Skip to main content

Ба истиқболи 16 ноябр- Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамчунин дар намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа ва миёни тоҷикони бурунмарзӣ ҳамасола 16-уми ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ҳамчун ҷашни бузурги давлатдории миллӣ дар сатҳи баланд бо шаҳомати хосса ва ифтихору сарфарозӣ таҷлил мегардад.

Ин сана дар ҷумҳурӣ ба ҷашни анъанавии сиёсию ҳуқуқӣ мубаддал гардида, зимни он дар сартосари кишвар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ-давлатӣ, аз ҷумла конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронда мешаванд.

Аз ҷониби дигар, мардуми Тоҷикистон дар ин рӯзи фараҳбахш арзу эҳтиром ва сипосгузорию ихлосмандии хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоянд. Зеро, Пешвои миллат на танҳо дар байни сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин, роҳбарони давлатҳо ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун маҳбубият ва эҳтироми сазоворро пайдо карда, мавқеъ ва манзалати хосро соҳиб гардидаанд.

Боиси таззаккур аст, ки санаи 16-уми ноябр интихоб гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ҷанбаҳои сиёсӣ ва таърихии худро дорад.

Аввалан, 16-уми ноябри соли 1992, замони пуршиддати вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон Иҷлоиси ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд.

16-уми ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда ба фаъолияти корӣ шуруъ намуданд.

Сониян, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар шароити такомули муносибатҳои нави байналмилалӣ пайваста эътиборашро афзуд ва тавассути сиёсати хориҷии “бисёрқутба” ва “дарҳои боз” инчунин пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоистаро ба даст овард. Аз ин рӯ, тамоми дастовардҳо ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати дохилӣ ва хороиҷии кишвар рӯи кор омада, ба фаъолияти пурсамар ва созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии ногусастанӣ дорад.

Маҳз бо дарназадошти чунин заҳматҳо ва талошҳои бесобиқа боис гардидааст, ки мардуми Тоҷикистон ва парлумони кишвар 16 ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн бигиранд.

Имрӯзҳо коршиносон ва муҳаққиқони ватанӣ, сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ дар бораи рушду пешравӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳлилҳои амиқ ва ҳамаҷониба гузаронида, баҳои баланд ва мусбат додаанд.

Вобаста ба ин, ба маврид мешуморем, ки дар бораи яке аз ташаббусҳои тақдирсоз ва муваффақи Пешвои Миллат, оид ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардондани гурезаҳо ба Ватан, истиқрори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таҳлил ва андешаҳои хешро баён намоем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он, Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистонро барқарор ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд.Бо ин васила дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар давраи нави рушд ва инкишоф оғоз гардид.

Аммо баъд мухолифин аз мамлакат берун рафта, ба кишварҳои хориҷӣ ҷой гирифтанд ва худро мухолифи сиёсати пешгирифтаи давлати навбунёди тоҷикон эълон намуда, муқобили Ҳукумати қонунии кишвар ба мақсади ғасби ҳокимият ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оғоз карданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ буда, доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардониданд. Мақсади асосии он бунёди давлати исломӣ ва ба сари халқи тоҷик иҷборан бор кардани фарҳангу мазҳаби бегона буд.

Ба ғайр аз ин, дар он давра дар дохили кишвар вазъи ногувори сиёсӣ ҳукмфармо буд, ки он ба тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа таъсири манфии худро баръало мерасонд. Дар ин асно, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар ҳолати парокандагӣ ва нигаронӣ қарор доштанд. Аз тарафи дигар, қувваҳои гуногуни сиёсӣ мехостанд вазъияти мавҷударо ба манфиати худ истифода баранд. Бархе аз кишварҳо низ намехостанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор шавад.

Дар он шабу рӯзҳо ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ва тамомияти арзии кишвар хатари аз байн рафтан ва ба миллати тоҷик хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Аз ин рӯ, вазъият ба муттаҳид кардани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ақаллиятҳои миллӣ, созмонҳои динӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар Тоҷикистон амалкунанда эҳтиёҷ дошт.

Вобаста ба ин, дар он шабу рузҳо фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавию устувор ва ба таври хастанопазир ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он барои тасвири воқеияти фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданду дар баробари ин таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба рӯйдодҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Ба ин васила, Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо ва роҳу воситаҳо истифода менамуданд, то ки пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва парокандагии кишварро бигиранд.

Бо ин манзур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин, давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира, пеш гирифтем».

