Skip to main content

Ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто

( Эссе )

123123Зикраш равост, ки имрӯз Парчами давлатии мо дар баробари дигар рамзҳои миллӣ мақому мартабаеро дорост, ки боиси шарҳу баён ва дӯст доштан аст. Пар­чам рамзи озодӣ, садоқат, рафоқат, шаъну шараф ва таҷасс­умгари ифтихору ору номуси ватандорист. Мар­думи мо бо ин ифтихорот ҷилваи парчами сарба­фалаки хеш­ро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рам­зи муқаддас шукронаву арҷгузорӣ доранд.

Замоне ниёкони мо онро чун рамзи ишора ба ҷое ва ҷамъ омадан ба коре истифода бурдаанд. Замоне чун рамзи мубориза алайҳи золимон онро Дирафши Ковиёнӣ хонда, бо зару зевар ҷило дода, мояи ифтихор донистаанд. Бо ин ҳама ҷаззобият онро бо вожаҳои асили қадимаи тоҷикӣ «парчаму дирафш» хондаанд, ки ин рамзи озодӣ ва давлатдории таърихии мо будааст. Муҳаббати бепоёни ориёӣ ба парчам чунон будааст, ки сулолаи Сосониён дар он нақши Мурғи Ҳуморо зардӯзӣ намуда, парчамро нишона ва рамзи муқаддаси аҷдодӣ донистаанд. Ҳатто андешаву дилбохтагӣ ба он сарварону паҳлавонони номварро водор намуда будааст, ки ҳар яке дирафши хоси худро дошта, ба шеваҳои гуногун онро «алам», «парчам», «байрақ» ва «ливо» низ мехонданд.

Парчами мо то замони истилои араб парафшонӣ дошта, бо амри таърих дар баробари дигар дороиҳоямон бо дасти бегонагон нопадид гардида буд. Аммо дар хоти­раи таърихии мардуми мо на танҳо парчаму дигар рамзҳо, балки таҷассуми нақши паррандаи заррин, Мурғи Ҳумо ҳамчун рамзи иқболу бахт ва покию озодагӣ то ҳанӯз ҳувайдост. Ҳукми таърих чунин буд, ки тоҷикон ба истилою ғорати муғул ва дигар қавмҳои хонабардӯши саҳроӣ рӯ ба рӯ буданд, аммо андешаи озодӣ ва истиқлоли хешро аз даст надодаанд. Он­ҳо бо забони илму маърифат ба рафтору кирдор ва анъанаҳои мардуми кӯчӣ ҳикмати маънӣ зада, муҳаб­бату садоқат омӯзонданд. Яъне, тавассути ақлу хирад бегонагонро мутеи ҳукми худ сохта, аз чӣ бошад, ки боз ба онҳо бовар кардаанд. Бале, ра­сида буд замоне, ки барои бегонагон дар қисмати ин минтақа номҳои Карону Шумону Курон вуҷуд доштанд, аммо ин номҳо ҳикмати дигаре низ доштанд. Афсӯс, саҳв ва айбҳои боварӣ ба бегона­гон дар ин сарзамин солҳо роиҷ буданд, вале касе парво надошт, ҳама беэътиноӣ мекарданд.

Ҳамин тавр, боз расид айёме, ки ниёгони мо ба ҳик­мати зиндагӣ назари дигар намуда, ба бегонагон мақому мартаба, илму маърифат ва замину ҳокимият низ инъом намуданд, ки оқибат шаҳди онро имрӯз мо мечашем. Куҷо шуд Девори бузурги Бухоро? Куҷо шуд Са­мар­қанди сайқали рӯи замин? Чунин сабақҳои таъ­рихӣ дар ин сарзамини аҷдодӣ то шикасти бузург­тарин қалъаҳои тоҷикон, ба монанди қалъаи Ямчуни Бадахшон, Вишгарди Файзобод, Ҳулбуки Хатлон, Қалъаи Муъминобод, Ҳисори шодмон, Карони Дарвоз, қалъаҳои Хуҷанду Кӯлоби бос­тонӣ давом кард. Аммо руҳияи мубориз ва ҷасорати ин мардуми озодихоҳро касе шикаста натавонист.

Мубо­ри­за боз чанд қарни дигар давом ёфт. Бозиҳои фит­на­­ангези таърихӣ то охири садаи ХХ-ум идома кард, ва­ле ин мардум ба фардои миллати хеш бо ан­дешаи қавӣ ва ору номуси ватандорӣ боварӣ дошт ва ниҳоят фай­зи насими истиқлол таровати тозаи ба­ҳорӣ овард. Боз тоҷик аз нав андешаву қудрат ва таво­ноии худро ҳу­вай­до карда, руҳияи шикастно­пазири хешро дар рамзҳои миллӣ ва амали давлатдорӣ таҷассум намуда тавонист.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда боз дар садди аввали асри ХХ1 фитнаҳои таърихии фалсафаи ноошноёни миллат боло гирифта, Самарқанду Бухорои аҷдодиро маркази тамаддуни туркон эълон карда, бузургони тоҷикро бо китобу ашъори мондагорашон моли худӣ донистанд. Албатта ин сабақҳои таърихӣ моро водор менамояд, ки аз таъсири чунин неруи нарми бегонагон огоҳ буда, боз ҳам қавитару руҳбаланду шуҷоатманд бошем. Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки бегонагон ҳамеша ба ақлу хирад, шоиру бузургони он ниёз доранд. Умуман, дар бисёр мароҳили таърихӣ халқи тоҷик дар минтақаи Осиёи Миёна мисли як ғизоле буд, ки бисёр қабилаҳои кӯчӣ дар пайи шикори сарзамину табиати биҳиштӣ ва обу дони он буданд.

Дарвоқеъ, Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин ва зеботарин Ватани аҷдодии мост, ки замоне мардуми он зери таъқибу фишори носипосон қарор гирифта буд. Аммо файзи истиқлол ба машоми миллати мо насими боди озодиро ҳадя кард. Имрӯз бо ин ҳама соҳибхирадӣ ва истиқ­лол­хоҳӣ барои миллати мо замоне фаро расидааст, ки ифтихори Парчаму Нишон ва ҷасорати ҳимояи марзу буми Ватанро дошта бошем.

Ҳамин тавр, ифтихор аз Парчам ифтихор аз мил­лати куҳанбунёд буда, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст. Пас, ҳикмати парчами миллӣ эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллии тоҷик аст. Омӯ­зишу шинохти парчами миллӣ василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллист.

Бояд зикр намуд, ки бо ин ҳама ифтихору имтиҳо­ни таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки Парчам имрӯз рамзи озодию худогоҳист ва он барои таҷассуми ис­тиқ­лол ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод кар­да метавонад. Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти азизи тоҷикон, шаҳри Душанбе, майдонҳои Парчами дав­латӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи таҷас­сумгари истиқлоли давлатӣ номгузорӣ шудаанд. Инчунин, бо ифтихор мегӯем: ҳар касеро ки фазилати ифтихор аз истиқлол ва ҳувияти миллӣ муяссар гардида бошад, ӯ фарзанди фарзонаи миллат аст. Парчами миллии мо нишо­наи пойдории давлату ҳувият ва эҳтироми он, эҳти­ро­ми миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз мебошад.

Муҳаммад Абдураҳмон-узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор