
Дарвоқеъ, таърих барои ҳар халқу миллат чеҳраҳоеро дар мароҳили гуногуни таърихӣ эҳдо мекунад, то бори сарҷамъӣ, хештаншиносӣ, танзим ва рушди миллатро ба дӯш дошта бошанд. Парвардигор барои миллати тоҷик ин гуна шахсияти шарифро дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, асосгузори давлати навини тоҷикон, меъмори ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро арзонӣ дошт.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин нуқта таҷассум ёфтааст, ки тавонист роҳбари наҷотбахшро ба халқи Тоҷикистон эҳдо намояд. Дар суханронии аввалини Пешвои миллат ба сифати Раиси Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳадафҳои аввалини стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қолаби гуфтаҳои “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам” таҷассум гардида буданд. Аз ин рӯ, чун сухан дар бораи “Меъмори Ваҳдат”, “Бунёдгузори давлати навини Тоҷикистон”, “Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва амсоли инҳо равад, симои бузурги сиёсию давлатӣ, раҳнамои миллати бузурги тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоён мешавад.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуда буданд, “Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид”. Имрӯз Пешвои миллат на танҳо амнияти сохтори конститутсионии кишварро таъмин намуданд, балки худ кафил ва ҳомии Конститутсия буда, барои эҷоди Консепсияи ҳуқуқии кишвар заминаи боэътимод гузоштаанд.
Муҳимтарин аркони давлатдорӣ ва заминаҳои сиёсати Президенти кишвар ба сифати Пешвои миллат, бешак эҳё ва наҷоти миллату давлат, заминагузори давлати навини Тоҷикистон ва такомулбахши рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ба пиндори мо дар нукоти зерин маънии худро ёфтааст.
Якум, Пешвои миллат низоми нави миллии ҳуқуқии кишварро бунёд гузошт. Дар радифи ба вуҷуд омадани заминаҳои нави ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва низоми нави идораи давлат (Парламенти дупалатагӣ, раъйпурсии умумихалқӣ, тақсимоти ҳокимият ба шохаҳо), ки асоси рушди минбаъдаи кишварро таъмин намуданд. Дар Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар тамоми самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа тағйиротҳои куллӣ дар низоми ҳуқуқӣ ва эҷоди меъёрҳои нави ҳуқуқӣ ба миён омад, ки барои ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва роҳ ба сӯи иқтисодиёти бозорӣ имкониятҳои васеъро фароҳам овард.
Дуюм, низоми нави маориф ва ислоҳоти илм дар кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳам пайванд дода шуд. Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо маориф ва илм расман ба ҳам пайванд буда, “решаҳо”-и рушди маориф аз илм “об менӯшанд”. Дар ин замина, барномаҳои нави таълимӣ таълиф гардида, низоми таълими миллӣ эҷод шуд. Зеро низоми мукаммал ва муназзами маориф дар ҳама давру замон ҷиҳати рушди ҷомеа ва давлат заминаи боэътимод мегузорад. Қабули Стратегияи рушди маориф, бунёд ва таъмири садҳо муассисаҳои таълимӣ, қабули низоми кредитӣ дар соҳаи маориф, таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.
Сеюм, муносибатҳои дипломатӣ дар шакли нави миллӣ ба роҳ монда шуда, имрӯз кишвари мо зиёда аз 185 мамлакати олам равобити дӯстона ва ҳасана дорад, ки асосгузори ҳамаи ин муносибатҳои хуби дипломатии мо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аввалин маротиба дар таърихи тоҷикон Пешвои миллат дар ҷаласаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ҳамчун давлати “соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона” муаррифӣ намуд.
Чорум, фарҳанги қадимаи тоҷиконро дар тарҳи нав муаррифӣ намуда, таҳти сарварӣ ва аз файзи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ба аҳли ҷаҳон тавассути сафарҳои ҳунарӣ ва намоишҳо халқи бузурги мо ҳунарҳои миллии худ ба монанди шашмақомсароӣ, рассомӣ, кандакорӣ, атласбофӣ, чакандӯзӣ, ва амсоли онро шинос намуданд.