Ба ҳамин хотир аст, ки Роҳбари давлат барои ҳар чи зудтар расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, бо роҳбарияти мухолифин музокиротро оғоз намуд, вале ин раванд бо мушкилиҳо пеш мерафт.

Дар чунин вазъияти душвор барои Тоҷикистон ҳолате ба вуҷуд омод, ки Роҳбари давлат доимо дар фикру андешаи он буданд, ки чи тавр ва кадом роҳу воситаҳоро бояд пайдо кард,ки раванди музокирот бо мухолифин, ҷиҳати ҳарчи зудтар расидан ба барқарории сулҳ дар кишвар ба анҷом расад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат ба хулоса омаданд, ки барои пешрафти раванди музокирот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин қувваи иловагии такондиҳанда зарур аст.

Барои ба ин мақсад расидан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии оғози муколамаро бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар изҳор дошта, даъват намуданд, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар чунин давраи тақдирсоз ва ҳассос бетараф набошанд ва дар раванди барқарории сулҳу субот дар кишвар бояд саҳм гузоранд.

Сипас, дар рафти вохӯрӣ бо намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳор намуданд, ки кишвар ба як созмони муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиёҷ дорад ва ба он ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо, олимон, шоирону нависандагон, шахсони соҳибэҳтиром шомил бошанд, то онҳо бо нуфузи худ барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини амнияти кишвар, баргардонидани гурезаҳо мусоидат кунанд ва таъмини сулҳу ризоияти миллӣ дар ин замина асос мегирад.

Чунин иқдоми Пешвои миллатро ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо камоли майл ва рӯҳбаландӣ дастгирӣ намуданд, дар натиҷа, 11 марти соли 1996 «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» ба имзо расид.

“Аҳднома”-ро аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи дигар роҳбарони зиёда аз 30 (сӣ) ташкилотҳои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар имзо карданд.

Метавон ишора кард, ки иқдоми бузург ва дурандешонаи Президенти кишвар барои ба раванди музокирот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ҷалб кардани ҷомеаи шаҳрвандии кишвар такони бузурге бахшид.

Аз ҷумла, барои амалӣ намудани ҳадафҳои Аҳднома Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ва Низомномаи он қабул гардид, ки вазифаи асосии он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ва ҳамчун ниҳоди тавсеабахши муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пойдору бардавом намудани сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва дигар масоили муҳими иҷтимоӣ фаъолият бурдан буд.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба ҳайси Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Имзои Аҳдномаи ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ташкили Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, ки шаҳрвандони кишвар иқдомҳои Президентро дар раванди ба низом даровардани ихтилоф бо мухолифин ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Аъзои Шурои ҷамъиятӣ барои тезондани раванди музокирот ҷиҳати бадаст даровадани сулҳ бо мухолифин фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ монданд. Фаъолияти аъзои Шуро тадриҷан гушаю канорҳои гуногуи мамлакатро фаро гирифт. Як гуруҳ аъзои Шуро ба роҳбарони мухолифин нома навишта оноро даъват намуданд, ки ба “Аҳднома...”, ки бо ташаббуси Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов оид ба комёб шудан ба ризоият дар ҷомеа ҳамроҳ шаванд ва аз ҷонишини намояндаи хоси муншии Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон Дарко Шилович хоҳиш карданд, ки Номаи онҳоро бо нусхаи Аҳднома ҷиҳати барассӣ ба роҳбарони мухолифин барои шиносоӣ ва имзо пешниҳод намояд.

Вобаста ба саҳми Шурои ҷамъиятӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ниҳоят муҳими сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баҳогузорӣ карда буданд “...таъсис ва такмили фаъолияти самараноки Шӯрои ҷамъиятӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ниҳоят муҳимми сиёсӣ - қатъи ҷанги таҳмилӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва таъмини ваҳдати миллӣ мусоидат намуд”.

Тоҷикистон дар ду даҳаи нахустини асри XXI ба ҷониби рушду созандагӣ қадамҳои устувор гузошта дар кишвар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ки ин ба манфиати доираҳои бадхоҳи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон нест.

Дар ин иртибот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд”.

Дар таърихи илми сиёсатшиносӣ ва давлатдорӣ дар масъалаи муносибати давлат нисбат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ Пешвои миллат, Президени кишвар Эмомалӣ Раҳмон формулаи нави ҳамкорӣ – Шӯрои ҷамъиятӣ созмон доданд ва он шакли ҳамкории сиёсӣ-иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, чун пули васлкунанда миёни ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, минбари озод барои муколама буда, вазифаи асосии он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, мусоидат ба таҳкими истиқлолият, рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Маҳз бо ин сифатҳо Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти нодирест, ки дар дигар кишварҳо бо чунин шаклу хусусиятҳо вуҷуд надорад ва аз нуктаи назари илми сиёсатшиносӣ онро ҳамчун “Модели тоҷикии ҷомеаи шаҳрвандӣ” метавон ном бурд.

Таърих кам шахсиятҳоеро дар ёд дорад, ки ҳамчун Пешвои муаззами миллати мо дар роҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хизматҳои шоиста ва сазовору бориз намуда бошад.

Бинобар ин, вақте ки сухан дар бораи таърихи пайдоиши ин ниҳод меравад, бамаврид аст хосатан тазаккур дода шавад, ки Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули тафаккуру ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо ибтикори маҳз ин сиёсатмадори оқилу донишманд ва тавоно созмон дода шудааст.

«Модели тоҷикии сулҳ”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати куҳанбунёди тоҷик мактаби бузург ва саҳифаи тоза дар таърихи халқи тоҷик мебошад, ки насли фардо бояд аз ин дурдонаи хиради сиёсӣ хуб ва ҳамавониба истифода баранд.

Таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии Пешвои миллат барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли низоъ ва муноқишаҳои миллию мардумӣ ва динию сиёсӣ дар ҳар шакле омӯзанда аст.

Танҳо як иқдоми ҳадафмандона ва пайгиронаи роҳбари сиёсӣ ва Пешвои мллат, ки Истиқлолиятӣ давлатӣ,тамомияти арзию ҳудудӣ ва ризоияту Ваҳдати миллиро миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намуданд, басанда аст, то номашон дар таърихи ватанӣ, миллат ва минтақавию ҷаҳонӣ абадан бо ҳарфҳои заррин сабт гардад.

Ҳамин тариқ, ҷаҳони муосир дар шароити бисёр мураккабу печида, пешгӯинашаванда, зудтағйирёбанда ва ниҳоят ҳассос боқӣ мемонад. Имрӯз инсоният дар марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке қарор дорад, ки таърихи муосир дар ёд надорад. Рақобатҳои шадиди геополитикӣ ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи ҷаҳониро мураккаб гардонидаанд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳони имруза муноқишаҳо в низоъҳои байнидавлатӣ авҷ гирифта истодаанд.

Дар моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии дигар давлатҳои ҷаҳонро этиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”.

Бо назардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷрибаи ғании суҳофаринӣ дорад ва барои расидан ба сулҳу ваҳдат мушкилоти сахту сангинро паси сар кардааст, дар пешгирӣ ва ҳалли ҳама гуна зиддияту низоъ тарафдори гуфтушуниди мусолиҳатомез ва ҳалли осоишта бо истифода аз дипломатия мебошад ва дар сафи пеши ин ҳамкорӣ қарор дорад.

Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ дар суханрониашон қайд карданд “... пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.”

Дар умум бояд гуфт, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дар ҳалли масоили умдаи глобалӣ ташаббускор мешиносанд.

Дар маҷмуъ, метавон чунин хулоса кард,ки хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Ватан ва миллат бо саҳме, ки Авраам Линколн, Шарл де Голл, Камол Отатурк ва дигар шахсиятҳои бузурги сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ дар замонҳои гуногун дар роҳи рушди кишвари худ гузоштаанд, метавон қиёс намуд.

Аз ин лиҳоз, таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бисёр муҳими сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад.

Пеш аз ҳама, бо ҷашнгирии ин рӯз мардум нақши Президентро дар барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ рушду инкишофи давлати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бештару хубтар дарк менамояд. Аз ҷониби дигар, аҳамияти таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун ҷашни муҳимми сиёсӣ вазифаи хеле муҳим, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуда истодааст.

Ҷиҳати тарбиявии Рузи Президент барои насли наврас хеле муҳим мебошад. Ҷавонони мо бояд тарихи пайдоиш, мазмун ва муҳтавои ин рӯзи фархундаро ҳамаҷониба омӯзанд ва дарк намоянд ки он ба рушди давлати миллӣва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин рӯзи муқаррарӣ набуда, балки рузи бузурги таърихӣ, ҷашни муққадаси миллӣ, рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Саидов Нуралӣ Шамсович, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа