Кормандони азиз, аввалан ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, самимона табрик намуда таманнои он менамоям, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо пойдор ва устувор бимонад.
Сулҳу оромӣ ин неъмати бебаҳо ва нодири замони муосир мебошад, ки мутаассифона на ҳар як давлату миллат имрӯз аз он бархӯрдор аст. Давлатҳое ҳастанд, ки солҳо орзуи сулҳу оромӣ доранд. Мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, хушбахтем, ки пас аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ бо иродаи сиёсию хиради миллӣ роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирифтем ва имрӯз кишвари мо рӯ ба тараққӣ ниҳодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ҳамчун санади сарнавиштсоз барои таърихи давлати навини тоҷикон пазируфта шудааст. Ин санад, ки бо ибтикор ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва татбиқ гардид, ба ҳаёти мардуми тоҷик сулҳ овард, ҷангро хотима бахшид ва фазои ваҳдату эътимодро дар ҷомеа эҳё кард.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо як санаи таърихӣ нест. Балки он арзиши муқаддас, мояи ифтихор ва пояи устувори давлатдории миллии мост. Танҳо бо шарофати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ мо тавонистем давлати навини соҳибихтиёрро бунёд намоем ва имрӯз дар самти пешрафтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузорем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи ягонагии мардуми тоҷик ва таҷассумгари хиради азалии мо, имрӯз ба мо имконият медиҳад, ки дар миёни кишварҳои минтақа мавқеи устувор касб намоем.
Бояд таъкид кард, ки ин ҳама дастовардҳо бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Маҳз ӯ буд, ки дар лаҳзаҳои душвортарини таърихи миллат, масъулиятро ба зимма гирифт ва бо ҷасорат, устуворӣ ва хиради сиёсӣ кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонид. Ӯ тавонист мардуми парокандаро муттаҳид намуда, бо мухолифин ба созиш расад ва равандҳои музокиротро бомуваффақият анҷом диҳад.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид менамоянд, ки ҳадафи бузургтарини мо бунёди давлати мутамаддини дунявӣ ва демократӣ, таъмини афзалияти арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Барои ин мо бояд аввал ба ягонагиву ваҳдати миллӣ муваффақ шавем, мардумро ба тоҷикони асилу ноасл, кофиру мусалмон тақсим накунем. Марази маҳалгароиро ба тадриҷ решакан намоем. Тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро, сарфи назар аз эътиқоди диниву сиёсӣ, дар атрофи мақсади ягона бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дунявӣ муттаҳид намоем.
Барои расидан ба ин ҳадаф, Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки пеш аз ҳама мо бояд ба ваҳдат ва ягонагии миллӣ муваффақ гардем. Ин маънои онро дорад, ки бояд ҳама гуна шаклҳои тафриқа, бахусус ҷудокунии мардум ба "тоҷикони асилу ноасл", "кофиру мусалмон", "шаҳриву деҳотӣ" ва ё "шимоливу ҷанубӣ" комилан бартараф карда шаванд.
Мутаассифона, маҳалгароӣ ва гурӯҳбозӣ яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ваҳдати устувор боқӣ мондааст. Пешвои миллат онро "марази маҳалгароӣ" номида, даъват ба амал меоранд, ки мо бояд ин падидаи манфиро тадриҷан решакан намоем. Зеро маҳалгароӣ на танҳо боиси коста гардидани эътимод миёни мардум мегардад, балки рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро низ бозмедорад.
Маҳз ҳифзи ваҳдати миллӣ ва баробарии иҷтимоӣ метавонанд шароити мусоид барои пешрафти илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг фароҳам созанд. Барои Тоҷикистон, ки дар масири давлатсозии навин қарор дорад, ваҳдат на танҳо зарурат, балки пояи асосии мавҷудият ва ояндасозии давлат мебошад.
Имрӯз, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ, Тоҷикистон ба як кишвари ором, муосир ва боэътимод дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Иштироки фаъолона дар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ дар бахши обу иқлим ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ -ҳама натиҷаи сиёсати сулҳомез ва муносибати таҳаммулпазири давлат ба ҷомеа мебошад.