Панҷум, низоми самаранок ва муназзами иқтисодии кишварро бунёд намуданд, ки дар натиҷа барои рушди намудҳои гуногуни моликият замина ба вуҷуд омад ва ин амал боиси тараққиёт ва рушди иқтисодии кишвар гардид.
Шашум, аз ҳама муҳим, Пешвои миллат дар зеҳну шуури мардуми Тоҷикистон андешаи миллӣ ва ба ин васила диди миллиро мундариҷ намуда дар зеҳни миллат ворид намудани тафаккури миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат, ки худ на танҳо симои тоҷикона, сиёсати хоси тоҷикона ва ҳатто нигоҳи тоҷикона доранд ҳақиқати гуфтаҳои болост.
Китоби фазли туро оби баҳр кофӣ нест,
Ки тар кунам сарангушту сафҳа бишморам.
Дар ҳақиқат, барои тавсифи фазилатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон саҳифаро пур кардан, боз кам аст. Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузургест, ки ҳар лаҳзаи онро бояд омӯхт ва барои наслҳои оянда ҳамчун мактаби сиёсат, мактаби ватандӯстӣ, мактаби вафодорӣ ва созандагӣ ба мерос бояд гузошт. Имрӯзҳо мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро марҳила ба марҳила сиёсатмадорони дунё омӯхта, таҷрибаи онро барои барқарор намудани сулҳу суботи давлатҳои ҷангзадаву азияткашида истифода мебаранд. Чунки Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори асил, абармарди қавиирода, бонангу номус, дурбину озодфикр тавонист ҷасурона ва хирадмандона давлатро баъди тороҷ ва сухтаву валангор шуданаш, бо мардуми азияткашидаи сарсону саргардон идора карда, ҳамагонро сарҷамъ намояд ва бо мухолифин ҳамчун бародари гумроҳгашта бо меҳру муҳаббат муроҷиат карда, нақшаҳои софдилонаи худро нисбат ба ояндаи ватану миллат равшан намояд ва ҳамагон бовар намуданд, ки ҳадафи асосии ӯ ба ҳамаи он бесарусомониҳо хотима додан ва барқарор намудани ваҳдати миллӣ дар кишвар аст. Ҷасуриву далерии Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар қадами сарварии ӯ дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ душвор аст, лекин нигоҳ доштани он аз он мушкилтар аст. Сарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро барқарор намуда, онро нигоҳ дошта, барои рушду пешрафти он то имрӯз талош меварзанд. Сарвари моро дар байни кишварҳои дунё бо кори пурмаҳсулаш, фикру мулоҳизаҳои бунёдкоронаву навоварона ва дурандешонааш шинохтанд ва эътироф карданд.
Бо Сарвари худ рӯҳбаланд ҳастем, аз нигоҳдории миллат, рушди Ватан ва аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамон мефахрем ва пайваста шукргузорӣ аз он мекнем, ки тоҷикем ва аз Тоҷикистон ҳастем!
Ба ин марди Худо, эй халқи ман, шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.
Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард.
Ватан обод бо ин Сарвари фарзона бояд кард.
Шукр аз он, ки Ватани ободу озод дорем, шукри тамоми неъматҳои Ватани азизамон, шукри осоишу бунёдкорӣ, шукри он, ки бо дили ором, табъи болида, бо фикрҳои неку ояндасоз сар ба болини ноз мегузорем, зеро ҳар як фарди кишварамон, аз хурд то бузург боварии комил дорад, ки нафаре ҳаст амнияти моро нигоҳ медорад, намегузорад, ки ба пои миллати азизамон хоре халад, аминем, ки пуштибоне дорем, ки дар ҳама ҳолат нигоҳбонӣ аз миллат, сарзамин, фарҳанг, ватан ва муқаддасоти миллиамон мекунад.
Шамсзода Ҷамила – магистранти курси 1-уми шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупоии АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Навид
Санаи 16-уми октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии “Хоҷагии об – асоси рушди устувор” баргузор гардид. Дар конференсия ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Амирзода Ориф, директори Муассисаи давлатии илмии “ТоҷикНИИГИМ” Дилшод Умаров ва дигар олимон аз институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок варзиданд.
Конференсияро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор оғоз намуд. Мавсуф зимни суханронии худ дар бораи зарурати баргузории конференсияи мазкур ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози назар намуд.
Сипас ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур суханронӣ намуда, оиди масъалаҳои мубрамро дар доираи мавзуи мазкур андешаронӣ намуда, баргузор намудани конфронси мазкурро сари вақт унвон кард.
Дар конференсия дигар иштирокчиён низ бо маърузаҳои гуногун баромадҳо карданд.
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БО РОҲБАРИ ШУЪБАИ РУШДИ БОЗОРҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРПОРАТСИЯИ СИНЕРГИЯ
Имрӯз, 15 октябр мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари Шуъбаи рушди бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалии корпоратсияи Синергия Маркин Владимир Владимирович ва Абдуллаев Шариф асосгузор ва директори генералии Bonoor Group баргузор гардид.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Дар мулоқоти имрӯза ба масъалаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳони рақамӣ, зеҳни сунъӣ на танҳо абзори ёрирасон, балки унсури муҳими қабули қарор ва таҳлили додаҳо маҳсуб меёбад, ки барои идоракунии самараноки захираҳо зарурият пайдо намудааст.
Бо назардошти аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Синергия» иброз доштанд ва ба мувофиқа расиданд. Бояд гуфт, ки корпоратсияи "Синергия" — яке аз калонтарин сохторҳои илмӣ-таълимӣ мебошад, ки имрӯз имкониятҳои навро дар соҳаи таҳсил ва фанноварӣ ба кишварҳои гуногун фароҳам меорад.
Ҳамкориҳо метавонанд дар доираи платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва БРИКС, ба роҳ монда ва густариш ёбанд. Зимни мулоқот, ба масъалаи рақамикунонӣ — аз ҷумла рушди инфрасохтори рақамӣ, табдили хизматрасониҳо ба шакли электронию рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ — таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
Имрӯз, 15 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо гурӯҳи шарикони чинӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ин раванд изҳор доштанд. Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ ба масъалаҳои калидӣ мубаддал шудаанд, ки дар тамоми соҳаҳо татбиқи васеъ меёбанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт изҳор дошт, ки ба ин масъалаи мубрам Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар суханронии худ дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки рушди зеҳни сунъӣ бояд таҳти назорати байналмилалӣ қарор гирад ва истифодаи он бояд ба нафъи инсоният ва рушди устувор равона шавад.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карданд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи технологияҳои муосир дар шаҳри Душанбе Маркази зеҳни сунъӣ таъсис ёбад.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, мо метавонем ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ таҳким бахшида, дар оянда ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ва амалии муштарак ноил шавем.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки соҳаи рақамикунонӣ имрӯз дар кишвари Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушд буда, барои такмили инфрасохтори рақамӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст.
Имрӯз, 14 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Маркази байналмилалии илмию техникӣ Андреа Чианг, Туна Онур ва Ҷош Стачник мулоқот доир намуд.
Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти сейсмологӣ мебошад. Дар мулоқоти имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи якчанд лоиҳа ба роҳ мондааст.
Дар мулоқоти зикр гардид, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим дорад дар заминаи Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази омӯзишӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар самти сейсмологӣ бо дастгири шарикони хориҷӣ роҳандозӣ намояд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда гузаронидани конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, семинарҳои илмӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак дар самти сейсмологӣ бо иштироки олимони муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба мувофиқа расиданд. Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар доираи лоиҳаҳои SNECCA ва SIMI ба роҳ монда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи лоиҳаи SNECCA дар қаламрави Тоҷикистон модернизатсияи 5 истгоҳи рақамии васеи сейсмикӣ анҷом дода шуда, ҳамчунин 3 истгоҳи нави рақамии васеи сейсмикӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе се истгоҳи сейсмикӣ, ки ба онҳо истгоҳҳои ҳаракатҳои шадиди хок ном дода шудааст, ташкил карда шудаанд.
