Skip to main content

Имрӯз, 10 декабр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин, ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ва истифодаи калони додаҳо муҷҷаҳаз бо технологияҳои муосир ба истифода дода шуд.

Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизотҳои замонавии воридгардида ба озмоишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои муштарак ва бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин ва ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection татбиқ гардида, барои мониторинги муҳити зист, таҳлили сифат ва самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ хизмат мекунанд.

Ин озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки олимони Тоҷикистону Чин ҳамкории илмӣ ва таҳқиқоти муштаракро дар бахшҳои экологӣ ва энергетикӣ густариш диҳанд, донишу таҷрибаи худро мубодила намоянд ва тадқиқоти илмиро бо истифодаи технологияҳои пешрафта ба сатҳи байналмилалӣ бароранд.

Ифтитоҳи озмоишгоҳи муштарак яке аз иқдомҳои муҳими таҳкими ҳамкории илмӣ ва технологӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба ҳисоб меравад ва дурнамоҳои васеи минбаъдаро барои рушди устувори муҳити зист ва рушди илмии ҳар ду кишвар фароҳам меорад. Бояд гуфт, ки таҷҳизотҳои мазкур бори аввал ба Тоҷикистон ворид гардида, барои татбиқи тадқиқоти пешрафтаи экологӣ ва истифодаи калони додаҳо имкониятҳои навро фароҳам меоваранд.

Озмоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосир ва пешрафта муҷаҳҳаз гардидааст, ки дар онҳо таҳлилгари бисёрпараметрии сифати об, озмоишгари сайёри бисёрпараметрии сифати об P-MP1000, ва асбоби шабакавӣ барои назорати сифати ҳаво XHAQSN-822 дохил мешаванд. Ин таҷҳизотҳо барои мониторинги муҳити зист, ҷамъоварии маълумоти экологӣ ва татбиқи тадқиқоти муштараки илмӣ ва технологӣ истифода мешаванд.