Бинобар ин, Рӯзи Ваҳдати миллӣ бояд на танҳо ҳамчун ҷашни сулҳу оромӣ, балки ҳамчун рӯзи худшиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ таҷлил гардад. Мо, ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон, вазифадорем, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба насли ҷавон мероси фарҳанги сулҳро омӯзонем ва дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳмгузор бошем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна,
ходими пешбари илмии шуъбаи
Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои сиёсӣ
БАЙНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНСТИТУТИ СИНЗИЯНИИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ХИТОЙ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
Имрӯз, 25 май қабл аз баргузории Форуми «Хатарҳои обӣ ва иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» бахшида ба 115-солагии кӯли Сарез, ки дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Синзиянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ ба имзо расонида шуд.
Дар маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Институти Синзиянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Яоминг иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки ин созишнома бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши офатҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таҳия гардидааст.
Дар доираи ёддошти мазкур ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои муҳими илмӣ ва техникӣ густариш диҳанд. Аз ҷумла, таҳқиқи офатҳои табиӣ, аз қабили сел, тармафароӣ, обхезӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои гидрологӣ, инчунин таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист аз самтҳои асосии ҳамкорӣ арзёбӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар доираи ин ҳамкорӣ масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ намудани системаҳои муосири мониторинг ва огоҳии пешакӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ҷонибҳо барои мубодилаи таҷриба ва истифодаи технологияҳои навин иқдом хоҳанд кард.
Банди муҳими дигари санад омодасозӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои илмӣ ва техникӣ мебошад. Дар ин замина баргузории семинарҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ, конфронсҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки имзои Ёддошти тафоҳум барои таҳкими робитаҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Хитой, рушди таҳқиқоти муштарак ва тақвияти иқтидори илмӣ-техникӣ дар самти пешгирӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи амалии ин санад ба густариши ҳамкориҳои судманд ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва амнияти экологӣ мусоидат хоҳад кард.
塔吉克斯坦国家科学院、塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会以及中国科学院新疆生态与地理研究所签署谅解备忘录
今天,5月25日,在“水与气候风险:科学、监测与管理”论坛举行之前,为纪念萨雷兹湖成立115周年,并作为“2018—2028年水促进可持续发展国际行动十年”第四届高级别国际会议框架内的活动,该论坛在塔吉克斯坦国家图书馆举行。期间,塔吉克斯坦国家科学院、塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会以及中国科学院新疆生态与地理研究所签署了关于科技合作的谅解备忘录。
出席备忘录签署仪式的有塔吉克斯坦国家科学院院长、院士胡什瓦赫特佐达·科比尔琼·胡什瓦赫特,塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会主席拉贾巴利·拉赫莫纳利,以及中国科学院新疆生态与地理研究所所长张耀明。
应当指出,该协议旨在加强双方在科学研究、自然灾害研究以及在预防和消除紧急情况领域应用现代技术方面的合作。
根据该备忘录,双方决定在重要科技领域扩大合作。特别是,对泥石流、雪崩、洪水及其他紧急情况等自然灾害的研究,对冰川和水文过程的研究,以及气候变化对环境影响的研究,被视为双方合作的主要方向。
同时,在此次合作框架内,双方将特别关注现代监测和预警系统的开发与实施,并将推动经验交流和新技术的应用。
该文件的另一个重要内容是科学和技术人才的培养与能力提升。为此,双方计划举办研讨会、培训课程、科学会议,并实施联合科研项目。
会议强调,签署该谅解备忘录将为加强塔吉克斯坦与中国之间的科研联系、发展联合研究以及提升自然灾害预防和管理领域的科技能力奠定良好基础。
双方表示相信,该文件的实际落实将有助于扩大互利合作,并在科学和生态安全领域取得显著成果。
Тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арҷгузорӣ ба либоси миллӣ ва расму оинҳои тоҷикӣ, инчунин эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ ва тарбияи ватандустиву худшиносии миллӣ, дар ҳошияи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила, шурои занони АМИТ, ҳамроҳ бо ташкилоти ҳизбии Хирадмандон ва шурои олимони ҷавони АМИТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила аксияи "Точикона мепушем"- ро баргузор намуданд.
Дар он намояндагони раёсат бо либоси миллӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ аз сиесати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди кор бо оила, занон ва ҷавонон, махсусан дастгирӣ ва сарпарастии доимии Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фарҳанги миллӣ ва нақши занон дар ҳифзи он изҳори миннатдорӣ ва шукргузорӣ карда шуд.
Дар даврони Истиқлол фарҳанги миллӣ, ки ҳастии миллат аст, бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш рушду нуму ёфта истодааст. Бо пушидани либоси миллӣ бонувони тоҷик меҳру муҳаббати худро ба арзишҳои миллӣ, Модар Ватан ифода менамояд ва саҳми худро дар шукуфоии он мегузоранд.
Иштирокчиён аксияи "Тоҷикона мепушем" - ро дар гулгашту чаманҳои АМИТ баргузор намуда ҳусни рӯзафзуни либоси миллиро бори дигар намоиш доданд.
Имрӯз, 13 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 40- солагии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Саидов Абдусаттор Самадович таҳти унвони “Методологияи таҳқиқоти илмӣ дар илмҳои биологӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки илмҳои биологӣ дар шароити муосир яке аз самтҳои муҳимтарин ва стратегии рушди илми ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами инсоният — аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим нақши калидӣ мебозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои табиати нодир, экосистемаҳои кӯҳӣ ва захираҳои бойи гуногунии биологӣ ба рушди илмҳои биологӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Гуфта шуд, ки олимони тоҷик дар тӯли даҳсолаҳо дар рушди мактаби илмии биология, экология, ботаника, зоология, генетика, физиология ва дигар самтҳои муҳими илмҳои ҳаётшиносӣ саҳми арзишманд гузошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои иқтидори баланди илмӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқонаи олимони ватанӣ буданд, ки заминаи устувори рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи гуногунии биологии кишвар ташаккул ёфт.
Қайд гардид, ки дар миёни чунин олимони барҷаста шахсияти донишманд, олими маъруф, доктори илмҳои биологӣ, профессор Абдусаттор Самадович Саидов ҷойгоҳи махсус дорад. Номбурда имрӯз низ фаъолияти пурмаҳсули илмӣ ва ташкилӣ дошта, ҳамчун роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии омӯзиш ва ҳифзи гуногунии биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои рушди илми ватанӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва муаррифии дастовардҳои биологияи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузорад.
Таъкид гардид, ки профессор Абдусаттор Самадович Саидов аз ҷумлаи он олимонест, ки тамоми фаъолияти ҳаётии худро ба хизмати илм, ҳифзи табиат ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ бахшидааст. Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи худ ӯ даҳҳо мутахассисон, унвонҷӯён, аспирантҳо ва муҳаққиқони ҷавонро тарбия намуда, дар ташаккули насли нави олимони соҳаи биология ва экология саҳми муҳим гузоштааст. Шогирдони ӯ имрӯз дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ фаъолияти босамар доранд.
Фаъолияти илмии профессор Саидов фарогири масъалаҳои муҳими экология, зоология, териология, ҳифзи гуногунии биологӣ ва омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон мебошад. Таҳқиқоти илмии ӯ, махсусан дар самти омӯзиши ширхӯрон, экология, экосистемаҳои кӯҳӣ ва таъсири омилҳои антропогенӣ ба муҳити зист аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ доранд.
Қобили таъкид аст, ки профессор Абдусаттор Самадович Саидов ҳамчун олими сатҳи байналмилалӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона муошират намуда, дар ҳамоишҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илми тоҷикро дар сатҳи баланд муаррифӣ кардааст. Мақолаҳо, китобҳо ва таҳқиқоти илмии ӯ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр гардида, миёни доираҳои илмии хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ ва эътироф қарор гирифтаанд.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳимзода Акобир ва директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қадамзода Дилшод дар маърузаҳои худ аз саҳми назарраси профессор Абдусаттор Самадович Саидов дар рушди илмҳои биологӣ, таҳкими мактаби илмии экология ва ҳифзи гуногунии биологии кишвар ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти илмӣ ва ташкилотчигии профессор Саидов Абдусаттор дар ташаккули таҳқиқоти муосири биологӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ нақши муҳим дошта, таҳқиқоти ӯ дар самти экология, териология ва омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ доранд.