Дар доираи лоиҳаи SIMI нигоҳдории истгоҳи сейсмикӣ «Симиганч», ки узви шабакаи ҷаҳонии GNS (шабакаи глобалии сейсмографӣ) мебошад ва бо таҷҳизоти муосири сейсмикӣ дар доираи лоиҳаи МНТС соли 2016 муҷаҳҳаз шудааст, амалӣ мешавад. Ҳамчунин коркарду таҳлили додаҳои ҳаракатҳои шадид, ки ҳам аз ҷониби истгоҳи сейсмикӣ «Симиганч» ва ҳам аз истгоҳҳои ҳаракатҳои шадид сабт мешаванд, иҷро карда мешавад
Ҳар сол дар моҳи сентябр Донишгоҳи Стенфорд, яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳонӣ рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ (World's Top 2% Scientists)-ро тартиб медиҳад. Муаллифи ин рейтинг профессор Ҷон П. А. Иоаннидис шуруъ аз соли 2019 ҳар сол нишондиҳандаҳои илмсанҷии олимонро таҳлил карда, номи олимоне, ки соҳаи худ аз ҳама бештар иқтибос мешаванд муайян мекунад. Ба ин рейтинг бештар аз 100 ҳазор нафар донишманд ворид мешаванд. Дар соли 2025 танҳо ду нафар тоҷикистонӣ тавонистанд, ки ба ин рӯйхат ворид шаванд: профессорон Махсуд Саидаминов ва Фарух Шаропов, ки каме поёнтар дар бораашон маълумот хоҳем дод.
Методологияи таҳияи рейтинг
Рейтинги мазкур дар асоси додаҳои пойгоҳи Scopus (Elsevier) таҳияшуда, аз сафҳаҳои корбарии ҳар як муаллиф барои лаҳзаи то 1 августи соли 2025 маълумоти илмсанҷӣ аз қабили миқдори мақолаҳо, миқдори ҳаммуаллифон, адади иқтибосҳо, солҳои нашр гирифта мешаванд.
Олимон ба 22 соҳаи асосии илм ва 174 зерсоҳаҳои илмӣ мувофиқи таснифоти Science-Metrix ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, дар асоси ду нишондиҳанда баҳогузорӣ мешаванд: career-long (тамоми солҳои фаъолияти илмӣ) ва single-year (иқтибосҳо дар як соли муайян).
Ҳангоми тартиб додани рейтинг чунин нишондиҳандаҳо ба назар гирифта мешаванд:
-
Nc (non-self citations) – шумораи иқтибосҳо ба мақолаҳои олим, бе ҳисоби худиқтибосоварӣ.
-
h-index, яъне шохиси Ҳирши олим дар асоси маълумоти Scopus.
-
Нишондиҳандаҳои омехта (composite indicators / c-score) – ин нишондиҳандаҳое аст, ки якчанд қисм (мисли иқтибосҳо, нақши муаллифӣ (authorship position), ҳаммуаллифӣ ва дигар омилҳо)-ро муттаҳид мекунад, ки бо мақсади муайян намудани таъсири илмии олим истифода мешавад.
-
Нақши омилҳои ҳаммуаллифӣ (co-authorship adjustment): ба мақолаҳое, ки бо шумораи зиёди ҳаммуаллифон навишта шудаанд, саҳми ҳар як олим бар асоси мақоми ӯ дар рӯйхат (яъне аввалин, охирин ва ғайра) ва шумораи ҳаммуаллифон ба ҳисоб гирифта мешавад.
-
Ҳангоми таҳияи рейтинг, вариантҳои “бо ва бе худиқтибосоварӣ” (with self-citations / excluding self-citations) низ дида мешаванд, то таъсири иқтибосҳои худӣ ё манфии оморӣ кам карда шавад.
Пас аз ҳисоб ва тартиб додан, олимон бо роҳи зерин ба гурӯҳи Top 2 % дохил карда мешаванд:
1. Аввал, олимон бо Composite c-score (бо ва бе иқтибосҳои худ) ба тартиб оварда мешаванд ва 100,000 олим бо баландтарин c-score – бурҷи аввалин – интихоб мешаванд.
2. Дар зерсоҳаҳои хурд, олимоне, ки дар 2 %-и пеш (percentile ≥ 98 %) қарор доранд, «Top 2 %» эътироф мешаванд.
3. Дар натиҷа, рӯйхати 2 дарсади беҳтарин олимон дар ду шакл таҳия карда мешавад: career-long ва single-year.
4. Дар ин рӯйхат махсусан ба он олимоне, ки дар ҳар давраи фаъолияташон нишондиҳандаҳои баланд доранд ва таъсири бештар ба илм расонидаанд бештар аҳамият дода мешавад.
Бартарӣ ва норасоиҳои рейтинг
Ин рейтинг низ ба мисли рейтингҳои дигар ҷанбаъҳои мусбат ва манфии худро дорад. Бартариҳои он дар он аст, ки олимони тамоми соҳаҳои асосӣ ва зерсоҳаҳои илм фаро гирифта шудаанд. Дар ин рейтинг хулосабарорӣ дар асоси нишондиҳандаҳои зиёд таҳия мешавад ва ҳар як олим бо олимони соҳаи худ муқоиса мешавад. Ҳамчунин, методологияи он шаффоф буда, ҳар нафар ба он дастрасӣ дорад ва мустақилона натиҷаҳоро санҷида метавонад.
Ҷанбаи манфии рейтинг дар он аст, ки дар он адади иқтибосҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳим аст, вале на ҳамеша иқтибос маънои муҳим будани натиҷаи илмиро дорад. Ҳамчунин, олимоне ҳастанд, ки барои ба даст овардани иқтибоси зиёд ба тақаллуб даст мезананд, ё худиқтибосоварии зиёд доранд, ё аз дӯстону ҳамкорон хоҳиш мекунанд, ки аз кори онҳо иқтибос оранд. Ба ҷуз ин нобаробарии муқоиса байни олимони ҷавону калонсол вуҷуд дорад, зеро иқтибосҳо давоми солҳои зиёд ҷамъ мешаванд ва дар рейтинг бештар олимоне ворид мешаванд, ки солҳои зиёд таҳқиқот анҷом дода, маводди илмӣ нашр кардаанд. Норасоии дигари рейтинг манбаи ягона (Scopus) доштани он аст. Яъне таҳқиқоту пажӯҳише, ки дар маҷаллаҳои ин пойгоҳ нашр нашуда бошанд ба назар гирифта намешаванд.
Мақоми рейтинг дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ
Рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ (World's Top 2% Scientists) яке аз нишондиҳандаи бонуфуз ва машҳури арзёбии фаъолияти олимон буда, дар кишварҳои ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ чун нишони эътибор ва эътироф дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мешаванд. Хабарҳое, ки байди нашри рейтинг дар сомонаҳои муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо нашр мешаванд гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Олимон дар сомонаҳои шахсии худ ва дар маълумотномаҳо натиҷаҳои ин рейтингро меоранд, ки нишонаи муваффақияти онҳо ва саҳмашон дар илм ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ҳангоми ба кор қабул кардан, додани грант ё ҷоизаҳо ин нишондиҳанда ба назар гирифта мешавад.
Тоҷикон дар рейтинги беҳтарин олимони ҷаҳонӣ
Хушбахтона, дар ин рейтинг ду нафар донишманди тоҷик дар соҳаи химия ворид шудаанд, ки яке аз онҳо Фарух Шаропов корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст.
