
Ваҳдати миллӣ ва пойдории он асосан се омили асосӣ дорад. Якум, иродаи матини мардум, ки сиёсати оштии миллиро ҷонибдорӣ мекунад. Дуюм, омили байналмиллалӣ- сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад, ки ба устувории сулҳ дар кишвари тоҷикон манфиатдоранд. Омили аслӣ ва ниҳоие, ки сабаби ба вуҷуд омадани ин ду омили дигар аст, ин нақши шахсият мебошад.
Поягузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалкунанда буд ва ҳаст. Талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат омили ваҳдату ягонагии тоҷикон гардид. Ваҳдати миллӣ буд, ки ҳазорон фирориёни тоҷик ба ватан баргаштанд. Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон сол ба сол рушд карда истодааст. Ваҳдат ва ягонагӣ буд, ки дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба ин қадар комёбиҳо ва пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, дар шаҳру ноҳияҳо ноил гардидааст. Махсусан, шаҳри Душанбе босуръати хеле тез тараққӣ карда истодааст. Ҳангоме ки саёҳону меҳмонони хориҷӣ ба шаҳри зебои мо ворид мегарданд, баъзеҳо дар ҳайрат мемонанд, ки чи тавр ин шаҳри мо дар кутоҳтарин муддат рушт кардааст. Биноҳои замонавии истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, китобхонаҳо ва осорхонаҳо намуди шаҳри Душанберо зеботар гардонидаанд. Дар пойтахт биноҳои баландошиёна: Китобхонаи Миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, майдони “Истиқлол”, мактабҳо ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин ҷо албатта саҳм ва ташаббусу кордонии мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, низ ҳалкунанда мебошад.
Дар тӯли 28 соли ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон ба пешравиҳо ва комёбиҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардидааст. Дар ин солҳо, дар кишвар чӣ қадар корхонаҳо, мактабҳо, нақбҳо, роҳҳои нав, пулҳо, варзишгоҳҳо ба истифода дода шудаанд. Нақби“Анзоб”, “Чормағзак”, “Шаршар” ва “Дарвоз” сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар соли 2025 як нақби дуюм дар ноҳияи Дарвоз бояд ба истифодаи сокинон қарор бигирад.
Ваҳдати миллӣ буд, ки дар Тоҷикистон барномаҳои бузург рӯйи кор омад. Аз ҷумла, аз гумбасти комуникасии раҳо ёфтани Тоҷикистон. Роҳҳо дорои аҳамияти стротегӣ доштани ҷумҳурӣ мебошад, яъне сохтимони роҳҳои автомобилгарди Ҷануб - Шимол, роҳҳои мошингарди Душанбе - Кулоб-Дарвоз ба истифода дода шуда буд. Дар соли 2025 бошад роҳи мошингард, аз ноҳияи Ванҷ то дарвозаи Рӯшон бояд ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин нақшаи стротегӣ дар соҳаи энергетика, сохтимони Неругоҳи аср - Роғун бо маром идома ёфта истодааст
Бо шарофати сулҳу оромӣ - кишвари мо мунтаззам рушт карда ба пеш рафта истодааст. Дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои кишвар мардум ба бунёдкорӣ, созандагӣ, ободкорӣ диққати махсус дода истодаанд.
Масалан, агар дар худи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирем, шаҳри Хоруғ симои худро сол ба сол тағъир дода истодааст, хонаҳои истиқоматии 9 ошиёна сохта ба истифода дода шудааст. Театри мазҳакави ба номи Меҳрубон Назаров сохта ба истифода дода шудааст, инчунин биноҳои маъмурӣ, идораҳои давлатӣ, мактабҳо, майдончаҳои варзишӣ дар солҳои 2024 - 2025 биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ сохта ба истифола дода шудаанд. Дар шаҳри Хоруғ сохтмони хонаи истқоматии 20 ошёна идома дорад.
Дар ноҳияи Мурғоб Нерӯгоҳи барқиро соли 2022 сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло бошад дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва Беморхонаи вилоятиро сохта ба истифода дода мешаванд. Инчунин дар ноҳияи Роштқалъа Нерӯгоҳи барқии “Себзор” сохтимонаш давом дорад ва солҳои наздик сохтмонаш ба анҷом мерасад ва мушкилоти барқро, ҳам дар ноҳия ва вилоят бартараф хоҳад кард. Ин албатта ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ба амал омадааст.