Сипас, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Абдусаттор Самадович Саидов дар мавзуи “Методологияи таҳқиқоти илмӣ дар илмҳои биологӣ” маъруза намуда, доир ба аҳамияти методология дар ташкили таҳқиқоти муосири биологӣ, усулҳои илмии омӯзиши олами набототу ҳайвонот, нақши таҳлилҳои таҷрибавӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар рушди илмҳои ҳаётшиносӣ андешаронӣ кард.
Имрӯз, 12 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028” конфронси илмӣ назариявӣ дар мавзуи “Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори идеяҳои башардӯстона ва ҳамгироёнаи масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист эътироф гардидаанд.
Таъкид гардид, ки аз ибтидои солҳои 2000- ум пайваста ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвонҳои «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (соли 2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025), «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (солҳои 2025-2034), «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» (соли 2025) ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» (соли 2025) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Зикр гардид, ки яке аз ташаббусҳои беназири Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ намудани иқдомҳои беназиру саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати фароҳам овардани платформа барои ташкили муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар соҳаи захираҳои об ва рушди устувор арзёбӣ мегардид, Раванди оби Душанбе мебошад. Маҳз дар доираи раванди мазкур Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид баҳри татбиқи амалии ҳадафҳои меҳварии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҳар ду сол конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро баргузор менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи платформаи Раванди оби Душанбе то имрӯз се кофронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022, 2024) ва инчунин, Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2023 баргузор гардида, айни замон дар кишвар, хосатан дар шаҳри Душанбе омодагӣ барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд, ки рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 доир мегардад, идома дорад.
Гуфта шуд, ки дар доираи конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд, ки оғози татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» буд, шаш чорабинии канорӣ баргузор гардида, барои муҳокимаи васеи масоили марбут ба об ва мавзуъҳои афзалиятноки конфронс шароитҳои мусоид фароҳам оварданд. Дар анҷоми кори конфронс се ҳуҷҷати муҳимму саривақтӣ – Хулосаи ҳамраисон, Эъломияи ниҳоӣ ва Даъват ба амалҳову шарикӣ қабул гардид. Дар Эъломияи ниҳоии конфронси якум хулоса ва тавсияҳои муҳим инъикос ёфта, аз кишварҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал овард, ки дар соҳаи об сармоягузорӣ намуда, истифодаи самараноки захираҳои обро тақвият бахшанд, нобаробариҳои соҳаро бартараф кунанд ва дастрасии ҳамагониро ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошти онро таъмин намоянд.
Қайд гардид, ки конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардида, барои сарҷамъ овардани роҳбарони сиёсӣ ва коршиносони соҳавӣ дар самти идоракунии захираҳои об ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти мавҷуда ва ҳалли онҳо заминаю имкониятҳои нав фароҳам овард. Ҳадафи асосии он муайян кардани масъалаҳои бунёдии марбут ба идоракунии захираҳои об, таҳияи стратегияҳо барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва тақвияти ҳамкорӣ байни ҳукуматҳо, созмонҳо ҷонибҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таъмини рушди устувор буда, дар доираи он роҳҳои ҳавасмандгардонии иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳҳои мухталиф баррасӣ гардид
Дар идомаи конфронс Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор, намояндагони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳаи об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва нақши илм дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши пажӯҳишҳо дар самти рушди устувор мубодилаи афкор анҷом доданд.
Хидматҳои арзишманди шоири тавоно ва ватансаро Камол Насрулло дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва фаъолияти ибратбахши ҷамъиятии ӯ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои адабпарвару фарҳангдӯсти миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии адабии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ордени «Шараф» ва даҳҳо ҷоизаҳои адабӣ қадршиносӣ шудааст.
Дар ин радиф дар маҳфили адабӣ- эҷодӣ, ки моҳи декабри соли гузашта ба ифтихори 75- солагии ӯ дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев баргузор шуда буд, ба шоир бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаи нав тӯҳфа шуда буд.
Санаи 7 май дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар манзили наваш, ки дар қабати дуюми бинои нави баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Навободи шаҳр ҷойгир аст, мулоқот намуда, ба ӯ ҳуҷҷати соҳибмулкии онро супориданд.
Манзили нави шоир аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳама ҷиҳози рӯзгор таъмин карда шудааст.
Дар сӯҳбати гарму самимӣ Камол Насрулло ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд сидқан изҳори сипос намуд.
Имрӯз, 8 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 81- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Рӯзи Ғалаба – рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон доир ба шуҷоату далерии қаҳрамононаи мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори андеша намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз дошт, ки дар таърихи миллати тоҷик Рӯзи ғалаба ҳамин гуна як рӯйдоди хотирмону мондагор аст. Таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи иштирокчиён ва қурбониёни ҷанг, арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд ва фарзандони шуҷоатманди диёри азизамон маҳсуб меёбад. Бояд ёдрас шуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин ва даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, 1418 шабонарӯз идома кардааст ва зиёда аз 28 миллион мардуми бегуноҳи Иттиҳоди Шуравиро ба коми худ кашидааст.
Зикр гардид, ки баробари қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик мо ба корнамоии мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ бояд арҷгузор бошем. Марду зан ва пиру барно шабу рӯз фидокорона меҳнат карда, барои ёрӣ ба ҷабҳа сару либос, меваи хушк ва дигар чизҳои заруриро мефиристоданд. Зиндагӣ барои онҳо дар ин солҳои мудҳиши ҷанг аз ҷабҳа ҳам душвортар буд, хурду хӯрок ва либос намерасид, аммо иродаи қавӣ доштанду барои ғалаба мардонавор меҳнат мекарданд. Маҳз ҳамин устуворию меҳнатдӯстии онҳо буд, ки халқи шуравӣ дар ин ҷанги мудҳиш ғалаба кард.
Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш аз қаҳрамониҳои падарону бобоёнамон дар Ғалаба бар фашизм ёдовар гардида, қаҳарамонию ҷасурӣ ва далерии онҳоро васф намуданд.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ ТАҶДИДУ БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ВА ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ НАВ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Дар корхонаи муштараки истеҳсоли қалъагии “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” баъди танаффуси зиёд бо дастгириии Ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ҳоло корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани он идома дорад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ҳамроҳ бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои барқарорсозии коргоҳи нав боздид намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳоло корҳо ҷиҳати ба кор омода намудану санҷиши техникии таҷҳизоту механизмҳо, бунёди сехи нав ва азнавсозии манбаъи истихроҷи маъдан дар мавзеъи Мушистон идома дорад ва дар навбати аввал 150 нафар ба кор фаро гирифта мешаванд.
Дар идомаи сафари корӣ бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли шифер, ки бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди деҳоти Сӯҷина бунёд шуда, бо назардошти талаботи бозор дар як баст то 1500 дона шифер истеҳсол карда метавонад, шинос шуда, дар паҳлӯи он ба фаъолияти коргоҳи коркарди қуму шағали бинокории ҶДММ “Салмон- бинокор” оғоз бахшида шуд. Ин ҷо дар як баст то 120 тонна қуми бинокорӣ истеҳсол намуда, 10 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани сурб дар ҳудуди деҳоти Моғиён аз ҷониби ҶДММ “Канзи диёр” гуфта шуд, ки ин ҷо ҳоло корҳо ҷиҳати омода намудани инфрасохтори коргоҳ- роҳ то мавзеъи истихроҷи маъдан, хобгоҳ, кашидани хати барқ ва омӯхтани захираи маъдан идома дошта, бо ба кор даромадани он дар навбати аввал то 1000 нафар бо кор фаро гирифта мешаванд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба шаҳри Парҷакент сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафари корӣ Президенти Академияи миллии илмҳо ҳамроҳ бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ, ки илова ба нақшаи омодагӣ ба 35- солагии истиқлоли давлатӣ бунёд мешаванд, аз ҷумла дар деҳаи Рӯзи Обноки деҳоти Ёрӣ бо рафти сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 116, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинони деҳа бунёд мешавад дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нав аз 12 синфхона иборат буда, барои фарогирии 600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар идомаи сафари корӣ ҳамчунин рафти бунёди Майдони Парчам ва толори варзиш дар деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакӣ, ки бо саҳмгузории ҷавонони деҳа сохта мешавад, мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода,ин иқдоми онҳо шоиста арзёбӣ шуд.
Зимни сафар дар деҳаи Ғезани поёни деҳоти Моғиён ба бинои нави МТМУ № 45 санги асос гузошта, аз рафти бунёди бинои МТМУ № 23 дар деҳаи Ғезани боло дидан карда шуд.
