Дар як госпитал то 10–20 ҷарроҳон ва даҳҳо ҳамшира фаъолият карда, ҳар рӯз садҳо захмӣ қабул карда мешуд. Баъзе госпиталҳои калон то 800–1000 кат доштанд, ки ин барои як минтақаи нисбатан хурд нишондиҳандаи хеле баланд буд.
Дар маҷмуъ, мувофиқ ба маълумоҳои оморӣ, зиёда дар 20–40 госпитал 100–150 ҳазор бемор табобат шуда, даҳҳо ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда, ҳазорҳо корманди тиббӣ фаъолият мекарданд. Ин маънии онро дорад, ки тибби тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо як соҳаи воситаи ёрирасон, балки як неруи бузурги наҷотбахш буд.Яке аз мушкилоти асосии ин давра мутобиқсозии кадрҳои гуногунмиллат буд. Табибони рус ва дигар ҷумҳуриҳо бо забон, муҳити иқлимӣ ва шароити маҳаллӣ мутобиқ мешуданд ва ҳадафи ягона - наҷоти сарбозон, ҳамаи табибонро муттаҳид мекард.
Ин раванд инчунин ба рушди илмии тибби тоҷик таъсири амиқ гузошт. Пеш аз ҷанг, бисёре аз усулҳои муосири ҷарроҳӣ ва ташхис дар ҷумҳурӣ маҳдуд буданд. Бо омадани мутахассисон дар Тоҷикистон усулҳои нави тиббӣ ҷорӣ гардиданд. Масалан, усулҳои нави табобати захмҳои чуқур, пешгирии хунравӣ ва сироятҳо ба таври васеъ истифода шуданд.
Дар ин давра масъалаи мубориза бо бемориҳои сироятӣ низ хеле ҷиддӣ буд. Дар шароити серодамии госпиталҳо, хатари паҳншавии бемориҳо зиёд буд. Табибони омада дар якҷоягӣ бо табибони маҳаллӣ бар зидди бемориҳое мисли тиф, дизентерия ва дигар сироятҳо мубориза мебурданд. Онҳо системаи санитарии қатъӣ ҷорӣ карданд, ба монанди ҷудокунии беморон, дезинфексия ва назорати доимии гигиенӣ.
Дар баробари табобат, масъалаи омӯзиши кадрҳо низ аҳамияти калон дошт. Табибони аз Русия ва дигар минтақаҳо кӯчонидашуда дар Тоҷикистон ҳамчун устод фаъолият мекарданд. Онҳо ба ҳамшираҳо, фелдшерҳо ва табибони ҷавон дарс медоданд. Дар натиҷа, дар муддати чанд сол садҳо мутахассиси маҳаллӣ омода карда шуданд. Ин раванд барои ояндаи системаи тандурустии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дошт.
Ҳамин тавр, агар ҳамаи омилҳоро дар умум ҷамъбаст намоем, (кӯчонидани госпиталҳо, фаъолияти табибони тоҷик, омадани мутахассисони рус ва дигар миллатњо, мубориза бо бемориҳо ва омӯзиши кадрҳо) маълум мегардад, ки, ки тибби тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як низоми мураккаб, бисёрмиллӣ ва бисёрсатҳа буд, ки ҳадафи ягонаи он дар наҷот додани инсон қарор дошт.
Ин таҷриба имрӯз низ аҳамияти калон дорад, зеро нишон медиҳад, ки дар шароити бӯҳронӣ ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва фидокории инсонӣ метавонанд ба натиҷаҳои бузург оварда расонанд.
Ашурмад Маъруфов, сардори шуъбаи илмҳои назариявӣ ва фарматсевтии АМИТ, н.и.фарм.,
Шодмон Каримов, рӯзноманигор

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашр таҳти унвони «Анатомияи одам», ки аз ҷониби ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа таълиф гардидааст, ба нашр расид.