Дар нақша аст, ки имсол ба муносибат Рӯзи ваҳдати миллӣ Нерӯгоҳи “Себзор”-ро ба истифода хоҳанд дод.
Як мисоли дигаре, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ ба вуқуъ пайвастаст, ин сохтмони шоҳроҳи Кулоб -Дарвоз мебошад, ки роҳсозон ин роҳро мутобиқи талаботи сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгу сохта ба истифода додаанд. Инчунин шоҳроҳи Дарвоз- Ванҷ, то даромадгоҳи Рӯшон давом дорад. Сохтмончиён ин шоҳроҳро мутобиқи стандартҳои байналмилаллӣ сохта истодаанд. Соли 2025 бояд минтақаи шоҳроҳи Ванҷ то дарвозаи Рӯшонро ба истифода хоҳанд дод. Дар ояндаи наздик сохтмони ин роҳ байни ноҳияҳои Рӯшон - Шуғнон оғоз хоҳад ёфт, албатта ин корҳои бунёдкорӣ ва азнавсозӣ ҳамааш ба шарофати Ваҳдати миллӣ ба амал омадааст.
Бояд қайд кард шаҳре, ки аз сол 1997 ба худ номи Ваҳдатро гирифт дар ҳамаи соҳаҳо бо суръати тез рушт ёфта истодааст. Дар ин шаҳри зебо низ хонаҳои баландошиёна қомат афрӯхтаанд ва ҳусни шаҳрро дигар карданд. Инчунин шаҳри Турсунзода низ бо биноҳи зебо ва замонавӣ, симои худро дигар карда, саёҳон ва меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.
Марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлон, шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва Норак, вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Ғафуров, Бӯстон ва Исфара инчунин дар вилояти Бадахошон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои он, рӯз то рӯз ва сол то сол обод мешаванд ва мо шаҳрвандон бояд аз ин навсозиҳо фахр кунем, ки Тоҷикистон азиз зеботар мегардад.
Маркази маъмурии ҳамаи ноҳияҳои вилояти Бадахшон: Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ пурра азнавсозӣ карда шуд ва симои шаҳру ноҳияҳоро тамоман дигар шудааст. Ин корҳо албатта ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ба вуқуъ омадааст, ки сокинони ин вилоят азнавсозӣ ва бунёдкорӣ мекунанд.
Шаҳрвандони асилу солимақли Тоҷикистон, махсусан ҷавонон бояд доимо зираку ҳушёр бошанд, нагузорем, ки нохалафон ба пешравии Тоҷикистони азизи мо халал расонанд, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Тоҷикистон соҳибистиқлол, ки ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, таҳти роҳбарии Сарвари муаззам, Асосгузори Суҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон мақом ва нуфузи хоссае доранд.
Аммо мо бояд фаромӯш накунем, ки нооромиҳо дар чандин кишварҳои олам, махсусан дар кишварҳои исломӣ, аз хатарҳои байналмиллалӣ, терроризму экстеремизм сар мезанад ва онҳо ба ҷаҳони мутамаддин таҳдид мекунад. Инчунин он ашхосе, ки дар хориҷа истода, ба тарафи Тоҷикистони азизи мо санги маломат мепартоянд ва намехоҳанд кишвари мо пеш равад ва рушт кунад. Мо бояд бо ин гуна нохалафон муборизаи беҳамто бибарем.
Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба таҷрибаи Сулҳи тоҷикон ва саҳми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд медиҳанд.
Бигзор, ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо, сулҳу ваҳдати миллӣ поянда бошад!
Шиоре, ки аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуда буд, саривақтӣ аст ва мардуми шарафманди тоҷик кӯшиш мекунанд, ки Тоҷикистони азиз бояд дар ҳамаи соҳаҳо; пеш аз ҳама дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, кишвари мо намуна бошад ва инчунин азнавсозӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, техниологияи муосир, саноат, энергетика ва хоҷагии халқ пешрафта бошад.
Толибзиё Сафдаршоев, - ходими илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ
ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ МИЁНИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷчуҳи ҳаматарафа зоҳир карда шудааст. Имсол зимни ироаи Паёми хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар байни тамоми кормандони муассисаву идораҳои давлатӣ курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шаванд.
Имрӯз, 01 октябр миёни кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шуд. Мақсад аз баргузории курси омӯзиши забонҳои хориҷӣ пеш аз ҳама дар амал татбиқ намудани дустуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар заминаи ин зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун замина барои омӯхтани илму фарҳанги кишварҳои дигар, дастовардҳои пешрафти илмӣ-техникӣ ва ба ҳайси воситаи муоширати байни миллатҳо ба маврид мебошад. Ёдовар мешавем, ки дарсҳои англисӣ миёни кормандон ҳар ҳафта рӯзҳои Душанбе ва Чоршанбе баргузор мегарданд.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 80- СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД
Имрӯз, 30 сентябр дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ба муносибати 80- солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати 80- солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид табрику таҳният хонда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ 80-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (СММ)-ро бо барпо намудани иҷлосияи Маҷмаи Умумӣ таҷлил мекунад. Дар ин иҷлосияи ҷашнӣ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои ин созмони умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат меварзанд.
Тавре, ки маълум аст, қарор дар бораи таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар Конфронси байналмилалии Сан-Франсиско, ки аз 25 апрел то 26 июни соли 1945 баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар ин конфронс Оиннома аз ҷониби 50 давлати муассиси Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 26 июни соли 1945 якдилона қабул шуд. Оиннома пас аз тасвиби аксарияти кишварҳои узв 24 октябри соли 1945 эътибор пайдо кард.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии Созмони Милали Муттаҳид дар моддаи 1-уми Оиннома ин муҳофизат намудани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бо ҳамин мақсад андешидани чораҳои самарабахши дастаҷамъона барои пешгирӣ кардан ва бартараф намудани таҳдид ба сулҳ ва саркӯб намудани амалҳои таҷовузкорона ва ё дигар вайронкуниҳои сулҳ, бо воситаҳои осоишта мувофиқи принсипҳои адолат ва ҳуқуқи байналмилалӣ танзим ё ҳалли баҳсҳо ё вазъиятҳои байналмилалӣ, ки метавонанд ба вайрон кардани сулҳ оварда расонанд».
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ пазируфта шуда, инак 33 сол аст ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои нек, созанда ва инсондӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат ва сокинони куҳанбунёди он ба ҷаҳониён паём медиҳад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкории судманд бо Созмони Милали Муттаҳид мавқеи муҳим ишғол менамояд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Миллати Муттаҳид суханронӣ карданд ва аз ҳамон маърӯзаи таърихӣ то ба имрӯз ҳамеша диққати аҳли сайёраро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намудаанд. Дар суханронии дигари худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши СММ баҳои баланд доданд: «Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкории байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар, таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст».
Ҳамзамон Сарвари давлат ҳамчунин саҳми хосаи Созмони Милали Муттаҳидро дар пуштибонӣ аз равандҳои ташаккули давлатҳои нави мустақил ва рушди минбаъдаи онҳо чунин баҳогузорӣ карданд: «Тоҷикистон низ, ки дар оғози истиқлоли хеш бо мушкилоту душвориҳои давраи гузариш рӯ ба рӯ гашта буд, пуштибонии фарогири Созмони Милалро эҳсос кард, ки ба шарофати он кишвар дилпурона ба ҷодаи рушди демократӣ қадам ниҳод»[1]. Дар баробари ҳамин Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ сухан гуфтанд.
Инчунин, дар рӯзи ҷашни 80-солагии Созмони Милали Муттаҳид месазад, ки бори дигар аз ташаббусҳои глобалии роҳбарияти олии Тоҷикистон дар масоили об, захираҳои обу энергия, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд, зеро ҳама ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани соли 2003 - Соли байналмилалии об, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз тарафи СММ аз ҳамовозӣ ва дастгирии самимӣ бархурдор шудаанд. Чунин ҳамгироӣ ва дастгирӣ аз эҳтиром ва нуфузи баланди Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
Пӯшида нест, ки айни ҳол ҷаҳони муосир ба ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ гардидааст. Ихтилофоти геополитикӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ барои сулҳу осоиши пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд. Дар ин робита Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Тавре, ки мебинем бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст.
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилофро таъкид намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд. Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои узв барои ҷонибдорӣ аз пешниҳод оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” аз 25 июли соли 2025 изҳори сипос менамояд.
Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки ин қатънома ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хидмат хоҳад кард. Дар ин замина таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор шумориданд.
Дар бобати ислоҳоти СММ Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-умини Маҷмаи Умумии СММ баромад намуда, мавқеи Тоҷикистонро чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид - 2.0" ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд.
Дар баробари ин, мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол менамоем. Ин иқдомот ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро дар амри вокуниш ба таҳдидҳои муосир ва бунёди заминаи устувор барои наслҳои оянда таҷассум менамоянд».
Хулоса, мо бори дигар зарурати тақвияти нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳидро дар таъмини сулҳу осоиши фарогир таъкид намуда, изҳор медорем, ки танҳо бо эътимод, ҳамкорӣ ва иродаи устувор мо метавонем ояндаи одилона, сулҳомез ва устуворро барои кулли инсоният бунёд намоем ва Тоҷикистон дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар идома олимону муҳаққиқони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба нақш ва муҳиммияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷомеаи муосир ва Тоҷикистон маъруза намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ АМИТ ДАР “КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲАМГИРОИИ САНОАТ БО ДОНИШГОҲҲОИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН”
Санаи 26-28 сентябри соли 2025 дар музофоти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нави Донишгоҳи нақлиёти Сиан ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байланлмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири президенти Академияи миллии илмҳо профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ва сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи РhD, профессор Қосимзода Солеҳ Салим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмӣ, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияи байналмилалиро аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Қодирзода Фарҳод ифтитоҳ намуда, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо Академияи миллии илмҳо дар сатҳи баланд баҳогузорӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ аз ҷониби масъулини Академияи миллии илмҳо пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмии ҳарду кишвар дар истеҳсолот “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шавад. Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи Иттиҳоди мазкур пешниҳод гардид, ки гузоштани замина барои бунёди институт ва ташаккули платформаҳои ҳамкории мунтазам, вобаста ба эҳтиёҷоти тарафайн ба ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот диққати асосиро равона сохтан, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои ҳамкорӣ ҳамчун риштаи васлкунанда ба роҳ мондани табодули академӣ ва илмии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва кормандони илмӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монда шавад.
Дар ҳошияи суханрониҳои мазкур профессор Қосимзода Солеҳ дар мавзуи “Намунаи нави ҳамкориҳои илмию инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” суханронӣ намуданд.
Дар рафти конференсия намояндагони муассисаю корхонаҳо масъалаи таъсиси “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро баррасӣ намуда, ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи нақлиёти Сиан яке аз шарикони асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсинӣ мебошад.
Имрӯз, 29 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон» баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ табрику таҳният хонда, таъкид доштанд, ки ҳамасола 30- юми сентябр дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомоти хосса таҷлил мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки ин ташаббус аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №664 "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ" рӯи даст гирифта шуд.
Таъкид гардид, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самар – қанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро аз худ мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Маънавӣ», ки соли 1259 ба навиштаи ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Оламе гарму пуршӯре туфонӣ, саршори ишқу меҳру сӯзу гудоз, ранҷе бархоста аз шавқу иштиёқ дар пардаи зеҳн зинда мешавад. Муҳаққиқон ба он назаранд, ки тамоми шаш дафтари “Маснавӣ” ба гунае иборат аз шарҳу тафсири ҳамин муқаддима пуршур аст. Бозгаште, ки танҳо аз роҳи ишқ, ишқи таҳаввулгарду комилсоз, инсонсоз, ҳастинофарин муяссар аст. Вале воқеат он аст, ки Мавлоно дар мақтаи муайне аз таълифи “Маснавӣ” оғоз кард, вале то он замон, замонаи иншоӣ ин шоҳкори гаронсанг тӯли солҳо дар бистари ғазалиёти дилошӯбе омода шуда буд. Ғазалиёте, ки дар “Девони шамс” ё “Девони кабир” фароҳм омадаанд.
Дар ибтидои замон дар перомуни рӯзгору ҷаҳони рангину пуррамзу нози Мавлоно ҳазорон мақолоту китобҳо таълиф шуда ва агар ҷамъоварӣ шавад, шояд китобхонаи бузурге шавад. Воқеан ҷозибае биловасф дар домани ҳар ғазале дар ҳоли ҷӯшиш аст, ки зеҳну қалбро, вуҷудро ба худ мекашад, равони инсонро нерӯе шодофарин, ҷунбанда, пуртаҳаррук медиҳад. Дунёи шигифтаангези андешаву афкор, калому гуфтори Мавлоно дар тӯли қарнҳо ҳамвора таваҷҷуҳи пажӯҳандагону донишмандони ақсои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар яке аз ин дарёи ҳамеша хурушон дуру гавҳаре ёфта ва пеши азамату шукӯҳи кохи бузурги андеша ӯ сари эҳтирому таъзим фуруд овардааст.
Дар паҳнои адабиёти форсӣ мо шоирони бузурги соҳибдевони зиёд дорем. Шоироне, ки ашъорашон шабоҳатҳои зиёди мазмунӣ даранд. Ағлаб аз чақидаҳои зеҳни якдигар суд ҷустаанд, зери таъмири андешаву ҷаҳони фикрии якдигар мондаанд. Вале девони Мавлоно дар қиёс бо онҳо ҳоло ҳавои дигаре дорад.
Дар идома олимон Зиёӣ Хуршед - доктори илмҳои фалсафа дар мавзуҳои “Шахсияти Мавлоно ва таълимоти ӯ аз нигоҳи мутафаккирони гузашта ва муосири Шарқу Ғарб”, Алии Муҳаммади Хуросонӣ – номзади илмҳои филологӣ “Таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон”, Маҳмадҷонова Муҳиба – доктори илмҳои фалсафа “Инсон дар таълимоти фалсафию ирфонии Мавлоно”, Охониёзов Абдураҳмон дар мавзуи “ Нусхаҳои хаттии Мавлоно дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев” маъруза намуданд.
ҶОЙГОҲИ МАЪНАВӢ ВА МАЪРИФАТИИ ОСОРИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ДАР ФАРҲАНГУ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ҶАҲОН
Имрӯз, 24 сентябр дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ баргузор гарид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон», ки бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои форсу тоҷик баргузор мегардад, самимона хайрамақдам хонд.
Таъкид дошт, ки арҷгузорӣ ва эҳтиром ба корнамоиҳои фарзандони баруманди тоҷик, ба осори инсонпарваронаи адибону олимони гузаштаи халқи тоҷик тавассути сиёсати илму фарҳанг ва шоирпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тарбияи насли бунёдгузор ва ояндасози миллат баҳри фардои дурахшони кишвари азизамон – Тоҷикистон, дар замони тантанаи Истиқлоли давлатии кишвар вусъати тозае пайдо кардааст. Дар ин росто, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабитёи тоҷику форс ба шумор меравад, барои муаррифии ин шоири ширинсухани дорои афкори баланди адабию эстетикӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Зикр гардид, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва бо ҷалби олимону пажуҳишгарон, ҳофизшиносон ва аҳли илму фарҳанги ҷаҳон 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар сатҳи баланди илмӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо иштироки муҳаққиқони зиёда аз 80 кишвари олам зери унвони “700 сол бо Ҳофиз” ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҳамоиши бузурги илмии байналмилалӣ ҳофизшиносону муҳаққиони сухани ноби шоир аз Академияи миллии илмҳо иштироку суханронӣ намуда, нусхаҳои девони шоир, ки дар Маркази мероси хаттии АМИТ маҳфузанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд дар Фаронса бори дигар нишон дод, ки тамаддуни муосири ҷаҳонӣ ба аҳли илму адабу фарҳанги миллати тоҷик, ки дар раванди рушди таърихӣ инсониятро ба роҳи рост, ба дӯстдории табиат, арҷу эҳтиром гузоштан ба сухани воло, ҳифзи дастовардҳои илмию фарҳангӣ ба хотири беҳтар сохтани рӯзгори аҳли башар, сулҳу оромӣ, амнияту осоиштагӣ дар саросари ҷаҳон ҳидояту раҳнамоӣ кардаанд, таваҷҷуҳи хосае зоҳир менамояд.
Дар ин росто, таҷлили 700-солагии шоири тавоно ва суханвари оламшумул – Ҳофизи Шерозӣ, тасмим гирифта шуд, ки дар диёре, ки мардумаш ба шеъру сухани ӯ эҳтиром гузошта, китобашро дар радифи китобҳои осмонӣ муқаддас шуморида, рӯзу рӯзгори босаодати худро аз баракати қироати шеъри ӯ ҷустуҷӯ мекунанд, баргузор карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки кормандони илмии Институти забон ва адабиёти ба Рӯдакии АМИТ “Девон”-и шоирро вобаста ба таҷлили ҷашни 700-солагии Ҳофиз дар асоси нодиртарин ва қадимитарин нусхаи девони ӯ, ки дар Мовароуннаҳр хаттотӣ шудааст, баргардон ва пешкаши хонандагон гардониданд, ки ин беҳтарин армуғон дар гиромидошти шоир ба шумор меравад. Ҳамин нусха бо дастгирии Бунёди Рӯдакӣ ва донишманди муҳтарам Миршоҳӣ бо хатти форсӣ дар Эрон низ нашр шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки конфронси имрӯза маҳз бо ибтикори ҳидоятҳои эшон баргузор мегардад, Ҳофизи Шерозиро аз бузургтарин суханвари асри 14 ва аз маъруфтарин адибони тоҷик ва кулли форсизабонҳои олам номида, чунин ибрози назар намудаанд: «Дар баробари ифтихор доштан бо мероси пурғановати ниёгон ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.»
Дар идома мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода дар суханронии хеш ҷиҳати баргузор намудани чунин як конфронси байналмилалӣ, ки бевосита ба таҷлили 700-солагии шоири тавоно ва суханвари оламшумул – Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудааст, ба ҳайати олимону муҳаққиқон изҳори сипосмандиро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд.
Зикр гардид, ки Ҳофизи Шерозӣ ба ҳайси яке аз суханварони варзидаи замони худ тавонистааст, ки осори адабии то рӯзгори худ таълифшударо биёмӯзад, аз моҳияти ҳунари суханварию ғоявии бадеии онҳо баҳравар гардад. Мутолиаи осори ин шоири шаҳир далели он аст, ки ӯ аз осори устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хоқонии Шервонӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва даҳҳо суханварони дигар огаҳии комил доштааст. Маҳз чунин огаҳӣ аст, ки дар ғазалиёти ӯ басо нозуконаву шоирона ба ин осори пурмуҳтаво ишораҳо шудааст. Ба қавли адешамандон ва ҳофизшиносон, Ҳофизи Шерозӣ дар асри 14 раванди рушди шаклию маъноӣ ва забонии жанри ғазалро ба авҷи аъло расонида, онро як навъ ҷамъбаст кардааст.
Дар идома Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сафар, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд дар суханрониҳои хеш нақши ин донишманди бузург ва шоири ғазалсарои форсу тоҷик Ҳофизи Шерозиро дар рушду адабиёт ва фарҳанги замонаш муҳим арзёбӣ намуданд.
Имрӯз, 24 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон қабл аз баргузории Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон» аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастхатҳои девони Ҳофиз баргузор гардид.
Дар намоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ҳайати олимону муҳаққиқон аз дохилу хориҷӣ кишвар иштирок намуданд.
Дар намоиш дасхатҳои нодири бузургтарин шоири ғазалсарои адабиёти тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ, ки дар ганҷинаи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифз мешаванд, муаррифӣ гардиданд. Зимни намоиш яке аз дастхатҳои нодире, ки дар ҷаҳон ягона мебошад, “Кулиёти мунтахаб”- и яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс Убайди Зоконӣ муаррифӣ карда шуд. Ин асар соли 1405 мелодӣ таълиф гардида, дар он 41 ғазал ва 2 қитъа аз бузургтарин шоири ғазалсарои форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ҷой дорад.
Инчунин, ҳайати иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон» аз Осорхонаи китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар он нодиртарин дастхатҳои мутаффакирони варзидаи форсу тоҷик нигоҳдорӣ мешавад дидан намуданд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ДАСТГОҲҲОИ НАВИ ДОРУСОЗӢ ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 22 сентябр дар заминаи муассисаи илмию таҳқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” Академияи миллии миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати олимону кормандон сехи хурди истеҳсоли маводҳои доруворӣ, ки аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳҳои насбкардашуда бевосита бо дастуру ҳидоятҳои илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон ва бо кӯмаки Муассиси тарафи Хитоии Марказ Институти Техникии Физика ва Химияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ ҳамчун маблағи бебозгашт оварда шудаанд.