Шаропов Фарух Сафолбекович 6 июни соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1998 факултети химияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро аз руйи ихтисоси кимиёгар-муҳандис бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1999-2002 дар аспирантураи Института химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 2002 рисолаи номзадии худро дар мавзуи "Равғани атрии Hyssopus seravshanicus ва ҷазби он дар гилхокҳои бентонитии Тоҷикистон" аз рӯйи ихтисоси 02.00.04 - Химияи физикӣ таҳти роҳбарии д.и.х., профессор Куканиев М.А. ва д.и. фарм., профессор Халифаев Д.Р. ҳимоя намудааст. Солҳои 2003-2005 дар вазифаи ходими калони илмй ва солҳои 2005-2012 ҳамчун ходими пешбари илмии Института химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2018 дар кафедраи техналогияи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то ҳол дар вазифаи ходими калони илмии Муассисаи илмию тадқиқотии"Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулотҳои табий"-и Академияи миллим илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. 2 октябри соли 2025 дар мавзуи «Омӯзиши химиявии метаболитҳои дуюмаи растаниҳои равғаниатридор тавассути усули хроматографияи газӣ - масс спектрометрӣ» аз рӯйи ихтисоси 02.00.03 — Химияи органикӣ рисоли доктори ҳимоя кардааст.
Мувофиқи маълумоти пойгоҳи Scopus ба ҳолати 14.10.2025 Шаропов Фарух муаллифи 105 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 6881 маротиба иқтибос шудаанду шохиси Ҳиршаш ба 40 баробар аст.
Ӯ дар рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ аз соли 2021 ворид шуда, дар ин муддат мавқеаш аз 338 657 то ба 169 165 дар соҳаи химия боло рафтааст.
Дар зерсоҳаи химияи доруворӣ ва биомолекулавӣ бе назардошти худиқтибософарӣ дар мақоми 692 қарор дорад. Маълумоти бештар доир ба нишондиҳандаҳои дигар дар ин пайванд вуҷуд доранд: https://topresearcherslist.com/Home/Profile/1098119
Саидаминов Махсуд Исматбоевич соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи профессор Исматбой Саидаминов ба дунё омада, дастпарвари Литсейи №1-и шаҳри Исфара мебошад, ки бо номи Абдулҳафиз Азизов машҳур аст. Ӯ роҳбари илмии Canada Research Chair Tier II дар самти маводи функсионалии пешрафта ва устоди кафедраи кимиёи Донишгоҳи Викторияи Канада буда, хатмкардаи Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав (ҳам маълумоти олӣ дар солҳои 2005-2010 ва ҳам аспирантура, 2010-2013), солҳои гуногун постдоктор дар KAUST ва олими даъватӣ дар Massachusetts Institute of Technology ва устоди Донишгоҳи Торонто буд. Махсуд Саидаминов чандин бор аз тарафи Clarivate Analytics ҳамчун олими сериқтибостарин ва аз тарафи Research.com ситораи тулӯъкунандаи илм эътироф гаштааст.
Мувофиқи маълумоти пойгоҳи Scopus ба ҳолати 14.10.2025 Махсуд Саидаминов муаллифи 170 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 24 886 маротиба иқтибос шудаанду шохиси Ҳиршаш ба 69 баробар аст.
Ӯ дар рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ аз соли 2020 ворид шуда, дар ин муддат мавқеаш аз 38 158 то ба 18 750 дар соҳаи технологияҳои стратегӣ боло рафтааст.
Дар зерсоҳаи илми нано ва нанотехнология бе назардошти худиқтибософарӣ дар мақоми 630 қарор дорад. Маълумоти бештар доир ба нишондиҳандаҳои дигар дар ин пайванд вуҷуд доранд: https://topresearcherslist.com/Home/Profile/993802
Хулоса
Илм хусусияти ҷаҳонӣ дорад ва бо як ё ду кишвару муассиса маҳдуд намешавад. Бинобар ин олимони моро зарур аст, ки таҳқиқоти худро дар маҷаллаҳои бонуфуз ва эътирофшуда нашр кунанд, то дигарон аз онҳо бохабар шаванд, истифода кунанд ва иқтибос орнад. Ин кор мавқеи кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурда, имкон медиҳад, ки сафи олимони мо дар рейтингҳои гуногуни ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.
Ризои Баҳромзод, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
МАРОСИМИ РАСМИИ СУПОРИДАНИ НАМУНАИ ЯХ АЗ ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН БА ҶОМЕАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ
Имрӯз, 13 октябр дар идомаи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Криосфера, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ” маросими расмии супоридани намунаи ях аз ҷониби Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалии илмӣ, ки барои таҳлил ва ҳифзи дарозмуддат дар Анктартида таъин шудааст баргузор гардид.
Дар ин маросим президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ду намунаи яхро, ки дар натиҷаи экспедитсияи олимону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ аз Пиряхи рақами 3- и ҳавзаи Ховаркӯл гирифта шудаанд, ба ҷомеаи байналимилалии илмӣ супориданд.
Дар маросим зикр гардид, ки тадқиқоти мағзаи (керн) ях соҳаи мураккаб ва бисёрҷабҳа буда, таҷрибаву малакаи зиёдро талаб мекунад, бинобар ин дар ҳоли ҳозир амалӣ гардонидани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконнопазир аст, зеро сармояи бузург, озмоишгоҳи муҷаҳҳазонидаи махсус ва мутахассисони варзидаро талаб мекунад.
Аввалин намунаи (керн) яхе, ки дар Тоҷикистон ба даст оварда шуд, имкон медиҳад, ки олимони тоҷик дар таҳлили он дар солҳои наздик ширкат варзанд. Ҳадафи асосии мо аз он иборат аст, ки олимони тоҷик дар давоми 10 соли оянда таҷриба ва малакаҳои заруриро барои гузаронидани тадқиқоти илмии намунаи ях дар сатҳи байналмилалӣ сайқал диҳанд.
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ КОРШИНОСИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ - РУСИЯ: РӮЗНОМАИ РУШДИ МУШТАРАК»
Имрӯз, 11 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид.
Дар кори форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки «имрӯз муносибатҳои Русия бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хусусияти шарикии стратегӣ доранд. Сарфи назар аз равандҳои мураккаби солҳои охир, ба ҳеҷ кас муяссар нашуд, ки мамлакатҳои моро парешон кунад. Боварии дуҷонибаи сиёсӣ бар хилофи баъзе интизориҳо, ба рушди босуръати тиҷорат ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба мусоидат мекунад».
Гуфта шуд, ки сарфи назар аз тағйирот дар вазъияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба таҷрибаи пурарзиши се даҳсолаи охир эътимоди сиёсии сатҳи баланд, ҳамкории мутақобилан судмандро тавсеа бахшида, дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ муштаракан нақши мусбат хоҳанд дошт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки таърихи муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пур аз намунаҳои ҳамкориҳои самаранок дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад. Ин робитаҳо заминаи устуворе шуданд, ки бар пояи он саҳифаи нави рушди муштараки мо ташаккул меёбад. Имрӯз, дар замоне ки башарият бо чолишҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мешавад, илм ва навоварӣ ба забони умумие табдил ёфтаанд, ки роҳро ба сӯи тафоҳуми мутақобила ва ояндаи устувор мекушояд.
Таъкид гардид, ки дар замони муосир дониш, таҳқиқот ва технологияҳо аҳамияти стратегии бештар касб мекунанд. Онҳо марз надоранд ва мардумро бо ҳадафи расидан ба некӯаҳволӣ ва пешрафт муттаҳид месозанд. Ҳамкориҳои илмӣ ба як шакли хосси дипломатия табдил ёфтаанд — дипломатияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва кӯшиши муштарак барои созандагӣ. Ҷойгоҳи махсусро дар кори муштараки мо масоили рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқа, инчунин омодасозии насли нави муҳаққиқон ишғол мекунанд. Маҳз дар ҳамин соҳаҳо заминаҳои суботи дарозмуддат, сулҳ ва шукуфоии тамоми фазои Евразия гузошта мешаванд.
Зикр гардид, ки форуми «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» на танҳо майдон барои мубодилаи афкор аст, балки рамзи талош барои дарёфти ҳалли муштарак низ мебошад. Бигзор ин вохӯрӣ қадами наве гардад дар роҳи таҳкими эътимод, тавсеаи тафоҳуми мутақобила ва амиқтар шудани дӯстӣ байни кишварҳо ва мардумони мо мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҳошияи Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 9–10 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардиданд, баргузор шуд.
Имрӯз, 10 октябр дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами физика ва техника” бо иштироки олимони дохилӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зарифзода Афзалшоҳ ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз дошт, ки баргузории ин форум дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯйдоди муҳими ҳаёти илмии кишвари мо буда, инъикосгари таваҷҷуҳи амиқе мебошад, ки давлат ва ҷомеа ба рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои физика, техника ва технологияҳои муосир зоҳир менамоянд.
Таъкид гардид, ки ташкили ин конференсия ба як марҳалаи муҳими таърихи илми ватанӣ рост меояд — давраи навсозии фаъолонаи самтҳои илмӣ, муосиргардонии зерсохтори таҳқиқотӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ. Имрӯз, илмҳои физика ва техникӣ саҳми ҳалкунанда дар рушди устувори иқтисодиёт, энергетика, коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, тиб ва ҳифзи муҳити зист мегузоранд. Маҳз дар ҳамин соҳаҳо чолишҳои калидии асри XXI тамаркуз ёфтаанд, ки барои ҳалли онҳо зарурати муттаҳидсозии кӯшишҳои зеҳнии олимони кишварҳои гуногун пеш меояд.
Гуфта шуд, ки мероси илмии Тоҷикистон дорои анъанаҳои ғанист. Оғози таҳқиқоти физикӣ ва техникӣ дар кишвари мо ба миёнаи асри XX рост меояд, замоне ки бо ибтикори олимони барҷастаи бунёдгузори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон лабораторияҳо ва шуъбаҳои аввалин дар соҳаҳои физикаи ҷисми сахт, радиофизика, электроника ва геофизика таъсис дода шуданд. Яке аз марказҳое, ки дар ташаккул ва рушди ин самтҳо нақши ҳалкунанда бозидааст, Институти физикаю техника ба номи академик Султон Умарович Умаров мебошад — олими барҷаста ва ташкилотчии илми тоҷик, ки номи ӯ бо ифтихор мавқеи вижа дар таърихи мактаби илмии Тоҷикистонро ишғол мекунад.
Қайд гардид, ки аз замони таъсисёбӣ, Институти физикаю техника ба як мактаби воқеии омодасозии кадрҳо барои муассисаҳои олии таълимӣ ва марказҳои илмии ҷумҳурӣ табдил ёфта, маркази ташаккули самтҳои нави илмӣ ва татбиқи дастовардҳои техникӣ дар хоҷагии халқи кишвар гардид. Дар ин ҷо аз давраҳои аввали фаъолият таҳқиқот дар соҳаҳои физикаи ядроӣ ва радиатсионӣ, физикаи ҷисми сахт, акустика, оптика, масолеҳшиносӣ ва гармидониш (теплофизика) ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз идома доранд. Натиҷаҳои ин тадқиқот дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, тиб ва мониторинги муҳити зист мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи махсуси Институт ба таҳқиқоти бунёдӣ равона шудааст, зеро бе онҳо пешрафти устувори илмҳои амалӣ имконнопазир аст. Маҳз дар ҳамин ҷо асосҳои офариниши технологияҳои нав, такмили низомҳои энергетикӣ, коркард ва таҳияи масолеҳи нав ва усулҳои ченкунии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ гузошта мешаванд.
Дар солҳои охир, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаҳои илм ва маориф ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар муайян гардидаанд. Президенти мамлакат борҳо таъкид кардаанд, ки: «Ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи донишу касбият ва иқтидори илмии шаҳрвандони он вобаста аст». Албатта ин суханон ба як самти стратегии рушди тамоми низоми академикӣ табдил ёфта, моро ба рушди фаъоли зерсохтори инноватсионӣ, муосирсозии марказҳои таҳқиқотӣ ва таҳкими захираҳои инсонӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Дар идомаи конфронс олимони дохил ва хориҷи кишвар профессор Холмуродов Холмирзо, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зарифзода Афзалшоҳ, котиби илмии Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Узбекистон Мухторов Одил, сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобаста Мадвалиев Умархон, сардори шуъбаи Институти марказии аэрогидродинамикии ба номи профессор Н.Е. Жуковского, профессор Таковицкий Сергей Александрович маъруза намуданд.