Дар марказ зиёда аз 20 адад дастгоҳҳои наву замонавии элаки ларзон (барои бехтан ва ба фраксияҳо ҷудо намудани дилхоҳ мавод), майдакунак (барои майда намудани маводҳои фаъоли биологӣ), ғурушасози хушк (барои тайёр намудани ғурушаҳо ва омода намудани шаклҳои гуногуни маводи доруворӣ аз онҳо), ғурушасози намнок (барои тайёр намудани ғурушаҳо ва омода намудани шаклҳои гуногуни маводи доруворӣ аз онҳо), омехтакунак (барои омехта намудани якчанд маводи фаъоли фарматсевтӣ), ҷевони хушккунии ҳавокаш (барои хушк намудани экстрактҳо), 3D – омехтакунак (барои омехта намудани ду ва зиёда ингредентҳои душворомехташаванда), дастгоҳи қурссозӣ (барои истеҳсоли қурс (таблетка)), дастгоҳи ғилофаксозӣ (барои истеҳсоли ғилофакҳо (капсула)), дастгоҳи халтачаҳои доруворӣ (барои бандубасти растаниҳои шифогӣ дар халтачаҳо), дастгоҳи бандубасти қурс (барои борҷомасозии қурсҳо), дастгоҳи руйпушкунии қурсҳо (барои руйпӯшкунии қурсҳо тавассути моеъҳои руйпушкунанда), экстрактор универсалӣ (барои истихроҷи маводи фаъоли биологӣ аз таркиби растаниҳо), ҷевони хушккунии экстрактҳо (барои хушк намудани ҷабидаҳои гиёҳӣ), дастгоҳи шарбатсозӣ (барои истеҳсоли шарбатҳои табобатӣ), дастгоҳ барои суфткунонии қурсҳо (барои тоза намудани қурсҳо аз заррачаҳо), тестер барои ҳалшавандагии курсҳо, тестер барои муайянсозии устуворӣ ва диаметри қурсҳо, тестер барои муайянсозии вазн ва андозаи қурсҳо муҷаҳаз гардонида шуданд.
Мақсади асосии насби дастгоҳҳои нави дорусозӣ аз он иборат мебошад, ки дар асоси растаниҳои омухташуда таҳия ва технологияи маводҳои доруворӣ ба роҳ монда шавад. Бояд гуфт, ки олимони марказ алакай дастгоҳҳои мазкуро ба кор андохта аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон маводҳои доруворӣ истеҳсол намудаанд, ки натиҷааш ба ҳайати роҳбарият ва олимону кормандон муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар як муддати кутоҳ бо кӯшишу заҳматҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 32 адад озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд, ки маҳз барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону муҳаққиқон мусоидат менамояд.
Таъсиси ин сехи хурди истеҳсоли маводҳои доруворӣ яке аз он иқдомҳое аст, ки дар пайрави аз сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки таъсисёбии маркази муштарак дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Рахмон оиди коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ сарчашма мегирад.
Имрӯз, 22 сентябр дар толори Институти кимиёи ба номи В.И Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт он дастуру супоришҳое, ки дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ба вогузоштанд саҳми олимон расониданд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш зарурати ҷоннок намудани корҳои назоратӣ аз болои истифодаи оқилонаи захираҳои табииро таъкид намуда, барои беҳтарсозии корҳо дар ин самт ба олимону кормандони соҳа дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш пешниҳод намуд, ки назорати ифлосшавии ҳаво, об ва хок бо истифода аз технологияҳои муосир тақвият дода шавад. Инчунин, ба масъулини соҳа аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки олимон дар ин самт корҳои худро ҷоннок намуда, барои санҷиши ифлосшавии ҳаво, об ва хок дар ҳолати омодагӣ қарор дошта бошанд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омӯзиш ва нигоҳубини бабри барфӣ ва гусфанди Марко поло таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҷоннок намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самт ба олимони соҳа дастурҳои мушаххас доданд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мавҷудияти ҳайвонотҳои нодире, ки дар табиати Тоҷикистон аз ҷумла бабри барфӣ ва гусфанди Марко поло зиндагӣ мекунанд барои муарррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз олимони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда барои амалисозии онҳо тамоми кушишҳоро ба харҷ диҳанд.